Шитобкорӣ - модари марг аст!
Мусаллам аст, ки барои инсон аз ҳама неъмати гаронбаҳо - ин саломатӣ ба ҳисоб рафта, ҳар як фарди солимақлро месазад, ки ба шитобкорӣ ё саросемагӣ роҳ надода, то ки ҷони худ ва дигаронро дар хатар нагузорад. Баъзе шаҳрвандон ба шитобкорӣ роҳ дода, ба ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ дучор мегарданд, ки дар натиҷа одамон мефавтанд ва ё ҷароҳат мебардоранд, воситаи нақлиёт, иншоот хароб мегардад ва ё боиси дигар хисороти маънавию моддӣ ба вуқӯъ мепайвандад.
Дар замони муосир баробари пешрафту тараққиёти кишвар, масъалаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои нақлиётӣ тавсифи умумиҷамъиятӣ касб намуда, яке аз масъалаи муҳими давлатӣ арзёбӣ гардидааст. Тараққиёти илму техника ба тавлиди воситаҳои нақлиётӣ, бахусус нақлиётҳои баландсуръати ҳозиразамон, ки рӯз аз руз такмил ёфта истодааст, боис гардидааст.
Воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла нақлиёти автомобилӣ дар ҳаёти рӯзмарраи инсон ҷойи хосаро ишғол намудааст. Имрӯз инкишофи ҷомеаро бе нақлиёти автомобилӣ тасаввур кардан номумкин аст. Нақлиёти автомобилӣ дар ҳаёти инсон нақши муҳимро бозида, ба вуҷуд омадани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт сабабҳои объективӣ ва субъективиро доро мебошанд, ки оилаҳои ҳазорҳо нафарро зери хатар гузошта, шумораи зиёди кӯдаконро ба бесаробонӣ табдил додааст. Бо ин мақсад, таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории кормандони милитсия бо ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ҳар як корманди милитсия бояд дарк намоянд, ки таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, яке аз вазифаҳои пурмасъули ӯ дар минтақаи хизматӣ ва дигар ҷойҳо ба шумор меравад.
Сабаби асосии ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ дар роҳ, ин аз ҷониби пиёдагардҳо ва ронандагон вайрон намудани қойдаҳои ҳаракати роҳ мебошад. Ронанда ҳангоми ҳаракат дар роҳ симои асосӣ ба ҳисоб рафта дар ҳолатҳои хатарнок ба вуқӯъ пайвастан ё рух надодани садамаи нақлиётӣ аз дониш ва маҳорати касбии ӯ вобастагии зиёд дорад.
Сол то сол шумораи автомашинаҳои гуногунтамғаи истеҳсоли хориҷи дуру наздик дар мамлакатамон рӯ ба афзоиш оварда истодааст. Агар соли 1997 дар ҷумҳуриамон 289163 – адад воситаи нақлиёт ба қайд гирифта шуда бошад, пас дар соли 2009 шумораи умумии онҳо 304219 адад ва дар соли 2020 қариб 5 маротиба афзуда, ки дар роҳҳои шаҳри Душанбе, умуман дар дигар минтақаҳои кишвар садамаҳои зиёди нақлиётӣ ва тамбашавиро ба вуҷуд меоранд. Аз рӯйи ҳисоботи оморӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 15 то 20 ҳазор адад автомобилҳои гуногунтамға ба ҷумҳурӣ ворид мешавад, ки он аз баланд шудани сатҳи некӯаҳолии шаҳрвандон шаҳодат медиҳад.
Аз як тараф агар нақлиёт мушкилкушои одамон бошад ҳам, аз ҷониби дигар, ҳамчун манбаи фалокат ба инсоният зарари ҷониву молиявӣ низ мерасонад.
Омори садамаҳои нақлиётӣ ҳисоботи ғамангези худро аз 17-уми августи соли 1896 ин ҷониб, дар Британияи Кабир, пас аз якумин ҳодисаи пахш намудани пиёдагард аз тарафи автомашинае, ки бо суръати 6км/суръат ҳаракат менамуд, оғоз кардааст. Дар ИМА бошад, чунин ҳодисаи оқибаташ марговар аввалин маротиба соли 1899 ба қайд гирифта шуда буд.
Аввалин садамаи нақлиётӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан моҳи августи соли 1936 ба қайд гирифта шудааст.
Аз рӯи ҳисоботи омории Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 2430 садамаҳои нақлиётӣ ба қайд гирифта мешавад, ки бар асари он 420 нафар ронандаву мусофирон, ҳамзамон пиёдагардон ба ҳалокат расида, зиёда аз 1550 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ мебардоранд.
Аз рӯи ҳисоботи омории Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 танҳо дар шаҳри Душанбе зиёда аз 241 садамаҳои нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 44 нафар ронандаву мусофирон, ҳамзамон пиёдагардон ба ҳалокат расида, зиёда аз 244 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Албата, садамаҳои нақлиётӣ худ аз худ ба вуқӯъ намепайванданд ва барои сар задани онҳо омилҳои дигаре низ ҳастанд, ки мусоидат менамоянд. Ин омилаҳо, пеш аз ҳама, риоя нашудани талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, мутобиқат накардани ҳолати роҳҳо ва воситаҳои техникии танзими ҳаракат, номусоидии боду ҳаво, носозиҳои техникии воситаҳои нақлиёт ва ба саросемагӣ роҳ додани бархе аз пиёдагардону ронандагон мебошанд.
Дар шароити шиддатнокии ҳаракат дар роҳҳо, яке аз воситаҳои самараноки қобили қабул, ин воситаи танзими техникии ҳаракат дар роҳ, яъне чароғи “Роҳнамо” (светофор) мебошад, ки аз рӯи вақт, ихтилофи байни воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардонро сониян ҳал менамояд.
Тараққиёти ҷомеа барои инсон ҳама чиз, аз қабили ҷойи зист, воситаи нақлиёт, иттилоот ва имконияти рушд карданро муҳайё намудааст, вале агар мо инсонҳо бошитобкорӣ ва воҳима рафтор намоем, метавонем ба ҳалокат бирасем чуноне, ки мегуянд: Ҳангоми ба роҳ баромадан ва дар чароғаки сурхи роҳ бошитоб гузаштан - ин маънои онро дорад, ки бо чароғи сафед, яъне бо ҳаёт хайрухуш мекунед!!
Омӯзгорони Академия ВКД
Абдураҳмонзода Наимҷон,
Айдархонзода Шукрихудо