Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташаккули маҳорат ва малакаҳои ҳаракатӣ, инкишофи хислатҳои ҷисмонӣ

161Тарзи ҳаёти солим бояд чун шакли рафтори фаъол ва ба мақсад равонгардида, ки ҳифз ва нигаҳбонии тӯлонии солимии равонӣ ва ҷисмониро таъмин месозад, баррасӣ гардад.
Мафҳуми «тарзи ҳаёти солим» масъалаҳои зеринро дарбар мегирад:
- риояи дурусти реҷаи рӯз, пайвастагии кор ва истироҳат;
- иҷрои қоидаҳои беҳдошти шахсӣ, обутобдиҳӣ;
- ғизохӯрии дуруст;
- машғулият бо машқҳои ҷисмонӣ ва варзиш.
Маҳз ҳамин масъалаҳо омилҳои фоидаоваре мебошанд, ки ба саломатии инсон таъсир мерасонанд.162
Машқҳо ба намудҳои гуногуни варзиш – варзиши сабук, гимнастика, бозиҳои варзишӣ ва серҳаракат, шиноварӣ дохил мешаванд.
Роҳравӣ – тарзи аз ҳама паҳнгардидаи ҳаракати ва яке аз воситаҳои маъмули тарбияи ҷисмонӣ аст.
Ҳангоми роҳравӣ шумо ба замин гоҳ ба як пой, гоҳ бо ҳарду такя мекунед, яъне доим бо замин робита доред. Ҳаракати даст ва пой дар роҳравӣ муқобилсамт аст: қадамгузорӣ бо пойи рост бо пешравии дасти чап мувофиқат мекунад ва баръакс.
Дар баробари роҳравии муқаррарӣ роҳравии варзишӣ ҳам вуҷуд дорад. Он аз роҳравии муқаррарӣ бо телахӯрди пурқувваттар аз замин бо гардишҳои устухони тос дар атрофи давраи амудӣ, пойҳои аз қисмати зонуҳо росткардашуда ва ғайра фарқ мекунад.
Талаботи асосӣ дар техникаи роҳравии варзишӣ часпиши пайвастаи пой бо замин мебошад.
Яке аз тарзҳои роҳравӣ қадамравии гуногуншакл мебошад. Ин ҳаракатест, ки дар толор ё майдончаи варзишӣ аз рӯи қатори якнафара аз рӯи диагоналҳо, муқобилсамт, моршакл ба амал меояд. Қадамравии шаклӣ қобилияти роҳравӣ дар саф ва муайян кардани фосиларо инкишоф медиҳад.
Дав дар муқоиса бо роҳравӣ фосилаи парвозро дорост, ки бо теладиҳӣ аз замин сар шуда, ба фуруд омадан хотима меёбад.
Дави варзишӣ се намуд мешавад: дав ба масофаҳои кӯтоҳ (спринт), миёна ва дароз.
Масофаҳои кӯтоҳ – 30, 60, 100 м. Масофаҳои миёна – 400, 800, 1000 ва 1500 м. Масофаҳои аз 2000 м зиёд ба масофаҳои дароз мансубанд.
«Қадамченкунӣ». Пеш аз саршавии бозӣ ҳар як иштирокчӣ дарозии қадамҳои худро чен мекунад. Барои ин бояд фосилаи муайян, масалан 100 метрро гузашта, қадамҳоро ҳисоб кард, сипас фосиларо ба миқдори қадамҳо тақсим намуд.
Вазифаи бозӣ муайян кардани он аст, ки кадоме аз бачаҳо метавонад аниқтар фосилаи байни ду нуқтаро чӯбҳо, дарахтон ё байрақчаҳое, ки ба замин халонда шудаанд, муайян намояд.
Дар маркази майдонча (майдони футбол) байрақ ва гирдогирди он, дар фосилаҳои гуногун, байрақчаҳо ҷойгир шудаанд. Фосилаи байни байрақ (марказ) ва ҳар як байрақча ба сардор маълум аст.
Ҳамаи бозингарон ба ҷуфтҳо тақсим шуда, қаламу қоғаз гирифта бо истифода аз қадамҳои худ бояд фосилаи байни байрақ (марказ) ва байрақчаи нишондодашударо муайян кунанд. Бозингаре ғолиб дониста мешавад, ки фосиларо дуруст муайян кардааст.
Сипас, ба ғолиби ҳар як ҷуфт низ супориш дода мешавад, ки фосилаи аз марказ то ҳар як байрақчаро муайян кунанд.
Аввал ғолиби ҳар як ҷуфт, баъд ғолиби мутлақро муайян мекунанд.
Дастурдеҳи кафедраи ТМ ва ОҶ
Академияи ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
лейтенанти калони милитсия Саъдуллозода К.С.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...