Идеологияи миллиро дар муқобили амалҳои номатлуб мегузорем!
Муқобилият ба хатарҳои замони муосир яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи аҳли ҷомеа буда, моро водор месозад, ки бар зидди ҳама гуна амалҳои номатлуб дар якҷоягӣ мубориза барем. Бо ин мақсад, талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирии амалу кирдорҳои экстремистӣ, ки ба ҷомеа хавфу хатар эҷод мекунад, зиёд гардидааст. Аз ин лиҳоз, шаҳрвандони кишварро зарур аст, ки дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пешгирии ҷинояткорӣ саҳмгузорӣ намоянд.
Дар замони муосир дар кишвари мо тамоми заминаҳои лозимӣ барои муқовимат ба экстремизм ва терроризм фароҳам оварда шудааст. Аз ин хотир, танҳо аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ тақозо карда мешавад, ки муборизаро бо ин зуҳуроти номатлуб дар якҷоягӣ бо мақомоти давлатӣ пурзӯр намоянд.
Амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо доир ба "Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025" ва санадҳои дигари сиёсию ҳуқуқӣ вобаста ба ин дар ҷумҳурӣ қабул гардида, боиси самаранокии фаъолияти субъектҳои ба экстремизм ва терроризм муқовиматкунанда гардидаанд.
Ҷавонони моро зарур аст, ки ҳушёриву зиракиро аз даст надода, ба беҳуда сарф кардани вақти хеш роҳ надода, пайваста ба забономӯзию соҳибҳунар гаштан талош варзанд, то ки дар оянда дастнигари ҳеҷ кас набошанд. Инчунин, бо маҳорату донишу малакаи касбиашон дар пешрафту шукуфоии Ватани азизамон саҳмгузор бошанд. Миллат ва давлат аз чунин фарзандони соҳибкасбу бомаърифат ҳамеша ифтихор мекунад. Нафари соҳибилму бомаърифатро дар ягон давру замон ҳеҷ кас фиреб карда наметавонад.
Мақсади асосии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм бошад, муайян намудани вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм ба ҳисоб меравад. Талошҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳама гуна бахшҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт равона шудааст.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: "Бо таъсири шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ баъзе аз ҷавонони сустиродаву ноогоҳи мо ба доми гурӯҳҳои манфиатҷӯ афтида, ба миллату Ватани худ хиёнат мекунанд, ба обрӯи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ иснод меоваранд, падару модарон ва наздиконашонро дар байни ҷомеа шармсор месозанд".
Ҳамин аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксар суханрониҳояшон вобаста ба зуҳуроти хатарзои замони муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид месозанд, ки: "Терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроӣ дорад. Дар ин раванд, ҳифзи истиқлолияту озодӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ қарзи шаҳрвандӣ ва вазифаи ҳар яки мост".
Нақши омӯзгорону тарбиятдиҳандагон дар пешгирии амалҳои ношоиста ва ҳодисаҳои даҳшатафкани ғайриқонунӣ хеле зиёд мебошад. Илму маориф ва идеологияи миллӣ яке аз сарчашмаҳои асосии муқовимат ба терроризм ба ҳисоб меравад.
Ҷиҳати пешгирӣ аз шомилшавии насли ҷавон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ, тарбия намудани онҳо дар руҳияи худогоҳиву худшиносӣ, пешгирии хурофотпарастӣ дар ҷомеа боиси таҳкими ваҳдат ва сулҳу субот дар кишвар мегардад.
Бояд зикр кард, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли ояндасоз дар пойдории эҳсоси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, арҷ гузоштан ба гузаштаи худ дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ хеле бузург аст. Агар дар бораи таърихи гузаштаи худ маълумоти зарурӣ надошта бошанд, қувваҳои манфиатҷӯ аз он истифода бурда, бо ҳар роҳу восита амалҳои ғаразноки худро дар мафкураи ҷавонони ноогоҳ ҷой мекунанд.
Яке аз сабабҳои шомилшавӣ ба ин гурӯҳҳо истифодаи телефонҳои мобилӣ ва интернет мебошад. Имрӯз падару модаронро зарур аст, ки бо ин гуна зуҳуроти нангин мубориза бурда, фарзандони худро дар руҳияи худогоҳии миллӣ ва худшиносӣ тарбия намоянд, ба қадри Ватан-Модар расанд, арзишҳои миллии мардуми тоҷикро ҳифз намоянд.
Ҳамзамон, падару модарон бояд донанд, ки фарзандоне, ки имрӯз дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ҳастанд, дар чӣ гуна шароити будубош қарор доранд.
Барои бартараф ва ё пешгирӣ намудани амалҳои террористӣ бояд, пеш аз ҳама ба тарбияи хонаводагӣ ва мактабу маориф диққати махсус дода шавад.
Хулоса, дар рафти дарсҳо дар муассисаҳои таълимӣ бояд дар замири фарзандон ғояҳои ватанхоҳию ватанпарварӣ, шуҷоату далериро тарбият намоем, то ки ба ҳар гуна хавфу хатарҳое, ки ба ҳаёти онҳо таъсиргузор аст, муқовимат карда тавонанд.
Камолӣ Зулфинисо Бобохон,
муовини сардори шуъбаи кадрҳои Академияи ВКД ҶТ,
подполковники милитсия