Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ
Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар айён мегарданд. Рӯзи Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар зидди фашизм ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашаванда мақом дорад. Аз рӯзҳои аввали ҷанги хонамонсӯз фарзандони далери халқи тоҷик дар қатори аввалинҳо дар ҳайати ду дивизия ба ҷабҳаи ҷанг рафта буданд. Умуман, аз кишвари мо беш аз 300 ҳазор нафар мардони шуҷоу далер сари синаи хеш сипар намуда бевосита дар задухӯрдҳои шадиди ҷангӣ зидди фашизми хунхор иштирок намуда, ҷасорату мардонагиҳои бемисл зоҳир карданд.
Дар Тоҷикистон яке аз иқдомҳои шоёне, ки аз рӯзҳои аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз намуданд, ин барои фронти ҷангӣ сафарбар намудани ҷавонмардон буд. Бо ин масъала дар ҷумҳурӣ аз рӯзҳои аввали ҷанг ҳамаи комиссариатҳои ҳарбии 6 вилоятӣ, 67 шаҳрию ноҳиявӣ машғул буданд. Чун тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ, дар Тоҷикистон ҳам сафи хоҳишмандоне, ки ихтиёрӣ ба фронт рафтан мехостанд, хеле зиёд буданд. Танҳо дар моҳҳои аввали ҷанг ба комиссариатҳои ҳарбии ҷумҳурӣ қариб 6000 аризаҳои ихтиёрӣ омаданд, ки дар онҳо ҷавонмардон хоҳиши ҳар чӣ зудтар онҳоро барои мудофиаи Ватан, ба фронти ҷангӣ фиристоданро менамуданд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷавонписарони Тоҷикистонӣ дар тамоми амалиётҳои ҷангӣ, аз мудофиаи қаҳрамононаи қалъаи Брест сар карда, то забти пойтахти фашистони Олмон – шаҳри Берлин иштирок намудаанд.
Меҳнаткашони тоҷик баробари мустаҳкам кардани ақибгоҳ, инчунин ба қисмҳои ҳарбӣ содиқона ёрӣ мерасонданд. Онҳоро бо сару либос, озуқаворӣ, аслиҳаи ҷангӣ таъмин менамуданд. Дар давраи ҷанг халқи тоҷик барои фронт 151 вагон, 532500 адад либоси гарм, 123800 килограмм пашм, бештар аз 25000 метр газвор ва дигар лавозимот фиристоданд. Ба захираи мудофиавии Ватан 30 миллиону 500 ҳазор сӯм пули нақд ва 40750 пуд ғалладона ҷамъоварӣ карда супурданд. Барои сохтмони танки «Колхозчии Тоҷикистон» зиёда аз 84 миллион сӯм ва барои сохтмони эскадрилияи «Тоҷикистони Советӣ» 35,2 миллион сӯм ҷамъоварӣ намуданд.
Дар баробари далериву мардонагии халқи Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аз ҷумла халқи тоҷик низ қаҳрамониҳо нишон додаанд. Дар таърихи башарият санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳаммият ва ҷойгоҳи онҳо дар сарнавишти инсоният боз ҳам бештар аён мегардад.Рӯзи Ғалаба бар фашизм дар радифи чунин санаҳои фаромӯшнашавандаи таърихӣ мақоми махсус дорад.
Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, инчунин, мардуми кишвар ба далериву корнамоӣ ва ҷонбозиҳои дар майдони набард нишондодаи фарзандони бонангу номуси худ арҷ мегузоранд ва ҳар сол ин санаи таърихиро ҳамчун рӯзи «Ғалаба бар фашизм» таҷлил менамоянд. Сокинони Тоҷикистон хотираи онҳоеро, ки аз ҷанг барнагаштаанд, яъне ҷони худро ба хотири озодӣ аз истеъмори фашистӣ қурбон кардаанд, ҳеҷ гоҳ аз хотир фаромӯш намекунанд ва эҳтироми онҳоеро, ки бо пирӯзӣ ба Ватан баргаштаанд, ҳамеша ба ҷой меоранд.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар баробари родмардони тоҷик, ҳамчунин, занону куҳансолон ва наврасони кишварамон дар ақибгоҳ шабонарӯзӣ заҳмат кашида, дар таъмини афсарону сарбозон бо маводи ғизоӣ, сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ кумак мерасониданд ва саҳми шоистаи худро барои наздик овардани ғалаба мегузоштанд.
Занони Тоҷикистон низ дар шикаст додани қӯшуни фашистони немис саҳми худро гузоштанд. Номи хатмкунандаи Донишгоҳи кишоварзии ҷумҳурӣ Ойгул Муҳаммадҷонова дар саҳифаҳои таърих абадӣ сабт гардидааст. Ӯ баъди хатми омӯзишгоҳи ҳарбии ҳавоӣ ба полки авиатсионие, ки дар назди Смоленск меҷангид, фиристода шуда буд. Ойгул Муҳаммадҷонова на танҳо дар Тоҷикистон шуҳрат пайдо карда буд, балки дар ҷумҳуриҳои бародар номи ӯро бо ифтихор ба ёд меоварданд.
Дар рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх» таҳти унвони «Корнамоии қаҳрамононаи Ойгул Муҳаммадҷонова» мактуби командири ӯ капитан В.Лапко чоп шуда буд, ки дар он чунин навишта шудааст: «…Дар назди хатти фронт ба мо «мессерҳо» ҳамла оварданд. Мо мудофиаи давра ташкил кардем. Ойгул Муҳаммадҷонова дар ҳамин ҷо аз аввалин имтиҳони ҷангӣ гузашт. Ойгул Муҳаммадҷонова бо пулемёти худ самолёти қирқунандаи душманро зада гардонд ва нишони ӯ ба самолёти дуюм низ расид, ки онро тирандози ман зада афтонд. Дар ин ҷанг тирандози самолёти Ойгул ҳалок гардид. Худи Ойгул Муҳаммадҷонова аз китфаш ярадор шуд, Ба чанбаракисамолёт тири тӯпҳои зенитии душман расида буд, ба самолёт ва пилот марг таҳдид мекард. Вале Ойгул Муҳаммадҷонова бо як мӯъҷизае худро аз оташи душман бароварда онро ба мавқеи қисмҳои ҳарбии мо нишонд. Тоҷикдухтар Ойгул Муҳаммадҷонова ҳамин тавр парвози якуми худро анҷом дод. Ӯ 93 карат парвози ҷангӣ кардааст. Шӯрои Ҳарбии Фронти Ғарбӣ духтари тоҷикро бо ордени «Ленин» мукофотонид».
Мо дар оянда низ бо сарфарозӣ иброз хоҳем дошт, ки дар таъмини ғалабаи бузург дар баробари фарзандони дигар халқу миллатҳо ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон нақши арзишманд гузоштаанд. Дар ин раванд, мо бо ифтихору эътимод иброз медорем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол давомдиҳандагони анъанаҳои неки наслҳои калонсоли халқамон буда, бо истифода аз сабақу корномаҳои гузаштагони некноми хеш барои ҳимояи марзу буми кишвар ва таъмини зиндагии орому осоиштаи сокинон чун сипари боэътимоди мамлакат ҳамеша дар ҳоли омодабош қарор доранд.
Хусусан, дар охири асри бистум таҳдиду хатарҳои нав, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои вазнини он, инчунин, паҳншавии ҳар гуна бемориҳои хатарноки сироятӣ амнияти давлатҳо ва халқҳоро халалдор намуда, мардуми сайёра, аз ҷумла сокинони кишвари моро ба ташвишу нигаронии ҷиддӣ дучор сохтаанд.
Дар чунин шароит сабақҳои талхи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта ҳар яки моро ҳушдор медиҳанд, ки барои ҳифзи сулҳи пойдор, суботу оромӣ ва зиндагии осудаи шаҳрвандони мамлакат ҳамеша ҳушёру омода бошем. Таҷлили ҳамасолаи рӯзи Ғалаба ба аҳли башар бори дигар собит месозад, ки мустаҳкам намудани дӯстиву ҳамкорӣ ва робитаҳои неку созандаи халқу давлатҳои гуногун омили асосии таъмин намудани сулҳу суботи сайёра, рушди давлату халқҳои ҷаҳон ва рӯзгори орому осудаи мардуми олам буда, инсоният танҳо бо саъю талоши муштарак метавонад бар зидди ҳама гуна нерӯҳои бадхоҳ истодагарӣ намояд.
Номи қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 аз Точикистон ба амсоли:
Ҳодӣ Кенҷаев, Домулло Азизов, Исмоил Ҳамзаалиев, Туйчӣ Эрҷигитов, Саидқул Турдиев, Сафар Амиршоев, Неъмат Қаробоев, К.Саидов, Ҷ.Қодиров, П.Атоев. Д, Собиров, О.Хусравов ва дигарон абади хоҳад монд.
Номи даҳҳо диловардухтарони Тоҷикистон амсоли:
Раъно Ёқубова, Иномҷон Қурбонова, Садаф Ниёзова ва бисёр дигаронро метавон номбар кард, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карда, корнамоиҳои бемисл нишон доданд. Дар маҷмуъ 102 ҳазор барои меҳнати шоён дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо ордену медалҳо сарфароз гашта, 54 нафар ба унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ мушараф гаштанд. БаҶанги Бузурги Ватанӣ 300 ҳазор тоҷикистониҳо сафарбар гашта, 100 ҳазори онҳо дар ҷанг қаҳрамонона ҳалок гаштанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ ба масъалаи ғамхорӣ дар ҳаққи маъюбон ва оилаҳои иштирокчиёни ҷанг эътибори ҷиддӣ зоҳир карда, ин иқдомро то имрӯз идома дода истодааст.
Бори дигар ҳамаи собиқадорони ҷангу меҳнат ва халқи азизи Тоҷикистонро ба ифтихори Иди Ғалаба бар фашизм самимона табрик гуфта, ба ҳар як фарди кишвар саломатии бардавом, умри бобаракат ва барои Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи ҷовидона орзу менамоям.
Омӯзгори Академияи ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон
лейтенанти калони милитсия Абдулҳамидзода Амирали