Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕҲНАТ – ШАРАФ АСТ

153(Бахшида ба иди байналхалқи меҳнаткашон 1 май)
Меҳнат ин заҳмат, ранҷ ва машаққат аст. Агар меҳнат азобу ранҷ бошад, пас шараф дар пушти он ниҳон аст. Инсон, то ки ба мақсуди дили худ расад, заҳмат мекашад то инки меҳнат тавонад ба инсон сарбаландӣ оварад.154
Бояд тазаккур дод, ки ҳар як шахс маҳз ба воситаи меҳнату ранҷу машаққати ҷисмониву ақлониаш аз қабили кишоварзӣ, чорводорӣ, шоириву нависандагӣ, омӯзгорӣ, духтурӣ, пазандагиву дӯзандагӣ ва ғайра обрӯву эътибор пайдо намуда, дар ҷамъият сарбаланд мегардад. Ғайр аз ин меҳнат инсонро тарбия намуда, омили асосии шарафмандии ҷавонон мегардад. Афроди танбалу коргурез бошад, на соҳиби касбу ҳунар асту на соҳиби шараф. Одами оқибатбин дар зиндагӣ мақсад дораду аз болои худ кор мекунад ба мақсаду мароми хун ноил мегардад, ва мақоле ҳаст «Аз бекор Худо безор». Ҳар як касбу кор ба худ хос машаққат ва таҳамул дорад. Бо вуҷуди ин, моро зарур аст, аз меҳнати сангин наҳаросида, ба пеши худ мақсад гузорем то, ки ба ҳадафу мароми хеш ноил гардем. Завқи ҳаёт дар меҳнат аст, меҳнат бо баробари обрӯ касро соҳибкор ва соҳибдавлат мегардонад.
Шоир гуфтааст:
Зи меҳнат нони беминнат барояд,
Зи меҳнат ганҷи пурқимат барояд.
Ба замми ин тани солиму зебо,
Яқин аз ҳосили меҳнат барояд.
Ба кас дунё зи меҳнат бовафо аст,
Валекин нозу бекорӣ ҷафо аст.
Каси меҳнатқарину поквиҷдон,
Мудом хушбахту некӯному комрон.
Мо насли ҷавон бояд ба ин ин ёдгории бузурги гузаштагони худ, ки онро илмаш ном бурдаанд, рӯй оварем. Зеро қадру манзалати инсонӣ аз илми ӯ вобастагӣ дорад. Беҳуда нест, ки Ибни Синои ҷавон дар синни нуздаҳсолагӣ бо табобати Амир табибони дигарро, ки аз ӯ бузург буданд, маҷбур намуд, ӯро эътироф намоянд ва ҳатто аз ӯ омӯзанд.
155Рост аст, ки имрӯз инсоният аз нигоҳи фанниву техникӣ бо суръати кайҳонӣ пешрафт мекунад. Риштаи информатика, соҳаи компютерӣ бо тамоми зарфияташ дар матни зиндагии мо нуфуз мекунад. Ин боиси хурсандӣ ва шара фаст. Вобаста ба ин мо бояд аз зиндагӣ, аз истифодаи комёбиҳои илмӣ қафо намонем. Аммо дар радифи ин ҳаргиз даст аз амалӣ намудани маҳсули илми худ дар амалия нагирем. Зеро илм чизест, ки такмили худро, пешрафти худро, инкишофи худро металабад.
Дар баробари ин ҳама гуфтаҳои боло рӯзи 1-уми майро рӯзи иди байналхалқии меҳнаткашон таҷлил намуданд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол якуми май ҳамчун рӯзи байналмилалии коргарон аз анъанаҳои давраи Иттиҳоди Шӯравӣ боқӣ мондааст. Ин рӯз ҳамчун иди расмии давлатӣ дар мамлакатҳои дигар ҳам қабул шудааст ба монанди: Австрия, Албания, Аргентина, Арманистон, Аруба, Бангладеш, Беларус, Белгия, Болгария, Боливия, Босния и Гертсеговина, Бразилия, Венгрия, Венесуэла, Ветнам, Гватемала, Олмон, Юнон, Гондурас, Гонконг, Ҷумҳурии Доминикан, Миср, Замбия, Зимбабве, Ҳиндустон, Иордания, Ироқ, Исландия, Испания, Италия, Камерун, Кения, Хитой, Колумбия, Коста-Рика, Кот-д’Ивуар, Куба, Латвия, Лубнон, Литва, Люксембург, Маврикий, Малайзия, Малта, Марокко, Мексика, Молдова, Мянма, Непал, Нигерия, Норвегия, Покистон, Панама, Парагвай, Перу, Полша, Португалия, Ҷумҳурии Гаити, Ҷумҳурии Кипр, Ҷумҳурии Македония, Федератсияи Русия, Руминия, Салвадор, Сербия, Сингапур, Сирия, Словакия, Словения,Таиланд, Туркия, Украина, Уругвай, Филиппин, Финляндия, Франсия, Хорватия, Чили, Чехия, Швеция, Шри-Ланка, Эквадор, Эстония, ҶАҶ, Кореяи Шимолӣ, Кореяи Ҷанубӣ.
Бояд зикр кард, ки якуми май иди байналхалқии меҳнаткашон, рӯзи якдилии коргарони тамоми ҷаҳон, рӯзи аз назаргузаронии қувваҳои меҳнаткашони ҳамаи мамлакатҳо башумор меравад. Конгресси якуми ТС 2 (июли 1889, Париж) ба хотири коргарони Чикаго, ки якуми май 1886 бо талаби рӯзи корӣ Вчюата корпартоӣ карда, ҳангоми намоиши осоишта аз тарафи политсия тирборон шуда буданд, қарор дод ҳар сол якуми май намоиши оммавии меҳнаткашон ташкил карда шавад.
Бояд тазаккур дод, ки яке аз бахшҳои асосии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин бахши кишоварзӣ баҳисоб рафта он заҳмату талошҳои пешвои миллат дарак медиҳад, ки имрӯз аз ҳисоби он тақрибан 23,3%-и ММД, беш аз 70%-и ҷойҳои корӣ, 25%-и содирот ва 35%-и воридоти андоз ба буҷети давлат таъмин мегардад. Новобаста аз он ки шароити иқлими ҷумҳурӣ барои парвариши ҳама навъҳои зироатҳои ғалладона мувофиқ аст, релефи кӯҳӣ имкониятҳои аҳолиро дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ то андозае маҳдуд кардааст.
Кишоварзӣ - ин сифатест, ки маънои нисбӣ ё марбут ба кишоварзӣ ё деҳқонро дорад. Ин калима аз лотинӣ омадааст он бо истилоҳҳо ташкил карда мешавад ager ('Майдони зироат'), феъл colere (ишора ба зироат) ва пасванд -ба (бо нишон додани коре, ки агент анҷом дода мешавад).
Кишоварзӣ, ки аз замонҳои қадим бо истилоҳҳои деҳқонӣ, деҳқанат, барзгарӣ, фалоҳӣ ҳам маъмул буд, яке аз соҳаҳои муҳимми истеҳсолоти ҷамъиятӣ буда, аҳолиро бо хӯрокворӣ ва саноати ҳунармандиро бо ашёи хом ва ҳайвоноти аҳолиро бо ғизо таъмин менамояд. Мардумони ориёитабор яке аз аввалин кишоварзон будаанд. Дар Авесто, хусусан қисматҳои Видеват ва Готҳо, оид ба деҳқонӣ, ғаллакорӣ, боғдорӣ, обёрии заминҳо, чорводорӣ маълумоти фаровон мавҷуд аст. Минбаъд тибқи иттилои ҷуғрофидонҳо ва муаррихони пешин кишоварзӣ дар сарзаминҳои Мовароуннаҳру Хуросон ривоҷу равнақи бесобиқа доштааст.
Баъди ба Русия ҳамроҳ карда шудани Осиёи Миёна хусусиятҳои кишоварзии мардуми Осиёи Миёна ва бахусус Тоҷикистон, тағйир ёфта, ба талаботи саноати Русияи подшоҳӣ мувофиқ кунонда шуд; бо афзудани талабот ва баланд рафтани нархи пахта заминҳои кишти пахта босуръат васеъ карда мешуданд. Ҳанӯз А. И. Вавилов - олим ва сайёҳи машҳур Осиёи Миёнаро яке аз марказҳои зироати дунё ҳисобида, борҳо таъкид карда буд, ки кӯҳсори Тоҷикистон ва Бадахшон яке аз марказҳои қадимтарини зироат мебошад. Раванди пахтакорӣ ва рушди дигар соҳаҳои кишоварзӣ, аксаран ҳамчун манбаи ашёи хом, минбаъд ҳам ривоҷ гирифт.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи нахустини илмӣ оид ба зироат соли 1927 (Стансияи давлатии таҷрибавии селексионии Тоҷикистон) ташкил гардид. Соли 1930 Стансияи минтақавии таҷрибавии пахтакории Тоҷикистон (дар ноҳияи Ҷилликӯл) таъсис ёфт. Соли 1950 дар Академияи фанҳои ҶШС Тоҷикистон Шуъбаи пахта корӣ ифтитоҳ гардид. Соли 1956 Институти таҳқиқоти илмии зироат ба кор шурӯъ кард. Минбаъд дар солҳои гуногун Институти хокшиносӣ, Институти таҳқиқоти илмии боғу токдорӣ ва сабзавоткорӣ, Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон таъсис дода шуданд, ки дар ривоҷу равнақи соҳа саҳми бузург доранд.
Пас аз бадаст овардани истиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ ислоҳоти иқтисодӣ оғоз гардид. Дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ислоҳоти замин» соли 1992 марҳилаи қисман тақсим намудани заминҳои минтақаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ оғоз гардид. Инчунин бо фармонҳои Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 1995 №342 ва аз 1 декабри соли 1997 №874, 75 ҳазор гектар замин барои истифода ба аҳолии деҳот тақсим карда шуд, ки ин амал барои таъмин намудани аҳолӣ бо озуқа мусоидат намуд. Бо мақсади истифодаи пурсамар ва оқилонаи захираҳои замин ва об, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1996, №522, «Дар бораи таҷдиди корхонаҳо ва ташкилотҳои кишоварзӣ» қабул гардид. Дар ин раванд супориши давлатӣ (Госзаказ) ва нархи маҳсулоти кишоварзӣ озод эълон карда шуд, ки ин ба соҳибихтиёрии деҳқон барои парвариши маҳсулот мусоидат намуд.
Ислоҳоти гузаронидашуда дар соҳаи кишоварзӣ, ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) озодии интихоби истеҳсол ва фурӯши зироатҳои кишоварзиро дод. Дар бисёр ҷойҳо амалӣ намудани гузаронидани кишти такрорӣ дар заминҳои обӣ, инчунин ҳалли масъалаи қарзи хоҷагиҳои пахтакор иқтидори соҳаро хеле афзун намуд. Гузариш ба шакли нави муносибатҳои иқтисодӣ ва ташкил намудани шаклҳои нави хоҷагидорӣ, хусусигардонии амвол ба тағйироти куллӣ дар соҳаи кишоварзӣ оварда расонид. Гузариш ба шакли нави муносибатҳои иқтисодӣ ва ташкил намудани шаклҳои нави хоҷагидорӣ, ғайридавлатӣ гардондани моликият дар соҳаи кишоварзӣ ба тағйироти куллӣ оварда расонд.
Рушди соҳаи кишоварзӣ барои таъмини босубот ва мутаносиби аҳолии кишвар бо маводди хӯрока тавассути афзоиши мунтазам ва устувори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани сатҳи даромаднокӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ, инчунин ҳифзи захираҳои табиӣ мусоидат менамояд. Ба хоҷагиҳои деҳқонӣ додани озодии парвариши зироати кишоварзӣ иқтидори соҳаро хеле афзун намуд. Мутобиқи маълумоти оморӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, - ғалладонагиҳо, пахта, картошка, сабзавот, полезиҳо, меваҷот, афзоиши саршумори чорво ва паранда дар солҳои охир мутаносибан хеле боло рафт.
Дар давраи соҳибистиқлоли кишвар ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани ислоҳоти замин, таҷдиди хоҷагиҳо ва қабули барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаҳои рустанипарварӣ, чорводорӣ, тухмипарварӣ ва таъминот бо техникаи кишоварзӣ ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшид. Дар маҷмӯъ то имрӯз дар соҳаи кишоварзӣ 13 барномаи давлатии соҳавӣ қабул гардидааст.
Татбиқи ислоҳот дар соҳаи кишоварзӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) озодии интихоб дар парвариши зироатҳои кишоварзӣ, инчунин имконияти гузаронидани кишти такрориро дар майдонҳои холишудаи аксарияти маҳалҳо дода, ҳамзамон ҳал шудани масъалаи қарзи хоҷагиҳои пахтакор иқтидори ин соҳаро афзун намуд. Гузариш ба тарзи нави муносибатҳои иқтисодӣ ва ташкили шаклҳои нави хоҷагидорӣ, инчунин хусусигардонии амвол дар соҳаи кишоварзӣ ба тағйироти куллӣ оварда расонид.Бояд тазаккур дод, ки соҳаи кишоварзӣ бахши пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон ба шумор рафта, дар солҳои охир новобаста аз таъсироти офатҳои табиӣ ва омилҳои бӯҳронӣ дар сатҳи зарурии устувор қарор дошта, ба ҳисоби миёна 18 - 21% маҷмӯи маҳсулоти дохилиро таъмин менамояд. Бо вуҷуди ин то ҳол масъалаҳои муҳими сиёсати аграрӣ, аз ҷумла номуайянии шаклҳои рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ, ки дар бахши иқтисодӣ муҳиманд, то ҳол ҳали пурраи худро наёфтаанд.
Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи миллати тамаддунофару бостонии тоҷик саҳифаи нав боз намуд. Он давлатро аз парокандагӣ, миллатро аз нестӣ наҷот дод, ки бо талошҳо ва корнамоиҳои беназири Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам аст, ва дар тӯли 31 сол дастовардҳои беназир, зиндагии шоиста, шароити хубу арзанда, оромиву осудагӣ, Ваҳдати комили миллӣ ва ягонагиву муттаҳидиву сарҷамъиро барои ҳар фарди миллат ҳадя намуд. Пешвои миллат бо сиёсати хирадмандонаву оқилонаи хеш дар замоне ба сари қудрат омаданд, ки фазои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии ин сарзамин фалаҷ гардида, ҳокимияти давлатӣ мутлақо аз байн рафта буд. Ҷавони кордону ботадбир, дурандешу хирадманд дар як муддати кӯтоҳ тавонист ҷангро ба сулҳ ва харобазорро ба гулистон табдил диҳад.
Мусаллам аст, ки масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ дар кулли мамлакатҳои ҷаҳон, аз он ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати ба афзоиши аҳолӣ ва дар ин васила зиёд шудани талабот ба маҳсулоти озуқаворӣ мубрамият пайдо менамояд. Бо дарки саривақтии масъалаи мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2022 дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ ва мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкад ба амал оварданд: «…дар шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир болоравии нархи маҳсулоти нафту газ, маводи ғизоӣ ва ҳодисаҳои экологию техногенӣ ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишварамон таъсири манфӣ расонида, моро водор месозанд, ки дар хусуси ҳарчи зудтар амалӣ гардонидани ҳадафҳои стратегии худ - таъмин кардани истиқлолияти энергетикии мамлакат, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани он ва таъмини амнияти озуқавории кишварамон тадбирҳои иловагии фаврӣ андешем».
Инчунин дар Паёми мазкур оид ба аҳамияти соҳаи кишоварзии мамлакат дар таъмини амнияти озуқаворӣ чунин таъкид намуданд: Пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ омили муҳимтарини таъмини амнияти озуқавории мамлакат мебошад. Аз ин рӯ, масъалаҳои истифодаи оқилонаи замин ва баланд бардоштани ҳосилнокии он дар ин самт аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи мо ба ҳисоб мераванд.
Бо назардошти баланд шудани суръати тағйирёбии шароити иқтисодиёти ҷаҳон ва таъсири он ба вазъи иқтисодиёти миллӣ, аз он ҷумла ба сатҳи таъмини амнияти озуқаворӣ, Пешвои миллат дар Паёми худ аз 23.12.2022 чунин иброз намуданд: «Яъне дар шароити зудтағйирёбанда ва вазъи шиддатноки ҷаҳони муосир мо бояд, қабл аз ҳама, ба иқтидору имкониятҳои дохилии кишвар такя карда, барои рушди устувори иқтисодӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва ҳимояи саломатии шаҳрвандон боз ҳам бештар талош намоем».
Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ аз 23.12.2022 талошҳои Ҳукумати мамлакатро дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ саривақтӣ ва оқилона шуморида ислоҳоти дар ин самт гузаронидашударо баланд арзёбӣ намуданд. Аз ҷумла чунин чунин қайд карда шуд: «Ҳамчунин, дар соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати истифодаи самараноки обу замин ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат бори аввал дар таърихи давлати соҳибихтиёрамон ислоҳоти куллӣ гузаронида шуда, истифодаи замин ба соҳиби аслии он - деҳқон вогузор гардид, ки яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад».
Бояд қайд намуд, ки баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ вазъи иҷтимоию иқтисодӣ дар мамлакат тӯли солҳои 1991-1998 хеле бад буд. Дар чунин шароити хеле вазнин бо тшаббуси бевоситаи Пешвои миллат 75 ҳазор гектар замин ҳамчун заминҳои президентӣ ба аҳолии мамлакт ҷиҳати таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти озуқа ва пешгирӣ кардани гуруснагӣ тақсим карда шуд. Илова бар ин, дар бист соли охир 138 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 52 ҳазор гектар аз ҳисоби заминҳои обӣ ба 1 миллиону 400 ҳазор оила барои бунёди манзили истиқоматӣ ба шаҳрвандони ниёздошта ҷудо карда дода шудааст. Инчунин бояд қайд намуд, ки бо мақсади таъмин намудани пешрафти соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва буҷети давлат дар давраи соҳибистиқлолӣ беш аз 12 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.
Дар охир бояд гуфт, ки меҳнат ба маънои томаш мазмуни зиндагии манфиатдор дар ҳаёти инсон аст. Аз ин сабаб, меҳнатдӯст будан шахсро шарафмандтарин аҳли олам гардонида, аҳли оила ва атрофиёнро аз худ розӣ мегардонад. Ҳар қавму миллате ба андозаи пешинаи таърихии худ соҳибкасб аст. Мероси хаттие, ки аз ниёгони мо ба ёдгор монда, ниҳоят гаронарзиш аст. Меросе, ки фарогири риштаҳои мухталифи илму дониш ва сарчашмаи зояндаи илму маърифат аст.
Шоир Муъмин Қаноат мефармояд:
Он ки бо ҳурмат, ба ихлоси тамом,
Мепарастад зиндагиро, корро.
Саҷда меорад замину обро,
Ҳар ниҳоли пахтаи пурборро.
Номдорӣ, номдорӣ мекунад,
Аз бузургӣ хоксорӣ мекунад.
Омӯзгори Академияи ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон
лейтенанти калони милитсия Абдулҳамидзода Амирали.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...