Паём меҳвари пешбарандаи ҷомеа
Дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар Паём ҳамчун чароғи фурӯзон, фишанги доимамалкунанда ва пешбарандаи ҷомеа баромад намуда, амалӣ шудани нақшаю вазифаҳои гузошташудаи имрӯзу фардо ва пеш аз ҳама мутобиқ ба талаботи замон ва дар ҳамбастагӣ бо ин роҳу усулҳои навтаринро баёну тарҳезӣ ва пешниҳод намудааст.
Паёми навбатии Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар заминаи ғояҳои баландпояи пурмазмун асос ёфта, қисми ҷудонашавандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба ҳисоб меравад ва ҷомеаро ба кору фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъвату ҳидоят менамояд. Дар он тамоми муаммоҳои соҳаҳои мухталифи кишвар баррасӣ ва роҳҳои пешбурди он баён карда шуд. Паём хуҷҷати асосии стратегии тамоми ҷабҳаҳои ҷомеаро дар бар гирифта, вазифаҳо ва амалиётҳои дар пешистодаро равону бо пуррагӣ мурратабу матраҳ сохта, ҳолати кунунӣ ва фардоро бо дарназардошти раванди амал ва ба вуқуъ пайвастшавии буҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба аҳолии кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ расонид. Дар ин маврид махсус таъкид бояд кард, ки имрӯз ҷомеа дар марҳилаи ниҳоят ҳасос ва мурракаби пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ, муносибатҳои истеҳсолӣ, пулию қарзӣ, раванди истифодаи қувваи корӣ дар хориҷи кишвар ва ғайра қарор дорад. Ва яке аз хусусиятхои хос ва фарқкунандаи Паёми имсола дар он аст, ки дар вазъияти фавқулодаи ба амал омада ҷомеаро ба ҳисси масъулиятшиносӣ ва коршиносӣ даъват ва роҳнамоӣ менамояд. Дар Паём пеш аз хама роҳу паҳлуҳои асосии раванди таъсиррасонии манфии буҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва баромадан аз он, кору фаъолият ҷиҳати истифодаи мақсаднок ва самараноки иқтидорҳои истеҳсолию захираҳои мавҷуда, сарфакорӣ, камхарчии маблағу мавод, ташкилу омода ва ба кордарории корхонаю иқтидорҳои нави саноатию энергетикӣ, кишоварзӣ, соҳаҳои хизматрасонӣ, дастгирӣ ва рушди бо тамоми сохибкорӣ, пешгирӣ ва таваққуф кардан аз ҳама гуна исрофкорӣ, хароҷотҳои нодаркору зарур набуда, муайяну нишон дода шудааст. Дар партави даъвату ҳидояти Паём вазорату кумитаҳо, идораҳо, соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ-иҷтимоии ҷумҳурӣ, соҳибкорон ва тамоми фарди ҷумҳурӣ нақшаву вазифаҳои навбатӣ ва ояндаи худро мутобик ба ҳадафҳои сиёсии дохилӣ ва хориҷии кишвар ба роҳ монда амалӣ менамоянд. Вобаста ба ин яке аз масъалаҳои аҳамияти муҳими давлатӣ дошта ин оғозу суръатбахшӣ ва тақвиятии босубот ва пешбарандаи соҳаҳои энергетика ва саноат, комплекси агросаноатӣ ва пеш аз ҳама соҳаҳои навбунёди иқтисоди реалии кишвар ба ҳисоб меравад, зеро ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд. Чунонки ба ҳама маълум аст, солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад.
Аз ҷумла, дар панҷ соли охир таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инчунин, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон шиддат ёфта, яроқнокшавии бошитоб ва оғози марҳалаи «ҷанги сард» боиси халалдор шудани низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳо ва ба вуқӯъ омадани буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ гардид. Бахусус, соли 2022 таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ вусъат гирифта, занҷираҳои мавҷудаи таъминоти молу маҳсулот канда шуданд, истеҳсоли маҳсулот коҳиш ёфт ва нархҳо, махсусан, нархи маводи ғизоӣ ба таври бесобиқа боло рафтанд. Сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола афзоиш ёфт, яъне соли 2022 корҳо ҷиҳати устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ тақвият пайдо карда, рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин карда шуд. Ҳоло барои нигоҳ доштани рушди босуботи иқтисодӣ, таъмин намудани устувории молияи давлат, афзоиши даромад ва баланд бардоштани самаранокии буҷет заминаи зарурии қонунгузорӣ фароҳам оварда шуда, корҳо дар самти мукаммал гардонидани низоми миллии молия ва андоз идома доранд.
Дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар Паём ҳамчун чароғи фурӯзон,фишанги доимамалкунанда ва пешбарандаи ҷомеа баромад намуда, амалӣ шудани нақшаю вазифаҳои гузошташудаи имрӯзу фардо ва пеш аз ҳама мутобиқ ба талаботи замон ва дар ҳамбастагӣ бо ин роҳу усулҳои навтаринро баёну тарҳрезӣ ва пешниҳод намудааст.
Имрӯз Паёми Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷабҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа дар зери таассуроти беандоза ҷазобу роҳнамокунанда қарор дошта, раванду равиш ва амалисозии он дар ҷараён ва ривоҷу равнақ қарор дорад. Дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар Паём ҳамчун чароғи фурӯзон,фишанги доимамалкунанда ва пешбарандаи ҷомеа баромад намуда, амалӣ шудани нақшаю вазифаҳои гузошташудаи имрӯзу фардо ва пеш аз ҳама мутобиқ ба талаботи замон ва дар ҳамбастагӣ бо ин роҳу усулҳои навтаринро баёну тарҳрезӣ ва пешниҳод намудааст.
Мо ин сиёсатро идома медиҳем ва дар ҷодаи таҳкими ҳамкориҳо бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон минбаъд низ чораҳои зарурӣ меандешем. Дар ин раванд, ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва амниятии Тоҷикистон, ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, эҷоди шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори кишвар ва таъмини бехатарии он муҳим арзёбӣ мегардад.
Муаллимаи кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиавӣ, майори милитсия Муҳаммадзода Н.М.