Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ЗАРУРАТИ ШИНОХТИ ТАҲДИДУ ХАТАРҲО БА АСОСҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ КИШВАР ДАР ШАРОИТИ ЭҲТИМОЛИИ ХАТАРҲОИ МУОСИР

Истиқлолияти кишвар неъмати бебаҳоест, ки ба миллати тоҷик саодат ва сохибихтиёрии миллатро, ки аз он Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳони соҳиби ному иззат гардидааст, додааст.
Мо, ҷавонони кудратманди ватан шукрона аз он дорем ,ки соҳиби чунин ватани биҳиштосо ҳастем. Мебояд қайд намуд, ки имруз пешравии Тоҷикстон на ба ҳама ашхос ва ташкилоту созмонҳо, ки ба қадри давлат, миллат ва ватани худ намерасанд, боиси дилтангии онҳо мегардад. Ин гуна одамон имрӯзҳо ҳамкориро ба тамоми ташкилотҳои бегона ба роҳ мондаанд, то ин ки ба халқи худ ва ба амнияти Ватан хатару таҳдидҳои бешумор пеш оваранд. Давоми 30 сол аст ки мардуми Тоҷикистон ба фаъолияти чунин ташкилотҳо ки онҳоро «террористӣ ва экстремистӣ» меномем хело хуб шинос ҳастанд.Ва давоми 30 сол аст, ки бо ин зуҳуроти зишту номатлуб дар набард аст. Таи 10 солаи охир дар мамлакат фаъолияти ин ташкилотҳо дар самти сиёсии давлат фаъол гардидааст.Агар чи соли 2015 аз ҷониби Суди Олии Чумҳурии Тоҷикистон ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ки расман аз соли 1991 фаъолият менамуд, хамчун ташкилоти ифротгарои эътироф шуда,фаъолияташ барҳам дода шуд. Ин ташкилот имруз дар зери сояи кишварҳои Исломӣ ва давлатҳои Гарб фаъолияти бадбинонаи худро нисбати Чумҳурии Точикистон давом дода истодаанд.Ва амнияти ин кишварро мехоҳанд зери хатар гузоранд.
Аммо имруз кормандони мамлакат зери сояи худ дурандешу бо тадбир ва хирадманд аз марзу буми мардуми тоҷик дифо ва аз нангу номус, ҳимоят ва арзишҳои милли пуштибонӣ менамоянд. «Стратегияи милли Чумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм» барои солҳои 2016-2020 ва 2020-2023 тасдиқ шудааст. Дар ин санади меъёри ҳуқуқи самтҳои асосии сиёсати давлати Чумҳурии Тоҷикистон ба муқобили «экстремизм ва терроризм» муайян карда шудааст. Нуқтаи муҳими ин хуҷҷат дар он аст ,ки ҳар як ҷавони бо нангу номус вазифадор аст ,ки ба муқобили «терроризм ва экстремизм» мубориза баранд.
Пешвои миллат дар ҳама суханҳояшон ба ин масъалаи ташвишовар диққати махсус медиханд. Президенти мамлакат аз кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳониву минтақавӣ баҳри муборизаи дастачамъона бар зидди ин зуҳуроти номатлуби ҷомеаи имруза даъват ба миён меоварад. Ба ҳамагон маълум, аст ки ташкилотҳои террористӣ аз ҳисоби давлатҳои абарқудрат маблағгузори карда мешавад. Ва имруз террористон дар Чумхурии ба мо наздик Афғонистон фаъолияти озоди сиёси доранд. Вазъи сиёсии Афғонистон ва нооромиҳо дар ин мамлакат боиси ташвиши амният дар Чумҳурии Тоҷикистон гардидааст. Хати сарҳади Чумҳурии Тоҷикистон бо Афғонистон дарозтарин хати сарҳадро ташкил медиҳад ва маълум аст, ки гуруҳҳои хурди террористӣ метавонанд дохили Тоҷикистон гарданду амнияти ин мамлакатро ноором созанд. Истифода аз вазъи барояшон мувофиқ гуруҳҳои ифротгароиро аз ҳисоби ҷавонони дар ғафлат мондаи тоҷик таъсис бидиҳанд, ва дар ин ҳолат мақомотҳои қудратиро донишу зиракии сиёси мебояд дошт. Мутаасифона, ҷавонони хому сода ва зудбовар, ки барои маблағи ночиз ба куштору хунрезиҳо даст мезананд, дар кишвари мо низ ҳастанд. Аз воситаҳои ахбори умум ба хусус аз телевизион дар бораи фаъолияти онҳо намоишҳо нишон дода мешаванд. Онҳо ба ҷои хизмати Ватан ободонии кишвар кореро ба анҷом нарасонидаанд, балки ба харобкорӣ, одамрабоӣ, қатлу ғорат ва дигар амалҳои зишт машғуланд. Инчунин намедонанд,ки ба шаъну шарафи миллати соҳибмаърифати тоҷик иснод яъне доғ меоранд. Мебояд қайд намуд,ки афзои сиёсии ҷаҳон то рафт печидаву мураккаб гардидааст. Фаъолияти ташкилотҳои террористӣ ва дигар ҷиноятҳои мутташакили байналмилалӣ вусъат пайдо карда то ба андозаи истиқлолияти баъзе кишварҳои сиёсиро осебпазир гардонидаанд. Дар чунин вазъи ноором Хукумати мамлакти Тоҷикистон ба масъалаи ҳифзи амнияти кишвар ва асосҳои сохтори истиқлолият диққакти махсус медиҳанд. Дар ин асос мақомотҳои давлатӣ вазифадор гардидаанд,ки ба масъалаи кадрҳои ҷавону обутобёфта, ватандусту ватанпараст ва дорои донишу малакаи муосир барои сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмин намудани омодабошии ҳайати шахсии Кувваҳои Мусаллаҳ барои ҳимояи амнияти давлату ҷомеа ва сулҳу оромии кишвар эътибори аввалиндараҷа бидиҳанд.
Ин вазъи осоишта,ки аз шарофати истиқлолият ва Пешвои миллат Эмомали Раҳмон дар Чумҳурии Тоҷикстон ҳукмрони менамояд,бояд ҳама Тоҷикистониён донанд,ки хело мушкил бо ҳазорон қурбониҳову ранҷу заҳматҳо ба даст омадааст.
Хануз вақте, ки дар мактаби миёна таҳсил менамудам аз қаҳрамонию ҷавонмардии Пешвои миллат аз адабиётҳои гуногун хонда будам,ки ин марди шарафманд барои сулҳу амнияти кишварамон ҷони худро ба кафи даст гирифта бо роҳбарони мухолифин ки асосан дар давлатҳои Афғонистон мезитанд,вохуриҳо ташкил менамуд. Маълум буд,ки дар он солҳо дар Афғонистон ҷангҳои шадиди толибон мерафт,ва барои толибон фарқе надошт,ки дар чархболи фазои Афғонистон Президенти Чумҳурии Тоҷикистон чо дорад.Даҳҳо мушакҳои толибон аз пешу бари чархболҳо метаркиданд,аммо роҳбари давлат ҷони миллатро аз ҷони худ баландтар медонист. Ин сулҳу амният дар баҳои садҳо ҷони сарсупурдагони ватан ва хело гарон ба даст омадааст.Барои соҳиб шудан ба ин неъмати бебаҳо ба он зиёда аз 3 сол ё 1171 руз сарф шудааст. Дар ин муддат зиёда аз 20 мулоқот байни Хукумати Чумҳурии Тоҷикистон ва мухолифин дар 8 давра баргузор гардидааст. Дар ин ҳама мулокотҳо мушкилотҳои зиёде пеш меомаданд, аммо ин мушкилиҳо садди роҳи моро гирифта наметавонист. Хукумати Тоҷикистон ҳамчун ҳомии миллат ва мамлакат мекушид роҳу василаҳои сулҳро дар кишвар пайдо кунад ва бо нияти хотима додан ба оворагии мардум тайёр буда, бо ҳама неруҳои сиёси ки сулҳу амнияти Тоҷикистонро мехоханд ҳамкори намоянд.
Сулҳу ваҳдатро ки Хукумати Чумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон барои мо овард, аҳмияти бузурги таърихи дорад.
Ваҳдати милли рамзи дустиву бародари якдилӣ ва озодии ҳамаи тоҷикону точикистониён мебошад. Маҳз ҳамин ваҳдату амният хаст, ки мо ҷавонон тавонистем баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми ба донишгоҳу донищкадаҳои Чумҳури ва берун аз он таҳсил намоем.
Мебояд, ки мо ҷавонон қиммати истиқлолияту ваҳдатро донем ва қадр намоем. Моро мебояд ҳисси баланди милли дошта бошем бо ватани худ ифтихор намоем ва барои ҳимояи он ҳамеша омода бошем,то гуруҳҳои тундраву ифротгаро фазои софи кишвари азизамонро ғуборолуд нанамоянд.Дар ҳақиқат мо ҷавонон вазифадор хастем, ки баҳри ободии кишварамон Тоҷикистони азиз дастаҷамъона хизмат намоем ва сазовори боварии сарвари давлат бошем.
Бигзор мисраҳои Фирдавсии бузург шиори зиндагонии мо ҷавонон гардад:
Биё то ҷаҳонро ба бад наспорем,
Ба кушиш ҳама дасти некӣ барем.
Набошад ҳаме неку бад пойдор,
Хамон беҳ ки неки бувад ёдгор.
Курбонзода Ш., Давлатбеки Рустам
курсантони гурӯҳи таълимии 413-юми курси 4-уми факултети № 6

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...