Конференсияи байналмилалӣ роҷеъ ба масъалаҳои амнияти иқтисодӣ
Иқтисодиёти ҷаҳон аз як системаи мураккаби ягона иборат буда, зиёда аз 200 давлати чаҳонро дарбар мегирад. Ин давлаҳои чаҳон ҳам аз лиҳози илмию технологӣ, ҳам истеҳсолию зколошю иҷгимоӣ, хатто сиёсию фарҳангӣ бо ҳам пайваста ва аз ҳамдгар вобаста мебошанд. Ва мусаллам аст, ки имрӯз ягон давлати ҷаҳон дар алоҳидагӣ системаи хоҷагидориашро пеш бурда наметавонад. Аз ин рӯ, амнияти иқтисодӣ ҷузъи муҳиммтарини мачмуи масъалахои амнияти миллии давлатҳо дар давраи кунунии рушд мебошад. Вобаста ба ин, санаи 27 апрели соли 2023 дар Академияи ВКД Россия дар ш. Нижний Новгород конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи “Масъалаҳои иҷтимоӣ-ҳуқуқии таъмини амнияти иҷтимоӣ” (“Экономико-правовые проблемы обеспечения экономической безопасности”) баргузор гардид, ки дар рафти он мутахассиси Академияи ВКД, дотсенти кафедраи факултети № 1, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, майори милитсия Нидоев П.Ф. бо маъруза дар мавзуи “Ҳолати муосири амнияти иқтисодии Тоҷикистон” ишитрок намуд.
Дар баромади худ П.Ф. Нидоев қайд намуд, ки мувозинати макроиктисодӣ ва маҳдуд будани имкониятҳои сохтори иқтисодиёти кишвар барои тобоварӣ ба таконҳои беруна ва дохилӣ шарти асосии ташаккули таҳдидҳо ба амнияти иқтисодии кишвар мебошад. Вобаста ба ин, аз нуқтаи назари таъмини амнияти миллии Тоҷикистон дар давраи рушди соҳибистиклолӣ маҳз иқтисодиёт зинаи аз ҳама мухимтарин буда, модернизатсия ва диверсификатсияи он хамчун муаммои мубрами рӯз дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Бояд гуфт, ки иқтисодиёти Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷойи 139-умро ишғол менамояд. Дар сохтори маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ҳиссаи соҳаи хизматрасонӣ – 57%, баъдан кишоварзӣ- 25% ва саноат – 17% мебошанд.
Дар конференсия инчунин, мутахассисони соҳаи иқтисодӣ, амниятӣ ва ҳифзи ҳуқуқии давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ, аз ҷумла, аз Ҷумҳуриҳои Белоруссия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва худи Россия иштирок намуданд.
Шуъбаи ташкилӣ-имлӣ ва табъу нашр