Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Андешаҳо атрофи заминҷунбиҳо

940Вақтҳои охир заминҷунбӣ дар кишварҳои гуногун бисёр мешаванд, аммо аз нигоҳи илмӣ мо бояд донем, ки заминҷунби як ҳодисаи табиӣ аст.
Заминҷунбӣ - ин такони зеризаминӣ ва ҷунбиши кабати болоии замин буда, дар натиҷаи омехташавии ногаҳонӣ ва таркиш дар қишри замин ё дар қисми болоии мантия (яке аз қабатҳои замин) мебошад.
Ҳар сол дар курраи замин тақрибан 100 ҳазор заминҷунбиҳо таввасути тастгоҳҳои махсус мушоҳида карда мешаванд, аммо мардум бошад тақрибан 50 ҳазори онро ҳис мекунанд, аммо миқдори зиёди онҳо камқувват мебошанд. Ин заминҷунбиҳо танҳо бо воситаи асбобҳои дақиқияташон баланд сейсмографҳо ба қайд гирифта мешаванд.
Аз рӯи маълумоти оморӣ (статистикӣ) дар байни ҳодисаҳои фавқулоддаи дар ҷаҳон тайи солҳои охир рухдода, зилзила аз ҳисоби овардани зарари иқтисодӣ ва талафоти ҷонӣ дар ҷои якум қарор мегирад. Аз ҳамаи офатҳои табиӣ мавҷуда заминҷунбӣ ин ҳодисаи мудҳиштарин ва харобиовартарин баҳисоб меравад. Гарчанде мо аз таърих, хоҳ аз нақлҳо, ё аз адабиётҳо фаҳмида бошем, мо муддати дуру дароз заминҷунбиҳои сахттарини Тоҷикистон ва дигар малакатҳои дунёро фаромуш карда наметавонем. Биноҳои бисёрошёна ва дигар биноҳои сохти маҳаллӣ, ки дар онҳо аксари аҳолии Тоҷикистон ва дигар мамлакатҳо умр басар мебаранд, дар бисёр мавридҳо ба заминҷунбиҳо тобовар нестанд. Аз ин лиҳоз сохтмончиён бояд тобоварӣ меъмории дар сохтмони биноҳо ҷидди муносибат намоянд.
Ҳангоми сохтмони бино зарур аст, ки чунин корхо ба анчом расонида шаванд:
• коркарди унсурҳои ба заминларза тобовар;
• дар сохтмон ворид намудани тарз ва усулхои пурқувват намудани конструксияхои иншоотҳои сохташаванда;
• муайян намудани бехатарии нисбии майдончаҳои сохтмони тариқи таҳлил намудани навъи хок ва сохтори геологии замин;
• дастгирии барномаҳо оиди вайрон кардани биноҳои корношоям ва сохтмонхое, ки дар қитъаҳои хатарнок чойгир шудаанд, ё ин ки пурқувват намудани онҳо.
Дар кураи замин ду минтақаи зилзилавӣ арзи вуҷуд дорад. Инҳо гирдаи укёнуси Ором ва Баҳри Миёназамину Транс-осиёгӣ мебошанд. Аз ҳама кам минтақаҳои укёнуси Атлантик ва Ҳинд зери таъсири заминҷунбӣ қарор доранд.
Гирдаи зилзилавии уқёнуси Ором тақрибан 80%-и ҳамаи заминҷунбиҳои баамал омада ба ин гирда тааллуқ дорад. Ҳалқаи калони ҷунбиш акваторияи укёнуси Оромро фаро мегирад. Дар ҳайати он вилоятҳои ба заминҷунбӣ фаъоли Аляска, Камчатка, ҷазираҳои Курил, Япония, Филипин, Зеландияи Нав, Америкаи Ҷанубӣ, соҳилҳои Америкаи Шимоли ва Маркази ҷазирахои Алеут ва Гавайя мебошад.
Дар ин гирда заминҷунбиҳои даҳшатнок ба монанди заминҷунбии Сан-Франсиско (1906), Аляска (1958), Япония (1923), Чили (1960), Перу (1970) рух додаанд. Қисме аз онҳо бо Сунами мубаддал шудаанд. Гирдаи Баҳри Миёназамин ва Транс-осиёгӣ ба дурҳои зиёд паҳн шудааст. Ба ин гирда ҳамагӣ 15%-и ҳамаи заминҷунбиҳо рост меояд. Ин гирда аз ҷазираҳои димоғаи Сабзи уқёнуси Атлантик оғоз шуда, ба шарқ ҳаракат мекунад, ва чунин минтақаҳои зилзилавиро фаро мегирад, Африкаи шимоли, Португалия, Италия, Гретсия, Туркия, Эрон, Осиёи Миёна, Ҳимолой, Хитои Маркази ва Индонезия. Заминҷунбиҳои калони ин минтақа майдонҳои калонро фаро мегиранд.
Яке аз заминҷунбии сахт (7,3 балл) 6 октябри соли 1948 дар Туркманистон рух дода, шаҳри Ашкобод пурра вайрон шуда дар зери вайронаҳо 110 ҳазор одам ба ҳалокат расид. Дар натиҷаи такони зеризаминӣ кафидани қисмҳои зиёди замин мушоҳида карда шуд.941
Заминҷунбӣ дар шахри Тошканд моҳи апрели соли 1966 рӯй дода, муддати ду сол давом кард. Таконҳо дар масоҳати 10 км харобиҳоро овард. Манбаи зилзила дар зери шаҳр дар чуқурии 8 км ҷойгир шуда буд. Таконҳои аз ҳама сахт ба 8 балл расиданд.
Заминҷунбӣ дар Арманистон 7- декабри соли 1988 бо қувваи он аз рӯи ҷадвали рихтер 7,7 баллро ташкил дод. Бар асари ин заминнҷунбӣ 3 шаҳр, Спитак, Ленинакан ва Кировакан пурра вайрон шуда, такрибан 30 ҳазор одам ба ҳалокат расид.
Заминҷунбӣ дар шаҳри Нефтегорскро 27 - майи соли 1995 рух дода масоҳати зиёди шаҳро ба хок яксон кард. Аз зери вайронаҳо 2247 одамро бароварданд, ки 1841 нафари он аллакай ба ҳалокат расида буданд.
Соли 1963 ҳангоми заминҷунбӣ дар Кафкоз, ки қувааш 9- балро ташкил дода, дар натиҷа ба рахна шудани куҳпораҳои зиёд оварда расонид, ки майдони 80км - ро фаро гирифт. Ҳангоми ин заминҷунбӣ куҳпораи кандашуда (ҳаҷмаш 3млн м), дарбар мегирифт, ки дар натиҷа пеши дарёи Ҷағалтуро баста, обанбори баландиаш 30м ба вучуд овард.
Соли 1970 заминҷунбӣ дар Перу, ба амал омада кандашавии куҳпораи Гуаскаран ба амал омад. Суръати ҷойивазкунии куҳпора ба 280-335 км/соат расида, он аз болои дарёи Рио-Санита парида дар он тарафи соҳил баланди 83м ташкил дод. Ҳодисаи ғайриодии кандашавии пиряхҳо низ мушоҳида карда шудаанд.
Соли 1958 ҳангоми заминҷунбӣ дар Аляска пиряхи бузӯрге канда шуда аз куҳи Форвезер ба халиҷи Литуйн афтод. Дар натиҷа мавҷи об ба 165 метр расид. Ҳангоми заминҷунбии Алмаато соли 1887 лағжише ба амал омад, ки майдони 400 км-ро фаро гирифт.
Соли 1948 ҳангоми заминҷунбии шахри Ашкобод мавҷҳои сейсмикӣ ба тарафи Сибири ғарби ба масофаи 2500 км паҳн шуданд. Соли 1977 дар қисмати аврупоии Иттиҳоди Шурави заминҷунби ба қайд гирифта шуд, ки Маркази он дар Карпат ҷойгир шуда буд.Таъсири заминҷунбии аз Карпат то Молдова ва Маркази Россия рафта расид, ба монанди заминҷунбии Лиссабон соли 1755 ва Чилли соли1960.
Бояд тазаккур дод, ки Қаламрави ҶумҳурииТоҷикистонҳам ба минтақаи фаъоли заминчунбӣ мансуб аст. Яке аз чунин минтақаҳои ба заминҷунбиҳо наздик шахри Ҳисор ва нохияи Рашт мебошад. Дар ин минтақаҳо аз 6 то 9 балл заминчунбӣ рух додан аз имкон дур нест. Заминҷунбиҳои сахте,ки дар минтақаҳои гуногуни кишвар рух додаанд,ба монанди Ҳоит «соли 1949), Қаратог (соли 1907) ,Сарез (соли 1911), деҳаи Офтобруя ноҳияи Исфара (соли 1977), шахри Қайроккум (соли 1986), деҳаи Шарораи ноҳияи Ҳисор (соли 1989) заминҷунбиҳои харобиовартарин баҳисоб мераванд.
Аз ҳамин сабаб дар кишвари азизамон яке аз марказҳои тадқиқоти илмии зилзиласанҷӣ ҷахонӣ – Пажуишгоҳӣ зилзиласанҷӣ ва иншооти ба зилзила тобовар амал мекунад. Мувофиқи малумотҳои меъёрҳои сохтмонӣ кишвар иншоотҳои сохташудаи дохили кишвар ба зилзилаи 6-8 балл тобовар сохта мешаванд.
Магнитудаи заминҷунбӣ одатан мувофиқи ҷадвали рихтер (бо номи сейсмологи амрикои, ки соли 1935 пешниҳод намудааст) муайян карда мешавад.
Заминҷунбиӣ фалокатовар дар куҳҳои Помир 18 феврали соли 1911 ба вуқуъ пайваст. Ин заминҷунбӣ аз руи оқибатҳои ҳузнангези худ дар таърихи фалокатҳои табии нодиртарин мебошад. Кувваи такони зеризаминии азим, ки 9 баллро ташкил дода буд ва дар чуқурии 28 км маркази он чойгир шуда буд, қисмати азими куҳро такон дода беш аз 2 миллиард чинсҳои куҳиро ба замин пош дод. Дар натиҷаи афтидани куҳпора деҳаи Усой дар зери хок монда самти дарёчаи Мурғобро баста ва дар натиҷа сарбанде пайдо шуд, ки баландиаш ба 550 метр, паҳноияш 4 км ва дарозиаш 6 км-ро ташкил дод.
Дар ҳудуди Ҷумхурии Тоҷикистон яке аз заминҷунбиҳои сахт ин заминҷунбии Қаратог мебошад, ки 21 октябри соли 1907 дар ҳудуди Бухорои шарқӣ ба амал омадабуд. Заминҷунбиро дар ҳудуди тамоми Осиёи миёна ҳис карданд. Шиддатнокии он 9-10 баллро ташкил дод. Масоҳати вайронахо тақрибан 2000 километрро ташкил дод. Шиддатнокии 4-5 балл ҳатто дар масофаи 400-500 км хис карда шуд. Дар натиҷа 150 деҳа, 657 иморатҳои хурду миёна вайро шуданда, 567 нафар одам ба ҳалокат расид. Дар деҳаҳои ҳамсоя бошад 397 нафар, дар деҳаи Ташнаобод 150 нафар одам ба ҳалокат расид. Умуман шумораи ба ҳалокат расидагон 1500 нафарро ташкил дод.
Дигар заминҷунбӣ харобиовар дар Ҳоит мебошад, ки дар натиҷаи такони сахт пораи калони кӯҳ канда шуда, бо суръати зиёд ба поён равон шуд, ва дар роҳи худ тамоми деҳаҳои қад-қади дарра ҷойгирифтаро бо тамоми сокинонаш, зери худ монд. Шумораи одамоне, ки ин ярч ва ярчҳои дигар нобуд сохтанд тақрибан 28 ҳазор нафарро ташкил дод. Дар ин заминҷунбӣ қариб тамоми маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи пештараи Ҳоит, хароб ва сокинонаш нобуд шуда, ҳуди ноҳия аз харитаи сиёсии Тоҷикистон гирифта шуд.
Чи тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, заминҷунбии нав баамал омада 6 феврали соли 2023 дар музофоти Қаҳрамонмараши ҷанубу шарқи Туркия заминларза бо шиддати 7,7 балл рух дод. Таконҳои зеризаминӣ ва садҳо пасларзаҳо дар 10 музофоти ин давлат, инчунин дар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла дар Сурия эҳсос карда шуданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи сиёсати муваффақонаву некбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои аввали рух додани ин ҳодисаи табиӣ ҷиҳати расонидани кумак ва сафарбар намудани гурӯҳи наҷотдиҳандагон дасти ёри дароз намуд.
Ҳифзи аҳолӣ дар ҳолатҳои заминларза яке аз вазифаҳои асосӣ ва муҳим ба ҳисоб меравад. Иҷрои ин вазифа бо роҳҳои гуногун ба даст меояд. Барои бехатариӣ шаҳрвандон ҳангоми рух додани заминҷунбиҳо чунин чорраҳо пешбинӣ шудаанд.
1. Агар ҳангоми аввалин таконҳои заминларза дар ошёнаи якум бошед, зарур аст, ки дарҳол бе ягон саросемагӣ ба кучидан бароед, дар ихтиёри шумо 15-20 сония мавчуд аст.
2. Ҳангоми қарор доштан дар ошёнаи якум аз кунҷҳои долонҳои тангӣ дохили бино истифода бурда ё ин ки дар баромадгоҳи дарҳо дар ҳолати онҳоро кушода мондан истодан зарур аст,то ки аз пораҳои оина, деворафтодаҳо зарар набинед, бо дастонатон руйро пинҳон карда, дар зери миз пинҳон шудан мумкин аст.
3. Дар ҳамаи ҳолатҳо аз тиреза ва чорчубаҳои шишагин дур истед, то ки аз резаҳои шиша чароҳат набардоред.
4. Ба ҳеч сурат аз тиреза ё балкон начахед , агар болотар аз ошёнаи якум қарор дошта бошед.
5. Ҳангоми хавфи афтидани бино ба суи зинапояҳои ошёнаҳои баланди бино надавед.
6. Ҳангоми мавҷудияти хатарҳо дар ҳуҷраҳои кунҷии бино истодан маслиҳат дода намешавад.
7. Воҳима накунед ва дигаронро низ ба воҳима афтодан намонед.
8. Баъди аввалин таконҳои заминҷунбӣ дарҳол ба ҷойҳои қаблан бехатар эътирофшуда равед ё ин ки агар заминҷунбиӣ сахт руй диҳад, ва дар дохили бино, ҳуҷраҳо қарор дошта бошед, пас ба зери миз даромада сари худро бо дастонатон пушонед, ба кунҷи ҳуҷра, назди дари баромадгоҳ равед.
9. Дарҳол аз бино ва иншоотҳо, сутунҳои баланди барқи ва деворҳои баланд, ки метавонанд афтода шуморо пахш кунанд дур шавед, дар ин ҳангом на танҳо деворҳои афтодаистода ва ғайра монеаҳо, балки хиштҳо, шишаҳо, ашёҳои овезон ва ғайра хавфи зиёд доранд.
10. Ҳангоми қарор доштан дар ҷойҳои ҷамъшавии зиёди одамон бозор, варзишгоҳ, боғ, хиёбон аз маводҳои сохтмонии ҷароҳатрасонанда дуртар истодан, бо воҳима нафаромада ба майдони кушод баромадан маслиҳат дода мешаванд.
11. Дар сурати ба самти шумо ҳаракат кардани тудаи баромадаистодагон ба муқобили онҳо ҳаракат накунед, тугмаҳои либосатонро гузаронед, дастонро қатка худро дар шакли салиб дар қафаси сина гузоред, ашёҳои нолозимро партоед. Дар сурати ғалтидан бо як зону ҷахида хезед.
12. Ҳангоми харакат кардан дар автомашина дар ҷое таввақуф кардан лозим аст, ки ба дигар автомашинаҳо халал расонида нашавад, дарҳои мошинро кушода мондан лозим, то ки ба ҳолати кушоданашаванда нафароянд. Дар даруни автомашина монед, чунки хавфи бардоштани ҷароҳат аз ашёҳои афтодаистода мавҷуд аст.
Хулоса
Ҳифзи аҳолӣ дар ҳолатҳои заминларза яке аз вазифаҳои асосӣ ва муҳим ба ҳисоб меравад. Иҷрои ин вазифа бо роҳҳои гуногун ба даст меояд. Ташкили идоракунии гузаронидани корҳои садамавию наҷотдиҳӣ ҳангоми заминҷунбӣ вазифаи асосии ҳамаи хадамотҳо аз сатҳи маҳаллӣ то сатҳи ҷумҳурӣ бо истифодаи самаранок ва пурраи имконоти мавҷудаи қувва ва воситаҳо барои иҷрои вазифаҳои гузошташуда мебошад. Бо дарназардошти ногузирии наҷоти зарардидагони дар зери харобаҳо монда, дар мӯҳлатҳои кафолатдиҳандаи ҳаёти онҳо дар зери харобаҳо, корҳои садамавию наҷотдиҳӣ бояд новобаста аз аниқшавии пурраи вазъ оғоз карда шаванд. Хулосаҳо ва қарорҳо, ташкили корҳо дар раванди бурдани корҳои садамавию наҷотдиҳӣ аниқ карда мешаванд. Ташкил ва технологияи бурдани корҳои садамавию наҷотдиҳӣ дар ҳолатҳои заминларза бояд зуд оғоз карда шуда, шабона ва рӯзона, новобаста аз вазъи обу ҳаво, бо мақсади кафолати таъмини зиндамонии зарардидагони зери харобаҳо қарордошта, қатъ карда нашаванд.
Барои бештар фавран эътино намудан ба ҳолатҳои фавқулода, мақомоти идоракунӣ бояд пешгӯии дарозмӯҳлат ва миёнамӯҳлати офати табии эҳтимолиро дошта, дар асоси ин пешгӯӣ ва баҳодиҳии вазъи эҳтимолии дар ноҳия баамалоянда, қувва ва воситаҳои барои рафъи оқибатҳои заминларза истифодашавандаро ба ҳисоб гиранд. Бо комиссияҳои дахлдори ҳолатҳои фавқулода оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар чунин ҳолатҳо ва бурдани корҳои садамавию наҷотдиҳӣ мувофиқа намоянд. Ба тағйирёбии вазъ ҳангоми бартарафсозии оқибатҳои заминларза саривақт фавран эътино намоянд. Барои бештар самаранок гузаронидани корҳои садамавию наҷотдиҳӣ созмон додани гурӯҳҳои сайёр, дастаҳои зудамал ва эътино, созмон дода шуда, онҳо бояд бо технологияи замонавӣ омузонида шаванд ва бо восита ва лавозимоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шаванд. Самаранокии корҳои садамавию наҷотдиҳӣ аз омодагии дастаҳои наҷотдиҳӣ, омузонидашавии онҳо, муҷаҳҳазӣ ва муташаккилии онҳо вобаста мебошад.

Таҳияи омӯзгори кафедраи амнияти
иттилоотӣ ва технологияи рақамии
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Абдулҳамидзода Амирали.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...