Дарси намунавӣ аз фанни забони англисӣ
Забони англисӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз забонҳои бузургтарини ҷаҳон ба шумор рафта шумораи одамоне, ки дар ҷаҳон бо он гуфтугӯ менамоянд зиёда 1,5 миллиард мебошад. Забони англисӣ дар 58 давлати дунё мақоми давлатӣ дошта ватанаш Бритониёи Кабир мебошад. Забони англисӣ ба яке аз шохаҳои забони олмонӣ шомил буда дар маҷмуъ ба оилаи забонҳои ҳинду аврупоӣ дохил мешавад.Забони англисиро зиёда аз 90% мардуми ИМА, Британияи Кабир, Австралия, ва Канада истифода мебаранд.
Забони англисӣ забонӣ ҷаҳонӣ эътироф шуда зиёда аз нисфи кишварҳои дунё бо ин забон дар донишгоҳҳову марказҳои таълимӣ ба мардум дарс меомузанд.«Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба-рои давраи то соли 2030”, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2019, № 438 қабул гардидааст.
23-юми апрели соли 2023 аз ҷониби профессори кафедраи забонҳои факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники милитсия Зиёратшозода М.З. дарси намунавӣ аз фанни забони англисӣ дар курси якум, гурӯхи таълимии №101 дар мавзӯи «To have» дар замони гузашта баргузор гардид , ки дар он муовини сардори шуъбаи таълими Академия, полковники милитсия Аҳтамшозода С., дотсенти кафедраи амнияти иттилоотӣ ва технологияхои рақамии факултети №5, подполковники милитсия Ташрифзода Ф. ва дигар омӯзгорони ҷавон ширкат намуданд.
Дарси намунавӣ дар сатҳи баланди методӣ баргузор гардида, савияи забондонии курсантонро афзун гардонид.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.