Олим, роҳбар ва афсари содиқи миллат!
Барои таъмини сулҳу амният, ваҳдати миллӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди шаклҳои гуногуни ҷинояткорӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ омодасозии кадрҳо барои мақомоти корҳои дохилӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад, ки барои донистан ва дарки амиқи равандҳои таърихии ба даст овардан ва таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ ҳушёрию зиракӣ ва дониши кофии илмиро тақозо менамояд. Бинобар ин донистан ва омӯхтани саҳифаҳои ибратбахши олимон, роҳбарон, омӯзгорон ва афсарони содиқи миллат вобаста ба омодасозии кадрҳо барои мақомоти корҳои дохилӣ дар таърихи муосири Тоҷикистон хеле ҳам рӯзмарра мебошад.
Илми ҳуқуқшиносӣ – ин соҳаи донишҳои махсусест, ки ба воситаи онҳо омӯзиши назариявию амалии зуҳуроти давлатию ҳуқуқӣ сурат мегирад.
Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ дар воқеъ як шахси хоксор, таҳаммулпазир, олим, роҳбар, омӯзгор ва афсари содиқи миллат маҳсуб меёбад. Ӯро аз овони курсантӣ ( соли 1993) боз ин ҷониб мешиносем. Ба ҳайси курсанти фаъол дар Мактаби Олии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло Академия) бо баҳои хубу аъло ва интизоми намунавӣ таҳсил менамуд. Вай аз овони наврасӣ дар дил корманди милитсия шуданро мепарварид, чун дар оилаи корманди милитсия ба воя ва ба камол расидааст. Дар айёме, ки миллат ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор буд, ӯ ҳуҷҷатҳои худро дар Мактаби Олии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло Академия) супорида, аз имтиҳонҳои дохилшавӣ гузашта, соҳиби унвони баланди курсанти Мактаби Олии ВКД гардид.
Соли 1996 ҳангоми таҳсил намуданаш бори аввал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Мактаби Олии ВКД ташриф оварда, дар маросими тантанвии аввалин хатмкунандагони ин боргоҳи илм суханронӣ намуд. Аз ин суханрониҳо ва ҳидоятҳои Пешвои миллат Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ руҳу илҳоми тоза гирифта, дар пайи густариши касбияти хеш гардид.
Пас аз хатми Мактаби олии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 1997-2003 дар ШВКД ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, кору фаъолият намудааст. Вай бо ҷазорати шахсӣ дар дастгир намудани ҷиноякорон ва ошкорсозии ҷиноятҳо саҳмгузор буд. Ҳангоми кор афсари ҷавон ба бисёр муаммоҳои илми мурофиаи ҷиноятӣ, криминиластика, фаъолияти оперативӣ-чустуҷуӣ рӯ ба рӯ мегашт. Андешаҳои илмӣ ва тахаюлоти бой ӯро ором нагузошта, аз ин рӯ роҳи минбаъдаи фаъолияти худро дар боргоҳи илму маърифат Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон давом дод.
Аз соли 2003 то соли 2006 муаллими кафедраи оперативӣ-ҷустуҷӯии мақомоти корҳои дохилии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намуд. Аз солҳои 2006-2009 адъюнкти Академияи идоракунии ВКД Россия буда дар мавзӯи «Ташкил ва асосҳои ҳуқуқии таъмини иттилоот оид ба ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатӣ бо МКД дар таъмини тартиботи ҳуқуқӣ» тадқиқоти диссертатсиониашро соли 2009 аз рӯи ихтисоси 12.00.11 – фаъолияти судӣ, фаъолияти прокурорӣ, фаъолияти ҳуқуқмуҳофизавӣ ва ҳуқуқҳифзнамоӣ дар Академияи идоракунии ВКД-и Федератсияи Россия ҳимоя намудааст. Солҳои 2010-2012 сардори кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии мақомоти корҳои дохилии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2012-2014 сардори факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз моҳи апрели соли 2014 то моҳи августи ҳамон сол муовини аввали сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда кору фаъолият намуд. Солҳои 2014-2015 ба ҳайси сардори Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз 21-уми январи соли 2015 то ҳол дар вазифаи сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда истодааст. Дар таъсиси Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузошт.
Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббуси сардори Академияи ВКД, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ва дастгириҳои бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар моҳи сентябри соли 2015 нашрияи даврии Академияи ВКД “Набзи милитсия”, Сомонаи интернетӣ, Маркази матбуот, Осорхонаи Академия, Студияи радио ва телевизион таъсис дода шуданд, ки ҷиҳати баланд бардоштани нуфузи иттилоотии он дар миқёси муассисаҳои таълимӣ ва илмии ҷумҳурӣ, инчунин тарбия намудани курсантону шунавандагон, саҳми арзандае мегузорад. Нашрияи даврии Академияи ВКД “Набзи милитсия”, борҳо бо Сипосномаи Вазорати фарханги Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардид. Маҷаллаи илмии « Осори Академия» ба феҳристи тақризшавандаи КОА Федератсияи Россия ворид гашта, олимони маъруфи ватанӣ ва давлатҳои ИДМ ба тадқиқотҳои илмӣ ҷалб гардиданд.
Пешравии обрӯю нуфӯзи Академия дар ин сол боз дар он ифода гардидааст, ки олимони он дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти конунгузорӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои байнидавлатӣ шомил буда, мунтазам таклифу пешниҳодот ирсол менамоянд. Масалан, пешниҳод ба Қарори Мушовараи якҷояи байни ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ВКД Федератсияи Россия № 732/1017 б/з аз 24-уми ноябри соли 2015 ҷиҳати баррасии Созишнома байни ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ВКД Федератсияи Россия дар бораи ҳамкориҳо дар самти фаъолияти илмӣ ва таълимӣ, ки аз ҷониби олимони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда шудааст. Қайд намудан ба маврид аст, ки соли 2015 мутахассисони Академияи ВКД дар ҷаласаи якумин Шӯрои машваратии назди Шӯрои Вазирони корҳои дохилии ИДМ моҳи июни соли 2015 иштирок намуданд, ки дар он як қатор ҳуҷҷатҳои танзимдароварандаи сохтори мазкур тасдиқ карда шудаанд. Ҳамчунин, барои ширкат намудан дар озмуни лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотии бунёдӣ ва амалӣ барои солҳои 2015-2016 лоиҳаи мавзӯи Академияи ВКД ҶТ “Ташаккули консепсияи давлати ҳуқуқбунёд ва амниятӣ дар Тоҷикистон” (“Формирование концепции правового и безопасного государства в Таджикистане (2015-2017 гг.)” ба Фонди Президентии тадқиқоти бунёдӣ ирсол карда шуд. Лоиҳаи мазкур дар озмун ғолиб баромада, қарори мусбати экспертҳо ва Шӯрои Фонди Президентии тадқиқоти бунёдиро гирифт. Ҳангои фаъолияти кории ӯ дар Академияи ВКД аввалин Шӯрои диссертатсионӣ таъсис ёфт. Академияи ВКД зодаи замони Истиқлоли давлатӣ буда, дар давраи фаъолияти худ ҳазорон кадрҳои баландихтисос ва ҷасуру далерро омода намудааст, ки онҳо дар лаҳзаҳои вазнину ҳассоси кишварамон ҳомиёни воқеии Ватан ва ҳимоятгарони манфиатҳои миллӣ будани хешро исбот намудаанд. Хушбахтона, имрӯз ҳайати профессорон ва омӯзгорони ин даргоҳи низому маърифат таҳти роҳбарии моҳиронаи Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ тарзу усулҳои таълимро такмил дода, дурнамои корҳои илмӣ ва навовариҳоро амалӣ менамоянд.
Академия дар тайёр намудани мутахассисони баландпоя дар соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ саҳми арзанда мегузорад. Тайёрии касбии мутахассисони хадамоти гуногуни корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз тарафи Академия, бо назардошти шароити воқеӣ ба амал бароварда мешавад.
16 июни соли 2022 дар Шӯрои диссертатсионии Д 203.002.08 дар назди Академияи идоракунии ВКД Россия зери мушовараи илмии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Ҳуқуқшиноси шоистаи Федератсияи Россия А.М. Кононов, сардори Академияи ВКД, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф. Р. рисолаи доктории худро дар мавзӯи «Асосҳои назариявӣ-ҳуқуқии ташкили фаъолияти мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми таъмини амнияти миллии давлатӣ» («Теоретико-правовые основы организации деятельности органов внутренних дел Республики Таджикистан в системе обеспечения национальной безопасности государства») бо ихтисоси 12.00.11 – фаъолияти судӣ; фаъолияти прокурорӣ; фаъолияти ҳуқуқмуҳофизавӣ ва ҳуқуқҳифзнамоӣ бо муввафақият дифоъ намуд. Бо қарори Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2017, таҳти № 6/3 ДДТ № 0007, сазовори унвони илмии «Дотсент» аз рӯйи ихтисоси «Ҳуқуқшиносӣ» шудааст.
Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ имрӯз яке аз олимони муваффақи ҳуқуқшиносӣ, роҳбари боистеъдод буда, муаллифи беш аз 60-адад мақолаҳои илмӣ, 4-адад китоби дарсӣ, рисолаҳо, 9-адад монография, 23-адад дастурҳои таълимӣ мебошад. Бо ордени «Шараф» дараҷаи 2 соли 2015, мукофоти идоравӣ мушарраф гаридааст.
Ба кору пайкори заҳматалаби Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ хамчун олим, роҳбар, омӯзгор ва афсари содиқи миллат бурдбориҳои нав ба навро таманно дорем!
Ҳайати эҷодиии Маркази матбуоти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон: Асламов.Б.С., Убайдуллоев Ш.Э., Сафарзода С.Н.