Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Инъикоси таҳкими неруҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ

914

9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлоли хешро эълон намуда, ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид. Заминаи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - ин қабули Эъломияи Истиқлолияти давлатӣ буд, ки 1- сол муқаддам дар Иҷлосияи дувуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) 24 августи соли 1990 қабул гардид.
8-уми декабри соли 1991 дар мавзеи Беловежски Белоруссия сарварони давлатҳои Россия, Белоруссия, Украина дар бораи таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) шартнома имзо намуданд. Дар ин Созишнома қайд шуда буд, ки ИҶШС – ҳамчун субъекти байналмилалӣ барҳам хурд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Созишномаи Беловежскро дастгирӣ намуда, ба ҳайати ИДМ ворид гашт. Гарчанде, ки Тоҷикистон ба узвияти ИДМ дохил шуда бошад ҳам, вале ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гашта буд. 2-юми марти соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти СММ пазируфта шуд.
Мутаассифона моҳи майи соли 1992 бо таъсири неруҳои иртиҷоӣ ва фундаметалистию экстремистӣ ба истиқлоли воқеии Тоҷикистон зарба зада, Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ (1992-1997) кашида шуд. Хушбахтона моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он фарзанди фарзонаи миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, тамоми ғайрат ва талошҳои худро баҳри раҳоӣ аз оташи ҷанги шаҳрвандӣ, расидан ба сулҳу суботи комил, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон равона сохт. Он замони мураккаб ёдовар мешавад Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон бо таъсири ҷанги таҳмилӣ ва дассисаи душманони хориҷӣ ва дохилӣ метавонист аз харитаи ҷаҳон нест шавад, миллатро парешонӣ ва парокандагӣ интизор буд. Яке аз масъалаҳои муҳими ин Иҷлосияи таърихӣ ин барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва неруҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар буд, ки ба бунёди Артиши миллӣ замина гузошт.
Маҳз бо талошҳои пайгирона ва сиёсати сулҳовари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тоҷикон 27-уми июни соли 1997 ба ваҳдати миллӣ соҳиб гаштанд. Тоҷикистон дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таҷрибаи комил ба даст оварда, аз ҷониби бонуфузтарин созмонҳои ҷаҳонӣ ва давлатҳои хориҷӣ шинохта шуда, иқдомҳои Сарвари давлати мо аз қабили Соли оби тоза, Даҳсолаи амалиёти об барои ҳаёт, Даҳсолаи амал об барои рушди устувор, аз хатарҳои глобалӣ эмин нигоҳ доштани сайёра дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шуданд.
30-юми сентябри соли 1999 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 18-уми иҷлосияи 54-уми СММ раисӣ намуд. Дар як вақти кӯтоҳи таърихӣ аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ осоре намонда, фазои сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон комилан тағйир ёфта, институтҳои демократия рушд намуда,тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон хушбахтӣ ва саодати комил ба даст оварданд. Имрӯзҳо ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон шукр аз неъматҳои Истиқлолият намуда, дар фазои сулҳу озодӣ хушбахтона зиндагӣ менамоянд. Ин фазои сулҳу амният аз фаъолияти софдилона ва шабонарӯзии ниҳодҳои қудратии кишвар дарак медиҳад.
23-юми феврали соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд: «Аз таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини тоҷикон мебошад, сӣ сол сипарӣ мегардад. Ба ин муносибат тамоми хизматчиёни ҳарбӣ ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро, ки тайи се даҳсола ҳимояи истиқлолу озодии кишвар, ҳифзи марзу буми Ватан, суботу оромӣ ва амнияти давлату ҷомеаро ҳамчун сипари боэътимод таъмин карда, дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми басо арзишманд гузошта истодаанд, самимона табрик менамоям. Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини он ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ вазифаҳои муқаддасу пуршараф – ҳимояи соҳибихтиёрии давлат, таъмин намудани сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа ба дӯши онҳо гузошта шуданд. Дар ин лаҳзаҳои идона мо метавонем бо ифтихору қаноатмандӣ изҳор намоем, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар давраҳои бисёр ҳассоси таърихи давлат ва халқи тоҷик аз уҳдаи иҷрои рисолати таърихии худ ҷавонмардонаву сарбаландона баромаданд ва ба эътимоду эҳтироми мардуми Тоҷикистон сазовор гардиданд. Бинобар ин, ба ҳамаи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат барои хизмати содиқона ба давлат ва халқи Тоҷикистон сипосу миннатдорӣ баён менамоям. Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон масъалаи ташкили Артиши миллиро аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлол дар маркази диққати худ қарор дода буд. Зарурати ташкили Артиши миллӣ ҳанӯз 9-уми сентябри соли 1991 дар Қарори Шурои Олии кишвар «Дар бораи Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъкид гардида буд. Вале вазъи ниҳоят ҳассосу душвор, мушкилиҳои солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ имкон надоданд, ки Тоҷикистон Артиши миллии худро таъсис диҳад. Масъалаи ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҷараёни баргузории Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шурои Олӣ ба миён гузошта шуд ва 18-уми декабри соли 1992 фармони Раёсати Шӯрои Олӣ дар бораи таъсис додани Артиши миллӣ ба имзо расид. Вақти қабули қарор дар хусуси таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ мо на Вазорати мудофиа доштем, на иншооти инфрасохторӣ, на заминаи зарурии моддиву техникӣ ва на мутахассису кадрҳои касбӣ. Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди мушкилоти сахту сангини иқтисодиву молиявӣ аз нахустин рӯзҳои таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ доир ба ташкили инфрасохтор ва таъсиси қисму воҳидҳои низомӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ гардонид».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба таҳкими неруҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ғамхорӣ ва таваҷҷӯҳи хос зоҳир менамоянд, аз ҷумла дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 23-юми декабри соли 2022 масъалаи мазкур бори дигар мавриди баррасии вакилони мардумӣ қарор гирифта, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд: «Рушди устувор ва босуръати мамлакат, махсусан, амалӣ намудани стратегияҳо, барномаҳои дарозмуддат ва миёнамуҳлати кишвар тақозо менамояд, ки заминаҳои ҳуқуқии онҳо сари вақт ва босифат таъмин карда шаванд. Ин вазифа аз мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда, пеш аз ҳама, аз парламенти кишвар талаб менамояд, ки фаъолияти худро ҳамаҷониба тақвият бахшад.
Вазифаҳои дар назди мо қарордошта тақозо менамоянд, ки фаъолияти Маҷлиси Олӣ ҷиҳати қабули қонунҳои саривақтии мукаммал ва босифат боз ҳам тақвият бахшида шавад.
Ин масъала дар навбати худ ҳамкории доимии парламентро бо дигар мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда, аз ҷумла бо субъектҳои дорои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва татбиқи ҳуқуқ талаб менамояд.
Бо дарназардошти рушди минбаъдаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, таҳкими кафолатҳои судии субъектҳои ин муносибатҳо зарур аст, ки фаъолияти мақомоти судӣ пайваста таҳкиму такмил дода шавад.
Бинобар ин, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодиро зарур аст, ки оид ба бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ ва омодагии касбии судяҳо тадбирҳои муассир андешанд.
Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд.
Аз ин лиҳоз, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.
Дар робита ба ин, ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, зарур аст, ки Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад.
Аз ин рӯ, ба Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ супориш дода мешавад, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо масъалаи таъсиси маркази зикршударо омӯхта, пешниҳодҳои худро ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд.
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин, риояи талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар маҳсуб меёбад.
Вазъи мураккаби ҷаҳони муосир моро водор менамояд, ки ҷиҳати суръат бахшидан ба навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани омодабошии ҳарбӣ ва тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар тадбирҳои зарурии иловагиро амалӣ намоем.
Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат, Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои низомӣ вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар Консепсияи мудофиаи миллиро таҳия ва пешниҳод намоянд».
Ҳамин тариқ, дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ аз 23-юми декабри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таҳкими неруҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистони соҳибистиқлолро яке аз масъалаҳои муҳими рушди давлатдории миллӣ ҳисобида, бори дигар баҳри таҳкими минбаъдаи онҳо ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ ибрози андеша намуда, дастурҳои мушаххас доданд.
Муродзода А.Ғ., Алиев А.Қ., Зоирзода А.Ҷ., Холзода К.А. - кормандони шуъбаи таълими Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...