Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Инъикоси масоили муқовимат бо киберҷинояткорӣ дар Паёми Пешвои миллат

652

Сохтори давлати ҳуқуқбунёд ва инкишофи ҳаёти ҷомеаи демократӣ, арзишҳои умумиинсониро ба мисли ҳаёт саломатӣ, обрӯю эътибор, ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсро эътироф намудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 декабри соли 2022 таъқид намуданд, ки Тоҷикистон дар оянда низ дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи байналмилалӣ аз қабили мубориза бо терорризм, ифродгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар қонуншикатиҳо тақвият диҳанд. «Рушди соҳаи алоқа, бахусус, таъмин намудани суръати баланди интернет ва дастрас будани нархи он барои рушди иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ, таъмин намудани амнияти иттилоотӣ, ҷалби сармоя ва ташкили паркҳои технологиву инноватсионӣ зарур мебошад. Ҳоло дар кишвар шумораи муштариёни интернет ба 4,5 миллион расидааст, ки ба 100 нафар аҳолӣ 45 муштарӣ рост меояд. Вале таъкид менамоям, ки суръат ва арзиши интернет ҳанӯз қонеъкунанда нест. Аз ин лиҳоз, Хадамоти алоқа вазифадор аст, ки якҷо бо ширкатҳои дар соҳа фаъолияткунанда барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, паст кардани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои дурдаст тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намояд.

Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд. Аз ин лиҳоз, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд. Дар робита ба ин, ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, зарур аст, ки Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад» - иброз намуданд, Пешвои миллат дар Паём.
Яке аз вазифаҳои асосии ҳар як давлат муқовимат бо ҷинояткорӣ мебошад. Маҳз, дар ҳар як мулоқоти худ Сарвари давлат бо кормандони макомоти ҳифзи ҳуқуқ ба масъалаи ҷинояткорӣ ва мубориза бо он диққати ҷиддӣ дода мешавад. Яке аз самти асосии фаъолияти давлат дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ба ақидаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин барҳам додани зиддият байни манфиатҳои ҷамъият ва шахсият, давлат ва шаҳрвандон мебошад.
Бо ин, назардошт кормандони мақомоти корҳои дохилиро зарур аст, ки ҷиҳати иҷрои саривақти ва бечунучарои вазифаҳои хизматӣ ба сатҳи сифатан нав ба роҳ мондани коргузорӣ дар ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо тақвияти ҳамоҳангсозии фаъолият, истифодаи тарзу усулҳои муосири пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ чораҳои лозимӣ андешида дар навбати аввал иродаи мустаҳкам, малакаи баланди касбӣ зоҳир намуда барои баланд бардоштани сифату такмили дониш ва маҳорати оперативӣ дар самти пешгириву ошкор намудани ҷинояткорӣ тадбирҳои судманд андешида бароянд.
Таҳаввулот ва пешравиҳое, ки дар олами ҷиноӣ ба вуҷуд омадаанд (алалхусус, бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ содир намудани ҷиноят ва ба ҳам пайвастани гурӯҳҳои ҷиноятӣ), заруриятро оид ба кашфи усулҳои замонавии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ тақозо менамояд. Барои ҷинояткории муосир дар маҷмӯъ профессионализми ҷиноятӣ, кофтуков ва истифодаи усулҳои нави фаъолияти ҷустуҷӯию тактикаи тафтишотӣ хос мебошад. Содир кардани ҷинояти бо мақсади ошкоркунӣ (аз ҷумла, бо усули ғайриваслӣ, яъне бо воситаи истифодаи алоқаи мобилӣ, шабакаи Интернет, системаҳои гуногуни пардохти электронӣ ба ҳам пайвастани ҷинояткорон ва амалӣ кардани онҳо) яке аз шаклҳои паҳншудаи тарзи содиркунии ҷиноят ба ҳисоб рафта, ҳангоми кушодан ва тафтишоти кирдорҳои ҷиноятии зикршуда душвориҳоро ба миён меоранд. Ғайр аз ин шахсоне, ки бо фаъолияти ҷинояткоронаи хеш амалӣ мегардонанд, дар бораи усулҳои кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тактикаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ (ба монанди, гирифтани иттилоот аз каналҳои техникии алоқа, гӯш кардани гуфтугӯҳои телефонӣ ва сабти онҳо, гирифтани иттилооти компютерӣ ҷамъоварии маълумот ва ғ.) хеле хуб огоҳ мебошанд.
Ҳама иштирокчиён як дигарро намешиносанд, ки ин дар навбати аввал ҳангоми бақайдгирии ҷиноятҳои мазкур душвориҳоро ба миён меорад. Ҳар як иштирокчӣ дастури мушаххас дорад, ки аз тарафи он қоидаҳои амалигардонии фаъолияти ҷиноятӣ оид қоидаҳои муошират дар байни гуруҳ ва қоидаҳои ирсоли воситаҳои пулӣ муқаррар шуда, амалҳои онҳо ҳангоми дастгир шудан аз тарафи кормандони милитсия муайян шудааст.
Омӯзиши таркиби гуруҳҳои ҷиноятӣ, ки бовоситаи шабакаи Интернет содир мекунанд, нишон дод, ки иштирокчиёни асосии онҳо ҷавонони синни аз 18 то 30 сола бо маълумоти миёнаи техникӣ ё маълумоти олии нопурра мебошанд, инчунин донишҷӯён мебошанд, ки ҷои кор ва сарчашмаи мунтазами даромад надоранд. Одатан онҳо дар соҳаи техникаи компютерӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дониши хуб доранд ва онҳоро ҳангоми ташкил кардан ва кори интернет-сомонаҳо фаъолона истифода мебаранд.
Шахсони зерин хусусияти ҳаракати воситаҳои пулӣ дар низоми бонкӣ, усулҳои ҳисоб бовоситаи низоми электронии пардохт хуб хабардор мебошанд. Хусусияти ташкил ва фаъолияти гуруҳҳои ҷиноятӣ ва амалан истифодаи усулҳои оперативӣ-ҷустуҷӯии тактикиро оид ба муайян кардани иштирокчиёни он инкор мекунад ва ин бевосита ба асосҳои тактики бақайдгирии ин гуна ҷиноятҳо таъсири худро мерасонад.
Хусусиятҳо муайяншудаи таснифи оперативӣ-ҷустуҷуӣ ва криминалистӣ беҳад муҳим мебошад, барои он ки ҳамчун сарчашмаи гирифтани маълумоти назаррас барои ҳалли вазифаҳои ташкилӣ-тактикӣ оид ба амалигардонии чиноятҳое, ки бо воситаи шабакаи Интернет аз тарафи воҳидҳои оперативӣ ва тафтишотӣ баромад мекунад. Бақайдгирии ин маълумот истифодаи мақсаднок ва самараноки қувваҳо, воситаҳо ва усулҳои мубориза дар намуди фаъолияти зикршудаи ҷиноятиро таъмин мекунад.
Хулоса, дар ҷараёни ошкор ва тафтиши ҷиноятҳое, ки бо истифодаи шабакаи Интернет содир карда мешаванд, санҷиши пешакии мавод хуҷҷатноккунии кирдори ҷиноятӣ дар рафти гузаронидани чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аҳамияти муҳим дорад. Хусусияти хоси тафтиши чунин ҷиноятҳо дар дарёфт кардан, ба қайд гирифтан ва гирифтани изҳо, инчунин дар гузаронидани ҳаракатҳои тафтишотӣ дар навбати аввал таъин кардани ташхисҳои гуногун зоҳир мегардад. Ҳамкории муфаттиш ва кормандони оперативӣ дар ҳама марҳилаи тафтишот муҳим арзёбӣ карда мешавад.
Дотсенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ
ва фаъолияти маъмурии факултети № 2,
подполковники милитсия
Рустамзода З.Р.,
Муаллими кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ
ва фаъолияти маъмурии факултети № 2,
капитани милитсия
Зоиров Ш.С.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...