Масоили ҳифзи амнияти иттилоотӣ дар ҷомеаи имрӯза
Мафҳуми амнияти иттилоотӣ ин маҷмӯи чорабиниҳо оид ба ҳифзи муҳити иттилоотӣ ва ҷомеаи инсонӣ аст.
Амнияти иттилоотӣ, ки дар ҷаҳони муосир моҳияти он рӯзафзун гардида, дар маҷмӯъ чорабиниҳои мушаххаси ҳифзи муҳити иттилоотонии ҷомеа ва шахсони алоҳида буда, раванди дурусту қонунии бо он таъмин кардани аҳолӣ ба бехатарии фаъолияти технологияи навини иттилоотӣ вобастагӣ дорад. Масъалаи амнияти иттилоотӣ яке аз масъалаҳои муҳим ва доманадор ба ҳисоб рафта, самти мустақили технологияҳои иттилоотию иртиботиро ташкил медиҳад. Ҳифз кардани иттилоот ё амнияти онро таъмин намудан, донишҳои махсуси касбиро талаб мекунад. Илми махсусе, ки методхои ҳифзкунии иттилоот ва амнияти иттилоотиро меомузад криптография ном дорад. Аксари давлатҳои пешқадам дорои криптографияи худ мебошанд.
Бояд тазаккур дод, ки амнияти иттилоотӣ на ҳама вақт ба воситаи ҳолати ҳимоятшавандагӣ таъмин мегардад, баъзан вақт риояи қоидаҳои рафтор, дар сатҳи баланд ташкил намудани омодагии касбии мутахассисон, қобилияти корӣ ва коршоямии техника, шароити хуби пешбурди сиёсати иттилоотӣ ва ғайра низ заминаҳои мусоиди таъмини амният ба шумор мераванд. Масалан, ҳанӯз ҳам ҳеҷ як давлат наметавонад худро аз ҳуҷумҳои яроқи ядроӣ бапурагӣ ҳифз намояд.
Аммо дар ихтиёри як қатор давлатҳо қарор доштани шумораи зиёди яроқҳои ядроӣ имкон медиҳад, ки дар шароити сар задани ҳуҷумҳои ядроӣ сар додани мушакҳои ҷавобӣ низ ба амал ояд. Амнияти иттилоотӣ дар замони муосир шарти калидии таъмини амният дар сатҳи миллӣ ба ҳисоб меравад, зеро таҳдиду хатарҳои мавҷудаи хислати иттилоотидошта дар айни замон омили бесуботкунандаи ҷомеа, унсури марказии муборизаҳои сиёсӣ, василаҳои асосии расидан ба мақсад ва аз ҳама бадтар заъифгардонандаи пояҳои давлатдорӣ мебошанд. Дар шароити имрӯза ҳифзи суботи сиёсӣ ва таъмини сулҳу ваҳдат аз он вобаста аз вазъи амнияти иттилоотии мамлакатҳо дар кадом дараҷа қарор дорад ва иқтидори муҳофизавии он то кадом сатҳ қодир аст, ки таҳдиду хатарҳои навро безарар гардонад.
Бояд гуфт, ки муҳаққиқони гуногун амнияти иттилоотиро дар аксар маврид ҳолати ҳимоятшавандагӣ аз таҳдиду хатарҳо муаррифӣ менамоянд. Дар муносибат бо амнияти иттилоотӣ низ чунин шарҳу тавзеҳ истифода мегардад. Чунин муносибат дар Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дида мешавад. Чунончи, дар консепсияи мазкур «амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати ҳимоятшавандагии манфиатҳои миллӣ дар соҳаи иттилоот» муаррифӣ мегардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати тозаистиқлол дар раванди гузариш ба ҷомеаи иттилоотӣ қарор дорад. Дар он соҳаҳое, ки нақши иттилоот ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ баланд гардидааст, таҳдидҳои иттилоотӣ низ аллакай эҳсос мегарданд. Дар чунин шароити ҳассос зарурати пайдо намудани роҳу усулҳои таъмини амнияти иттилоотӣ, ҳифзи фазои иттилоотии ҷомеа аз ҳар гуна таҳдиду хатарҳо, пешгирӣ намудани оқибатҳои манфии зуҳуроти ифротгароӣ ва тундгароӣ, баланд бардоштани маърифати иттилоотии ҷомеа, бахусус дар онҳо ташаккул додани тафаккури танқидӣ масъалаҳое мебошанд, ки таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин мавзуъро хеле мубрам мегардонанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба фазои иттилотии башарӣ ворид гашта, бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи фазои иттилоотӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонида истодааст.
7-уми ноябри соли 2003 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, дар асоси он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004 «Барномаи таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардид.
Аммо ин ибтидои воридшавӣ ба фазои иттилоотии глобалӣ мебошад. Дар оянда ҳаҷм ва шумораи таҳдидҳои иттилоотӣ бо назардошти сатҳу сифати воридшавии мамлакат ба фазои иттилоотии глобалӣ афзоиш меёбанд. Ин аст, ки дар мамлакати мо низ таҷрибаи омӯзиши амнияти иттилоотӣ ва таҳлили таҳдидҳои соҳаи иттилоот тӯли даҳ соли охир хеле зиёд ба назар мерасанд.
Бояд гуфт, ки раванди ташаккулёбии назарияи амнияти иттилоотӣ ҳанӯз ҳам ба охир нарасидааст. Олимону донишмандони ин соҳа бо назардошти рушди бемайлони илму техника марҳила ба марҳила паҳлуҳои гуногуни онро мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода истодаанд. Зеро амнияти иттилоотӣ барои ҷомеаҳои дорои системаҳои мухталифи иттилоотӣ аҳамиятнок ва барои ҷомеаҳои дар ҳоли гузариш қарордошта камаҳамият мебошад.
Дигар масъала ин аст, ки манфиатҳои миллӣ ва суботу оромии ҷомеа тақозо менамоянд, ки воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ низ на танҳо дастгоҳи тавонои хабарӣ бошанд, балки дар муборизаи ба иттилоотӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, алалхусус амнияти давлат ва ҷомеам хизмат кунанд. Зеро тавре ки аз мазмун ва моҳияти қонунгузории мамлакат оид ба васоити ахбори омма бармеояд, таъмини амнияти иттилоотӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти онҳо мебошад.
Ҳарчанд ин мавзӯъ аз ҷониби олимони ватанӣ дар доираи рисолаҳои илмӣ таҳқиқ гардида бошад ҳам, дигаргуниҳои иттилоотию технологии замони муосир, суръати баланди интиқоли иттилоот ва бахусус бештар шудани иттилооти харобиовар тақозои онро менамояд, ки ин масъала ба таври доимӣ мавриди таҳқиқ қарор дода шавад.
Хулоса, дар маҷмуъ, амнияти иттилоотӣ омили муҳими рушди инсон, давлат ва ҷомеа ба шумор рафта, имрӯз дар кишвари азизи мо низ зери масъулияти баланди муҳофизӣ қарор дорад.
Абдулҳамидзода Амирали