Паём - дастгирӣ дар соҳаи маориф
"Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем".
Муҳимтарин нуқтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба шаҳрвандон дар соҳаҳои илму маориф ба ҳисоб меравад. Зеро агар омӯзгор ва мактаб намебуд, сатҳи маърифатнокӣ, ватанпарастӣ ва шуурнокии мардуми кишвар паст ва ҷаҳонбинии ӯ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ намегардид. Миллати тоҷик бесавод мемонд ва ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешуд ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтарин аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардид.
Аз ин ҷо бори дигар таъкид меоварем, ки маҳз бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Бинобар ин, ғамхорӣ кардан ба илму мориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта сармоягузорӣ ба хотири рушди нерӯи инсонӣ мебошад.
Такрор ба такрор атрофи мавзӯи рушди маориф, сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои миёна ва олӣ сухан намуда, Пешвои миллат барои ҳалли соҳаи мазкур гузаронидани ислоҳотро масъалаи зарурӣ арзёбӣ менамоянд. Аз омӯзгорон ҳамеша талаб карда мешавад, ки дар раванди таълим нисбат ба баланд бардоштани сатҳи маърифат, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, илмҳои дақиқ ва технологияҳои муосир аҳамияти махсус дода, насли наврас ва ҷавононро дар руҳияи худшиносии миллӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ, ватанпарастӣ, меҳнатдӯстӣ ва арҷ гузоштан ба мероси ниёгонамон тарбия намоянд.
Дар воқеъ бе кадрҳои баландихтисос ва ҷавонони ватандӯсту худогоҳ рушди минбаъдаи давлат ва боло бардоштани обрӯву эътибори Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ номумкин аст. Бо ин сабаб ҳамасола Пешвои миллат дар Паёми хеш доир ба масъалаҳои таълиму тарбия, забондониву донистани технологияҳои нави муосир таъкидҳои махсус менамоянд: «Дар замоне, ки илму техника бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, бе дониши замонавӣ, бе касбу ҳунарҳои муосир ва бе донистани забонҳои хориҷӣ зиндагӣ кардан басо душвор мебошад. Баръакс шахсоне, ки илму дониш, касбу ҳунарҳои гуногун доранд, дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ хору зор ва ба касе муҳтоҷ намегарданд».
Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободии Ватани азизамон аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии калон дорад. Зеро бесаводӣ, беҳунарӣ ва ҷаҳолат ба инсон танҳо бадбахтӣ ва ақибмонии аҳли ҷомеа мегардад.
Яъне, ба ақида ва андешаҳои Сарвари давлатамон забондонӣ ва соҳиби касб будани шахс на танҳо омили пешрафти ободии ҷомеа буда, балки баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва боиси обруву эътибори махсус пайдо гаштани шахс дар байни аҳли ҷамоат мегардад.
Дар асоси ин гуфтаҳо зикр карда метавонем, ки бештари хатмкунандагони мактабҳои олӣ забонҳои хориҷиро намедонанд, ки ин боиси пайдо карда натавонистани ҷойҳои кории арзанда ба онҳо мегардад. Кайд карда шуд, ки дар оянда тамоми кормандони соҳаи маориф, хизматчиёни давлатӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон бояд забонҳои русиву англисиро дар сатҳи баланд аз худ намоянд. Аз ин хотир омӯзгорон ва ҷавононро вазифагузорӣ менамоем, ки ҳадди аққал ду забони хориҷиро омӯзанд ва чун забони модарии худ суханронӣ карда тавонанд. Зеро бе забони хориҷӣ дар оянда кору фаъолият намудани шахс ғайриимкон мебошад. Дар асоси ин гуфтаҳо Сарвари давлатамон ба Вазорати маориф ва илм супоришҳои махсус доданд, ки барои омода кардани кадрҳои баландихтисоси фанҳои дақиқ ва табиӣ бо забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ кушодани шуъбаҳои алоҳидаи забономӯзӣ роҳандозӣ намоянд.
Ҳамзамон Пешвои миллат Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ва яке аз давлатҳои фаъол ва дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб гирифта, иштироки кишварро дар ҳаллу фасли муаммоҳои умумибашарӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти сиёсиву хориҷӣ арзёбӣ намуданд. Давлати азизамон дар ин давраи кутоҳи таърихӣ таҷрибаи кофии иштирок ва пешбарӣ намудани ташаббусҳои байналмилалиро касб намуд, ки дар натиҷа чор ташаббуси муҳимтарин ва хусусияти умумибашарӣ доштаи кишвар аз ҷониби аъзои СММ дастгирӣ, пуштибонӣ ва дар амал тадбиқ гардид.
Аз солҳои аввали соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати кишвар пайваста талош менамояд, ки танҳо арзишҳои фарҳанги қадимаи миллати тоҷикро эҳё гардонад ва дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ онро ба таври шоиста барои ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд. Ҳадафи ин сиёсатро пуштибонӣ аз манфиатҳо ва арзишҳои миллӣ ин ҳимоя аз забон ва таърихи тоҷикон дар сатҳи сиёсати давлатӣ дар баробари эҳтиром ва дастовардҳои маънавии халқҳои дигар ва арҷ гузоштан ба арзишҳои умумибашариро ташкил медиҳад.
Бо меҳнату талошҳои зиёди сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат тоҷикон яке аз қадимтарин халқҳои Осиёи Марказӣ гардиданд, ки дар тули таърихи мавҷудияти хеш дар ташаккули фарҳанги моддӣ ва маънавии башарият нақши босазо гузоштаанд.
Ҳамчунин зикр карда мешавад, ки Паёми ҳамасолаи Пешвои миллат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун роҳнамо барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа хизмат намудан, ҳамзамон хислати таъсирбахш ва илҳомбахширо доро мебошад. Паёми Пешвои миллат ҳар як шаҳрвандро водор месезозад, ки ба корҳои созандагӣ, бунёдкорӣ, ҳунаромӯзӣ ва барои беҳтару хубтар, тинҷиву зебо намудани сатҳи зиндагӣ дар Ватани азизамон заминаи арзанда гузоранд. Зери ин гуфтаҳо Сарвари давлатамон ҳамеша таъкид менамоянд, ки танҳо азму иродаи қавӣ, эътимод ба фардои нек, заҳматҳои софдилона ва содиқона ба Ватан метавонад ҳар яки моро ба ҳадафҳои олиамон бирасонад. Бинобар ин ба ин мақсадҳои олӣ расидан, мо ҳамеша аз устувории суботи сиёсӣ, амнияти миллӣ, тинҷиву осудаҳолӣ ва ваҳдату ягонагии давлатамон саҳмгузор бошем. Аз ин рӯ, ба қадри сулҳу оромӣ расидан ва саҳм гузоштан ба корҳои ободониву созандагии ҷомеа вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯсту ватанпарст мебошад. Ба гуфти Пешвои миллат давлати моро ба ҷуз худамон касе аз бегонагон обод ва тинҷ карда наметавонад.
Бо боварӣ иброз менамоем, ки вобаста ба масоил ва пешниҳоду таҳлилҳои дар Паём зикргардида, дар ҳамаи муассисаву корхонаҳо нақшаву чорабиниҳо дар мавриди амалӣ намудани он ба тавсиб расидааст. Зарур меҳисобем дар фарҷом иқтибос аз гуфтаҳои қаблии Президенти мамлакат дар мавриди ислоҳоти ин соҳаи тақдирсози миллатро пеш оварем: «Агар мо ба сифати баланди таълиму тарбия диққати ҷиддӣ зоҳир намоем, давлати азизамон ҳамеша шукуфон ва тинҷиву оромӣ ҳукмфармо мегардад».
Маъруфзода М.М., муаллими кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмури факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия