Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат

(Муқоисаи Паёми соли 2021 бо Паёми соли 2022 вобаста ба соҳаи андоз)

652

23-юми декабри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар Паёми навбатии худро ироа намуданд. Паёми тақдирсоз монанди дигар паёмҳои солҳои сипарӣ фарогирандаи тамоми самтҳои хоҷагии халқи кишвар мебошад. Яке аз самтҳои баррасишаванда дар ин рӯзи таърихӣ ин молия ва андоз буд. Муҳтарам Пешвои миллат ҷиҳати беҳтаргардонӣ ва мукаммалсозии ин ду соҳаи хҳётан муҳими Тоҷикистон суханронӣ намуда, баҳри боз ҳам соддагардонии хизматрасониҳои он, имтиёз ва сабукиҳои нав барои аҳолӣ пешниҳод намуданд,
Дар Паёми қаблии худ муҳтарам Пешвои миллат иброз доштанд, ки Тоҷикистон дар давоми соҳибистиқлолии худ ҷиҳати амалӣ гардонидани дигаргунсозиҳои сохторӣ, минбаъд таъмин намудани гуногуншаклии моликият, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ, ташаккул додани низоми миллии буҷету андоз ва пуливу қарзӣ, рушди соҳаҳои воқеии иқтисод ва инкишофи бахши иҷтимоӣ бисёр тадбирҳои самарабахш андешидааст.
Бояд қайд намуд, ки ин иқдом яке аз роҳҳои асосии ҷалби сармояи мустақим ва афзудани даромад ба буҷети давлатӣ ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин, Сарвари давлат қайд намуданд, ки дар ин давом аз ҷониби Ҳукумати кишвар як қатор имтиёз ва сабукиҳо вобаста ба андозу гумрук пешниҳод карда шудаанд. Дар ин баробар шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ то 1 адад ихтисор ва муҳлати бақайдгирӣ аз 49 то 3–5 рӯз кам карда шудааст.
Сарвари давлат қайд намуданд, ки то имрӯз ба соҳибкорон беш аз 120 намуди имтиёзу сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод карда шуда, шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ боз ҳам камтар гардид. Хизматрасонӣ дар ин самт тамоман ба таври ройгон ба роҳ монда шуда, қайд карда шуд, ки дар соли 2022 дар муқоиса ба соли 2021 маблағи имтиёзҳои андозиву гумрукии истифодагардида зиёда аз 12 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Аз ҷумла,аз ҳисоби кам ва бекор кардани меъёрҳои 5 намуди андоз, зиёда аз 1,5 миллиард сомонӣ ҳамчун дастгирӣ дар ихтиёри субъектҳои соҳибкорӣ боқӣ мемонад.
Дар соли 2022 Кодекси нави андоз мавриди амал қарор гирифт, ки вобаста ба саноатикунонии босуръати кишвар, рушди соҳибкориву сармоягузорӣ, ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ, имтиёзу сабукиҳо вобаста ба андозу андозбандӣ муқаррар гардида, иловатан сабукиҳои зиёде пешниҳод гардидаанд, ки ин иқдом пас аз ба даст овардани соҳибистиқлолии кишвар нахустин аст .
Дар ҳамин раванд қайд гардид, ки барои нигоҳ доштани рушди босуботи иқтисодӣ, таъмин намудани устувории молияи давлат, афзоиши даромад ва баланд бардоштани самаранокии буҷет, заминаи зарурии қонунгузорӣ фароҳам оварда шуда, корҳо дар самти мукаммалгардонидании низоми миллии молия ва андоз боз ҳам барои солҳои оянда идома доранд.
Такмили низоми андоз яке аз масалаҳои асосии давлат ба ҳисоб рафта, дар бисёре аз давлатҳои пешрафтаи дунё бо ин роҳ хазинаи давлат ғанӣ гардонида мешавад. Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар мамлакати мо солҳои охир роҳбарияти давлат бештар ҷиҳати дастгтрии соҳибкорон ва андозсупорандагон кушиш ба харҷ дода истодаанд, ки ин аз доштани таваҷҷуҳи ҳосаи роҳбарияти олии кишвар ба рушди соҳибкории хуруду миёна дарак медиҳад.
Дар Паёми пешинаи худ Пешвои миллат оид ба татбиқи сиёсати самарабахши молияи давлатӣ, аз ҷумла самти таъмини суботи молиявӣ, такмили низоми андозбандӣ ва баланд бардоштани самаранокии идораи молияи давлатӣ, ҳаҷми даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ суханронӣ намуда, вобаста ба мунтазам афзоиш ёфтани ин самтҳои болозикр ибрози назар намуданд.
Дар Паёми имсола Сарвари давлат қайд намуданд, ки Кумитаи андоз вазифадор карда шавад, ки якҷоя бо мақомоти марбута ҷиҳати беҳтар гардонидани хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ, мукаммалсозии маъмурикунонии андоз ва дар ин замина бартараф намудани таъсири омили инсонӣ ба раванди андозсупорӣ, инчунин, истифодаи ҳатмии дастгоҳи назоративу хазинавии дар реҷаи вақти воқеӣ амалкунанда ва низоми хазинаҳои маҷозӣ ҳангоми анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ бо аҳолӣ тадбирҳои иловагиро амалӣ гардонад.
Дар робита ба ин, дар Паёми худ Пешвои миллат қайд карда буданд, ки бо мақсади беҳ кардани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвари азизамон, шумораи андозҳо аз 10 то 7 номгӯй кам гардида, меъёрҳои якчанд намуди онҳо паст карда шуданд.
Дар робита бо ҳамин дар Паёми имсолаи худ Пешвои миллат супориш доданд, ки бо мақсади мусоидат ба рушди бахши молиявӣ зарур аст, ки аз 1-уми июли соли 2023 пардохти ҳамаи андозҳо ва боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии давлатӣ пурра ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда шавад.
Муосиргардонии хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорону сармоягузорон имкон дод, ки барои ҷалби сармоя ва сармоягузорӣ ба рушди иқтисоди миллӣ саҳми назаррас гузоранд. Бо мақсади сарфа намудани вақт барои пардохти андозҳо ва боҷи давлатӣ дар сомона шаклҳои нави хизматрасониҳо ҷорӣ карда шудаанд, ки бо истифода аз он шаҳрвандон ва андозсупорандагон имконият пайдо намуданд, ки бе рафтан ба нуқтаҳои хизматрасонии бонкӣ маблағи андоз аз молу мулки ғайриманқул ва боҷи давлатиро бо истифодаи кортҳои бонкӣ пардохт намоянд.
Дар баробари ин ба хотири солим нигоҳ доштани табиат, тағйирёбии иқлим, мутобиқ гардонидани иқтисоди миллӣ, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат воридкунандагони нақлиётҳои барқӣ ба кишвар, аз ҷумла электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо ва монанди инҳо тибқи супориши сарвари давлат аз пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ пурра озод карда шаванд.
Дар охир ҳаминро бояд қайд намуд, ки дар Паёми пештара Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҷиҳати андоз ва андозситонӣ бисёртар соҳибкорон, истеҳсолкунандагони матоъҳои миллии атласу адрас, дигар андозсупорандагони хурду миёна ва воридкунандагони нақлиётҳои барқӣ имтиёзи бештар дода буданд.
Дар Паёми имсола бошад супориш дода шуд, ки бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, хизматрасонии ройгон дар ин самт амалӣ гардида, бо мақсади пардохти ҳатмии ҳамаи андозҳо, беҳтар гардонидани хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ, мукаммалсозии маъмурикунонии андоз ва дар ин замина бартараф намудани таъсири омили инсонӣ ба раванди андозсупорӣ, истифодаи ҳатмии дастгоҳи назоративу хазинавии дар реҷаи вақти воқеӣ амалкунанда, инчунин, низоми хазинаҳои маҷозӣ ҳангоми анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ бо аҳолӣ ва боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии давлатӣ пурра ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда шаванд.

Ғафурзода Д.А., подполковники милитсия, Муҳаббатшозода Г.М., майори милитсия, Урфонзода Д.С., майори милитсия, - омӯзгорони кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...