Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташаббусҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи захираҳои обии сайёра

888

Инсоният аз давраҳои қадим ба об ҳамчун неъмати муқаддас муносибат дошт. Аҷдодони мо об - манбаи ҳаёт ва онро ифлосу олуда карданро аз нодонӣ ҳисобидаанд, ки дар ривояту гуфтор, зарбулмасалу мақол ва достону ҳикоятҳо ба ин масъала ишораҳои фаровон шудааст.

Яке аз натиҷаҳои инқилоби илмӣ-техникӣ он аст, ки бо тадқиқоти амиқ собиқ гардид, ки қисми асосии таркибии мавҷудоти зинда аз об иборат ё худ ташаккул ёфтааст. Муайян карда шудааст, ки таркиби организми инсон вобаста ба синну сол тақрибан 60-75 фоиз аз об иборат аст.
Об неъматест, ки олудагиҳои тани моро пок месозад, рӯҳу ҷони моро навозиш мекунад ва ниҳоят чун мувозинат гум мекунем, моро ба худ меорад.
Об манбаи ҳамаи мавҷудоти олам буда, захираи бузургест, ки ҷаҳону зиндагиро таровату зебоӣ ва сарзабзиву озодагӣ мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хоса зиндагии осоиштаву ободӣ ва пурбаракоту зебоӣ аз об вобаста аст.
Тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шуморидани он, арзишманд донистани ҳар қатраи ин муъҷизаи бузург қарзи ҳар як инсони комил ва асил аст, зеро он натанҳо ҳамчун манбаи ҳаёт, балки махзани нуру рушноӣ ва маҳсули шодиҳои олам аст.
Ҳанӯз дар оғози ҳазорсолаи нав, яъне соли 2000-ум Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ аввалин шуда доир ба масъалаҳои истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои обии сайёра эътибори ҷаҳониёнро ҷиҳати ҳаллу фасли фаврии он аз минбари Созмони Милали Муттаҳид - сохтори бонуфузи ҷаҳонӣ иброз намуда буданд. Изҳор карданд, ки “Агар мо имрӯз муносибати худро ба захираҳои табиӣ, аз он ҷумла оби тоза дигаргун нанамоем, моро дар оянда фарзандонамон намебахшанд”.
Дар радифи муҳимияти об дар ҳаёти инсоният пешниҳод намуданд, ки соли 2003 дар миқёси ҷаҳон Соли “Оби тоза” эълон карда шавад ва ин иқдоми хирадмандонаю дурандешона бо ҳамовозии зиёда аз 193 мамлакати ҷаҳон қабул гардид ва асоси меъёрӣ – ҳуқуқӣ дар дипломатияи соҳаи об маҳсуб дониста шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2007 зимни суханронӣ дар Саммити 1-уми оби кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором зикр карда буданд, ки «Рушди ояндаи ҷаҳонӣ чунин аст, ки арзиши об метавонад аз арзиши нефт, газ, ангиштсанг ва дигар захираҳое, ки барои рушди устувори ҳар як мамлакат ва минтақа заруранд, боло равад».
Ҳудуди 10 сол қабл тадқиқоти зиёде гузаронида шуданд, ки бо далелу рақамҳо дуруст будани ин гуфтаҳоро тасдиқ карданд ва ин боис гашт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи худро барои ҳалли мушкилоти об тақвият бахшад.
Бо ташаббуси Пешвои миллати тоҷикон Ассамблеяи Генералии Созмони милали муттаҳид давоми солҳои 2000-2016 ҳафт қарори дахлдорро вобаста ба масъалаҳои об қабул кард, ки аз миёни онҳо эълон шудани соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015 «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар самти об» ва солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» мавриди назари хос мебошанд. Дар ин давра Тоҷикистон чандин маротиба ба маркази сиёсие мубаддал гашт, ки дар он масъалаҳои муҳими об дар сатҳи ҷаҳонӣ муҳокима шудаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ ягона роҳбаре мебошанд, ки пешниҳодҳояшон бемамоният мавриди қабули ҷомеаи ҷаҳонӣ мегардад, зеро чунин таклифу пешниҳодҳо танҳо ҳадафҳои башардӯстона доранд. Қабул гаштани пешниҳодҳо дар СММ кори саҳл нест, зеро ҳамарӯза аз ҷониби сарони давлатҳо даҳҳо пешниҳодҳои гуногун ироа мешаванд, аммо на ҳамаи онҳо қобили қабуланд. Пешниҳодҳо бояд мушаххас буда, масъалаҳои глобалии ҷаҳониро ифода кунанд. Он ҳам баъд аз баррасӣ ва муҳокима дар сатҳи роҳбарияти СММ тасдиқ мешавад. Бинобар ин, бояд тасаввур кард, ки қабул гаштани танҳо як ташаббус чӣ қадар мушкил ва чӣ қадар аҳамияти бузург дорад.
Дар ҳошияи иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” аз рӯи ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, мақолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷаллаи “Нигориши СММ” таҳти унвони “Об барои рушди устувор” ба табъ расида, пешкаши доираи васеи хонандагон гардид.
Дар ин мақола Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳадафҳо ва зарурати пешниҳоди Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, таҳияи тадбирҳо ва натиҷаҳои ташаббусҳои қаблии ҷониби Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои марбут ба оби ошомиданӣ бар нафъи аҳли башар, маълумоти дақиқу пурмуҳтаво ва таклифу пешниҳодҳои асосноку созандаро ба миён гузоштаанд.
Пешвои миллат изҳор намуданд, ки дар СММ «гурӯҳи «Дӯстони об», ки бо ташаббуси Тоҷикистон таъсис ёфтааст, имрӯз 51 кишвари аъзоро муттаҳид кардааст, ки зимни муҳокимаи масъалаҳои об ва қабули қарорҳои дахлдор дар доираи Ассамблеяи Генералии СММ саҳми назаррас мегузорад».
Сарвари давлат дар робита ба тағйирёбии иқлим масъалаи норасоии оби ошомиданиро таҳлил намуда, чунин баён доштанд: «Тибқи баҳогузории пажӯҳишгоҳҳои мухталиф ва коршиносон то ҳоло зиёда аз 844 миллион нафар одамон дар рӯи замин ба оби ошомидании безарар дастрасӣ надоранд, 1,8 млрд. нафар одамон аз обҳое менӯшанд, ки сарчашмаҳои онҳо олудаи ифлосӣ ҳастанд, 2,4 млрд. нафар одамон ба шароити беҳтари санитарӣ дастрасӣ надоранд. Интизор меравад, ки то соли 2050 шумораи одамоне, ки дар минтақаҳои аз об танқисӣ дошта зиндагӣ мекунанд, то ба 2,3 млрд. мерасад.
Таъсир ва зарари тағйирёбии иқлим бар асари офатҳои табиии ба об алоқаманд бештар ҳувайдо мешавад. Давоми солҳои 2000-2016 бар асари селу обхезиҳо зиёда аз 107 ҳазор одамон ба ҳалокат расидаанд. То соли 2050 ҳаҷми иқтидорҳое, ки таҳти хатари обхезӣ қарор мегиранд, тибқи ҳисобҳои пешакӣ метавонад 45 триллион доллари ИМА-ро ташкил кунад. Яке аз оқибатҳои ҷиддӣ дар ин маврид вайрон шудан ва аз кор баромадани инфрасохторҳои гуногуни хоҷагии халқ мебошад».
Ба андешаи Пешвои миллат як қатор масъалаҳое вуҷуд доранд, ки дар қадамҳои минбаъда дар ин самт онҳо бояд ба назар гирифта шаванд. Аз ҷумла, масъалаҳои таъмини соҳаи об бо маблағгузории муносиб, азнавкунӣ ва ташкил намудани инфрасохторҳои нав, бунёди обанборҳои азиму миёна ва неругоҳҳои барқи обӣ, идоракунии муштараки захираҳои обӣ, ҷалб намудани ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор, инчунин рушди дипломатияи об барои ҳалли масъалаҳои байнидавлатӣ дар соҳаи об.
Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ итминони комил изҳор намуда, фармуданд: «Мо боварӣ дорем, ки ҷомеаи байналхалқӣ аз Даҳсолаи нав, имкониятҳо ва афзалиятҳои он ҷиҳати ҳалли масъалаҳои об дар ҳамаи сатҳҳо, аз ҷумла, барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор, ки ба об алоқаманданд, ба таври зарурӣ истифода мебаранд».
Дар маҷмуъ мусоидат ба рушди инсоният, татбиқи идоракунии ҳамаҷонибаи захираҳои об, таъсири манфии тағйирёбии иқлим, пешгирии офатҳои табиӣ, истифодаи судманди захираҳои гидроэнергетикӣ, такмили заминаи меъёрию ҳуқуқӣ ва механизмҳои институтсионалӣ, таҳияи инфрасохтор ва бунёди заминаи дахлдори воситаҳои амалисозӣ, аз ҷумла системаи иттилоотӣ ва системаҳои иттилоотӣ, корҳои илмию тадқиқотӣ, рушди тавонмандӣ ва дигар воситаҳои идоракунии об, беҳтар кардани дастрасӣ ба санитария аз масъалаҳои муҳиме мебошад, ки дар мақолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст.
Ҳамчунин, дар ин мақола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба иштироки фаъолона дар пешбурди минбаъдаи ҳалли масъалаҳои об омодагӣ ва мавқеи тағйирнопазири ҷониби Тоҷикистонро баён намуданд.
Дар Форуми сеюми умумиҷаҳонии об 18 марти моли 2003 баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиёни форум муроҷиат карданд, ки аз соли 2005 оғоз намуда, Даҳсолаи байналмилалии амалиёт баҳри ҳифз ва ҳимояи захираҳои оби тоза эълон карда шавад. Ин маҳз ҷавобгӯи ҳамон ҳадафҳои Эъломияи ҳазорсолаи рушд дар соҳаи оби тоза мебошад, ки сарони давлатҳо ва Ҳукуматҳо барои то соли 2005 баробар коҳиш додани шумораи одамонеро, ки дар ҷаҳон аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд, мебошад.
Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза 30.08.2003 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар он ҳайати намояндагони 35 давлат, 91 созмони байналмиллӣ ва 11 муассисаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид иштирок доштанд. Аз тамоми қишри олам коршиносон ва доираҳои илмӣ, рӯзноманигорон иштирок доштанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагон, иштирокунандагони Форуми байналмилалии оби тоза муроҷиат намуда қайд кард, ки проблемаи мазкурро дар давоми 1 сол ҳал кардан аз имкон берун аст ва дар оянда ҳам он дар сайёра яке аз проблемаҳои актуалӣ хоҳад монд. Инро ба инобат гирифта пешниҳод мекунем, ки соли 2005 то соли 2015 Даҳсолаи байналмилалии оби тоза эълон карда шавад.
Бо даъвати котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан матни “Даъвати Форуми Душанбегии байналмилалӣ оид ба оби тоза”-ро ба сифати ҳуҷҷати расмии Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба пункти 97 – уми рӯзномаи пешакии Иҷлосияи 58 – уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид интишор дода шуд.
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид 30.09.2003 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагони Иҷлосияи 58 –уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид муроҷиат намуда, боз таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба нарасидани оби ошомиданӣ ҷалб намуда қайд кард, ки яке аз проблемаҳои ташвишовари ҳазорсолаи нав мебошад. “Такя ба даъвате, ки онро ширкаткунандагони Форуми байналмилалии оби тоза қабул карда буданд, пешниҳод мекунам, ки солҳои 2005 – 2015 Даҳсолаи амалиёти “Об барои ҳаёт” эълон карда шавад. Қабул намудани резолятсияи махсуси Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид доир ба ин масъалаи ҳаётан муҳим ғояи соли байналмилалии оби тоза” – ро мантиқан инкишоф медиҳад ва ҷавобгӯи маҷмӯи қоидаҳои Эъломияи ҳазорсола мебошад.
Ҳадафи ниҳоии Даҳсолаи байналхалқии амалиёти “Об барои ҳаёт” барои тадбиқи вазифаҳое, ки дар Эъломияи ҳазорсола пешгирии истифодаи ғайриоқилонаи захираҳои об аз тариқи таҳияи стратегияи фаъолияти хоҷагии об дар сатҳи минтақавӣ, миллӣ ва маҳаллӣ, ки ҷиҳати дастраси одилона ба об ва пешниҳоди кофӣ, ҳамчунин ҳалли яке аз вазифаҳои умдаи ҳадафи рушд дар остонаи ҳазорсола, маҳз ду баробари коҳиш додани шумораи аҳолии Замин, ки ба об безарар таъмин нестанд, кӯмак менамояд, дар миён гузошта шудааст, бояд амалан мусоидат кунад.
Бар замми он баҳри таъмини иҷрои ҳатмии чорабиниҳо дар самти ҳифзи захираҳои об ва истифодаи оқилонаи онҳо бо даъвати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миқёси ҷаҳон соли 2013 – Соли байналхалқии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон гардид ва тибқи барномаи махсус конференсия бо иштироки намояндагони зиёда 80 давлатҳо ва 60 ташкилотҳои бонуфузи байналмиллалӣ дар моҳи августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар натиҷаи баргузории конференсия дастовардҳои зиёд, аз қабили муайян мавқеи Тоҷикистон ар ҳалли масоили глобалии экологӣ, хатари кӯли Сарез, обшавии пиряхҳо, ифлосшавии техногении обҳои зеризаминӣ ва ғайраҳо амалӣ шуданд.
Вобаста ба ин пешниҳод ва дар амал татбиқ намудани он 28 – ноябри соли 2013 Асосгузори сулҳу ваҳдати милллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлати ташаббускори бузург дар масоили байналмилалии марбут ба об дар Саммити оби Будапешт иштирок ва суханронӣ намуданд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории Саммити оби Будапештро воситаи муҳими ҳамоҳангсозии талошҳои муштараки байналмилалӣ дар солҳои об арзёбӣ намуда, аз нақш ва мақоми устувори Тоҷикистон дар ҳалли масоили марбут ба об дар минтақа ва ҷаҳон ёдоварӣ карда иброз намуданд, ки барои расидан ба ҳадафҳои Ҳазорсолаи рушди устувор оид ба об фароҳам овардани заминаи мусоид ва имконоти мусоидро дар ин самт зарур шуморида, ҷонибдории пешниҳодро доир ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалӣ таҳти унвони “Об барои рушди устувор, солҳои 2018- 2028” амали муҳими башардӯстона арзёбӣ карданд. Аз нигоҳи Сарвари давлати Тоҷикистон ин ташаббус заминаи мусоиди таҳкими нақши об дар раванди ноил гаштан ба дигар ҳадафу мақсадҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқ шударо фароҳам оварда, ба ҳамкории бештару зичтари давлатҳо дар соҳаи об мусоидат менамояд.
Хушбахтона ин пешниҳод санаи 22 - декабри соли 2016 аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт. Ин ташаббус дар давоми даҳ соли оянда давлатҳои ҷаҳонро вазифадор мекунад, ки ҳадафҳои рушди устуворро дар сатҳи дастҷамъӣ дар доираи талаботи замони муосир пиёда гардонанд.
Санаи 3 – марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки дар сиғаи видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд. Сарвари давлат яке аз аввалинҳо шуда, дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим суханронӣ намуданд. Президенти мамлакат сабаби асосии тағирёбии иқлимро дар обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ маънидод карданд.
Таъкид гардид, ки мутаассифона, имрӯзҳо мо босуръат об шудани яхро дар Арктика, Антарктида ва Гренландия мушоҳида менамоем. Ҳамчунин, тағироти ҷиддӣ дар пиряхҳои воқеъ дар хушкӣ низ ба амал омада истодааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикистон андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки вазъи ба ин монанд дар пиряхҳои Помир низ ба вуҷуд омада истодааст. Обшавии бузургтарин пиряхи воқеъ дар хушкӣ - пиряхи Федченко дар Тоҷикистон, ки зиёда аз 75 километр дарозӣ дорад, намунаи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад. Пажӯҳишҳо нишон медиҳад, ки фақат дар тӯли 70 - 80 соли охир пиряхи Федченко зиёда аз як километр ақиб рафта, майдони он то 44 километри мураббаъ кам шудааст. Зиёда аз ин, ҳаҷми он 15 километри мукааб ихтисор гардида, суръати миёнаи ақибравӣ нӯги (забона) пирях дар як сол 16 метрро ташкил медиҳад. Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки обшавии пиряхҳои Арктика ва Антарктида боиси баландшавии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ гардидааст ва ин омил дар навбати худ метавонад ба ҳаёт ва некӯаҳолии садҳо миллион сокинони Замин, хусусан дар кишварҳои хурди ҷазиранишин ва минтақаҳои наздисоҳилии онҳо таҳдид ба бор овард.
Дар ин робита, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешинҳод карданд, ки соли 2025 – ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад.
Пешниҳоди дигари ҷониби Тоҷикистон таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аст. Сарвари давлат бо итминон изҳор доштанд, ки ин иқдомҳои мазкур ва дигар ташаббусҳои ба онҳо монанд ба ҷунбиши нави сатҳи глобалӣ ҷиҳати андешидани чораҳои зарурии дастаҷамъона ва татбиқи амалҳо ба хотири ҳифзи пиряхҳо аз обшавии босуръат ва нобудшавӣ такон хоҳад дод.
Барои оқилона истифода бурдани сарватҳои обӣ махсусан оби ошомиданӣ моро зарур аст, ки маърифати истифодабарии обро байни аҳолӣ беҳтару хубтар намоем. Дар ин ҳолат ҳавфи норасогии оби тоза метавонад бартараф ва ё кам шавад. Ҳар як фард нисбати ҳифзи табиат, махсусан оби тоза дар табиат ва шароити зиндагӣ дар сайёраи мо ҷавобгар аст. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун чеҳраи мондагори намоёни таърихӣ ва фарҳангии замони муосир ба таъмини ҳаёти солимии ҷомеа, инсонпарварӣ, хайру эҳсонкорӣ ва ормонҳои умумибашарӣ эътибори ҷиддӣ доданд.
Савол ба миён меояд, ки чунин иқдом ва ташаббусҳо бевосита ба худи Тоҷикистон чӣ дод? Аввалан, қариб тамоми минтақаҳои аҳолинишин дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо оби ошомидании аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин карда шуданд. Дуввум, қубурҳои обгузар ва заҳбурҳо тоза карда шуда, заминҳои бекорхобидаи лалмӣ обёрӣ гардиданд. Муҳимтар аз ҳама робитаҳои дӯстона таҳким меёбанд, зеро бо бунёди нерӯгоҳи Роғун мардуми поёноб – Ӯзбекистону Туркманистон бо об ва Афғонистону Покистон бо нерӯи барқ таъмин мегарданд.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон аз захираҳои обӣ бой мебошад. Бо мақсади таҳкими робитаҳои дӯстона ва роҳандозӣ намудани иқдомҳои башардӯстона, таъмини давлатҳои дуру наздик бо оби ошомидании гуворо, ки назираш дар олам кам аст, Пешвои миллат чандин маротиба таклиф карда буданд, ки кишварҳои эҳтиёҷманд метавонанд оби кӯли Сарезро тавассути насби қубурҳо дар давлатҳои худ истифода баранд.
Бешак, Тоҷикистон дар масъалаи таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва дарстрасии оммаи мардум ба захираҳои обӣ, дар ҷаҳон мавқеи аввалиндараҷа дошта, бо пешниҳодҳои башардӯстонаи Пешвои миллат миллионҳо одамон ба об дастрасӣ пайдо карда, заминҳои хушкида сероб ва ҳосилхез гашта истодаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 31 соли истиқлолият ба даст овардан, дар тамоми соҳаҳои мухталиф ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, мақоми шоистаро дар радифи кишварҳои мутараққии олам касб намудааст.
Бояд тазаккур дод, ки ҳама пешравию муваффақиятҳои назаррас маҳз бо ибтикор ва пеш аз ҳама тавассути заҳмату талошҳои зиёди Пешвои оқилу ободкор, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омаданд ва ба вуқуъ пайвастанд.
Таҳти сарварии хирадмандонаи ин абармарди бузург кишвари соҳибистиқлоли моро дар арсаи олам ба хубӣ мешиносанд ва эътироф менамоянд. Ифтихор аз он бояд кард, ки Тоҷикистон зери роҳбарии оқилонаю сиёсати дурандешонаи Президенти кишвар ҳамчун давлати мустақил таҷдид шуд.
Ҳануз чанд садсола пештар Ҷалолиддини Балхӣ дар “Маснавии маънавӣ” доир ба тоза нигоҳ доштани об аз қаъри дилаш нидо карда буд. Гуфтан мумкин аст, ки аз ҷониби Ҷалолиддини Балхӣ калимаи “об” дар мавриди тасвири лаҳзаҳои мухталифи зиндагӣ истифода гардидааст. Бо истифодаи “об” Мавлонои Балх киштзори суханро шодоб ва бори маъниро хушоб гардонидааст.
Мақсади Ҷалолиддини Балхӣ ва нигорандаи ин сатрҳову кулли шахсони масъулиятшиносу неъматшинос ин аст, ки муҳити зисти мардум зебо бошад, неъмати бебаҳои Яздони Пок оби соф ҷорӣ бошад. Манзилҳо обод, афкори мардум ва қалби тамоми сокинони сайёра аз ғашу кудурат пок бошад.
Мо ифтихор аз он дорем, ки Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати хирадмандона ва ташаббусҳои башардӯстонаи худ миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун халқи соҳбтамаддун муаррифӣ намуда, баъд аз гузашти ҳазор сол давлати мустақил ва сарсабзу хуррам бунёд намуданд. Мо бо Пешвои миллати хеш, ифтихор дорем!

Самиъзода Бахтиёр Салим, дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи Вазорати корҳои Тоҷикистон, подполковники милитсия,
Комилов Далер Рустамович, сармутахассиси Раёсати таълим, номзади илмҳои фалсафа, дотсенти Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...