Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташаббусҳои Пешвои миллат дар ҷаҳонишавии Наврӯз

725

Ҳар як халқу миллати ҷомеаи башарӣ дорои анъана ва иду маросимҳои миллии хеш мебошад, вале ба кам миллатҳо муяссар мегардад, ки онро ба сатҳи байналмилалӣ бардоранд. Барои ин тадқиқоти илмии возеҳу равшани боварикунандаи илмӣ ва таҳлилӣ лозим аст. Яке аз ин шахсиятҳои бузург Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки тавассути ташаббусҳои шахсӣ ва меҳру мухаббати бепоён ба фарҳанги миллӣ ба ин ҳадафи бузург то сатҳи СММ, ЮНЕСКО баромад.
Борҳо Пешвои миллат дар баромадҳояш таъкид менамояд, ки тоҷикон миллати фарҳангӣ мебошанд. Маҳз фарҳанги волои тоҷикон таваҷҷӯҳи олимону адибони ватанӣ ва ҷаҳониро аз қабили Айнӣ С., Лоҳутӣ А., Ғафуров Б., Эмомалӣ Раҳмон, Бартолд В.В., Шишов А.П., Павлов Н., Гертнер А., Гейри И.И., Веткин В.Л., Сиверс В., Наливкин В.В., Миддендорф А.В., Гогол И.В., Бертелс Э.Г., Гёте И.В., Энгелс Ф., Есенин С., Бунин И.А., Фрай Р., Бойс М. ва даҳҳо дигаронро ҷалб намуда, дар осори худ ба фарҳанги миллӣ ва расму оини тоҷикон баҳои баланд додаанд.
Муҳаққиқ Вамбери А. менависад: «Тоҷикон аз давраҳои қадимтарин аҳолии сершумор буда, фарҳанги тоисломии хешро густариш дода, ба дигар халқҳо бо тамаддуни худ нақши муассир бозидаанд»[1,с.318-319]. Муҳақкиқ Павлов Н. менависад: «Аз рӯи адолат бояд иқрор шавем, ки дар ҷаҳон чуниин миллати фаъол ва беназир мисли тоҷикон кам аст, ки ба зарбаҳои бегонагон дучор омада, истодагарӣ намуда, боз аз сари нав эҳё шудаанд»[2,с.11].
«Таърихи давлатдории ориёӣ нишон медиҳад, ки давлатҳои бостонии мо ҳамеша кӯшиш ва ҷаҳду ҷадал мекарданд, ки барои устувор сохтани пояҳои давлатдорӣ ва ба вуҷуд овардану мустаҳкам намудани давлатдории миллӣ ва ваҳдату ягонагӣ аз унсури забонӣ истифода бурда, барои рушду тараққӣ ва густариши забони модарии хеш тадбирҳои мушаххас андешанд»[3,с.14] -менависад, Пешвои миллат дар асараш «Забони миллат – ҳастии милат».
Ҳастии миллат дар воқеъ ба забон, таърих, фарҳанг ва расму оинҳои миллӣ робитаи ногустастанӣ дорад. Яке Забон, дувум Наврӯз аст, ки тоҷиконро ба ҷаҳон муаррифӣ менамояд.
Муҳаққиқ Маҳкамов С. дар тадқиқоташ зери унвони «Ориёиҳо ва корнамоии онҳо» менависад: «Адиб ва олими энсиклопедисти охири асри 14 ва аввали асри 15-и Миср Абулаббоси Қашқашангӣ дар асари «Субҳи тираранг» ба хулосае омад, ки Наврӯз бори аввал дар замони шоҳаншоҳии Ҷамшед ҷашн гирифта шудааст» [4,c.18]». Мутафаккири тоҷик Абурайҳони Берунӣ дар асараш «Осор-ул-боқия» менависад: «Ҳар шахсе аз рӯи табаррук ба ин рӯз дар даште ҷав кошт. Сипас ин расм дар эрониён пойдор монд, ки рӯзи Наврӯз дар канори хона ҳафт хел ғалла бар ҳафт табақ бикоранд. Ва аз рӯидани ин ғалла ба хубию бадии зироат ба ҳосили солиёна пешгӯи кунанд» [5,c.236 ]. Аксаран идеологҳои ифротпараст Наврӯзро ба оини динӣ шабоҳат медиҳанд, аммо аз гуфтаҳои Абурайҳони Берунӣ хулосае меояд, ки Наврӯз ба ягон дин вобастагӣ надошта иди оғози соли нав ва кишту кори зироатҳо мебошад. Профессор Раҳимзода Р.Ҳ. дар китоби «Фазилати Пешвои миллат» менависад: «Наврӯз ба дин тааллуқ надошта, аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми ориёӣ ба шумор рафта таърихи чандҳазорсола дорад…» [6,c.56].
Истоқлоли давлатӣ барои эҳёи сунатҳои миллии тоҷикон такони бузург бахшид. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали Сарвари давлат интихоб шудан (ноябри соли 1992) ба густариши забон, таърих ва фарҳанги миллат таваҷҷӯҳи хос зоҳир менамуд. Нахустин кӯшиши Роҳбари давлат ин ҷашнгирии 1100-солагии давлати Сомониён дар сатҳи байналмилалӣ дар шахри Душанбе соли 1999 буд. Сипас Сарвари давлат атрофи ҷаҳонишавии Наврӯз андешаронӣ ва тадқиқотҳояшро дар асари безаволи «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз «Ориён то Сомониён» идома дода менависад: «Имрӯз миллати тоҷик аз фарозу шеби таърих ва озмоишҳои сахту сангини садсолаҳо гузашта бошад ҳам, забони модарӣ, илму адабиѐти оламгир, асолати таърихию фарҳангӣ ва ҳуввияти миллии хешро нигоҳ доштааст, ки аз ҳамон ҷавҳари гуманистии тамаддуни ориѐӣ ва дастовардҳои пурарзиши тамаддуни ислом ғизо мегирад [7,c.31]». Пешвои миллат аввалин шуда дар байни давлатҳои Шарқ ҳавзаи нави фарҳангии Наврӯзро созмон дода, муштарак бо Анҷумани форсизабонони ҷахон, давлатҳои Покистон, Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон ва давлатҳои Осиёи Миёна дар муҳити нави фарҳангӣ Наврӯзро ҷашн гирифтанд. Кӯшишҳои пайвастаи Пешвои миллат натиҷаҳои самарабахш ба бор овард. Наврӯзи тоҷикон тавонисит, ки муҳити нави таҳаммулпазирӣ ва тантанаи саодатро дар сарсари ҷаҳон ба вуҷуд оварад.
Ҳамин буд, ки бо ташаббусҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 19 феврали соли 2010 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаеро қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуд.
Иди Наврӯз соли 2009 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид расман ба феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси башарияти фарҳанги ҷаҳонӣ дохил гардид.
Истиқболи Иди байналмилалии Наврӯз баъд аз қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кулли кишварҳои ҷаҳон дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э., полковникҳои милитсия
Адабиёт:
1.Вамбери А. Очерки Средней Азии. М.,1868.- С.318-319.
2.Павлов А. История Туркестана. Ташкент,1910.- С.11.
3.Эмомалӣ Раҳмон. Забони миллат - ҳастии миллат. Душанбе, 2016.-С.14.
4. Маҳкамов С. Ориёиҳо ва корнамоии онҳо. Душанбе, 2006.- С.18.
5. Абурайҳони Берунӣ. Осор-ул-боқия. Душанбе, 1990.- С.236.
6. Раҳимзода Р.Ҳ. Фазилати Пешво. Душанбе, 2019.- С.56.
7.Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён. Душанбе,2016.- С.31.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...