Пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна ҳаракатҳои бегона яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа дар Паём
Ҷаҳони муосир пур аз мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, ки яке аз сабабҳои он афзудан ва густариш ёфтани терроризм, экстремизм, сепаратизм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо мебошад. Мутааcсифона, дар кишвари мо низ чунин омилҳоро мушоҳида кардан мумкин аст.
Мусаллам аст, ки дини мубини ислом ҳама гуна зуҳуроти экстремизм, терроризм, душманӣ, адоват, ҷанг ё задухӯрдҳоеро, ки нерӯҳои экстремистӣ ва террористӣ ба он даъват мекунанд, қатъиян маҳкум менамояд. Дар тафаккури доираи муайяни мардуми Ғарб чунин ақида ҷой гирифтааст, ки гӯё ифротгароӣ хоси табиати ислом бошад. Чунин муносибат ба мардуми мусулмон, ки аз уқёнуси Ҳинд ва Ором то уқёнуси Атлантика маскунанд ва панҷяки аҳолии сайёраро ташкил медиҳанд, аз рӯи инсофу адолат нест. Дини ислом ба монанди динҳои дигар инсониятро ба таҳаммул ва тараҳум ҳидоят намуда, ҳама гуна зӯроварӣ ва кушторро манъ месозад.
Дар баробари терроризм дар бисёр кишварҳои ҷаҳони муосир амалиётҳои экстремистӣ ба амал омада, боиси ташвиш гардида истодааст.
Дар ҷаҳони муосир ва замони пурихтилоф ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо амалҳои тундравона амалӣ созанд.
Гурӯҳҳои ифротгарову созмонҳои терористӣ ҳамчун як хатари бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ амнияту суботи аксари кишварҳои мусулмоннишинро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор додаанд. Ин гурӯҳҳои хунхор тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавононро ҷалб карда, ҳаёти онҳоро зери хатар мегузорад. Бинобар ин, дар шароити пешомада, танҳо сафарбарсозии тамоми имкониятҳои моддиву маънавӣ ва ба роҳ мондани набарди умумимиллӣ метавонад ҳамчун мубориза бо ин тафаккур бошад.
Сарвари давлат дар баромади худ ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон низ таваҷҷуҳ зоҳир карда, иброз намуданд, ки солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Сарвари давлат тамоми паҳлуҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва робитаҳои хориҷии ҷумҳуриро мавриди таҳлилу баррасӣ ва натиҷагирӣ дар ин самт қарор доданд.
Пӯшида нест, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои тундрав то ҳол ба назар мерасад. Ин моро ҳушдор медиҳад, то ба хулоса биёем ва дарк намоем, ки омилҳои барангезандаи кинаву адовати динӣ ва ҳамзамон, миллию маҳаллӣ дар ҷомеаи мо то ҳол пурра решакан нашудаанд.
Имрӯз ҳар як фарди ҷумҳурӣ бояд дарк намояд, ки ошкору бартараф намудани зуҳури ин гуна амалҳои номатлуб натанҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест, ҳамчунин, вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди бономуси миллат мебошад. Мо хуб дарк мекунем, ки дар як қатор давлатҳо идома доштани ҷангҳои харобиовар боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани муаммоҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд.
Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри ХХI табдил ёфтааст.
Бинобар ин, тамоми қишрҳои ҷомеаро зарур аст, ки дар самти мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ дастаҷамъона ва беамон мубориза барем.
Бояд ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надода масъулияти худро барои пойдории суботи кишвар донанд.
Раванди ба гурӯҳҳои ифротӣ пайваст шудани ҷавонон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон нишон медиҳад, ки насли нави ифротгароён ва хусусан пайравони гурӯҳи терористии ба ном «Давлати исломӣ» роҳҳои наву пуртаъсири таблиғу ташвиқро дар байни ҷавонон ба роҳ мондаанд. Бояд қайд намуд, ки ҳамин равиши таблиғотии соддаву таъсирнок ва истифодаи васеъ аз воситаҳои муосири иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз омилҳои шомил шудани бештари ҷавонон ба ин гурӯҳ ба шумор меравад.
Бояд қайд намуд, ки умуман, набард бо ҳунару фарҳанг, ҷанг бо мактабу маориф, душманӣ бо илму огоҳӣ, нафрат ба таъриху тамаддун ва зиддият ба рушду ободӣ як ҷузъи унсурии моҳияти гурӯҳҳои ифротгарои динӣ мебошад. Онҳо таълимоти исломиро аз фарҳанг, аз ҷумла фарҳанги исломӣ ҷудо карда, онро аз арзишҳои олитарине чун илм, огоҳӣ, раҳм, шафқат, ҳамзистиву таҳаммулпазирӣ, некиву зебоӣ, созандагӣ ва ғайра холӣ мекунанд, ки бо таълимоти асили исломӣ мувофиқ нест. Гарчи маҳкум кардани фарҳангу тамаддунҳо дар назария ва таълимоти ифротгароён ҷойгоҳи марказӣ дорад, аммо таҷрибаи амалии ҳокимияти онҳо дар нуқтаҳои гуногуни ҷаҳон моҳияти зиддифарҳангӣ ва зиддитамаддуниӣ доштани онҳоро комилан рӯшан сохтааст.
Гурӯҳи ифротгарои Толибони Афғонистон баробари ба ҳокимият расидан дар соли 1996 ба нобудсозии пайвастаи тамоми осори ҳунарӣ, таърихӣ ва тамаддунии ҳудуди ин кишвар оғоз намуд. Инчунин гурӯҳи ифротгарои динии «Боко Ҳарам» ва «Аш-Шабоб», ки дар кишварҳои Нигерия, Сомалӣ ва Малӣ фаъолият доранд, соли 2011 пас аз ишғоли шаҳри таърихии Тумбакту қисми зиёди китобҳо ва дастхатҳои нодир дар Африқоро хароб ва аз байн бурданд. Мавриди зикр аст, ки омӯхтани сабабҳои воқеии гароиши мардум ва хусусан ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ хеле муҳим аст. Ба ҳамагон маълум аст, ки ин гароиш дар таркиби худ омилҳои ақидатӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дорад ва омӯзиши он низ фақат бо воситаи ҷамъи коршиносони воқеӣ имконпазир аст. Хуб мешуд, дар ин самт нақши ҳар як омил дар шомилшавии ҷавонон ба ин гурӯҳҳои номатлуб аз тариқи илми муосир маълум карда мешуд.
Барои ҳар ҷавон лозим аст, ки аз ин гуна гурӯҳҳои ифротӣ эҳтиёт карда, фирефтаи даъватҳои бардурӯғи онҳо нагардад. Балки барои ҳимояи амният, Ваҳдати миллӣ, Истиқлоли давлатӣ, арзишҳои миллӣ ва сулҳу суботи мамлакат кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Сулаймонзода Рустами Неъматулло, муаллими калони кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия