Баланд бардоштани сатҳи маърифтнокии мардум дар партави Паёми Пешвои миллат
Дар раванди тағйироти демократӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбияи шахс ва баланд бардоштани сатҳи маърифтнокии мардумро маҳаки фаъолияти хеш қарор дода, тавассути оила ва сохторҳои давлатӣ онро ба анҷом расонида, дар баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ ва маърифтнокии мардум кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳад. Ин иқдоми наҷибона дар самти амалигардонии сиёсати давлатии тарбия, консепсияи миллии тарбия нақши муҳим мебозад. Масалаи тарбия-ҳамчун рукни муҳими давлатдорӣ баромад карда, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба он таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Маърифатнокии мардум аз соҳаи маориф огоҳ мегардад. Дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ аз 23 декабри соли 2022 зикр гардид, самти рушди соҳаи маориф ва илми кишвар мебошад. Албатта, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, алалхусус, соҳаи илму маориф ҳамеша дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Возеҳ аст, ки маориф ба ҳайси яке аз ниҳодҳои муҳимтарини иҷтимоӣ, таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷомеаи ҷаҳониро ба вуҷуд овардааст. Зеро, роҳи наҷот аз буҳронҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, ки метавонад таъсири манфии хешро ба бор оваранд, маҳз аз низоми мукаммал ва фарогири маориф ва илм вобастагӣ доранд.
Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ва илмро самти афзалиятнок эълон намуда, онро барҳақ омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат номидааст. Бо ҳамин далел Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду инкишофи бемайлони маориф ва илм, сатҳу сифати донишомӯзии хонандагону донишҷӯён дар ҳама зинаҳои таҳсилот, сифати омода намудани кадрҳои баландихтисос таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Миллати бомаърифат ҳамеша хостори рушду болидагии ватани хеш буда, дар ин зимина насли давронсозро барои фаро гирифтани донишҳо ҳидоят мекунад. Пешвои миллат ҳамеша ба соҳаи маориф ва илм афзалият медиҳанд ва ин матлаб дар Паёми имсола низ мушоҳида гардид. Аз ҷумла таъкид карда шуд, ки «…мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад.Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад».
Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактаб, аҳли илму маориф, алалхусус омӯзгорро чун шахси мафкурасози миллат номида, дар ҳама кору пайкор, ҳолатҳои тақдирсозу душвор, ниятҳои наву таърихӣ ва ҳалли муҳимтарин масоили ҳаёти сиёсию фарҳангӣ аз фикру ақида, хулосаҳои илмӣ, донишу таҷриба ва таклифу пешниҳодҳои онҳо самаранок истифода менамояд.Дар ин замина, таъкид карда шуд, ки “...мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад.Пешвои муаззами миллат хосатан таъкид намуданд, ки “...фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад. Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад”.
Ҳақ ба ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки фармудаанд: «Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст». Яъне, омӯзгор дар раванди таълиму тарбия баробари падару модар нақши асосӣ дорад ва ҳамчун роҳнамои маънавӣ барои ба камол расонидани насли шоистаи миллат, масъул аст. Бо ин мақсад, масъалаи таҳлили муфассали вазъи инфросохтори соҳаи маориф ва илми кишвар дар Паём баррасӣ гардида, таъкид карда шуд, ки дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардидааст.Зикр карда шуд, ки дар ин давра 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда ва дар 31 соли истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд.Ҳолати мазкур бо 70 соли даврони Шуравӣ қиёс карда шуда, қайд карда шуд ки дар замони шуравӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд. Аммо масъалаи мазкур аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ҳоло ҳам басанда набуда ҳисобида шуд.
Таҳлили дигаре, ки дар Паём сурат гирифт, фарогирии теъдоди муҳассилини ҳама зинаҳои таҳсилот дар даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошад. Вобаста ба ин зикр карда шуд, ки «…шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва хонандагони онҳо беш аз ду баробар, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 1,6 баробар ва донишҷӯёни ин зинаҳои таҳсилот сеюним баробар, мактабҳои олӣ чор баробар ва донишҷӯён зиёда аз се баробар афзудааст».
Самти дигари баланд бардоштани маърифатнокии мардум ин ба пешрафти илму фарҳанг робитаи зич дорад. Моҳияти илм дар ҷомеа ва сохтори давлатдорӣ барои пешрафт ва тараққиёти соҳаҳои зиндагӣ мусоидат намуда, дар ташаккули инсон, кашфу ихтироот ва роҳандозӣ намудани навоварӣ нақши калидӣ дорад. Маҳз пешрафти илм ва инкишофи он дар ҷомеа барои ҳалли мушкилоти ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ хизмат мекунад. Мисоли равшани гуфтаҳои мазкур дар таҷрибаи ҳаёти инсонӣ собит гардидааст. Бо назардошти нақши илм дар рушди ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар дар Паёми имсола таъкид гардид, ки “...бо истифода аз имкониятҳое, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат фароҳам оварда истодааст, муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олӣ бояд бо роҳи анҷом додани кашфиёту ихтироот, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва техникаву технологияҳои муосир дар рушди минбаъдаи иқтисоди миллиамон саҳми фаъолтар гузоранд.
Ба даст овардани истиқлоли давлатӣ шароит фароҳам овард, то ки барои рушду тараққиёти илмҳои гуногуни замон заминаи боэътимод гузошта шавад. Маҳз бо иқдому ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи неруи зеҳнӣ, рушди илм дар тамоми соҳаҳои ҳаёт корҳои зиёду назаррас анҷом дода шуданд. Таъсиси муассисаҳои таълимӣ, донишкадаву донишгоҳҳо, институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ, коллеҷу литсейҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки миллати фарҳангпарвари тоҷик анъанаҳои аҷдодии худро идома дода, дар таъриху адабиёти ҷаҳонӣ нақши худро гузоштааст. Лозим ба ёдоварист, ки Пешвои миллат ҳамчун шахсияти барҷаста ва олими ҳамадон дар паёмҳои худ дар солҳои охир ба масъалаи омӯхтани донишу маърифат, фарҳангу маънавиёт ва аз худ намудани таҷрибаи давлатҳои пешрафта таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои рушди илмҳои муосир ва дар сатҳи баланд ба роҳ мондани таълиму тарбия дастуру супоришҳо медиҳанд.Қайд кардан зарур аст, ки имрӯз бидуни мутахассисони барҷаста ва технологияи пешрафта наметавон соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, бахусус саноату иқтисодро тараққӣ дод. Ба ин хотир ҳамасола барои рушду инкишофи соҳаи илм аз буҷети давлат маблағҳои зиёд ҷудо карда мешаванд, то шароиту имкониятҳои хуби касбу ҳунаромӯзӣ ва таъмини ҳамоҳангии илм бо истеҳсолот таъмин карда шавад.
Яке аз масъалаҳое, ки дар Паём баррасӣ гардид, таҳлилу баррасии ҳолати имрӯзи илм дар кишвар мебошад. Зикр карда шуд, ки “...вазъи имрӯзаи илми кишвар тақозо менамояд, ки ҷиҳати ба равандҳои ҷаҳони имрӯза мутобиқ намудан ва тибқи талаботи замони муосир ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ тадбирҳои муассир андешида шаванд. Вобаста ба ин, вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро вазифадор гардиданд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо тавассути роҳандозии барномаҳои таълими касбу ҳунарҳои муосир ва васеъ ҷорӣ намудани омӯзиши амалии донишҷӯён бо роҳи пайванди илм ва истеҳсолот ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати омодасозии мутахассисони соҳаҳои саноат ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, инчунин, иқтисоди рақамӣ тадбирҳои судмандро амалӣ созанд. Ҳамзамон бо ин, вобаста ба таъсиси донишгоҳҳои муштарак бо давлатҳои пешрафтаи дунё оид ба омӯзиши илмҳои муҳандисиву технологӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд. Албатта, ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва робитаҳои академӣ миёни муассисаҳои олии касбӣ бо кишварҳои пешрафта, имкон медиҳад, ки ҳадафҳои зикргардида дар самти мазкур, тадбиқи амалии худро дарёбанд.
Ташакули инсони ҳамчонбаи «шахсияти инкишофёфта, тарғиби тарзи хаёти солим ва тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносиву худогохи миллӣ, ватандустиву ватанпарварӣ ва эхтиром ба арзишҳои неку созандаи милливу умумибашарӣ, аз ҷумла ҳадафхои муҳими сиёсати ичтимоии давлат ба шумор меравад» - қайд намуда буд, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16 ноябри соли 2013.
Қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ ба ин масъала такони бузург бахшид .Аз ҷониби омӯзгорон, оила ва аҳли ҷамоатчигии кишвар чунин намудҳои тарбия амалӣ карда мешаванд;
-Тарбияи касбӣ;
-Тарбияи ахлоқӣ;
-Тарбияи ҳуқуқӣ;
-Тарбияи ватандӯстӣ ва инсондӯстӣ;
-Тарбияи эстетикӣ;
-Тарбияи экологӣ;
-Тарбияи ҷисмонӣ;
Дар Оинномаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Мақсадҳои тарбиявии Академия ҳамчун муассисаи олии махсус, аз талаботи фаъолияти касбии МКД бар меояд, онҳо дар фаъолияти таълимӣ, илмӣ, хизматӣ ва фаъолияти ҷамъияти илмии шунавандагон амалӣ мегарданд».
Дар маҷмӯъ баланд бардоштани сатҳи маърифтнокии мардум дар Паёми Пешвои миллат яке аз мавзӯъҳои мубрам ва марказӣ буда, дар тарбия ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардум, алалхусус кормандони мақомоти корҳои дохилӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол тадбирҳои мушаххаси бунёдӣ меандешад.
Фахриддинзода Ҳ.С., омӯзгори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумхурии Тоҷикистон, капитани милитсия