Матбуоти тоҷик - инъикосгари ҳаёти Тоҷикистони соҳибистиқлол
1
1 март рӯзи нашри нахустин рӯзномаи тоҷикӣ «Бухорои шариф» маҳсуб меёбад. «Бухорои Шариф» аввалин нашрияе мебошад, ки дар қаламрави Осиёи Миёнаи тоинқилобӣ пурра бо забони тоҷикӣ ба табъ мерасид. Ин рӯзнома як соли пурра ҳам фаъолият накард, зеро баъди нашри шумораи 153-юм - 2 январи соли 1913 баста шуд. Аммо «Бухорои шариф» тавонист дар ин муддати кӯтоҳ дар фазои торики Аморати Бухоро афкору андешаҳои тозаи маорифпарваронаро миёни мардум шарҳу тавзеҳ диҳад ва ҳадафҳои таъсису фаъолияташро, ки босаводу соҳибмаърифат, забондону адабиётдӯст ва худшиносу ояндабин кардани мардум буд, амалӣ намояд. Инкишоф ва рушди ҳаёти ҷамъиятии ҳеҷ як давлат ва миллатро бидуни матбуоти даврӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Матбуоти тоҷик - инъикосгари ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангию варзишии ҷомеа мебошад. Бо ташаббуси ҷадидони Бухоро аввалин рӯзномаи форсии тоҷикӣ “Бухорои Шариф” санаи 11-уми марти соли 1912 дар матбааи хусусии тоҷири яҳудитабор Л.Н.Левин, воқеъ дар шаҳраки Когони Бухоро нашр гардид. Рӯзнома дар матбааи Когон бо ташаббуси равшанфикрони машҳури тоҷик — тоҷир ва миллионери Бухоро Мирзо Муҳиддин Мансуров (Мансурзода) (1862 – 1934) ва шоир, сайёҳ, ҳаким, публитсисти бухороӣ Мирзо Сироҷи Ҳаким (1877 — 1914) чоп шуда буд. Муҳарририи рӯзнома ба уҳдаи яке аз донишманди забону адабиёти форсии тоҷикӣ, адиб ва журналисти маъруф Мирзо Ҷалол Юсуфзода (1862 — 1931), ки ӯро аз Боку ба Бухоро даъват кардаанд, гузошта шуда буд. Матбуоти тоҷик роҳи тӯлонии таърихиро паси сар намуда, дар барқарорсозии Ҳукумати Шӯравӣ, солҳои Ҷанги бузурги ватанӣ (1941-1945), солҳои барқарорсозии хоҷагии халқ, рушди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, давраи бозсозӣ (1985-1990) ва ниҳоят давраи ба даст овардани Истиклоли давлатиро паси сар намуд.
Бахусус дар давраи Истиқлоли давлатӣ бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воситаҳои ахбори омма хеле рушд намуданд. Аз соли 1959 ин ҷониб боз Иттифоқи журналистони Тоҷикистон амал намуда, Ассосиатсияи воситаҳои мустақили омма, Академияи воситаҳои ахбори омма маҳз дар давраи Истиқлол таъсис дода шуд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ зиёда аз 300 рӯзномаи даврӣ, то 200 сомонаҳои интернетии иттилоотӣ, Агентиҳои гуногуни иттилоотӣ, чандин шабакаи телевизионӣ ва радиои давлатӣ таъсис дода шудаанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 90 телевизион ва радиои давлативу хусусӣ ва студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ фаъолият менамоянд. Аз ин шумора 14 телевизиони давлатӣ, 10 радиои давлатӣ, 33 телевизиони хусусӣ, 22 радиои хусусӣ ва 12 студияи истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ мебошанд. Дар аввали соли 2020 фарогирии аҳолӣ бо барномаҳои шабакаҳои давлатии телевизионӣ дар пахши рақамӣ 65,8%-ро ташкил медод, то охири соли 2020 ин нишондиҳанда ба 72% расонида шуд. Фоизи фарогирии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаҳои шабакаҳои телевизион ва радиои давлатӣ дар пахши заминии ғайриодӣ (аналогӣ) чунин аст: “Телевизиони Тоҷикистон”-99,72%, “Телевизиони Сафина”-92,70%, “Баҳористон”-89,01% ва “Ҷаҳоннамо”-78,96%. Фоизи фарогирии аҳолӣ бо барномаҳои давлатии радио дар мавҷи FМ -“Радиои Тоҷикистон”-88,60%, “Овози тоҷик”-57,90%, “Садои Душанбе”-65,80% ва “Фарҳанг”-59,87% мебошад. Ҳукумати Тоҷикистон дар фарогирии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаҳои шабакаҳои телевизионӣ ва радиои давлатӣ, дастрасӣ ба матбуоти даврӣ ва Интернет чорҳои мушаххаси тақвиятдиҳанда мебахшад. Шабакаҳои телевизионӣ ба формати рақамӣ гузаронида шуда, ба моҳвора пайваст мебошанд,ки ҳамватанони бурунмарзии мо низ аз онҳо истифода мебаранд. Аксари рӯзномаҳо платформаи интернетӣ ва сомонаҳои худро доро мебошанд.
Дар Вазорати корҳои дохилӣ низ ба рушди матбуот бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ аҳамияти хоса дода мешавад. Дар ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази матбуот, Сомонаи расмии интернетӣ бо 3 забон, Студияи телевизионӣ, Ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа», маҷаллаи байнидавлатии «Наркофронт» амал менамоянд. Марказҳои соҳавии матбуот дар ҳамаи Раёсатҳои ВКД таъсис дода шуда, дар Акдемияи ВКД рӯзномаи «Набзи милитсия» нашр гардида, Радиои дохилӣ ва Студияи телевизионӣ амал менамояд, ки ҳаёти курсантону омӯзгоронро пайваста инъикос менамояд.
Ҳамаи ин дастовардҳо шаҳодати он мебошад, ки ВАО дар эъмори давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, арзишҳои миллӣ, таҳкими Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ нақши бориз доранд.
Иди матбуоти тоҷик ба Шумо муборак!
Асламов Б.С., Сафарова С.Н., Убайдуллоев Ш.Э., рӯзноманигорони Маркази матбуоти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон