Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Комёбиҳои натиҷабахш ва самараноки ҳадафмандонаи рушди энергияи барқӣ дар ҳошияи Паём

710

Мо таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ интихоб намуда, нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ - индустриалӣ ба индустриалӣ - аграрӣ амалӣ гардонида истодаем.
Эмомалӣ Раҳмон

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун ҳар вақта дар фазои сулҳу суботи давлатӣ ва мавриди рушд намудани тамоми соҳаҳои хоҷагидории мамлакат ва маҳаллӣ ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ироа гардид.
Дар Паёми навбатӣ Сарвари давлат қайд намудаанд, ки “Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд.Чунонки ба ҳама маълум аст, солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад. Аз ҷумла, дар панҷ соли охир таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инчунин, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон шиддат ёфта, яроқнокшавии бошитоб ва оғози марҳалаи «ҷанги сард» боиси халалдор шудани низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳо ва ба вуқӯъ омадани буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ гардид”.
Ба ҳамаи ин мушкилоти сиёсиву иқтисодии ҷаҳонӣ нигоҳ накарда давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз лиҳози сиёсӣ, иқтисодӣ, маърифатӣ ва фарҳангӣ бо азм ва кушишҳои бузурги Пешвои муаззами миллат мавриди рушд қарор дода шудааст. Ин аз он далолат менамояд, ки садоқатмандӣ ва шарафмандии Роҳбари давлат дар заминаи меҳнатҳои шоён амалӣ гашта, шохаҳои асосии давлат сол аз сол ба самти рушд раҳсипор гаштаанд.
Ин меҳнатҳои шарафмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат буданд, ки рушди иқтисоди миллӣ соли 2022 дар сатҳи 8 фоиз таъмин карда шуд. Ва чуноне, ки дар Паёми имсола Сарвари давлат қайд намуданд: “Дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид. Музди миёнаи меҳнат дар кишвар якуним баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,3 баробар афзоиш ёфт. Дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд. Дар ин давра беш аз 900 ҳазор, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуд, ки ба беҳтар гардидани вазъи шуғли аҳолӣ дар кишвар мусоидат намуд. Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,1 миллиард сомонии соли 2018 то 14,7 миллиард сомонӣ дар соли 2022 ё 62 фоиз зиёд гардид. Дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард. Дар давраи зикршуда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст. Дар 31 соли истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Ҳол он ки дар 70 соли замони гузашта ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд.”
Амалӣ гаштани чунин комёбиҳои натиҷабахш ва самараноки ҳадафмандонаи давлатӣ дар асоси Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2030 роҳандозӣ гардидаанд. Ба вуқуъ омадани пешрафти тамоми шохаҳои давлатӣ аз имкониятҳои муҳаёнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаҳои гуногуни хоҷагидории давлатӣ маҳсуб меёбад. Яке аз соҳаҳои муҳими рушдиҳандаи хоҷагидории давлатӣ ин соҳаи энергетика ва маъмулан таъмини барқ ба сохторҳои давлатӣ ва иҷтимоии кишвар маҳсуб меёбад.
Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ки дар марҳилаҳои рушди иқтисоди миллӣ қарор дорад, ба давлати мо пеш аз ҳама амалисозии ташаккулёбии соҳаи барқ, аз ҷумла, иқтисодёти аз ҷиҳати экологӣ бехатар, яъне иқтисоди сабз аз тарафи давлату ҳукмат мавридӣ баррасӣ қарор дода шудааст. Ҳукумати кишвар тамоми захираву имкониятҳоро барои таҷдиди сохтор ва бунёди инфрасохтори иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, ҳалли масъалаҳои марбут ба соҳаи обтаъминкунӣ ва энергетика, махсусан бо истифода аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва ҷорӣ намудани «иқтисоди сабз» равона мекунад, ки он барои фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, рушди бахши хусусӣ ва волоияти қонунро дар мадди аввал мегузорад.
Дар шароити ҳозираи иктисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон нерӯи барқ ҳамчун яке аз соҳаи асосии энергетика дар баробари дигар соҳаҳои хоҷагӣ, низоми муҳими тараққиёти хоҷагии халқ ба шумор меравад. Ташаккул ва рушди низоми энергетикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, албатта, ба беҳтар шудани амнияти иқтисодии кишвар таъсири босубот мерасонад. Низоми энергетикӣ ин маҷмӯи тамоми захираҳои энергетикии ба ҳам алоқаманд мебошад, ки усулҳои истеҳсоли қувваи барқ ва энергияи гармӣ, табдилдиҳӣ, тақсимот ва истифодаи энергия, инчунин таъмини истеъмолкунандагонро бо энергия ба роҳ мемонад. Низоми энергетикӣ дар худ системаҳои барқӣ, системаҳои гармидиҳӣ, системаҳои таъминоти нафт, системаҳои алтернативии барқароршавандаи энергия, системаҳои таъминоти газ, системаҳои истихроҷи ангишт, системаҳои энергетикии атомиро дар бар гирифта дар шароити муосири амнияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалият ба низоми энергияи барқӣ дода мешавад.
Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола қайд намуданд: “Тоҷикистон яке аз давлатҳои дорои захираҳои бузурги истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза мебошад. Чунонки борҳо таъкид кардаам, ҳоло 98 фоизи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад ва аз рӯйи ин нишондиҳанда, яъне фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» кишвари мо дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд. Аз рӯйи кам будани ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ низ Тоҷикистон дар яке аз ҷойҳои баландтарин қарор дорад. Дар сурати истифодаи нерӯи барқи «тоза»-и дар кишвар истеҳсолшаванда дар воситаҳои нақлиёти барқӣ метавон талаботи мамлакатро аз маҳсулоти нафтӣ коҳиш дода, ба ин васила ба ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат мусоидат намуд”.
Вобаста ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Перзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон бунёди манбаъҳои энергияи таҷдидшаванда, аз ҷумла иншооти гидроэнергетикӣ, рушди иқтисоди сабзро ҳамчунин фаъолияти бемонеаи шабакаҳои нақлиётӣ ва ҳамлу нақли миллию минтақавиро аз шартҳои асосии рушди устувори ҷаҳонӣ шуморидааст.
Дар заминаи таъмини аманияти экологӣ ва вусъат намудани энергияи сабз Сарвари давлат ба вазорату идора ва сохторҳои дахлдор чунини супориш доданд:
• ҷиҳати дар дохили кишвар ба роҳ мондани истеҳсоли воситаҳои нақлиёти барқӣ тадбирҳои мушаххас андешанд;
• ҷиҳати таблиғу муаррифӣ кардани бартарии экологии маҳсулоти саноатии бо истифода аз «энергияи сабз» истеҳсолгардидаи кишвар зарур аст, ки корхонаҳои ватанӣ барои гирифтани сертификати «истеҳсоли сабз» аз мақомоти махсусгардонидашудаи байналмилалӣ чораҷӯӣ намоянд;
• Вазорати энергетика ва захираҳои об ва Ҷамъияти саҳҳомии «Ширкати тақсимоти барқ»-ро зарур аст, ки татбиқи босифату саривақтии лоиҳаҳои кам намудани талафоти неруи барқро ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ ва насби беш аз 800 ҳазор ҳисобкунаки барқиро дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар муҳлатҳои муқарраршуда ва бо сифати баланд таъмин намоянд;
• Вазорати энергетика ва захираҳои об, ҳамчунин, вазифадор карда мешавад, ки якҷо бо ширкату корхонаҳои соҳа барои таъсис додани низоми ягона ва мутамаркази биллингӣ, насби ҳисобкунакҳои зеҳнӣ ва ба ин васила то охири соли 2025 то сатҳи 9 фоиз паст намудани талафот ва ҷамъоварии пурраи маблағи барқи истифодашуда, инчунин, истифодаи самараноки захираҳои мавҷудаи соҳа чораҳои фаврӣ андешад;
• Дар баробари ин, таъкид менамоям, ки мардуми шарифи кишвар бояд маданияти истифодаи нерӯи барқ, яъне сарфакориро риоя кунанд ва тавассути истифодаи таҷҳизоти каммасраф ва паст кардани талафот самаранокии истифодаи онро таъмин намоянд.
• Бо дарназардошти имконияту захираҳои «энергияи сабз» дар кишвар, вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Академияи миллии илмҳо бо таъсиси гурӯҳи кории байниидоравӣ масъалаи имконият ва дурнамои рушди энергетикаи водородӣ, яъне нерӯи гидрогениро ҳамаҷониба омӯхта, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳоди мушаххас манзур намоянд.
Аз инҷо бармеояд, ки тамоми заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натанҳо баҳри рушди иқтисоди миллӣ ва пешрафти сатҳи зиндагии ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон балки ба амнияти иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва ҷомеаи он равона гардонида шудааст.
Дар баробари ин, солҳои охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо институтҳои молиявию созмонҳои байналмилалӣ баҳри паст намудани таъсири дигаргуншавии иқлим ва роҳҳои мутобиқшавӣ ба он чанд лоиҳаро амалӣ менамояд. Дар ин замина миёни Вазорати молияи ҷумҳурӣ ва Намояндагии доимии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Созишнома дар бораи маблағгузории иловагӣ барои лоиҳаи «Идоракунии экологии замин ва беҳдошти воситаҳои зиндагӣ дар деҳот» ба имзо расидааст, ки аксарияти масоили мазкур бо роҳандозии иқтисоди сабз амалӣ карда мешаванд.
Вобаста ба ин, масоили мазкур муҳимияти хешро дар он таҷассум менамояд, ки яке аз роҳҳои наҷот додани сайёра аз фалокати экологӣ ва сабук гардонидани таъсири тағйирёбии иқлим интихоби «Иқтисоди сабз» мебошад.
Дар заминаи комёбҳои энергетикӣ ва ба истифода дода шудани неругоҳҳои барқӣ дар Паёми мазкур возеҳу равшан гуфта шудаанд, ки шарҳи мухтасари онро мутобиқи ҷадвали зерин нишон медиҳем.
КОРҲОИ ТАТБИҚСОЗ БАРОИ ИСТИҚЛОЛИ ЭНЕРГЕТИКӢ ВА
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ НЕРУИ БАРҚ ДАР СОЛИ 2022
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», 23.12.2022 12:30, шаҳри Душанбе
№ т/р Неругоҳҳои барқи обӣ Тавоноии НБ бо мегаватт (МВТ-КВТ) Маблағ бо сомонӣ
1. Таҷдиди «Сарбанд» ба охир расид; 270 1 млрд. 360 млн
2. Таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак» 3300 7 млрд.
3. таҷдиди «Қайроққум» 174 2 млрд.
4. Сохтмони неругоҳи барқи обии «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 11 612 млн.
5. Таҷдиди неругоҳҳои бодиву офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб ба маблағи умумӣ 180 квтс 170 млн.
6. баъди 50 соли фаъолият агрегати якуми неругоҳи «Норак» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд; 375 мегаватт
(+775 мегаватт) 800 млн.
7. Корҳои сохтмонӣ дар неругоҳи барқи обии «Роғун» 1-агрег.600 3,2 млрд.
8. Барои таъмиру таҷдиди шабакаҳои барқии кишвар дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ - 10,7 млрд.
9. 20 лоиҳа барои НБО - 17 млрд.
10. Талафоти барқ дар даҳ моҳи соли ҷорӣ бо фоиз 20,4 %
Зимни Паём баррасии ҷадвали мазкур аз ҷониби Сарвари давлат чунин арзёбӣ гардид: “Бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ дар идомаи корҳои дар солҳои соҳибистиқлолӣ баанҷомрасида ҳоло татбиқи боз 20 лоиҳа ба маблағи 17 миллиард сомонӣ идома дорад. Аз ҷумла имсол таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Сарбанд» бо тавоноии 270 мегаватт ба маблағи 1 миллиарду 360 миллион сомонӣ пурра ба охир расида, таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак» ба маблағи 7 миллиард сомонӣ ва «Қайроққум» ба маблағи умумии 2 миллиард сомонӣ, инчунин, сохтмони неругоҳи барқи обии «Себзор» ба маблағи 612 миллион сомонӣ дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва неругоҳҳои бодиву офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб ба маблағи умумии 170 миллион сомонӣ бомаром идома дорад. Бояд гуфт, ки баъди 50 соли фаъолият агрегати якуми неругоҳи «Норак» пас аз таҷдид бо харҷи беш аз 800 миллион сомонӣ бо тавоноии 375 мегаватт моҳи октябри соли 2022 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Бо пурра ба анҷом расидани корҳои таҷдиду азнавсозӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ бо таҷҳизоту технологияҳои муосир ба нерӯгоҳи «Норак» умри дубора бахшида шуда, иқтидори кории он иловатан 775 мегаватт зиёд мегардад.Инчунин, корҳои сохтмон дар неругоҳи барқи обии «Роғун» бомаром пеш рафта истодаанд. Бо ин мақсад дар соли 2022-юм 3,2 миллиард сомонӣ равона карда шуд. Дар баробари ин, бояд гуфт, ки солҳои охир талафоти техникии барқ ба вазъи молиявии ширкату корхонаҳои соҳа таъсири манфӣ расонида истодааст. Барои таъмиру таҷдиди шабакаҳои барқии кишвар дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 10,7 миллиард сомонӣ хароҷот шудааст. Вале талафоти барқ то ба ҳол нигаронкунанда буда, дар даҳ моҳи соли ҷорӣ 20,4 фоизро ташкил додааст.”
Таҳлили фаъолияти Ҳукумаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти такмил ва рушд додани соҳаи энергетика дар соҳаи барқ нишон дод, ки тамоми чораҳои зарурӣ нисбати роҳандозӣ намудани масоили мазкур, дида баромада шуда истодаанд.
Дар заминаи таҳқиқи сиёсати давлатии энергетикӣ дар соҳаи фаъолияти барқ оид ба мукаммалгардидани соҳаи мазкур барои рушди иқтисодиётии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳод менамоям:
-танзими меъёрҳои тарифҳои нерӯи барқ;
- баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории лоиҳаҳои энергетикӣ ва зиёд намудани ҷараёни маблағ ба буҷети давлатӣ;
- ташкили муколамаи пуршиддат бо воридкунандагони эҳтимолии нерӯи барқ;
- давом додани гуфтушунид бо мамлакатҳои ҳамсоя оид ба идоракунии ба ҳамдигар фоиданоки захираҳои об;
- баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ ва шаффофият дар бахши энергетика тавассути таҷдиди сохтори минбаъдаи ҶСК «Барқи Тоҷик»;
- ба сохтори алоҳида ҷудо намудани иншоотҳои тавлидкунанда, аз ҷумла хатҳои барқ аз 110 кВ;
- таъсиси се ширкати тақсимотӣ бо ҷалби эҳтимолии шахсони хусусӣ сармоягузорӣ;
- таҳияи ҳавасмандгардонӣ барои зиёд кардани истеҳсоли энергия бо истифода аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла иктишоф ва истихроҷи гази табиӣ, истихроч кардан ва кашондани ангишт барои аҳолӣ, такмил додан шабакаҳои барқӣ гармидиҳӣ.
- танзими давлатии назорати барқ;
- шаффофият ва дастрасии иттилоот ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- сарфакории истеъмоли қувваи барқ;
-такмили сиёсати сармоягузорӣ дар низоми энергетикаи Ҷумҳурии дар Тоҷикистон.
Хулоса, зикр намудан бомаврид мебошад, ки Паёми ироашудаи имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чун ҳар вақта баҳри рушду нумӯи давлати соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини амнияти он роҳандозӣ карда шудааст. Бо амалӣ шудани фаъолиятҳои ҳадафмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон энергияи барқӣ дар баробари дигар соҳаҳои хоҷагидорӣ такмил ва рушд хоҳад ёфт.
Нидоев П.Ф., муаллими калони кафедраи назарияи идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.и., дотсент.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...