Нақши занон дар партави Паёми Пешвои миллат
Мо ҳамеша ба нерӯи созандаи занону бонувони ватандӯсту ободгари кишвар такя мекунем ва нақши онҳоро дар устувор гардонидани оила, тарбияи шоистаи фарзандони баодобу соҳибмаърифат, инчунин, заҳмату талошҳои пайгиронаи онҳоро дар рушди мамлакат басо арзишманд мешуморем.
Эмомалӣ Раҳмон
Мо, бонувони тоҷик шоду саодатманд аз он ҳастем, ки дар чунин давлати озоду соҳибихтиёр умр ба сар мебарем. Соҳибихтиёрии давлат дар қатори сулҳу амонӣ ба мо мавқеъ ва обрӯ дод, ки аз ин дастовардҳо бо сари баланд мефахрем.
Муҳтарам Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ тамоми самтҳои асосии ҷомеаро таҳлил намуда, аз ҷумла оид ба мавқеи занон дар ҷомеа таъкидҳо намуданд. Натиҷаи ин ғамхориҳои Сарвари давлат аст, ки имрӯзҳо шумораи занон дар соҳаи маориф 73, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фисадро ташкил медиҳанд. Инчунин ба занону бонувон барои пешбурди кор ва фаъолияташон дар панҷ соли охир маблағи қарзӣ ба миқдори 12,1 миллиард сомонӣ пешниҳод шудааст ва ин бори дигар собит менамояд, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, ба бонувон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои татбиқи сиёсати давлатии занону духтарон ҷиҳати дастгирии моддиву маънавии онҳо тадбирҳои заруриро меандешанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки: «Мо, ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем». Ҳамин эътимоду боварӣ аст, ки имрӯзҳо бонувони тоҷик мавқеи худро дар ҷомеа соҳиб мебошанд ва дар баробари мардон дар сохторҳои қудратӣ ва дигар самтҳои фаъолияти давлатӣ хизмат мекунанд ва барои пешравии кишвар нақши калидиро мебозанд. Ҳар як Паёми Пешвои миллат ба мо бонувон нерӯи тоза бахшида, масъулияти моро дучанд менамояд. Мо бояд бо тамоми ҳастӣ дарк намоем, ки Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадру манзалати занро дар ҷомеа баланд арҷгузорӣ намуда аз ҳама ҷиҳат дастгирӣ менамояд. Шахсан дар Паёми имсолаашон қайд намудаанд, ки «Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем». Воқеан, имрӯзҳо бонувони кишвар дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, сиёсат, иқтисодиёту иҷтимоиёт, тандурустӣ, фарҳанг ва саноат саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд. Ҳамзамон дар ин баробар онҳо дар рушду нумуи оила низ нақши бузургеро доранд, ба тарбияи фарзандон машғул буда, аз самими қалб кӯшиш менамоянд, то ки насли ояндаро дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва меҳанпарастӣ ба воя расонанд. Сарвари давлат ин нуқтаро ба назар гирифта, қайд намудаанд, ки: «Мо, ҳамчунин, ба нақши зан – модар, ки мавҷуди муққаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад».
Қалби хоро ганҷро кон асту гавҳар зери об,
Кӯҳи мағруранд мардон, гавҳару дарё зан аст.
Маҳинаи Нуралӣ, муаллими кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия