Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муносибатҳои байналмилалӣ ва таҳлили вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон дар Паёми солонаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ

635

Муносибатҳои байналмилалӣ як низоми робитаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, дипломатӣ, ҳуқуқӣ, ҳарбӣ ва фарҳангӣ мебошад, ки байни субъектҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вуҷуд меоянд.

Гуногунрангии иштирокчиён, навъҳо ва роҳҳои ҳамкориҳои байни онҳо кишварро аз маркази муоширати байналхалқӣ берун карда ба табдили ин муошират аз “байналмилалӣ” (байнидавлатӣ) ба фаромиллӣ (аз болои кишварҳо ва бе иштироки онҳо) мусоидат мекунад. Барои бозингарони нав, ки теъдоди онҳо бешумор аст, марказҳои миллӣ вуҷуд надорад. Дар пеши назари мо ҷаҳони глобалӣ шакл мегирад, ки дар он тақсими сиёсат ба дохилӣ ва хориҷӣ аҳамияти худро гум мекунад.
Аз ҳамин хотир Паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат бо хусусиятҳои таҳлилӣ ва самтгирии муайян дар соҳаҳои мухталиф аз ҳамдигар фарқ мекунад ва ҳамчун раҳнамо ба тамоми мардуми кишвар хизмат менамояд.
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 дастури муҳиме барои ҷомеаи кишвар ба шумор рафта, муҳиммияти хосcаро доро мебошад. Дар баробари ин, дар Паёми солонаи Пешвои миллат масоили сохтори бунёдии муносибатҳои байналмилалӣ, инчунин таҳлили вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон яке аз мавзӯъҳои муҳим ба шумор меравад. Аз ин хотир Паём ҳамчун дастурамал дар татбиқ ва таъмини масоили мазкур ҳисобида мешавад.
Бояд зикр намуд, ки маҳз муроҷиат ва натиҷаи ироаи ҳамин ҳуҷҷати муҳими барномавӣ буд, ки дар асоси он сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дуруст ва дақиқ пайгирӣ гардида, дар натиҷаи татбиқи ин сиёсати хирадмандона, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2022 ҷиҳати рушди муносибатҳо бо шарикони анъанавӣ ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ тавсеа ёфтааст.
Вазъи сиёсиву иқтисодии дунё ҳамасола тағйир ёфта ҷаҳон дар арафаи таҳаввулоти азим қарор дорад. Бархурди манфиатҳо дар минтақаҳои нуфузи қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ паёмадҳои нохуше ба бор оварда метавонад. Сарвари давлат ҳамеша дар баромадҳои пурмуҳтавои хеш аз вазъи ноороми ҷомеаи ҷаҳони ҳушдор дода таъкид менамояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳед. Бо ҳамин мазмун Пешвои миллат дар таърихи 23-юми декабри соли ҷорӣ ба масоили сиёсиву иқтисодӣ руй оварда аз мураккаб гардидани вазъи он гуфта гузаштанд: «Чунонки ба ҳама маълум аст, солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад».
Роҳбари давлат ба нуқтаҳои ҳасоси мушкилоти ҷаҳонӣ ишора намуданд, ки дар воқеъ ин раванд метавонад таъсири ҷиддие ба назми ҷаҳонӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии кишварҳо, дошта бошад. Аз ҳамин лиҳоз, Пешвои миллат дар Паёми худ, чунин қайд намуданд: «Аз ҷумла, дар панҷ соли охир таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инчунин, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон шиддат ёфта, яроқнокшавии бошитоб ва оғози марҳалаи «ҷанги сард» боиси халалдор шудани низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳо ва ба вуқӯъ омадани буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ гардид».
Геополитика – ҳамчун сиёсати давлат, махсусан сиёсати хориҷӣ, асосан тавассути омилҳои гуногуни ҷуғрофӣ; ҷойгиршавии фазогӣ, мавҷудият ё набудани захираҳои муайяни табиӣ, иқлим, зичии аҳолӣ, суръати инкишофи он ва ғайраҳо муайян карда мешавад
Зимни ироаи Паёми худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 23-юми декабри соли 2022 вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳонро аз нигоҳи вазъи таъғирёбандаи геопалитикӣ ва бархурди манофеи қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ баҳо дода, аз ҷумла иброз намуданд: «Имрӯзҳо равандҳои геополитикӣ ҳамоно мураккабу печида боқӣ монда, боиси афзоиши мухолифату низоъҳо, шиддат гирифтани рақобат ва талоши кишварҳо барои тавсеаи нуфуз дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон гардидаанд. Ин ҳолат боиси ба миён омадани таҳдиду хатарҳои бесобиқаи амниятӣ гардида, дар маҷмӯъ, ба сохтори бунёдии муносибатҳои байналмилалӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад. Дар чунин шароит Тоҷикистон ба хотири таъмин намудани манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи арзишҳои анъанавии худ сиёсати хориҷии мутавозин ва санҷидаро идома медиҳад».
Ҳамзамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи Тоҷикистонро дар вазъи муракаби муосири геополитикӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода, самтҳои асосии сиёсати хориҷии кишварро барои соли 2023 баён доштан: «Дар ин замина, давлати мо азм дорад, ки дар асоси сиёсати «дарҳои кушода»-и хориҷии худ робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманду созандаи дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон тавсеа бахшида, рушд диҳад. Соли 2022 Тоҷикистон сисолагии барқарор намудани робитаҳои дипломатиашро бо аксари давлатҳои ҷаҳон таҷлил намуд. Идомаи робитаҳои фаъол ва рушду таҳкими маҷмӯи муносибатҳо бо шарикони стратегӣ, анъанавӣ ва боэътимод самти муҳимми сиёсати хориҷии моро ташкил медиҳад. Дар баробари ин, мо саъю талошро ҷиҳати таъмин намудани рушди устувор ва тақвияти рӯҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ, эътимод ва дӯстии пойдор дар минтақаи Осиёи Марказӣ идома медиҳем. Тоҷикистон ҳамкориҳои худро бо шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба ҳамчун узви фаъол идома хоҳад дод».
Яке аз сутунҳои асоси ва муҳими пешбурди сиёсати хориҷии кишвар ин робита бо сохторҳои байналмилалии молиявӣ аст, ки Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ аз рушди минбаъдаи он ишора намуданд: «Дар ин раванд, ҳамкории мо бо сохторҳои байналмилалии молиявӣ ва дигар шарикони рушд дар сатҳи баланд қарор дошта, минбаъд низ густариш дода мешавад».
Нақш ва мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо хатарҳои нави ҷаҳонӣ аз қабили мубориза бо терорризм ва экстремизми байналмилалӣ, ҷиноятҳои муташакили фаромиллӣ, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ назаррас аст, ки онро Сарвари давлат бори дигар ёдрас намуданд: «Тоҷикистон дар оянда низ дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи байналмилалӣ, аз қабили мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ, ҳамчунин, мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он саҳми босазо хоҳад дошт. Мо ҷонибдори ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ ва низоъҳои минтақавӣ бо роҳи муколама ҳастем ва аз тақвияти нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид дар ин раванд пуштибонӣ мекунем».
Боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар як шаҳрванди кишвар аст, ки ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста аз ҷониби СММ пазируфта шуда, ташаббуси панҷуми Тоҷикистон дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» қабул гардид, ки дар Паёми солонаи худ Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ гуфта гузаштанд: «Боиси қаноатмандист, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст. 14-уми декабри соли ҷорӣ Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул кард. Мувофиқи ин қатънома дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзуъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад. Мояи ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мост, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд. Воқеан, қабули ин қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад».
Пешвои миллат бори дигар миннатдории худро ба сохторҳои ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ яъне Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилаливу минтақавӣ барои дастгирии ташаббуси Тоҷикистон арзёби карданд ва куллӣ мардуми кишварро ба муносибати қабули ин қарори муҳими таърихӣ табрик намуданд.
Ҳамин тавр дар Паёми солонаи Пешвои миллат ба равандҳои нави геополитикӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ, ишора махсусе шуд, ки ин метавонад дар раванди амалисозии сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат нақши калиди бозад. Ҳамзамон мустаҳкамнамоӣ ва рушд додани шуури сиёсии мардуми кишвар метавон аз манфиат холи набошад. Бо тезу тунд шудани равандҳои нави геополитикӣ, диқати махсус ба амнияти миллӣ ва ҳамгироӣ бо кишварҳо ва созмонҳои ҳарбию низомӣ дода мешавад.
Роҳнамоии шаҳрвандон ба самти дурусти ҳимояи манфиатҳои миллӣ, огоҳ намудан аз хатарҳои муосири ҷаҳонӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ аз худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ шаҳодат медиҳад, ки боиси дастгирӣ ва омӯзиши ҳар як фардӣ бонангу номуси кишвар аст. Пешгӯӣ намудани равандҳои нави геополитикӣ хело душвор буда, аз даст надодани зиракии сиёсӣ вазифаи ҷонии ҳар яки мост.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми муайян намудани самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ба масоили рушди ҳамкориҳои дуҷониба, бисёрҷониба, минтақавӣ ва байналмилалиро, яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии кишвар арзёбӣ намуда, ба ин мавзуъ таваҷҷуҳи махсус медиҳанд. Зеро имрӯзҳо абарқудратҳо ва қудратҳои минтақавӣ дар талоши ҳимояи манфиатҳои худ буда бо сенарияҳои махсус, баҳри барҳам задани назми ҷаҳонӣ талош меварзанд. Ба хусус минтақаи Осиёи Марказӣ таҳти бархурди манофеи бозингарони ҷаҳонӣ қарор дорад, ки ин метавонад паёмади баде дошта бошад. Аз ҳамин хотир аз ҳар яки мо тақозо карда мешавад, ки ҳамаҷониба баҳри ҳимояи якпорчагиву ягонагии давлат, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва ҳимояи манофеи миллӣ муттаҳид шуда, Паёми Пешвои миллатро ҳамчун раҳнамо барои муайян кардани самтҳои фаъолияти сиёсати дохиливу хориҷӣ дониста, аз рӯи он амал намуд.
Омӯзгори кафедраи назарияи идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия Ҳалимзода Д.О.,
Дотсенти кафедраи назарияи идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Шарифзода В.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...