Фарҳанги оиладорӣ – рукни муҳими давлатдории миллӣ
(Бахшида ба 8-уми март - Рӯзи Модар)
Бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ аз 21 январи соли 2015 барои беҳдошти фарҳанги сунатии миллӣ, баланд бардоштани мақоми Зан-Модар дар ҷомеа, рушди таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ соли 2015-ро дар ҷумҳурӣ ҳамчун соли оила эълон карда буданд.
Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми декабри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки «Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд. Ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувону занон ташкил медиҳанд. Инчунин, бонувону занон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоиз мебошанд. Таъсиси грантҳои президентӣ ба густариши фаъолияти соҳибкории занону бонувон мусоидат намуд ва онҳо дар баробари беҳтар сохтани шароити оилавии худ ҳоло ба рушди иқтисоди кишвар низ таъсири назаррас расонида истодаанд.Соли 2022 ба зиёда аз 600 ҳазор занону бонувон аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ ба маблағи беш аз 3 миллиарду 400 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 2,4 баробар зиёд мебошад. Умуман, дар панҷ соли охир маблағи қарзи ба занону бонувон пешниҳодшуда 12,1 миллиард сомониро ташкил кардааст. Рақамҳои зикршуда гувоҳи равшани фаъол будани занону бонувон дар иқтисодиёти кишвар мебошанд. Дар 21 соли охир беш аз 504 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбиро хатм карда, соҳибкасб шудаанд.Аз ин ҳисоб 239 ҳазор нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ гардида, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил карда истодаанд.Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем».
Яке аз рукнҳои муҳими давлатдарӣ ин фарҳанги оиладорӣ мебошад. Оид ба ин рукни муҳим Сарвари давлат дар вохӯрияшон бо аҳли занону бонувони кишвар дар арафаи Иди Модар хеле суханҳои пурмуҳтаво гуфтанд. Аз ҷумла қайд намуданд, ки мо кишвари шарқ буда, ба худ одобу сунати миллӣ дорем, дар мо тоҷикон Зан-Модар ҳамчун арзиши муқаддас эҳтиром карда шуда, аз ҷониби давлат доимо қадрдонӣ карда мешавад. Занон дар баробари худ шавҳарони худро ҳамчун сарвари оила бояд эҳтиром ва қадрдонӣ намоянд. Зани тоҷик дар ҳамаи марҳилаҳои таърихӣ чун ориёӣ сари баланд дошта, бо либосҳои хоси миллии худ фахр намуда, чандин доҳиёну ноболиғони илму фарҳангу сиёсатро ба камол расонида, ин масъулияти бузургро то ҳоло бар души худ гирифтааст. Ҳар як оила гурӯҳи хурди иҷтимоӣ-психологӣ мебошад, ки муносибати боваринокро дар байни зану шавҳар, фарзандон ва калонсолони оила ба вуҷуд оварда, омили муҳими пешрафти ҷомеа солим гардад. Фаъолияти оила дар ҷомеа пеш аз ҳама ба амну суботи ҷамъиятӣ вобастагии зич дорад. Давлат кафили пойдории оила баромад менамояд. Мутаасифона аз сабаби надоштани фарҳанги оиладорӣ дар ҷаҳон ва қаламрави ҷумҳурӣ ақди никоҳҳои оилаҳои ҷавон дар мӯҳлати кӯтоҳ бекор карда мешаванд, ки бо вазъи рӯҳии аъзоёни он, хешовандони наздик ва умуман ҷомеа таъсиру оқибатҳои манфиро ба бор меоранд. Дар ҷомеа аз ҳисоби бекор кардани ақди никоҳ ИМА дар ҷои аввал меистанд. Дар аксари кишварҳои Ғарб фарҳанги гендерӣ ончунон пешрафтааст, ки мақоми мардонро чун сарвари оила суст намуда, ҳатто бекор кардааст.
Дар давлатҳои Ғарб аллакай чандин сол аст, ки никоҳи ҷудогона амал карда зану мард дар хонаҳои алоҳида зиндагӣ карда, аз тарбияи фарзандон дур монданд. Қисмате аз занон дар кишварҳои алоҳидаи ҷаҳон аз таваллуди кӯдак даст кашида мехоҳанд, ки бо роҳи сунъӣ соҳиби фарзанд гарданд. Бордоршавии сунъӣ албатта оқибатҳои ахлоқӣ ва равонии худро соҳиб аст. Никоҳи хешутаборӣ низ ҳамчун падидаи манфии ҷомеа оқибатҳои ногуворро ба бор меорад, ки дар мақолаҳои гузашта ба ин масъала рӯшанӣ андохта шуда буд.
Фарҳанги ҷомеа албатта аз фарҳанги оиладорӣ оғоз мегардад. Фарҳанги оиладорӣ пеш аз ҳама ба фарҳанги худи ҷомеа, аъзоёни он вобастагии зич дорад. Фарҳанги оиладорӣ чи тавре, ки Сарвари давлат дар Иди Модарон қайд намуд, ин ба маърифати аъзоёни он вобастагии зич дорад. Маърифати оиладорӣ пеш аз ҳама ба дараҷаи саводнокӣ вобастагии зич дорад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз сабаби надоштани донишҳои казоии таҳсилотӣ, дур будан аз таълиму тарбия никоҳи аъзоёни оилаҳои ҷавон бекор карда мешаванд ва баъд аз пушаймонӣ онҳо баъдан ба таҳсилот рӯ оварда, соҳиби касбу ҳунари зарурӣ мегарданд. Ҷунин муносибат мутаасифона ба миллати мо низ хос аст, ки аз сабаби зоҳирпарастӣ, бегонапарастӣ ба дигар тамадунҳои ба мо хос набуда, ҷавонон хеле бармаҳал, ки аз нигоҳи ахлоқӣ ва равонӣ барои бунёди оила пайёр нестанд, оиладор мешаванд. Ин пеш аз ҳама костагии фарҳанги оиладорӣ мебошад. Дар фарҳанги оиладорӣ сину сол, дараҷаи маълумот, касбу ҳунар, ҷаҳонбинӣ, мавқеи ба худ хос доранд. Оилаҳои тоҷикон асосан серфарзанд мебошанд, ки ҳар як аъзои оила барои худ психологияи ба худ хосро доро мебошад ва маҳз таълиму тарбия дар фарҳанги оиладорӣ нақши муасир мебозад. Ба ҳар як оилаи тоҷик боз хешу табори наздики падару модари домоду арӯс ва аъзоёни оилаи онҳо зам мешаванд, ки ба худ хусусиятҳои инфиродӣ доранд. Дар мақмӯъ чунин фарҳанги оиладорӣ хеле мураккаб буда, аз сарвари оила ва аъзоёни он барои пешрафти оила масъулияти зиёдро тақозо менамояд. Маҳз ҳамин хусусияти психологияи миллиро ба назр гирифта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзонд» қабул гашта, то ҳоло амал менамояд.
Фарҳанги оиладорӣ дар навбати худ аз макони зист, унсурҳои этикӣ низ вобастагии зич дорад. Масалан аз ҳама оилаҳои хурд дар Аврупо буда, оилаҳои серфарзанд дар кишварҳои Шарқ ва Осиёи Марказӣ қарор доранд. Ядрои ҳар як оиларо падару модар ва фарзандон ташкил медиҳанд, ки ин хоси кишварҳои Аврупо мебошад, аммо дар Шарқ ҳамроҳи зану шавҳар боз хусур ва хушдоман аъзоёни оилаи онҳо низ зиндагӣ менамоянд. Зиндагии томи оилавӣ бештар дар Ҳиндустон, Афғонистон, Покистон ва Осиёи Марказӣ бештар ривоҷ ёфта, фарҳанги хоси муносибатҳои оилавиро доро аст. Махсусан дар Афғонистон салоҳияти хушдоман хеле калон буда, келин аз гуфтаҳои ӯ берун намебарояд. Дар Туркманистон низ ин рукни фарҳанги оиладорӣ маъмул аст. Чунин таносуби муносибатҳои оилавӣ аксаран хусусияти низоъро ба худ касб карда дар оилаҳо хушунад ва норозигиро ба вуҷуд меоранд. Тамаддуни Шарқ мавқеи мардро боло бурда, ҳамзамон ҳуқуқҳои занро дифоъ менамояд. Аксари давлатҳои дунё бисёрзаниро ҳамчун унсури таркибии фарҳанги оилаи муосир рад менамоянд ва барои рушду такомули он шароит фароҳам меоранд. Фарҳанги оилавӣ вазифаҳои иҷтимоии зеринро доро мебошад:
- муҳаббат ва дилгармии маънавию ҷисмонӣ;
- таваллуд ва тарбияи фарзанд;
- нигоҳубини волидайн;
- нигоҳдори муносибатҳои иҷтимоӣ бо ҳамсоягон, аҳли ҷамоатчигӣ;
- иҷрои талаботи моддӣ ва маънавии аъзоёни он;
- таъсир ба раванди инкишофи ҷомеа аз итисодиёт то маънавиёт;
-фарҳанги оиладорӣ, бисёрзанӣ ва «муҳаббати озод»-ро рад менамояд;
-такмили равандҳои инкишофи дохили оила-ҳамчун ячейкаи ибтидоии ҷамъият.
Зану шавҳар дар кадом синну соле, ки набошанд, бояд фарҳанги оиладориро риоя намоянд, фарҳанги оиладорӣ аз насл ба насл бояд ҳамчун мерос гузарад. Дар фарҳанги оиладорӣ тартиби рузгордорӣ, сарфаю саришиа, қобилияти пасандоз доштан, қаноатмандию таҳаммулпазирӣ рукнҳои асосӣ мебошанд. Дар ҳамин асос уҳдадориҳои оилавӣ дар назди ҳар як аъзои оила гузошта мешаванд ба онҳо падару модар, бобою бибӣ, фарзандон вазифадоранд, ки ин уҳдадориҳоро ва худи онҳо иҷро намоянд. Барои фарҳанги оиладорӣ манзили истиқоматӣ, амволи рӯзгор, адабиёт, таҷҳизоти техникию маишӣ зарур мебошанд, вале агар муҳаббат ва якдигарфаҳмии оилавӣ набошад, он гоҳ ин ҳама ашёҳо функсияи худро иҷро карда наметавонанд.
Таҳлилҳои сотсиологии олимон нишон медиҳад,
- ки 75% занон ва 72% мардон кам ба якдигар гузашт менамоянд;
- 40% занон ва 51% мардон хело кам якдигарро таърифу таҳсин менамоянд;
- 47% оилаҳо маслиҳати якдигарро намегиранд;
- 45% занон шавҳарони худро ҳамчун намуна меоранд, 60% бошад шавҳарҳояшонро дар ҳузури шиносон ва хешутаборон танқид менамоянд;
- 55% оилаҳо ба касбу кори якдигар аҳамият намедиҳанд, 20% оилаҳо умуман дар бораи кори худ иттилоъ намедиҳанд.
Барои такмили фарҳанги оиладорӣ риояи ин қоидаҳо муҳиманд:
1. Ҳамсарон бояд мубориза набаранд, ки дар оила кадоме аз онҳо сарвар аст.
2. Танқид, шиканҷа, таънаю маломат оиларо аз байн мебаранд.
3. Набудани муоширати лозимӣ оиларо ноустувор мегардонад.
4. Мавҷуд будани қобилияти хоси идоракунии оила аз ҷониби сарвари оила ба вуҷуд овардани ҳусни тафоҳум дар оила асоси пойдории он аст.
5. Ба вуҷуд овардани эҳсоси боварӣ дар байни аъзоёни оила ва ташкили дурусти муоширати онҳо;
6. Ба назар гирифтани хусусиятҳои инфиродӣ - психологии аъзоёни оила.
7. Аз байн бурдани ҳолатҳои нозоъангез дар муоширати байни аъзоёни оила.
8. Ҳалли муноқишаҳои оилавӣ бо роҳи маслиҳатомез бе дахолати беруна.
9. Кафолати хушбахтии оилавӣ ин иҷрои якҷояи уҳдадориҳои оилавии аъзоёни он мебошад.
10. Ҳамеша дар муносибатҳои оилавӣ тоқатфарсо ва таҳаммулпазир будан.
11. Байни аъзоёни оила мавҷуд будани ҳусни таваҷҷуҳ ва бохабар будан аз аҳволи якдигар;
12. Розигӣ ва қаноатмандии байни аъзоёни оила, бахусус зану шавҳар.
13. Мавҷуд будани муҳаббати беғаразона.
14. Адолатнокӣ ва накӯкорӣ аз ҷониби шавҳар.
15. Мавҷудияти машғулиятҳои дӯстдоштаи дуҷонибаи зану шавҳар.
16. Муққаддас ва тозаю ором нигоҳ доштани манзили истиқоматӣ.
17. Ба вуҷуд овардани дӯстӣ ва ёрмандии байни фарзандон, ҷудо накардани онҳо.
18. Мавҷудияти садоқат ва муҳаббати шахсии зану шавҳар.
19. Эҳтироми тарафайни волидайни зану шавҳар.
20. Мавҷудияти одатҳои зараровар аз ҷониби мард (майнушӣ, тамокункашӣ) боиси нороҳатии муносибатҳои оилавӣ мегардад.
21. Танқиси майдони манзили зист ва дигар ҳолатҳои маишӣ.
22. Танқид накардани зан аз ҷониби шавҳар дар ҳузури дигарон.
23. Ҷудо намудани маблағ барои сарфи корҳои хоҷагидорӣ.
24. Муоширати хуби келин бо хусур ва хушдоман.
25. Тоқатфарсо будани зан ҳангоми душвориҳои молиявӣ.
26. Ба таъби дили шавҳар тайёр намудани хӯрок ва хӯришҳо.
27. Ҳалимона гӯш додан ба суханони шавҳар ва иҷрои хоҳишҳои ӯ ҳамчун сарвари оила.
Ҳамин тариқ фарҳанги оиладорӣ ҳамчун як рукни муҳими давлатдории миллӣ баромад менамояд. Мо агар воқеан давлати демократӣ бунёд намоем, пас лозим меояд, ки ба рушду такомули оила, фарҳанги оиладорӣ ва сунатҳои миллӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва арҷгузорӣ ба Зан-Модарро яке аз ҳадафҳои асосии хеш шуморем.
Асламов Бозоралӣ Сафаралиевич, ходими калони илмии шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии матбуоти тоҷик, полковники милитсия,
Убайдуллоев Шавкат Эшонқулович, дотсенти кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети №2, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, полковники милитсия