Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таърихи инкишофи криминалистика ҳамчун соҳаи илми байналмилалӣ

677

(Бахшида ба 1-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии криминалистон)
Илми криминалистика бо хусусияти назариявӣ ва амалиявии худ дар байни илмҳои дигар мавқеи назарасро доро мебошад, илми криминалистика аз ҷониби аксарияти олимон ҳамчун илми амалиявӣ эътироф шудааст. Илми криминалистика дар замони муосир яке аз илмҳои мубрам буда, онро илми байналмилалӣ ҳам мегӯянд. Дар баробари илмҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ, мурофиаи ҷиноятӣ, фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуӣ, криминалистика низ барои пешгирии фаъолияти ҷиноятӣ ва ҷинояткорон нақши бузург дорад. Ҳама вақт, ҳангоми пешгирии фаъолияти ҷиноятӣ методҳо ва методикаи пешқадами илми криминалистика истифода мегардад, ки ин аз аҳамияти махсуси донишҳои криминалистӣ ҳангоми мубориза бо ҷинояткорӣ шаҳодат медиҳад. Пайдоиш ва инкишофи криминалистика ба он алоқаманд аст, ки вобаста ба нақши худ дар низоми илмҳои ҳуқуқӣ метавонад дар фаъолияти мақомоти ҳуқуқтатбиқкунанда истифода гардида, барои муайян намудани воқеият дар истеҳсолоти судӣ, ба амал баровардани муҳокимаи одилона ва пешгирии ҷиноятҳо мусоидат намояд. Олимон доир ба мафҳуми илми криминалистика ақидаҳои гуногун доранд.

678
Криминалистика яке аз соҳаҳои бештар коркардшуда мебошад, ки дар фаъолияти тафтишотию таҳқиқотӣ, оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, коршиносӣ ва судӣ ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Дар самти муқаррар намудани мафҳум ва предмети илми криминалистика олимони зиёд назарияҳои гуногуни худро пешниҳод намудаанд, аз ҷумла, С.П. Митричева "Асосҳои назариявии криминалистикаи Шӯравӣ" (1965), Р.С. Белкин А.И. Винберг "Криминалистика ва исботкунӣ" (1969), И.М. Лузгина "Проблемаҳои методологии тафтишот" (1974), Н.А. Селиванова, В.Г. Танасевича, А.А. Эйсмана, Н.А. Якубович "Криминалистикаи шӯравӣ. Проблемаҳои назариявӣ" (1978), А.Л. Васильева и Н.П. Яблокова "Предмет, система ва асосҳои назариявии криминалистика" (1984), Р.С. Белкин – Оид ба проблемаи назарияи криминалистика (1986, 1987, 1988) ва ғайраҳо.

679
Олимони рус Р.С. Белкин ва Ю.И. Краснобаев дар мақолаи "Оид ба предмети криминалистикаи шӯравӣ", ки дар маҷалаи илмии "Правоведение" соли 1967 аз чоп баромад, бори аввал ақидаҳои худро дар бораи зарурати муайн кардани мафҳум ва предмети криминалистика иброз намуданд, ки як заминаи мустаҳками ба вуҷуд омадани илми криминалистика гардид. А.Г. Филиппов ва А.Ф. Волинский мафҳуми криминалитикаро чунин таъриф мекунанд, “Криминалистика – илм дар бораи қонуниятҳои тарзи содир кардани ҷиноят, пайдоиши маълумотҳо вобаста ба ҷиноят ва шахси содиркунандаи он ва инчунин қонуниятхои ҷамъкунӣ, тафтиш, баҳодиҳӣ, истифода бурдани далелҳо ва қонуниятҳои асосии усул ва воситаҳои ошкор кардан ва тафтиши ҷиноят иборат мебошад.
Дар аввал предмети илми криминалистика дар зери таъсири назарияҳои олимони ғарбӣ ва олимони пеш аз револютсияи рус қарор дошт. Ҳамин тариқ, Г.Ю. Манне ҳанӯз дар соли 1921 кӯшиши муайян кардани предмети илми криминалистикаро кард ва ба ақидаи ӯ предмети илми криминалистикаро аввалан, тарзҳои содир кардани ҷиноят, хусусиятҳои касбии ҷинояткор (лаҳҷаи онҳо, хурофотпарастии онҳо ва ғ), дуюмин, роҳҳо ва усулҳои тафтиши ҷиноятҳо, аз он ҷумла идентификатсияи ҷинояткорон ташкил медод.

680
Ҳангоми бори аввал муайян кардани предмети илми криминалистика, дар соли 1925 И.Н. Якимов пешноҳод кард, ки криминалистика предмети омӯзиши худро доро буда, бо истифода аз усулҳои мақсаднок ва тактикаи истифодаи методҳои илмҳои табиӣ, тиббӣ ва илмҳои техникӣ барои тафтиши ҷиноятҳо, омӯзиши ҷисмонӣ ва ахлоқии шахсияти ҷинояткор, вобаста ба мақсадҳои худ ёрӣ расонидан ба адолати судӣ дар кушодани ҳақиқати воқеӣ дар парвандаи ҷиноятӣ предмети илми криминалистикаро ташкил медиҳад. Таъсири афкори криминалистони Ғарб аввалин маротиба дар китоби дарсии Шӯравӣ барои муассисаҳои таълимии олӣ, ки соли 1935 нашр гардид, мустаҳкам гардида буд ва тибқи таърифи пешбинамудаи дастури таълимӣ мазкур “Криминалистика ин илм дар бораи тафтиши ҷиноятҳо мебошад”. Нуқтаи назари мазкурро дар асри ХХ Г.Ю. Манне ва баътар М.С. Строгович ҷонибдорӣ намуданд ва ба ақидаи ӯ криминалистика ин илми ҳуқуқӣ набуда, предмети онро омӯзиши илмӣ-техникии тарзҳои ҷамъоварӣ ва таҳқиқи далелҳо, воситаҳои техникии ёрирасон ташкил медиҳад. Сатҳи инкишофи криминалистика дар давлатҳои Аврупои Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ ба солҳои 80-уми асри гузашта рост меояд. Соли 1986 таҳти муаллифии профессор В.Я. Колдин аввалин маротиба китоби таълимии "Криминалистикаи давлатҳои сотсиалистӣ” аз чоп баровард. Дар баробари ин, дар самти илми криминалистика дар баробари олимони замони шӯравӣ, олимони зиёди давлатҳои ғарб низ кор кардаанд. Аз ҷумла, С. Секов, К. Бобев, Г. Георгиев. Я. Коменский Я. Пешака, Я. Мусила., Р. Гейндл, А. Вайнгардт, Е. Аннушат, А., Гелвиг, X., Шнайкерт, Э. Штелсер, К. Користка, X. Шихт, А. Форкер, Ф. Шюрих ва ғайраҳо.
Пайдоиши ккриминалистика дар давлатҳои Аврупо ба нимаи дуюми асри XIX рост меояд. Асосгузори илми криминалистика олими Австриягӣ Ганс Гросс (1847-1915) ба ҳисоб меравад, ки соли 1893 натиҷаи фаъолияти илмии худро дар шакли "Роҳнамо барои тафтишоти судӣ, қоидаҳои умумии политсия (жандармской полиции)" аз чоп баровард, ки ин аввалин натиҷаи илмӣ дар самти фаъолияти криминалистӣ ба ҳисоб мерафт.
Бо назардошти ин ақида профессор Р.С.Белкин дар соли 1967 криминалистикаро ҳамчун илм дар бораи қонуниятҳои пайдоиш, замкунӣ, тадқиқ, баҳодиҳӣ ва истифода бурдани далелҳо ва дар асоси дарки ин қонуниятҳо коркарди восита, роҳҳои тадқиқоти судӣ ва инчунин пешгирии ҷиноят таъриф карда буд.
Мавзӯи илми криминалистика хусусияти ба худ хосе дорад, ки дар мураккабӣ дар фарогирифти муносибатҳои гуногуни табиатӣ ва ҷамъиятӣ зоҳир мешавад. Мушаххасан мавзӯи омӯзиши илми криминалистика аз омӯхтан ва муайян намудани қонуниятҳои зайл иборат аст:
-тарзи содир намудани ҷиноят;
-механизми пайдоиши пайҳои ҷиноят;
-механизми пинҳон кардани пайҳои ҷиноят;
-фаъолияти марбут ба бозёфт, тадқиқ, зикр ва гирифтани инъикоси фаъолияти ҷинояти дар сарчашмаҳои хабарӣ;
-фаъолият оид ба ошкорсозӣ, тафтиш ва пешгирии ҷиноят.
Мавзӯи ҳар як илмро маҷмӯи қонунмандиҳои воқеияти объективие, ки дар ходисаю воқеаҳо, равандҳо ва фактҳои гуногун инъикос мегарданд, ташкил медиҳад. Яъне илми криминалистика илми ҳуқуқӣ буда, қонуниятҳои тарзи содир кардани ҷиноят, механизми инъикоси пайҳои фаъолияти криминалӣ дар сарчашмаҳои ахбор ва бозёфт, механизми пинҳон кардани пайҳои ҷиноят, тадқиқ ва гирифтани ин пайҳо, фаъолият оид ба тафтиш, ошкорсозӣ, пешгирии ҷиноятро меомӯзад ва дар асоси дарки ин қонуниятҳо усулу воситаҳои мавҷудаи мубориза алайҳи ҷинояткориро инкишоф дода, навтарини онҳоро кор карда, тавсия менамояд.
Убайдуллоев Ш.Э., дотсенти кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети №2, Академияи ВКД, полковники милитсия
Асламов Б.С., ходими калони илмии шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...