Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Инъикоси мавқеъ ва нақши занону бонувон дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ

663Дар замони соҳибистиқлолӣ нисбати зан-модар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусҳои мушаххас ва чорабиниҳои иловагӣ дар ин самт андешида шуданд. Дар солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари мо дар соли 1999 Консепсияи «Ҳуқуқҳои сиёсии занон»-ро тасдиқ намуд. Аз сентябри соли 1998 Нақшаи миллии баланд бардоштани мақоми зан барои солҳои 1998-2005 қабул гардида буд. Барои солҳои 2001-2010 «Барномаи давлатии таъмини баробарҳуқуқии занон ва мардон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид, ки тибқи он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт тадбирҳои муассир андешида шуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни давлатҳои ИДМ ягона кишваре мебошад, ки Консепсияи байналмилалии ҳуқуқҳои сиёсии занонро тасдиқ намудааст.
3 декабри соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Ин фармон имконият фароҳам овард, ки нақши занон дар идоракунии мақомоти давлатӣ сол то сол афзоиш ёбад. Иштироки занон дар идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нишондодҳои миёнаи ҷаҳонӣ мувофиқ мебошанд, ки чунин вазъи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии занон дар дигар давлатҳои пасошӯравӣ кам ба назар мерасад. 49,8%-и аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2008 то ин ҷониб Барномаи давлатии «Тарбия, ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон ва духтарон» амал мекунад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як вохӯриҳояшон дар қаламрави ҷумҳурӣ диққати аввалиндараҷаро ба масъалаи тарбияи кадрҳо аз ҳисоби занону духтарон медиҳанд. Садҳо квота барои духтарони маҳаллӣ аз ҷониби Роҳбари давлат барои дохил шудан ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ дода мешаванд. Баъди хатмкунӣ дар навбати аввал духтарон бо ҷойҳои корӣ таъмин карда мешаванд.
Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати нақш ва мавқеи занону бонувон чунин омадааст: «Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд. Ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувону занон ташкил медиҳанд. Инчунин, бонувону занон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоиз мебошанд.
Таъсиси грантҳои президентӣ ба густариши фаъолияти соҳибкории занону бонувон мусоидат намуд ва онҳо дар баробари беҳтар сохтани шароити оилавии худ ҳоло ба рушди иқтисоди кишвар низ таъсири назаррас расонида истодаанд. Соли 2022 ба зиёда аз 600 ҳазор занону бонувон аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ ба маблағи беш аз 3 миллиарду 400 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 2,4 баробар зиёд мебошад. Умуман, дар панҷ соли охир маблағи қарзи ба занону бонувон пешниҳодшуда 12,1 миллиард сомониро ташкил кардааст. Рақамҳои зикршуда гувоҳи равшани фаъол будани занону бонувон дар иқтисодиёти кишвар мебошанд. Дар 21 соли охир беш аз 504 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбиро хатм карда, соҳибкасб шудаанд. Аз ин ҳисоб 239 ҳазор нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ гардида, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил карда истодаанд. Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем. Мо, ҳамчунин, ба нақши зан – модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад».
Ҷумҳурии Тоҷикистон кишваре мебошад, ки аз солҳои аввали истиқлол дар назди Ҳукумат Кумитаи кор бо занон ва оила фаъолият дорад. Инчунин, маҷаллаҳои оммавӣ ва рӯзномаҳо аз ҳаёти занон иттилоъ медиҳанд. Дар Маҷлиси Олии ҶТ Кумитаи занон, ҳифзи саломатӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва экология амал менамояд. Чунин комиссияҳо дар дигар сатҳи мақомоти намояндагони ҳокимияти давлатӣ низ амал менамояд.
Дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, беш 1,5 ҳазор занону духтарон фаъолият мебаранд, ки аксари онҳо дар воҳидҳои роҳбарӣ фаъолият доранд. Дар ин Вазорат Шӯрои занон ва духтарон амал менамояд, ки дар тайёр намудан ва тарбияи кадрҳо аз ҳисоби занон саҳми бузургро мебозад. Бо ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро низ ба мавқеи занону духтарони ВКД таваҷҷуҳи хос ва ғамхориҳои пайваста зоҳир менамояд, ширкати фаъоли онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои ВКД ба назар расида, дар парадҳои ҳарбии идҳои давлатӣ яке аз беҳтаринҳо ҳисобида мешаванд. Барои тарбияи кӯдакони оилаҳои онҳо боғчаи бачагона амал намуда, дар назди ансамбли «Сипар», ҷамъияти варзишии «Динамо» -и ВКД гурӯҳи хурдсолон аз ҳисоби фарзандони кормандзанони МКД амал менамоянд. Ҳамин тариқ, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии занон ба таври васеъ инъикос гардида, онҳо баробари мардон дар сиёсат ва идоракунии давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолона ширкат меварзанд, ки дар фазои давлатҳои ИДМ камназир мебошад.
Сафарзода С.Н., сардори Маракази матбуоти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...