Рисолати омӯзгор дар Паёми Пешвои миллат
Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосӣ мебошад. Вай донишу заковат, гармии дили худро бедареғ ба фарзандони худ медиҳад ва хешро хушбахт мешуморад.
Эмомалӣ Раҳмон
«Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем» - иброз доштанд Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ироанамудаи худ ба Маҷлиси Олии кишвар аз 23 декабри соли 2022. Илму маориф ва фарҳангро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо маҳз нақши мактаб ва омӯзгорро омили калидӣ меҳисобад.
Бешубҳа, агар аксари донишмандон ва мутафаккирони олам мактабро барои халқ аз ҳама муҳим шинохта бошанд, пас муаллим дар ҳаёти маънавии халқу давлат ҷойгоҳи сониро ба худ ихтисос медиҳад, ки ҳақ аст. Сарлашкар Искандари Мақдунӣ бесабаб намегӯяд, ки «ман дар назди устодам камтар аз падарам вазифадор нестам, зеро агар падар ба ман ҳаёт бахшида бошад, Арасту зиндагии хуби маро фароҳам сохт».
Аз таҷрибаи мактабу маориф бисёр хуб медонем, ки донишҷӯён чӣ гуна омӯзгорро дӯст медоранд. Албатга, ҳамон омӯзгоре миёни мактабиён иззату обрӯ дорад, ки дониши хуб, илми расо, омӯзгори шоиста ва инсони комил бошад ва хулқу атвораш мутобиқи меъёрҳои ахлоқии дирӯзу имрӯз сурат гирад. Фазилатҳои ахлоқии омӯзгор, албатга истисно намешавад, вале беш аз ин бояд соҳибилм ва босавод бошад. Таҷриба нишон медиҳад, ки омӯзгороне, ки дониши кофии назарию амалӣ надоранд, дар роҳи корбурди усулҳои судманди таълим низ мӯҳтоҷ мешаванд. Ба ҳамин далел саводнокии омӯзгор ва сифатҳои касбии дигари барои мактаб зарур дар дараҷаи аввал меистад. Агар чунин савияю фазилат набошад, ҳамагуна барномарезӣ, ҳазинагузорӣ ва ҷаҳду ҷадал бенатиҷа хоҳад монд. Ин ҳама ба пешрафти мактабу маориф бетаъсир намемонад.
Чунончи, Пешвои муаззами миллат дар баромади худ хитоб намуданд: «… агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад». /Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон, аз 23 декабри соли 2022 /
Хамзамон, дар Паёми Президенти кишвар чиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва дар низоми таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионй ва фаъоли таълим, такмили сатҳи касбии омӯзгорон масъалагузорӣ шуда, таъкид шудааст, ки «Бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад». /Ҳамон ҷо с.28 /.
Зимнан, бояд гуфт, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодааст. Агар ба нишондодҳои оморӣ назар афканем, маълум мегардад, ки соли 2022 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 12,6 фоиз зиёдтар аз соли 2021 маблағ ҷудо гардида, қариб 19 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад.
Ҳамчунон ки Пешвои муаззами миллат баён доштанд: «ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад». /Ҳамон ҷо с.28 /.
Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад.
Дар ҳақиқат, воқеияти имрӯз дар назди мактаб ва омӯзгор масъалаҳои ҷиддиро пеш мегузорад. Шинохти манфиати миллат, худшиносӣ ва хидмати содиқона дар роҳи пешрафт ва ободии диёр масъулияти омӯзгорро дар назди имрӯзу оянда зиёд месозад. Пайвастагии илму амал дар хонанда шавқи пурсуҷӯ ва кунҷковӣ фароҳам оварда, ӯро ба шахси комил будан, яъне ба сӯи дунёи дониш ва озод зистан раҳнамоӣ мекунад. Инсони огоҳу озод ситампазиру бандаи одамиён намешавад. Ҳар чиро мешунавад ва мехонад, кӯркӯрона намепазирад. Ақлашро ба кор мегирад ва пеш аз он ки ҳарфи касеро бипазирад, андеша мекунад. Агар моҳияти аслии илму дониш ва таҳсилоти асилро ба хонанда расонда тавонем, ӯро инсони комилан дигар месозем. Дигар ӯ асири хурофот намешавад, мо ӯро дониш омӯхта, бо аслиҳаи илм ва мантиқ мусаллаҳ месозем. Вақте инсон ба илму дониш мусаллаҳ шуд, дар бораи ҳама чиз дуруст ва саҳеҳ муҳокимаронӣ мекунад, бо шуҷоат ва шаҳомот аз ҳақ дифоъ ва бебокона дар зиндагй роҳи рост ва дурустро интихоб менамояд. Агар омӯзгор дар раванди таҳсилот ба натиҷаи дилхоҳ муваффақ нашавад, яқин ки хонандаро ба банди нодонӣ гирифтор сохта, натанҳо ӯро аз чанголи хурофот ва равияҳои бади ахлоқӣ наҷот намедиҳад, балки ӯро аз илму мантиқ дур сохта, оташи таассуб ва лаззатро дар ботини ӯ меафрӯзад.
Ба ақидаи таҳлилгарони масоили сиёсии ҷомеа: «Дар ин ҳуҷҷати роҳнамо (манзур-Паёми Пешвои миллат-Б.Ҷ.) мавқеъ ва манзалати инсон, маданият ва маърифати ӯ тавассути мактабу маориф – хамирмояи ҷавҳари одамӣ дар шоҳроҳи андешаи миллӣ ва бунёди давлати миллӣ дар ҷойи аввал меистад». /Ятимов С. Тавоно бувад ҳар ки доно бувад ( Андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат), рӯзномаи Адабиёт ва санъат №5(2184), аз 02.02.2023/.
Ҳамзамон, муаллифи ин сатрҳо меафзояд, ки: «…дар мамлакат шароити воқеӣ барои рушди маорифи миллӣ, асосан омода шудааст. Аммо омилӣ инсонӣ, масъулияти мудирият дар соҳаи мафкурасозӣ ҷавобгӯи талаботи замон нест. Натиҷаҳои фоҷеабори адами тафаккури миллӣ дар ҷаҳонбинии теъдоди ҳангуфти ҷавонон , пайвастани онҳо ба созмонҳои ифротиву зиддимиллӣ камбуди ниҳоят ҷиддӣ дар муносибатҳои ҷамъиятии ҷомеаи тоҷик - оила, мактаб, донишгоҳ, корхонаҳо ва муҳит зуҳур меёбад. Мебояд таъсиррасонӣ ба ҷаҳонбинии насли наврас, ҷавонон, қишрҳои гуногуни аҳолӣ, натанҳо мувофиқ ва мутаносиб ба таҳдиди душман, балки пурзӯртар аз он бошад». /Ҳамон ҷо.с.5/.
Аз ин лиҳоз маҳз омӯзгор метавонад шахсро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамун созад. Маҳз ба инсонсозии омӯзгор такя намудани Пешвои муаззами миллат бояд ҳисси масъулияту ватандӯстиро дар ниҳоди ҳар як омӯзгори кишвар даҳчанд намояд. Беҳуда, Саъдии Шерозӣ нагуфтааст: « Суҳбати ҷонпарвар аст, суҳбати омӯзгор».
Адабиёти гузашта ва имрӯзаи мо низ дар ин равиш намунаҳои пурарзише дорад, ки бояд аз он ба дараҷаи лозимӣ истифода кунем. Чунончи, Ҳофизи нозукбаён гуфтааст :
Гуле, ки тарбият аз дасти боғбон нагирифт,
Агар ба чашмаи хуршед сар кашад худрӯст.
Акнун бо таваҷҷуҳ дар ташаккули шахсияти инсон ба хубӣ метавон хулоса кард, ки вазифаи омӯзгор то чӣ андоза сангин ва пурмасъулият аст.
Оре, маҳз омӯзгорони эҷодкор, бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар, ки воқеан ҳам тафаккури созанда доранд, метавонанд тақдири ояндаи давлату миллат ва ҷомеаро созанда бошанд.
Бойзода Ҷамшед Ҷумабой, полковники милитсия, аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон