Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тарбияи ҳарбӣ ватандӯстии ҷавонон дар партави Паёми Пешвои миллат

661

Ватандӯстӣ, меҳандӯстӣ - принсипи ахлоқию сиёсӣ ва ҳисси иҷтимоӣ, мазмуни аслиаш меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан ва омода будани инсон ба боло гузоштани манфиатҳои ӯ аз манфиатҳои шахсии худ мебошад. Ватандӯстӣ муносибати ҳиссӣ нисбат ба Ватан буда, дар хидмат кардан ба Ватан ва муҳофизат намудани он ифода меёбад. Хизмат дар сафҳои макомоти корҳои дохилӣ низ яке аз нкмудҳои амалигардонии ватандӯстӣ маҳсуб меёбад. Нишонаҳои ватандӯстӣ дар ҷамъияти ибтидоӣ пайдо шудаанд.
Бо мурури замон ҳисси дилбастагӣ ба замин ва забони худ бо дарки вазифаҳои шаҳрвандӣ дар назди ҷамъи¬ят пайваст гардид. Кӯшиши одамон барои инкишоф додани ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ватани худ, ҳифзи он аз истилогарони хориҷӣ нишонаи барҷастаи ватандӯстӣ аст. Ифтихор намудан аз дастовардҳо ва фар¬ҳан¬ги ватани худ, бо хоҳиши худ маҳфуз нигоҳ доштани хислат ва хусусиятҳои фарҳангии он, ҳимояи манфиат¬ҳои Ватан ва халқи худ сифатҳои беҳтарини ватандӯстӣ мебошанд. Дар шароити бавуҷудоии миллатҳо ва давлат-ҳои миллӣ, ватандӯстӣ қисми таркибии шуури ҷамъиятӣ, инъикоскунандаи инкишофи омилҳои умумимиллии он мегардад. Ватандӯстӣ дар ҳамаи давру замонҳо яке аз хислатҳои неки инсоният ба шумор меравад. Ватандӯстӣ марҳилаҳои гунгуни таърихиро паси сар намудааст.Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон рукни асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакатро ташкил менамояд.
Дар моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати тақвияти ҳимоя ва ҳифзи Ватан, арзишҳои миллӣ ва манфиатҳои давлату ҷомеа муқаррарот пешбинӣ гардидааст.24 декабри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» имзо гузоштанд. Қонуни мазкур барои тарбияи шаҳрвандон дар роҳи хизмати софдилонаву фидокорона ба Ватан, ифтихор аз ниёгон, арҷгузорӣ ба рамзҳои миллӣ ва ҷаҳду талошҳо баҳри фардои боз ҳам ободу дурахшони кишвар ва некуаҳволии рӯзафзуни халқ таҳия ва қабул шудааст.Дар баробари ин, табиист, ки Тоҷикистон кишвари ҷавонон буда, 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд, қишри мазкур меросбари ин марзу бум ба ҳисоб меравад. Андешидани тадбирҳои судманд, таҳкими заминаҳои меъёрию ҳуқуқии тарбияи ватандӯстӣ, фароҳамсозии шароити хуби иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангӣ баҳри таҳсилу илмомӯзӣ, касбандӯзӣ, тахассусмандиву ташаккули ҳисси баланди шаҳрвандиву ватандорӣ ва соҳибдавлативу фарҳангсолорӣ дар онҳо кафолати бақои давлат ва сарафрозии мардум мебошад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади роҳандозӣ намудани тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар ҷомеа, хоса наврасону ҷавонон, марҳила ба марҳила тадбирҳо андешида, заминаҳои сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ин равандро бомаром фароҳам меоварад.Қабули Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2006, «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва инак, қабули ду санади муҳимму стратегии дигар дар ин самт дар соли 2022 — «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» дар самти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон тадбирҳои саривақтиву судманд ва дархури ниёзҳои ҷомеаи кишвар маҳсуб меёбанд.
Тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ дар моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» маҷмуи тадбирҳое дониста шудааст, ки барои аз ҷониби шахс дарк намудани арзишҳои олӣ, ормонҳо, ҳадафҳо, раванд ва падидаҳои муҳимми иҷтимоӣ дар ҳаёти воқеӣ, қобилияти ба роҳбарӣ гирифтани онҳо ҳамчун принсипҳои муайянкунанда ва мавқеъ дар фаъолияти амалию рафтор – хизмати сазовор ба Ватан равона карда мешаванд.Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар давлатҳои соҳибистиқлоли миллӣ, ба монанди Ватани азизу маҳбуби мо – кишвари ормонии ҳазорсолаи ниёи ватандӯсту озодихоҳ, бо дарназардошти вазъи сиёсии бисёр мураккаб ва ҳассоси минтақа ва ҷаҳон, чолишҳои пайваста ва аксаран, пешгӯинашавандаи раванди ҷаҳонишавӣ, бо фарогирии мафҳумҳои «тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ», «тарбияи шаҳрвандӣ-ватандӯстӣ», «тарбияи меҳнатдӯстӣ», «тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ» шарти асосии таъмини истиқлолу озодӣ, сулҳу субот, якпорчагиву тамомияти арзӣ, амнияти комили давлат, таҳрики соҳаҳои иқтисодиёт, таъмини рушди устувор, дар маҷмуъ, бақои давлату давлатдории миллист.Қабул ва татбиқи санади қонунӣ дар сатҳи мақоми олии қонунбарори кишвар «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати таъмини заминаҳои ҳуқуқӣ ва танзимкунандаи ин раванди фарогир, ки танҳо бо сафарбаршавии неруи зеҳниву ақлӣ ва ҷисмонии тамоми аъзои ҷомеаи мадании кишвар самараи дилхоҳ хоҳад дод, гӯёи талаботи таъхирнопазири замон будани он аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорад, ки дар Паёми ояндаафрӯзашон ба Маҷлиси Олӣ (23.12.2022) пешниҳод шуд: «Вазъи мураккаби ҷаҳони муосир моро водор менамояд, ки ҷиҳати суръат бахшидан ба навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани омодабошии ҳарбӣ ва тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар тадбирҳои зарурии иловагиро амалӣ намоем.Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат, Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои низомӣ вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар Консепсияи мудофиаи миллиро таҳия ва пешниҳод намоянд».
Нуроншои С., муовини воҳиди таълимӣ-низомии курси 2-юми факултети №2, майори милитсия
Ҳайдарзода О.Ҳ., ходими илмии ШТИ ва ТН, лейтенанти милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...