Сарвати доно илму дониш аст
23 феврали соли 2023 Султонзода Беҳзод Султонӣ, сардори қисми таълимии факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-035 дар назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих дар мавзӯи “Лашкардории Аморати Бухоро дар замони тобеияти вассалӣ ба Россияи подшоҳӣ (солҳои 60-уми асри XIX-ибтидои асри XX)” аз рӯйи ихтисоси 07.00.02 – таърихи ватанӣ (таърихи халқи тоҷик) зери роҳбари илмии доктори илмҳои таърих, профессори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ғафорӣ Н.У. д.и.ҳ., бомуваффақият ҳимоя намуд.
Роҳбарият, ҳайати доимӣ ва тағйирёбандаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин комёбии баланди илмӣ майори милитсия Султонзода Б.С.-ро бо самимияти афзун табрику муборакбод намуда, ба ӯ дар ҷодаи фаъолияти илмию касбии оянда, бурдборию сарбаландиҳо таманно доранд. Орзуманди онем, ки дар ҷодаи илму таълим ба муваффақиятҳои беназир ноил бигардад. Доимо фаъолу хушилҳом, зиндадил, матинирода, боиси ифтихори аҳлу пайвандон ва кормандони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.
Бояд гуфт, ки Султонзода Беҳзод Султонӣ, аз соли 2014 ба ҳайси омӯзгор-методисти қисми таълим дар факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти хизматиашро оғоз кардааст. Ҳамчун яке аз кормандони беҳтарину корозмуда дар байни ҳайати доимию тағйирёбанда бо фаъолияти садоқатмандонаи хеш обрӯю нуфуз пайдо намудааст. Рохбарияти Академия ин сифатҳои ӯро қадрдонӣ карда, ба вазифаи сардори қисми таълимии факултети № 4 таъйин намуданд.