Пазироии ҷавонон аз Паёми Пешво
Ироаи Паёми имсолаи Пешвои миллат дар марҳилаи сифатан нави ноил гардидани мардум ба комёбиҳои назаррас ва пешравиҳои давлатдории миллӣ ба вуқӯъ пайваста, фарогири самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, маориф ва илм, тандурустӣ, фарҳанг, сайёҳӣ, ҷавонон ва варзиш ба ҳисоб меравад.
Мардуми заҳматкашу соҳибдавлатамон зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дар зарфи се даҳсолаи соҳибихтиёрӣ тавонистанд дар раванди корҳои созандагию ободонӣ, рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, бунёди нерӯгоҳҳои азим ва азнавсозии роҳҳу нақбҳо, ҳифзи марзу якпорчагии давлат ва манфиатҳои миллӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносию ватандӯстӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат қадамҳои устувор гузоранд.
Дар оғози суханронӣ Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳодисаҳои рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ, рушди давлатдории миллӣ, ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва аз заҳмату муттаҳидии миллати тоҷик ёдовар гардида, қайд намуданд: «Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бо маром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд».
Чунин таъкидҳои саривақтии Роҳбари давлатамон, мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳимтар аз ҳама ҷавононро водор месозад, ки беш аз ҳарвақта ба қадри Истиқлоли давлатӣ, сулҳу оромии кишвар, ваҳдати миллӣ ва тинҷию осудаҳолии диёри хеш бирасем ва барои ҳифзи Истиқлолу ваҳдати миллӣ чун ҳамешагӣ омода бошем.
Чун ҳарсола дар баробари дигар соҳаҳои калидии кишвар меҳвари Паёми солонаро таваҷҷӯҳ ба соҳаи илму маориф, таълиму тарбияи дурусти наврасону ҷавонон, соҳибкасбу маърифатнок гардонидани ин қишри ояндасози ҷомеа ва сиёсати давлатии ҷавонон фаро гирифта, Пешвои миллат аз дастовардҳову камбудиҳо ва иҷрои саривақтии барномаҳои давлатии қабулшудаи соҳа ибрози андеша намуд.
Бояд ёдовар гардид, ки Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту хештаншинос, яъне насли ояндасози миллат ва давлат дар солҳои соҳибистиқлолӣ тамоми шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам овардааст. Маҳз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи ҳамешагии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ марҳила ба марҳила музди маоши кормандони соҳаи илму маориф ва стипендияи донишҷӯёни муассисаҳои олии кишвар ба маротиб зиёд карда мешавад.
Дар идомаи суханронӣ роҳбари давлат иброз доштанд: «Дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард. Дар давраи зикршуда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 362 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта ба истифода дода шудааст».
Дар тақвияти ғамхориҳои ҳамаҷониба ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо - ҷавонон гуфта метавонем, ки насли даврони соҳибистиқлолии кишвар дар якҷоягӣ дар раванди таҷдиди ҷомеа, тавассути таҳким бахшидани фикру андешаи нав, бахусус ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, ҳифз намудани арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, ватансозиву ватандорӣ такони ҷиддӣ бахшида, бо умеди ояндаи нек зери роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муттаҳид гардида, дар ободонии сарзамини аҷдодии хеш саҳми ногусастанӣ мегузорем.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки ҳадафу вазифаҳои дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардидаро, сармашқи фаъолияти минбаъдаи худ қарор дода, бо дарки масъулияти баланд аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, дар баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, тарбияи насли ҷавон дар роҳи худшиносии миллию ифтихори ватандорӣ ва дар раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ саҳми арзанда гузошта бошем.
Сафарбекзода З.С., профессори кафедраи бехатарӣ аз сӯхтори факултети №5 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия,
Камолова З.Б., омӯзгори калони кафедраи бехатарӣ аз сӯхтори факултети №5 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия,
Раҳматшозода С.Р., омӯзгори калони кафедраи бехатарӣ аз сӯхтори факултети №5 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия.