Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо саркотиби илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Академияи ВКД

OSH 1470

9-уми январи соли 2023 дар доираи нақша-чорабиниҳои Академияи ВКД вохӯрии Саркотиби илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Қосимшо Искандаров бо ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи ВКД сурат гирифт. Қосимшо Искандаров, ки яке аз мутахассисони баргузидаи Шарқи Миёна ва Наздик маҳсуб аст, дар мавзӯи «Афғонистон: таърих, ҳолати кунунӣ ва пешомадҳо» сӯҳбати хеле шавқовар, пурмазмун ва хотирмонро бо ҳайати омӯзгорон ба сомон расонид.
Хусусан, масоили Афғонистон, ки солҳои охир мубрам буда, таваҷҷуҳи аҳли башарро ба худ кашида, моил кардааст, мавзӯи асосии вохӯрӣ ба ҳисоб мерафт. Устод Қосимшо Искандаров бо як маҳорати хоса, такя ба арқому далоили таърихӣ ва воқеӣ, таҳлилҳои моҳирона ва олимона, сарнавишти ҳамсоякишварро ба ҳозирин талқин карда, моҳияту мазмуни гузаштаи начандон дур ва ҳолати кунунии онро матраҳ намуд.
Дар баромадаш бисёр омилҳои дохилӣ ва хориҷии вазъ дар ин кишвари ҷангзада баён гашт. Аз ҷумла, дар қисмати ниҳоии баромадаш доир ба вазъи имрӯза ва дурнамои амниятӣ мавсуф баён кард, ки:
"Бо гузашти якуним сол дар ҳоле ки ҳеҷ кишваре низоми толибонро ба ҳайси давлати машруъ эътироф накардааст, аммо бисёр кишварҳо бо толибон аз таомул кор мегиранд, пулҳои ҳангуфте ҳамчун кумаки башардӯстона ба Афғонистон сарозер мешаванд. Маълумотҳое дар бораи ҳар ҳафта 40 млн. доллар ба хотири нигоҳ доштани низоми бонкии Толибон ба онҳо дода мешвад. Баъзе кишварҳо дипломатҳои гурӯҳи террористии Толибонро дар кишварҳои худ қабул кардаанд, сафоратҳои онҳо дар Кобул фаъол мебошанд, доду гирифт ва тиҷорат идома дорад.

OSH 1409

Ба ибораи дигар де-факто ҳукумати худхондаи Толибонро эътироф карданд. Эҳтимол боз чандин солҳои дигар низоми Толибон метавонад ба ҳамин шакл вуҷуд дошта бошад. Оё давлатҳои расман эътирофношуда дар дунё каманд? Ин кишварҳо зимнан умед доранд, ки толибон ба тақозоҳои ҷомеаи байналмилалӣ лабайк мегӯянд ва ба ташкили ҳукумати фарогир ва риояи ҳуқуқи башар, бахусус занон розӣ мешаванд. Аммо сахтгириҳои толибон рӯ ба афзоиш аст. Мисли пештара даҳҳо гурӯҳи террористӣ дар Афғонистон мустақар аст, ки ба амнияти Тоҷикистон таҳдид мекунанд. Гузашта аз он, бо баъзе маълумотҳо, аз Шарқи Наздик ва кишварҳои дигар террористон дар ҳоли интиқол ба Афғонистон, аз ҷумла шимоли кишвар мебошанд.
Дар ин шароит дипломатияи Амрико аз нав фаъол шуда истодаст, то назорати толибонро аз даст надиҳад. Зеро гурӯҳи дигари кишварҳо ба мисли Россия, Чин, Эрон, Узбекистон кӯшиш доранд то бо Толибон на танҳо таомул дошта бошанд, балки робитаҳои худро дар сатҳи баландтаре таъмин намоянд.
Амрико мехоҳад аз тариқи роҳандозии сенарияҳои гуногун ҳадафҳои худро бароварда созад.
 Сенарияи 1.Ташкили бо ном ҳукумати ҳамашумул ё инклюзивӣ бо роҳи шиддат бахшидан ба мухолифат байни гурӯҳҳои Толибон.
Ҳоло толибон ба се гурӯҳ тақсим мешаванд:
 Гурӯҳи Ҳайбатулло
 Гурӯҳи Ҳаққонӣ
 Гурӯҳи қандаҳориҳои муътадил бо роҳбарии Мулло Яқуб ва Мулло Бародар.
Ногуфта намонад, ки моделҳои ҳукумати инклюзивӣ ҳам, ки аз тарафи гурӯҳҳои гуногуни кишварҳо пешниҳод мешаванд фарқ мекунанд. Модели амрикоӣ дар назар дорад Мулло Яқубро ҷойгузини Ҳайбатулло кунанд ва аз ҳисоби як қисми намояндагони Шабакаи Ҳаққонӣ, аз ҷумла Сироҷиддини Ҳаққонӣ, Анас Ҳаққонӣ ( бо ҳазфи гурӯҳи тундрави ин шабака ба мисли Абдулҳаким Ҳаққонӣ, вазири таҳсилоти олӣ, вазири маориф, вазири ҳаҷу авқоф, идораи амр ба маъруф, наҳйи аз мункар) ва ҷонибдорони Мулло Яқуб ва Мулло Бародар, инчунин нухбагони фирории ғарбгарои хориҷ як давлати инклюзивӣ ташкил кунанд. Ин кор ба қавле дар зарфи 6-8 моҳи оянда бояд амалӣ шавад.
Ҳукумати инклюзивии пешниҳодии Эрон ва Покистон ҳам ба ҳисоб гирифтани манфиатҳои гурӯҳи қандаҳориҳо, шабакаи Ҳаққонӣ ва намояндагони ҳазораҳо ва тоҷиконро дар назар дорад.
Модели сеюм ба қавли коршиносон-модели чинию россиягӣ мебошад, ки меҳварияти шабакаи Ҳақониро бо гурӯҳҳои қандаҳориҳои камтар ба Амрико вобаста ва гурӯҳҳои тоҷику узбеки ҷонибдори Маскавро дар ҳукумати инклюзивӣ пешбинӣ мекунад.
Агар ин сенария коромад нашавад сенарияи дувум рӯйи кор меояд.
 Сенарияи 2-фаъол кардани ДОИШ аст, ки ҳамарӯза сарбозгирӣ карда истодаст ва метавонад тамоми гурӯҳҳои террористии хориҷиро дар шимол муттаҳид созад.
 Ва ниҳоят Сенарияи севум-фаъол шудани ҷабҳаҳои муқовимат аст.
Русия, Чин, Ҳинд, Эрон ба хотири ҳифзи манфиатҳояшон маҷбур мешаванд, то ин гурӯҳҳои зиддитолибиро тақвият кунанд.
Амалӣ шудани ин сенарияҳо ҳам ҳеҷ замонатеро барои таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва минтақа пеш намеорад".
ПРОФЕССОР ИСКАНДАРОВ ҚОСИМШО
Соли 1979 Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро бо ихтисоси «Муаррих. Муаллими таърих ва ҷамъиятшиносӣ» хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатии худро соли 1979 аз муаллимии кафедраи фанҳои ҷамъиятшиносии Филиали дар Қурғонтеппабудаи Институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе оғоз намудааст.
Солҳои 1981-1985 дар ҳайати гурӯҳи мушовирони КМ ВЛКСМ дар Афғонистон хизмат намудааст.
Солҳои 1985-1988 дар аспирантураи назди Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил карда, соли 1989 дар Шӯрои диссертатсионии Институти Осиё ва Африқои назди Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов рисолаи номзадӣ ва соли 2004 дар Шӯрои диссертатсионии назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшииосии ба номи А.Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаи докториашро дифоъ намудааст.
Солҳои 1988 - 1993 дар Институти шарқшиносӣ дар вазифаи ходими илмӣ, солҳои 1993-2000 дар Институти иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои ходими пешбари илмӣ ва мудири бахши Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ кор кардааст.
Аз соли 2000 то 2013-ум ба Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ гузашта, аввал дар вазифаи ходими пешбари илмӣ ва баъдан мудири шуъбаи таҳқиқи низоъҳои минтақавӣ, мудири шуъбаи таърих ва таҳқиқи низоъҳои минтақавӣ, аз соли 2013 то соли 2017 дар Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ мудири шуъбаи Эрон ва Афғонистон фаъолият намудааст.
Аз моҳи апрели соли 2017 мудири шуъбаи Шарқи Наздик ва Миёнаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо кор карда, аз ноябри ҳамон сол иҷрокунандаи вазифаи саркотиби илмии АИ ҶТ таъйин шудааст.
Қосимшо Искандаров - муаллифи беш аз 250 тадқиқотҳои илмӣ оид ба таърихи Афғонистон, масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва инчунин ҳаммуаллифи китобҳои дарсӣ аз фанни таърихи умумӣ барои синфҳои 10 ва 11 мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон буда, дар зери роҳбариаш беш аз 30 нафар рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя намудаанд. Дар Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз мутахассисони шинохташудаи масоили Афғонистон маҳсуб мешавад.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...