Рушди бахши кишоварзӣ
Яке аз бахшҳои асосии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин соҳаи кишоварзӣ мебошад, ки имрӯз аз ҳисоби он тақрибан 23,3%-и ММД, беш аз 70%-и ҷойҳои корӣ, 25%-и содирот ва 35%-и воридоти андоз ба буҷети давлат таъмин мегардад. Новобаста аз он ки шароити иқлими ҷумҳурӣ барои парвариши ҳама навъҳои зироатҳои ғалладона мувофиқ аст, релефи кӯҳӣ имкониятҳои аҳолиро дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ то андозае маҳдуд ҳам кардааст.
Кишоварзӣ - ин сифатест, ки маънои нисбӣ ё марбут ба кишоварзӣ ё деҳқонро дорад. Ин калима аз лотинӣ омадааст он бо истилоҳҳо ташкил карда мешавад ager ('Майдони зироат'), феъл colere (ишора ба зироат) ва пасванд - ба (бо нишон додани коре, ки агер анҷом дода мешавад).
Бахши кишоварзӣ як фаъолияти истеҳсолӣ ё ибтидоӣ мебошад, ки ашёи хоми пайдоиши растаниро тавассути кишт ба даст меорад. Ин яке аз самтҳои муҳими фаъолияти иқтисодӣ дар деҳот ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин соҳаи чорводорӣ як бахши кишоварзӣ мебошад.
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ натиҷаи фаъолияти кишоварзӣ мебошад. Ин категория маҳсулоти аз кишоварзӣ ба даст овардашударо дар бар мегирад ва метавонад барои хӯроки одамон ё ҳайвонот (масалан, картошка ё гандум) ё барои саноат (масалан, резина ё пахта) истифода бурда шавад. Ин мафҳумро набояд бо дигарон, аз қабили истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ (аз он ҷумла, фаъолияти чорводорӣ) ё истеҳсолоти деҳот (аз он ҷумла масолеҳи кишоварзӣ, балки маҳсулоти саноатӣ ё ҳунармандон) омехта кард.
Ширкати кишоварзӣ субъектест, ки фаъолияташро дар бахши кишоварзӣ рушд медиҳад. Он ба истеҳсоли захираҳои аз кишоварзӣ бадастомада бахшида шудааст. Он метавонад як ширкати калон, як ширкати хурд ё кооператив бошад.
Кишоварзӣ, ки аз замонҳои қадим бо истилоҳҳои деҳқонӣ, деҳқанат, барзгарӣ, фалоҳӣ ҳам маъмул буд, яке аз соҳаҳои муҳими истеҳсолоти ҷамъиятӣ буда, аҳолиро бо хӯрокворӣ ва саноати ҳунармандиро бо ашёи хом ва ҳайвоноти аҳолиро бо ғизо таъмин менамояд. Мардумони ориёитабор яке аз аввалин кишоварзон будаанд. Дар Авесто, хусусан қисматҳои Видеват ва Готҳо, оид ба деҳқонӣ, ғаллакорӣ, боғдорӣ, обёрии заминҳо, чорводорӣ маълумоти фаровон мавҷуд аст. Минбаъд тибқи иттилои ҷуғрофидонҳо ва муаррихони пешин кишоварзӣ дар сарзаминҳои Мовароуннаҳру Хуросон ривоҷу равнақи бесобиқа доштааст.
Баъди ба Россия ҳамроҳ карда шудани Осиёи Миёна хусусиятҳои кишоварзии мардуми Осиёи Миёна ва бахусус Тоҷикистон, тағйир ёфта, ба талаботи саноати Россияи подшоҳӣ мувофиқ кунонда шуд; бо афзудани талабот ва баланд рафтани нархи пахта заминҳои кишти пахта босуръат васеъ карда мешуданд. Ҳанӯз А. И. Вавилов - олим ва сайёҳи машҳур Осиёи Миёнаро яке аз марказҳои зироати дунё ҳисобида, борҳо таъкид карда буд, ки кӯҳсори Тоҷикистон ва Бадахшон яке аз марказҳои қадимтарини зироат мебошад. Раванди пахтакорӣ ва рушди дигар соҳаҳои кишоварзӣ, аксаран ҳамчун манбаи ашёи хом, минбаъд ҳам ривоҷ гирифт. Дар ҷумҳурӣ муассисаи нахустини илмӣ оид ба зироат соли 1927 (Стансияи давлатии таҷрибавии селексионии Тоҷикистон) ташкил гардид. Соли 1930 Стансияи минтақавии таҷрибавии пахтакории Тоҷикистон (дар ноҳияи Ҷилликӯл) таъсис ёфт. Соли 1950 дар Академияи фанҳои ҶШС Тоҷикистон Шуъбаи пахта корӣ ифтитоҳ гардид. Соли 1956 Институти таҳқиқоти илмии зироат ба кор шурӯъ кард. Минбаъд дар солҳои гуногун Институти хокшиносӣ, Институти таҳқиқоти илмии боғу токдорӣ ва сабзавоткорӣ, Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон таъсис дода шуданд, ки дар ривоҷу равнақи соҳа саҳми бузург доранд.
Пас аз Истиқлоли давлатӣ дар ҷумҳурӣ ислоҳоти иқтисодӣ оғоз гардид. Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ислоҳоти замин» соли 1992 марҳилаи қисман тақсим намудани заминҳои минтақаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ оғоз гардид. Инчунин бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 1995 №342 ва аз 1 декабри соли 1997 №874, 75 ҳазор гектар замин барои истифода ба аҳолии деҳот тақсим карда шуд, ки ин амал барои таъмин намудани аҳолӣ бо озуқа мусоидат намуд. Бо мақсади истифодаи пурсамар ва оқилонаи захираҳои замин ва об, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ Фармони Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1996, №522, «Дар бораи таҷдиди корхонаҳо ва ташкилотҳои кишоварзӣ» қабул гардид. Дар ин раванд супориши давлатӣ (Госзаказ) ва нархи маҳсулоти кишоварзӣ озод эълон карда шуд, ки ин ба соҳибихтиёрии деҳқон барои парвариши маҳсулот мусоидат намуд.
Ислоҳоти гузаронидашуда дар соҳаи кишоварзӣ, ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) озодии интихоби истеҳсол ва фурӯши зироатҳои кишоварзиро дод. Дар бисёр ҷойҳо амалӣ намудани гузаронидани кишти такрорӣ дар заминҳои обӣ, инчунин ҳалли масъалаи қарзи хоҷагиҳои пахтакор иқтидори соҳаро хеле афзун намуд. Гузариш ба шакли нави муносибатҳои иқтисодӣ ва ташкил намудани шаклҳои нави хоҷагидорӣ, хусусигардонии амвол ба тағйироти куллӣ дар соҳаи кишоварзӣ оварда расонид.Гузариш ба шакли нави муносибатҳои иқтисодӣ ва ташкил намудани шаклҳои нави хоҷагидорӣ, ғайридавлатӣ гардондани моликият дар соҳаи кишоварзӣ ба тағйироти куллӣ оварда расонд. Дар соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ имрӯз шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) 54,3 ҳазор аз ҷумла: 890 адад асотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), 819 адад хоҷагиҳои деҳқонии коллективӣ ва 357 адад хоҷагиҳои кооперативӣ ташкил медиҳанд. Саҳми бахши хусусӣ дар рушди соҳаи кишоварзӣ мустаҳкам гардида истодааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфта, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии дар соли 2010 нисбат ба соли 1991 3,2 маротиба зиёд гардидааст. Рушди соҳаи кишоварзӣ барои таъмини босубот ва мутаносиби аҳолии кишвар бо маводди хӯрока тавассути афзоиши мунтазам ва устувори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани сатҳи даромаднокӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ, инчунин ҳифзи захираҳои табиӣ мусоидат менамояд. Ба хоҷагиҳои деҳқонӣ додани озодии парвариши зироати кишоварзӣ иқтидори соҳаро хеле афзун намуд. Мутобиқи маълумоти оморӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, — ғалладонагиҳо, пахта, картошка, сабзавот, полезиҳо, меваҷот, афзоиши саршумори чорво ва паранда дар солҳои охир мутаносибан хеле боло рафт.
Дар давраи истиқлол ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани ислоҳоти замин, таҷдиди хоҷагиҳо ва қабули барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаҳои рустанипарварӣ, чорводорӣ, тухмипарварӣ ва таъминот бо техникаи кишоварзӣ ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшид. Дар маҷмӯъ то имрӯз дар соҳаи кишоварзӣ 13 барномаи давлатии соҳавӣ қабул гардидааст.
Татбиқи ислоҳот дар соҳаи кишоварзӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) озодии интихоб дар парвариши зироатҳои кишоварзӣ, инчунин имконияти гузаронидани кишти такрориро дар майдонҳои холишудаи аксарияти маҳалҳо дода, ҳамзамон ҳал шудани масъалаи қарзи хоҷагиҳои пахтакор иқтидори ин соҳаро афзун намуд. Гузариш ба тарзи нави муносибатҳои иқтисодӣ ва ташкили шаклҳои нави хоҷагидорӣ, инчунин хусусигардонии амвол дар соҳаи кишоварзӣ ба тағйироти куллӣ оварда расонид.Бояд тазаккур дод, ки соҳаи кишоварзӣ бахши пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон ба шумор рафта, дар солҳои охир новобаста аз таъсироти офатҳои табиӣ ва омилҳои бӯҳронӣ дар сатҳи зарурии устувор қарор дошта, ба ҳисоби миёна 18 - 21% маҷмӯи маҳсулоти дохилиро таъмин менамояд. Бо вуҷуди ин то ҳол масъалаҳои муҳими сиёсати аграрӣ, аз ҷумла номуайянии шаклҳои рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ, ки дар бахши иқтисодӣ муҳиманд, то ҳол ҳалли пурраи худро наёфтаанд.
Абдулҳамидзода А.Д., кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқулодда, лейтенанти калони милитсия