Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нақши Паёми Сарвари давлат дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва рушду нумуи соҳаи маориф дар даврони Истиқлол

52581456950 5c5d2997c1 oСоҳаи маориф чун рукни муҳими сиёсати давлат буда, ҳолат, рушд, натиҷа ва фаъолияти он аз омилҳои зиёд вобаста мебошад ва пешрафти босуботи давлат ва миллатро таъмин менамояд.

Аз ин рӯ, давлату ҳукумат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти илму маориф ҳамчун пойдевори рушду тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа диққати махсус зоҳир намуда, ин равандро пайваста идома медиҳад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 Истиқлоли давлатии худро эълон намуд. Соҳибихтиёр эълон шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои зиёди иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро пеш овард, ки яке аз онҳо азнавсозии соҳаи маориф ба шумор мерафт.
Пешвои миллат дар баробари пешрафти соҳаи маориф ба инкишофи илм низ таваҷҷӯҳ намуда, дар бисёр баромад ва вохӯриҳояшон бо намояндагони илм ва зиёиён ба ин масъала эътибори ҷиддӣ дода, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷудо намудани маблағ барои рушди илм ва тайёр кардани мутахассисони илмӣ дастурҳои мушаххас додаанд. Натиҷаи ҳамин буд, ки муносибат ба илм дар кишвар дар муддати кӯтоҳ тағйир ёфт ва майли ҷавонон боз аз нав ба илм бештар гардид. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими илму маориф дар ҷумҳурӣ қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» (1998) ва як қатор созишномаҳо аз қабили “Оид ба ҳамкории илмию техникии ҳайати иштирокчиёни Иттиҳоди давлатҳои мустақил”, “Дар бораи робитаи бевоситаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳамкории илмию техникӣ”, “Оид ба якҷоя истифодабарии объектҳои илмию техникӣ аз тарафи иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил” ва ғайраро ба тасвиб расонид.
Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва созишномаҳои мазкур омилҳои пешрафти соҳаи илм дар кишвар гардид. Солҳои охир фаъолияти аспирантура ва докторантураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ хеле боло рафт.
Инчунин Сарвари давлатамон рушди соҳаи маорифро кафолати боэътимоди пешрафт ва ояндаи дурахшони миллат ҳисобида, соли 2010-ро Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон намуданд. Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон карда шудани соли 2010 боиси рушди соҳаи маориф, пешрафти кори таълиму тарбия ва баланд шудани донишу малакаи хонандагон гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон як ҷузъи ҷаҳони муосир аст ва Ҳукумати он баҳри беҳтару хубтар гардонидани зиндагии мардум солҳои охир ба мактабу маориф ва баланд бардоштани фарҳанги техникӣ диққати ҷиддӣ медиҳад. Соли маориф ва фарҳанги техникӣ нахуст дар мамлакати мо эълон шуда, сипас дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчун соли инноватсия қабул гардид.
Аз натиҷаҳои ислоҳоти дар соҳаи маориф гузаронидашуда бармеояд, ки кормандони соҳаи маориф соҳиби ҷойи хуби корӣ ва шароити муосири фаъолият дар самти таълиму тарбия гаштанд. Ҷойгоҳи мактабу маориф ва мақоми омӯзгор тадриҷан боло рафта, афрӯзандагони илму дониш ва чароғи маърифат бо масъулияти бештар рисолати касбии хешро иҷро менамоянд.
Бояд қайд намуд, ки дар соҳаи маориф муносибатҳои сифатан нав ба вуҷуд омаданд, ки онҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд. Сарфи назар аз мураккабиҳо ва мушкилоти замони гузариш Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маорифро ҳамчун соҳаи афзалиятноки кишвар зери назар ва пуштибонии худ қарор дод. Дар ин муддат барои ба танзим даровардани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 400 санади меъёрии ҳуқуқӣ таҷдиди назар, таҳия ва тасдиқ гардиданд. Дар баробари ин, барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот қонунҳои алоҳидаи соҳавӣ таҳия гардидаанд.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон низомномаҳои ҳамаи намудҳои мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва олиро вобаста ба талаботи замони нав таҷдиди назар намуд. Ҳамаи ин ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқи заминаи боэътимоди амалӣ сохтани ислоҳоти куллии соҳаи маориф ва таъмини пешрафти соҳа дар давраи гузариш гаштанд ва барои такмилу таҳкими соҳаи маориф шароиту имконият фароҳам оварданд. Вазъи мактаб дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт. Нақши мактаб ҳамчун манбаи мустақили фарҳангу маданияти миллӣ васеъ гардид. Афзоиши маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ низ дар солҳои истиқлолият назаррас буда, қисмати асосии маблағҳои барои соҳа ҷудогардида маҳз ба ин зинаи таҳсилот сарф карда мешавад. Сохтмони мактабҳои замонавӣ афзоиш ёфт. Шумораи мактаб-интернатҳо ҳам зиёд гардид. Тамоми муассисаҳои таълимӣ бо техника ва технологияи нав муҷаҳҳаз гардонида шуданд.
Сарвари давлат дар Паёми имсолаи хеш иброз намуданд, ки: “Дар шароити кунунӣ баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи илму маориф мебошад. Ҳарчанд, ки дар ин самт натиҷаҳои муайян ба даст омадаанд, вале онҳо ҳанӯз қонеъкунанда нестанд. Барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия моро зарур аст, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус, дар зинаи таҳсилоти касбӣ, на ба шумора, балки ба сифати он диққати ҷиддӣ дода, мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосирро тарбия намоем”.
Набояд фаромӯш кард, ки соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин шароити вазнин шурӯъ гардид. Дар ин давра вазъи ноором барои пешравии соҳаи маориф имкон намедод. Зиддиятҳои дохилӣ ва кашмакашиҳо дар баъзе минтақаҳо боиси қатъшавии дарсҳо дар мактабҳо гардид. Аз тарс хонандагон ва омӯзгорон ба мактаб намеомаданд, иштирок ба дарсҳо хеле суст гардид. Дар чунин шароити душвор баъди Иҷлосияи ХVI – уми Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд моҳи ноябри соли 1992 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав барқарор гардид ва садҳо проблемаҳо пешорӯи роҳбарияти нави кишвар омаданд, ки яке аз онҳо соҳаи маориф буд.
Дар ҳамин давраи ҳассос ва мураккаб Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардиданд, ки барояшон ҳалли ин мушкилиҳо осон набуд. Аммо ҷасорат, матонат, ҳисси баланди масъулияти роҳбарӣ ва эҳтирому садоқат ба Ватан, сарзамин, Эмомалӣ Раҳмонро маҷбур намуд, ки шабонарӯзӣ меҳнат намоянд, дар самтҳҳои баланди байналмилалӣ баромад кунанд ва Ватани азизашро аз вартаи марг ва гирдобҳои даҳшатбори сиёсӣ озод намоянд. Ин характери шахсияти ватандӯст ва ватанпарварро ифода менамуд ва мушкилоти ҳаррӯза ва сари вақт ҳал намудани онҳо Эмомалӣ Раҳмонро ба як чеҳраи тобноки сиёсии дохиливу байналмилалӣ табдил дод. Ин боис гардид, ки давра ба давра вазъи душвори ҷумҳурӣ ба эътидол ояд. Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омаданашон дар баробари ҳалли масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ барои тараққиёту азнавсозии соҳаи маориф кӯшишҳои зиёде ба харҷ доданд, то дар ҳамаи муассисаҳои таълимию тарбиявӣ дарсҳо шурӯъ шаванд. Ин бузургтарин муваффақият ва савобтарин амали хайр барои ҷомеаи Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.
Маҳз ҳамин талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки солҳои 1993 – 1994 сар карда, вазъи соҳаи маориф рӯ ба беҳбудӣ ниҳод ва ҷалби хонандагону омӯзгорони тарки касбкарда, ба мактаб бештар шуда, сатҳу сифати таълим беҳтар гардид.
Шурӯъ аз соли 1999 таҳти роҳбарии хирадмандонаи Сарвари давлат ба такмили сохтори соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ намуда, масъалаи таъмини хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо китобҳои дарсиро, ки яке аз масъалаҳои душвор ба шумор мерафт, ҳал намуд. Бо назардошти вазъияти баамаломада Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чопи китобҳои дарсӣ 16,5 млн. сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои инвестсионӣ ҷудо намуд. Ин имкон дод, ки муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои нави дарсӣ таъмин гарданд. Барои шароити мусоиди таҳсили хонандагон пайваста чораҳои амалӣ андешида шуда, дар солҳои минбаъда масъалаи сохтмону барқарорсозии иншооти соҳаи маориф яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати давлат ба шумор мерафт ва аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сол аз сол барои рушди пояи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ маблағҳо зиёд мегардид.
Бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо мазмуни таҳсилот ба куллӣ тағйир ёфт, балки муассисаҳои таълимӣ ба худ шакл ва мазмуни нав пайдо карда, давра ба давра ба талаботи имрӯза мутобиқ гардонида шуданд. Барои ба сатҳи байналмилалӣ мувофиқ намудани таҳсилот омӯзишгоҳҳо ва техникумҳо тадриҷан ба коллеҷҳои мустақил ва сохтории муассисаҳои таҳсилоти олӣ табдил дода шуданд.
Роҷеъ ба ин гуфтаҳо ҳаминро бояд қайд намоям, ки мо ҳамчун насли ҷавони ин кишвар ба қадри ин корҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасем ва кушиш намоем, ки дар рушду нумуи кишвар, пешрафти илму техника, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва барои боз ҳам ободтару зеботар гардидани кишвари азизамон Тоҷикистон саҳмгузор бошем.
Сулаймонзода Рустами Неъматуло, муаллими калони кафедраи мурофиаи ҷиноятии Факултети № 2, Академияи ВКД, лейтенанти калони милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...