Таҳлили вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми декабри соли 2022
Мафҳуми геополитика (аз калимаи юнонии қадима γῆ -замин, πολιτική — корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ) баъд аз пошхӯрии ИҶШС (СССР) дар доираҳои илмӣ ва таълимӣ ба таври васеъ паҳн гашта, маҷмӯи мақолаҳо, китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ ва нашрияҳои гуногуни илмӣ ва оммавӣ атрофи масоили геополитикӣ афзуда, омӯзиши фанни геополитика ба барномаи таълимии мактабҳои олӣ ворид карда шуд. Фанни геополитика гуногунмазмун буда, аз 3 ҷабҳаи асосӣ иборт аст:
Якум, ин таълимоти идеологӣ, ҷаҳонбинии хусусияти экаспансионӣ ва мудофиавии муносибатҳои байналмилалиро доро аст.
Дуюм, мафҳуми геополитика намуди мушаххаси таърих ва марҳилаҳои муносибатҳои байналмилалиро дар бар мегирад.
Сеюм, мафҳуми геополитика ба таври фаъол дар ташаккули илми байнисоҳавии ҷамъиятӣ бо объект, предмет ва системаи категорияхои худ ширкат меварзад. Умуман геополитика-яке аз илмҳои омехта ва пешбари асри 21 маҳсуб меёбад, ки сиёсатмадорони чаҳонӣ ва олимон атрофи он андешаронӣ менамоянд.
Дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ 23-юми декабри соли 2022 вазъи геополикии минтақа ва ҷаҳонро аз нигоҳи илмӣ-амалӣ баҳо дода, аз ҷумла иброз намуданд: ”Имрӯзҳо равандҳои геополитикӣ ҳамоно мураккабу печида боқӣ монда, боиси афзоиши мухолифату низоъҳо, шиддат гирифтани рақобат ва талоши кишварҳо барои тавсеаи нуфуз дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон гардидаанд. Ин ҳолат боиси ба миён омадани таҳдиду хатарҳои бесобиқаи амниятӣ гардида, дар маҷмӯъ, ба сохтори бунёдии муносибатҳои байналмилалӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад.Дар чунин шароит Тоҷикистон ба хотири таъмин намудани манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи арзишҳои анъанавии худ сиёсати хориҷии мутавозин ва санҷидаро идома медиҳад».
Ҳамчунин Пешвои миллат мақеи Точикистонро дар вазъи муосири геополитикӣ таҳлил ва баррасӣ намуда, самтҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои оянда баён доштанд: ”Дар ин замина, давлати мо азм дорад, ки дар асоси сиёсати «дарҳои кушода»-и хориҷии худ робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманду созандаи дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон тавсеа бахшида, рушд диҳад. Соли 2022 Тоҷикистон сисолагии барқарор намудани робитаҳои дипломатиашро бо аксари давлатҳои ҷаҳон таҷлил намуд. Идомаи робитаҳои фаъол ва рушду таҳкими маҷмӯи муносибатҳо бо шарикони стратегӣ, анъанавӣ ва боэътимод самти муҳимми сиёсати хориҷии моро ташкил медиҳад. Дар баробари ин, мо саъю талошро ҷиҳати таъмин намудани рушди устувор ва тақвияти рӯҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ, эътимод ва дӯстии пойдор дар минтақаи Осиёи Марказӣ идома медиҳем. Тоҷикистон ҳамкориҳои худро бо шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба ҳамчун узви фаъол идома хоҳад дод”.
Яке аз рукнҳои муҳими сиёсати хориҷии кишвар ин робита бо институтҳои молиявии байналмилалӣ аст, ки Пешвои миллат иброз намуданд: ”Дар ин раванд, ҳамкории мо бо сохторҳои байналмилалии молиявӣ ва дигар шарикони рушд дар сатҳи баланд қарор дошта, минбаъд низ густариш дода мешавад”.
Нақш ва мавқеи Тоҷикистон дар мубориза бо бо терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи силоҳ ва маводди мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ хеле калон аст, ки онро Пешвои миллат бори дигар баён намуданд: ”Тоҷикистон дар оянда низ дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи байналмилалӣ, аз қабили мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи силоҳ ва маводди мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ, ҳамчунин, мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он саҳми босазо хоҳад дошт. Мо ҷонибдори ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ ва низоъҳои минтақавӣ бо роҳи муколама ҳастем ва аз тақвияти нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид дар ин раванд пуштибонӣ мекунем”.
Яке аз масъалаҳои муҳим ин обрӯ ва манзалати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад, ки ташаббусҳои Пешвои миллат пайваста аз ҷониби СММ пазируфта мешаванд, инак ташаббуси панҷуми Тоҷикистон дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 қабул гардид, ки Пешвои миллат зикр намуданд: ”Боиси қаноатмандист, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст.14-уми декабри соли ҷорӣ Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул кард. Мувофиқи ин қатънома дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзӯъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад. Мояи ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мост, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд. Воқеан, қабули ин қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад”.
Ҳамин тариқ дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи геополикии минтақа ва ҷаҳон аз нигоҳи илмӣ-амалӣ таҳлил ва баррасӣ гардидааст, ки метавон онро ҳамчун маводи таълимӣ дар омӯзиши фанҳои таърих, назарияи давлат ва ҳуқуқ, сиёсатшиносӣ ва геополитика ҳангоми машғулятҳои дарсӣ истифода бурд.
Асламов Б.С., Самиев Н.М., Ташрифзода Ф.Қ. - кормандони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.