Вохӯрии хотирмон бо донишҷӯёну устодони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Тибқи дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро 17 декабри соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ вохӯрии сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. бо донишҷӯёну устодони факултети мазкур сурат гирифт.
Вохӯриро д.и.ҳ., профессор Мирзамонзода Хайрулло Мирзамон - сардори Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ДМТ ифтитоҳ намуда ба вохӯрии судманд ҳусни оғоз бахшид.
Дар баромадаш сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ миннатдории роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Вазири муҳтарам, д.и.ҳ., дотсент, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамроро ба роҳбарияти Донишгоҳ ва садорати факултет ҷиҳати ҳамкориҳои судманд дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисос ва ҷавобгӯйи талаботи имрӯзи бозори меҳнат бо мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, иброз намуд.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, хосатан факултети ҳуқуқшиносӣ, бонуфузтарин муассисаи олии таълимӣ буда, тӯли 74 сол мешавад, ки барои соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ, бахусус соҳаи ҳуқуқи кишвар кадрҳо омода месозад, ки дастпарварони ин боргоҳи таълимиву илмӣ имрӯзҳо дар бахшҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ кору фаъолият менамоянд. Яке аз чунин мақомоти давлатии ҳифзи ҳуқуқ, ки аз рӯи таъиноташ аксаран кадрҳои дорои тахассуси ҳуқуқшиносӣ дар он кору фаъолият менамоянд, мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.
Мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчун мақомоти босалоҳияти давлатӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва таъмини амнияту суботи ҷомеа мавқеи муҳим дошта, ҳамзамон дар раванди мукаммалсозии қонунгузории кишвар нақши бориз мегузорад. Мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳама давраҳои таърихии хеш вазифаҳои мураккабу муҳими давлатиро бар уҳда дошта, вобаста ба таҳаввулоти гуногуни ҷамъиятиву сиёсӣ такмилу азнавсозӣ гардида, хушбахтона аз уҳдаи иҷрои чунин масъулият сарбаландона баромадааст.
Ҳоло бошад, метавон гуфт, ки милитсияи Тоҷикистон аз имтиҳони вазнини солҳои ибтидои истиқлолият гузашта, ба талаботи муосир мутобиқ гардида, дар раванди ислоҳот қарор дорад, ки ҳадафи асосии онро ҳамкории мутақобилан судманд бо ҷомеа, ташаккули вазифа ва уҳдадориҳои нави касбӣ ва умуман мутобиқсозии сохтори ташкил менамояд.
Ташкил ва баргузории чунин вохӯриҳо, ки бо мақсади татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тарбияи ҷавонон, алалхусус баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ҳисси худшиносиву меҳанпарастии донишҷӯён равона карда шудааст, боиси ифтихор ва шарафмандии мо кормандони милитсия мебошад.
Ҳамагон огоҳ мебошем, ки таҳдиду хатарҳои замони муосир ба асосҳои давлатдории миллӣ ва амнияту Истиқлоли кишвар, фарҳангу маънавият ва сунату анъанаҳои миллӣ возеҳу равшан айён мебошад. Вобаста ба ин, масъала Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 9 ноябри соли 2022, дар маросими ифтитоҳи қисми ҳарбии 3505-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ чунин иброз намуданд, “...терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷиноятҳо, бахусус, солҳои охир барои аҳли башар, аз ҷумла минтақаи мо ба таҳдиди ҷиддӣ табдил ёфтаанд”. Ҳамзамон, таъкид намуданд, ки “Дигар хатари ҷиддие, ки метавонад оромиву суботи ҷомеаи моро халалдор созад, шомилшавии баъзе ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ мебошад”.
Чунин таъкидҳои Пешвои муаззами миллат ҳар як шаҳрванди бо нангу номус ва содиқ ба миллату давлат, алалхусус шумо ҷавонон-донишҷӯёнро, ки қишри закӣ ва огоҳи ҷомеа мебошед, водор менамояд, ки ҳарчи бештар барои ҳифзи арзишҳои миллӣ аз таҳдиди чунин зуҳуротҳои номатлуби ҷомеа талош намоед. Воқеан, ҷавонони кишвар ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созанда ва умеди фардои дурахшони давлату миллат эътироф шудаанд, ки албатта чунин таваҷҷуҳ пеш аз ҳама ҷавонон, бахусус шумо донишҷӯёни риштаи ҳуқуқшиносӣ, ки оянда яке аз муборизони роҳи адолат ва қонуният мебошед, масъулиятшиносиро талаб менамояд.
Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштироки ҳамаҷонибаи ҷавонони кишварро дар раванди ободкориву созандагии Ватани муқаддасамон ҳамеша дастгирӣ намуда, барои беҳтар гардонидани шароити зиндагиву таҳсил, касбомӯзӣ ва фаъолияти босамари онҳо тамоми тадбирҳои зарӯриро андешида истодаанд. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз ҷавонони мо зери сиёсати созандаи Пешвои миллат атрофи мафҳумҳои худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ озодона ибрози андеша намуда, дастовардҳои назарраси сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалиро ба даст овардаанд, ки далели ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли созандаи кишварамон арзёбӣ мегарданд.
Аммо дар баробари ҳама ин дастовардҳо ва ғамхориву таваҷҷуҳи пайвастаи давлату Ҳукумат, як қатор масъалаҳое мавҷуд ҳастанд, ки ҷавонони мо, дар баъзан мавридҳо донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ бо онҳо рӯ ба рӯ мегарданд, ки боиси нигаронӣ мебошанд. Махсусан ҳолатҳои даст задани ҷавонон ба ҳар гуна кирдору амалҳои номатлуб, аз ҷумла шомилшавии ҷавонон ба созмонҳои террористиву ифротгароӣ, таассуби динӣ, хурофотпарастӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва паҳншавии баъзе одатҳои номатлуб, алалхусус нашъамандӣ, истеъмоли моддаҳои синтетикӣ, худкушӣ, ва ғайра мебошанд, ки дар баробари дигар вазорату идораҳои дахлдор, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин самт корҳои муаянро анҷом дода истодааст.
Аз ин рӯ, масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва худшиносиву худогоҳии ҷавонони кишвар бояд ба яке аз самтҳои асосии фаъолияти пурмаҳсул табдил ёбад. Бояд қайд намуд, ки дар замони бархурди манфиатҳо ва бартариятҷӯии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, ҳифзи манфиат ва арзишҳои миллӣ, барои ҳама қишрҳои ҷомеа, алалхусус ҷавонон, ки ояндаи миллат ва ҷамъият мебошанд, аз ҳама муҳим арзёбӣ мегардад. Чунки мо имрӯз дар марҳилаи ҳассос қарор дорем, ки аз ҳарвақта дида вазъи сиёсӣ, ба таъмини амният, ҳифзи асосҳои истиқлолият ва суботи комил бештар ниёз дорад.
Таъмини амнияти миллӣ имрӯзҳо муҳимтарин бахш дар раванди бунёди давлатдории миллӣ ҳисоб меёбад. Ҳифзи ҳама арзишҳои милливу давлатӣ ба амнияти ҷомеа алоқаманд мебошанд. Бинобар ин таъмини амнияти кишвар ва ҳифзи тамомияти арзии он омили меҳварии истодагарӣ намудан дар муқобили таҳдидҳои имрӯзи ҷомеа мебошад. Яке аз масоили мубраме, ки дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар ҷой дорад, шомилшавии баъзан ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ мебошад, ки албатта, сабаб ва омилҳои худро дорад.
Генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ дар баромадаш дар мавриди бисёр масъалаҳои мубрами замон: ҷалб гардидани баъзе ҷавонон ба доираи фиреби гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ, маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти террористидошта, аз тарафи мақомоти қудратӣ ошкор намудани ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, бар асари истеъмоли воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ азият кашидани баъзе қишри ҷомеа, ҷой доштани ҳолатҳои ба дарс омадани донишҷӯён бо автомашинаҳои шахсӣ ва дигар масъалаҳо бо такя ба таҳлилҳои оморӣ арқомҳои дақиқ оварда саҳми мақомоти давлатиро дар ин самтҳо баён кард.
Баъд аз баромади сардори шуъбаи кадрҳои Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия Азимӣ Умеда саволу ҷавобҳо сурат гирифт. Сардори Академияи ВКД ба саволҳои беш аз 10 нафар донишҷӯён ҷавобҳои возеҳу равшан дода моҳияту мазмуни баъзе масоили мубрамро кушода дод.
Дар анҷоми суханаш сардори Академияи ВКД сипосгузории хешро ба раёсати донишгоҳ, бахусус факултети ҳуқуқшиносӣ изҳор намуда, зикр намуд, ки дарҳои Вазорати корҳои дохилӣ, алалхусус Академияи ВКД барои ҳайати профессорону омӯзгорон ва Шумо донишҷӯёни ин боргоҳи бузурги таълимии кишвар, ҳамеша кушода буда, барои табодули таҷриба ва истифодаи он ба манфиати давлату ҷомеа омода мебошад. Ба фарорасии Соли нави мелодӣ ҳозиринро табрику муборакбод намуда, ба онҳо тансиҳатӣ, хонаободӣ ва дар кору пайкорашон бурдбориҳо таманно кард.
Дар маҷмӯъ мулоқоти доиргашта ба ҳозирин таассуроти хубе ба ёдгор гузошт.