Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таърихи ташаккулёбии Рӯзи 23-феврал

Artishi-Milli-1Ҳар сол рӯзи 23 феврал дар ҷумҳурии мо ҳамчун Рӯзи муҳофизони Ватан ё Рӯзи артиши миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Суоле ба миён меояд, ки чаро на рӯзҳои дигар, балки маҳз рӯзи 23 февралро Рӯзи муҳофизони Ватан ном додаанд? Аз ин рӯ, зарур донистем барои муайян намудани заминаҳои ба вуҷудоии ин ҷашн ба санадҳои таърихӣ назар намоем.

Аз санадҳои таърихӣ маълум гашт, ки ин ҷашн бо чанд ном дар таърих боқӣ мондааст:
-Рӯзи Артиши Советӣ;
-Рӯзи Артиши Сурх;
-Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ва Флоти ҳарбӣ-баҳрӣ.
Ҳамин тавр, баъд аз ғалабаи шӯриши яроқнок дар Петроград, санаи 24-25 октябри соли 1917 (аз рӯи тақвими имрӯза 7-8 ноябри соли 1917) ба ҷумҳурии ҷавону тозабунёди Шӯравӣ қувваҳои зиддиинқилобӣ ҳамла намуданд. Ҳукумати Шӯравиро зарур буд, ки алайҳи онҳо муборизаи оштинопазирро оғоз намояд. Дар он замон ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҳокимияти Шӯравиро фақат отрядҳои Гвардияи сурхи сарбозон ва маллоҳони инқилобӣ ташкил медод. Ҳокимияти Шӯравӣ бо мақсади ҳимояи давлати тозабунёди Шӯравӣ аз Олмони кайзеровӣ ба ташкили артиши муназзаму доимоамалкунандаи худ шурӯъ намуд. Санаи 15 январ (бо солшумории нав 29 январ) - и соли 1918 Раиси Шӯрои Комиссариатҳои халқ В.И.Улянов (Ленин) Декрет «Дар бораи ташкили Флоти ҳарбии коргару деҳқон»- ро имзо намуд. Баъдтар санаи 29 январ (бо солшумории нав 11 феврал)-и ҳамон сол Декрет «Дар бораи ташили Артиши сурхи коргару деҳқон»- ро низ ба тасвиб расонид.
18-уми феврали соли 1918 қӯшунҳои ҳарбии олмонию австриягӣ (39 дивизияро ташкил медод) ва туркӣ, аҳдномаи оштии 2 (15) декабри соли 1917 басташударо шикаста, ба давлати тозабунёди Советӣ ҳамла намуданд ва ба истило намудани Украина, Белорусия ва минтақаҳои назди Балтика оғоз карданд. Рӯзи 21 феврали ҳамон сол қӯшунҳои олмонӣ шаҳри Минскро ишғол намуданд. Дар ин рӯз Ҳукумати Шӯравӣ бо шиори «Ватани сотсиалистӣ дар хатар» ба аҳолӣ муроҷиат намуд. Аҳолӣ оид ба муроҷиати роҳбарияти Ҳукумати Шуравӣ бетарафӣ зоҳир нанамуданд ва ихтиёран яко як ба сафи Артиши сурх дохил гардиданд.
Рӯзи 23-юми феврали соли 1919 дар шаҳри Петроград рӯзи Артиши сурх таҳти шиори ҳимояи Ватани сотсиалистӣ аз «қӯшунҳои кайзеровӣ» (дар санадҳои он замона вожаҳои «немисӣ» ё «олмонӣ» истифода нашуда, танҳо вожаи «кайзеровӣ» ном бурда мешуд) баргузор гардид. Дар иҷлосияи Шӯрои петроградии депутатҳои артиши коргару деҳқон, ки ба солгарди ташкили Артиши коргару деҳқон бахшида шуда буд, бо маърӯзаи шодбошӣ Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Умумироссиягӣ Я. М. Свердлов баромад карда, аз ҷумла қайд намуд, ки Артиши сурх, қабл аз ҳама бар зиди душманони хориҷӣ таъсис дода шуда аст.
Аввалин маротиба, соли 1923 ба ифтихори «Рӯзи Артиши сурх ва флот» фармони Шӯрои инқилобии ҳарбии Ҷумҳурӣ интишор карда шуд. Баъдтар Кумитаи Иҷроияи Марказии Умумироссиягӣ, ҷиҳати муштарак намудани солгарди Артиши сурх боз бо як чорабинии таблиғотӣ-яъне «Рӯзи туҳфаи сурх» тасмими тозае гирифт. Ба зудӣ рӯзномаи овозадори «Правда» меҳнаткашонро бо хабари тозаро нашр намуд: «Таҷлили Рӯзи туҳфаи сурх дар тамоми ҳудуди Ҳукумати Шӯравӣ ба рӯзи 23 феврал гузаронида шуд. Дар ин рӯз дар тамоми шаҳрҳо ва дар фронт иди солгарди таъсиси Армияи сурх таҷлил карда мешавад…».
Дар ин замина Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баъд аз расидан ба Истиқлолият рӯзи 23-юми февралро чун рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ таҷлил менамуд, ки асосҳои бунёди худро аз 23-юми феврали соли 1993, яъне гузашти аввалин паради низомӣ дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе медонад.
Курсанти курси 4, гурӯҳи таълимии №412, факултети № 6, сержанти хурди милитсия Саидов А. А.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...