Марзу буми кишвар - номус ва қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди ватандор аст
(Дар ҳошияи мақолаи коршиноси масоили байналмилалӣ Абдуллоҳи Раҳнамо «Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?»)
Амният яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҷомеа ба ҳисоб меравад, ки он ҳифзи шахсият, ҷомеа ва давлатро таъмин менамояд. Ватан бо таъмини амнияти миллӣ барои ҳар фарди миллат муқаддас мебошад, зеро Ватан далели асосии ҳастии миллат ҳисобида мешавад. Таърихи мулку мулкдории миллати тоҷик нишон медиҳад, ки дар ин Ватан шахсиятҳои бузурги дорои азму иродаи қавӣ ва ғуруру ҳисси миллӣ кору пайкор намудаанд, ки барои ҳимояи марзу буми Ватани хеш ҷонфидоиҳо кардаанд.
Талошу набардҳои мардонаи Спитамен, Абӯмуслими Хуросонӣ, Муқаннаъ, Деваштич ва Ғуррак, Рофеъ ибни Лайс, Темурмалик, Восеъ, Исмоили Сомонӣ, С. Айнӣ, Ш. Шоҳтемур, Н. Махсум, Б. Ғафуров ва дигарон баҳри дифоъ аз манфиатҳои ин миллати куҳанбунёд равона шуда буданд.
Чунин талошҳои ватандӯстона баҳри пойдории амнияти миллӣ мусоидат намуда, самараҳои хурсандибахш хоҳанд дод. Бояд тазаккур дод, ки имрӯз қувваҳое ҳастанд, ки барои ноором кардани вазъият ва халалдор намудани амнияти миллии ин ё он давлатҳои ҷаҳони муосир ҳавасманд мебошанд. Бинобар ин, онҳо ҳаргуна равияҳо, аз он ҷумла равияҳои миллиро дастгирӣ намуда, вазъиятро дар ин ё он минтақа халалдор менамоянд ва барои амнияти давлатҳо хатар эҷод мекунанд. Масъалаи асосии амнияти миллӣ, ташаккул ва таҳкими доимии шуури худшиносии миллӣ ва пойдевори он аз шуури муқаррарӣ замина мегирад. Чуноне ки дар суханрониҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид гардидааст, ҳар як фарди ҷомеа бояд зиракии сиёсии худро аз даст надиҳад. Ин нуқта, хусусан дар замони пуртазоди ҷаҳонишавӣ амри ногузир аст, зеро дар манотиқи мухталифи ҷаҳон имрӯз ҳаракату ҷараёнҳои ифротӣ зиёд ба назар мерасанд, ки бешубҳа ба амнияту суботи ҷомеа таҳдид менамоянд.
Ҳодисаву воқеаҳои охири сиёсӣ дар минтақаҳои гуногуни олам махсусан дар ҷомеаҳои мусулмоннишин моро водор менамояд, ки оид ба сабабҳои ба вуҷуд омадани ҳодисаҳо андеша намоем. Зеро, наандешидан, хулоса набаровардан ва дар фикри он набудан, метавонад ба сари ҷомеаи мо низ масъалаҳои сиёсиву амниятиеро эҷод намуда, оромии кишварро зери суол бубарад. Мо набояд фаромӯш кунем, ки дар оғози соҳибистиқлолии давлатӣ ҷанги дохилӣ боиси даҳсолаҳо қафо мондани тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ гардид ва мушкилоти зиёдеро ба сари миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон овард.
Файласуфи машҳури англис Антони Гидденс навишта буд, ки «мо акнун дар асри (замони) хатару таваккал (риск) зиндагӣ дорем».
Вазъи имрӯзаи олам ва минтақаи мо мураккаб буда, бояд сиёсатмадорон, файласуфон ва адибони мо илми замони муосирро барои хизмат намудан ва тақвияти ҷаҳони фикриву андешаи миллии ҷавонони мо равона созанд. Масъалаи муҳим дар ҳаёти инсоният ин таъмини амнияти ӯ мебошад. Агар амнияти шахс таъмин нагардида бошад, ӯ на ба илм сару кор мегирад ва на ба дигарҳо. Бояд дар маркази баҳси донишмандони мо масъалаи ҳифзи сулҳу субот ва амният ҳамеша дар мадди аввал истода бошад. Зеро агар ба хотири барпо кардани давлати навини тоҷикон дар солҳои 90-ум чӣ қадар ҷоннисориҳо шуда бошад, барои ҳифз кардани таъмини амнияту субот дар ҷомеа на камтар аз он заҳмат кашида мешавад.
Тоҷикистон – Ватани азизу маҳбуби мост. Ватанро азиз доштан, ба муқаддасоташ арҷ гузоштан ва дар навбати худ ободу шукуфо гардонидани он фарзи имонӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди бедордил ва худогоҳу худшинос мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ масъалаи ватану ватандӯстиро таҳлил ва баррасӣ намуда, аз ҷумла таъкид намуданд: «Мо бояд Ватани худро сидқан ва баробари ҷони хеш дӯст дорем, ватандӯсту меҳанпарасти воқеӣ бошем, шукронаи неъмати бузургтарин ва муқаддаси инсонӣ, яъне соҳибватанӣ ва озодиро ба ҷо орем, барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омода бошем, ба хотири пешрафту ободии давлати соҳибистиқлоламон ва рӯзгори осудаву ороми ҳар як хонадони кишвари азизамон шабу рӯз заҳмат кашем».
Ватандорию ватансолориро, ки ҷавонони мо бештар ба илму ҳунар, таваҷҷӯҳ намоянд, то ки дар ин роҳ ба дастовардҳои нав ба нав ноил гарданд. Барои ин ҳамаи шароит муҳайё аст. Ба таърихи чандинҳазорсолаи худ нигариста, ҳар як ҷавони тоҷик барои комёб шудан ба қуллаҳои баланди илмӣ бояд аз худ боварии комил дошта бошад ва ба худ ҳамеша гӯяд, ки мо аз уҳда ва масъулияти он мебароем.
Аз ҳамин нуқтаи назар, имрӯз ҳимояи якпорчагии кишвар, ҳифзи сулҳу субот ва мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории миллӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими сиёсиву амниятии кишварро ташкил медиҳад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 30-юми ноябр дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки «Имрӯзҳо мо дар шароити мураккаб қарор дорем. Бархурди манфиатҳои абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва дастёбӣ ба захираҳои табиӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, оғози марҳилаи нави «ҷанги сард», шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ ва ҷиноятҳои киберӣ, инчунин тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои вобаста ба он, паҳншавии бемории сироятӣ ва мушкилоти дигар зиндагии сокинони сайёраро ба давраи сангинтарин дар таърихи қариб садсолаи инсоният рӯ ба рӯ кардаанд. Илова бар ин торафт вусъат гирифтани миқёси таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризми байналхалқӣ, ифротгароӣ, радикализми динӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ боиси ташвишу нигаронии ҷиддии аҳли башар гардидаанд».
Аз ин рӯ, моҳияти низои печидаи марзӣ байни ду давлати ҳамсоя аз ин иборат аст, ки мувофиқи ҳуҷҷатҳои расмии муайянкунандаи сарҳади байни ин ду кишвар, имрӯз ҳудуди 211 000 гектар замини қаламрави қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтиёр ё истифодабарии Ҷумҳурии Қирғизистон қарор дорад. (Маҳз ҳамин рақам 23.09.2022 дар суханронии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмаи умумии СММ садо дод). Тибқи ҳамин санадҳои расмӣ ин заминҳо, ки ҳамчун «қитъаҳои баҳсӣ» ёдоварӣ мешаванд, ҳоло 84 000 га. замин дар мавзеи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (асосан аз ҳисоби ҷамоати Хистеварз ё Қистакӯзи собиқ), 56 000 гектар замин дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ (асосан минтақаи ҷангалзори Андарак), 61 000 гектар замин дар ҳудуди шаҳри Исфара (асосан аз ҷамоатҳои Сурх, Чоркӯҳ ва Ворух), баъзе қитъаҳои нисбатан хурди дигар дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Спитамен ва ғайраро дар бар мегиранд. То имрӯз дар ин масъала байни ду кишвар беш аз 100 мулоқоту гуфтугӯи сатҳҳои гуногун сурат гирифта, аз наздики 990 км хатти сарҳадӣ дар бораи беш аз 602 километр ё ҳудуди 61% аз он тасвири лоиҳавӣ таҳия ва аз ду тараф мувофиқа гаштааст. Аммо тибқи изҳороти Вазири корҳои хориҷии ҶТ аз 23.09.2022, ҷониби Қирғизистон аз имзо ва расмият бахшидани мувофиқаи ҳосилшуда дар бораи ин бахш аз сарҳадҳои давлатӣ (61%) низ худдорӣ менамояд. Омода будани созишнома дар бораи ин бахши марзҳо, гузаштани расмиёти дохилидавлатии он дар Тоҷикистон, омодагии Тоҷикистон барои имзои он ва «босабабҳои ба ҷониби Тоҷикистон вобаста набуда» то имрӯз ба имзо нарасидани ин ҳуҷҷат дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо сокинони ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара аз 9 апрели соли 2021 низ садо дода буд…
Аммо дар 39%-и боқимондаи хатти сарҳадӣ феълан вазъияти печидаву муайянношуда идома дорад. Дар ин асно қитъаҳо бо сабабҳои баҳси боқӣ мондани масъалаҳое чун истифодаи оби нӯшиданиву полезӣ, замини истиқоматию кишоварзию чарогоҳ, роҳу пулу гузаргоҳ, хатти барқу захираҳои табиӣ ва ҳатто қабристон ҳаргоҳ байни сокинон ихтилофу низоъҳо сар зада, солҳои охир моҳияти хунин мегиранд. Дар чунин вазъият, риоя нашудани қарордодҳои ҷузъии дуҷониба дар бораи мақом ва истифодаи қитъа ва иншооти мушаххаси наздисарҳадӣ, ки дар солҳои охир ба имзо расидаанд, вазъиятро боз ҳам печидаву ноустувортар мегардонад. (Намунаи ахири он соли 2021 аз созишномаи соли 2006 дар бораи иҷораи замин баромадани Қирғизистон аст, ки эътимоди байни сарҳадиро амалан аз байн мебарад). (Абдуллоҳи Раҳнамо. Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест? (Шарҳи коршиносӣ бар моҳият ва асосҳои ҳуқуқии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баҳси марзӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон) /Ҷавонони Тоҷикистон.-1.12.2022.-№48 (9786).-С.12)
Илова бар ин, ҷониби Қирғизистон соли 1999 бо фарогирии аксари қитъаҳои баҳсӣ вилояти нави Боткандро (Баткент) таъсис намуда, бо қабули қонуни махсуси миллӣ «Дар бораи мақоми вилояти Ботканд» (№113 аз 10-уми сентябри соли 2021) ин вилоятро амалан ба ҳавзаи махсуси ҳарбиву мудофиавӣ табдил карда, ҳатто ба низоъҳои маишиву иҷтимоии аҳолии минтақаҳои сарҳадӣ моҳияти ҳарбиву сиёсӣ мебахшад. Банди 14-уми ин қонун мушаххасан пешбинӣ мекунад, ки дар ин вилоят (дар заминҳои қонунии Тоҷикистон), бо додани имтиёзҳои зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ, шумораи аҳолӣ ва нуктаҳои аҳолинишини қирғизӣ ба таври мақсаднок зиёд карда шавад. Қонуни нави ин кишвар, ки 20-уми октябри соли 2022 қабул гашт, ҳатто мусаллаҳкунии саросарии сокинони ин деҳаҳои амалан ғайриқонуниро пешбинӣ мекунад. Чунин ҳолатҳо дар маҷмӯъ, ба ҷойи осонтар кардани ҳалли масъала, имкони ба низои мусаллаҳи васеъ ва байнидавлатӣ табдил ёфтани баҳсро рӯз аз рӯз зиёд менамояд…
Зарурати амалии истодагии Тоҷикистон бар ин асл дар он аст, ки аксари заминҳои мавриди баҳс, ки ҳоло дар ихтиёри Қирғизистон қарор доранд (ҳамон 211 000 га), дар тӯли ҳудуди 90 соли охир маҳз дар асоси амалу санадҳое чун муомилаи байни ҳамдигарии шаҳрвандони оддӣ ё мансабдори маҳаллӣ (1), табодули замин байни колхозу совхозҳо (2), тавофуқи роҳбарони ҷамоату шаҳру ноҳияву вилоятҳо (3), қарори вазорату идораҳои соҳавӣ (4), ҳолатҳои фурӯхташудани замин дар сатҳҳои гуногун (5), протоколҳои комиссияҳои муштарак (6), иҷорадиҳии расмии байни идоравӣ ё байни давлатӣ (7) ва ғайра ба ихтиёри кишвари ҳамсоя даромадаанд. Яъне, аксари ин заминҳо амалан давра ба давра дар сатҳҳои гуногун ва дар доираи манфиатҳо ва рӯҳияҳои гуногун ба қирғизҳо вогузор шудаанд…
Як «нуқтаи қувват»-и ҷониби Қирғизистон низ маҳз ҳамин аст, ки барои ба истифодабарии он вогузор шудани бахше аз ин заминҳо дар ихтиёри кишвари ҳамсоя санадҳои маъмурию маҳаллии гуногунсатҳ вуҷуд доранд.
Аммо «нуктаи қувват»-и Тоҷикистон ин аст, ки ҳеҷ яке аз ин санадҳо, ки байни шахсону хоҷагиҳою минтақаҳою идораҳо дар бораи истифодаи заминҳо ба имзо расидаанд, расмиёти зарурии давлатиро нагузашта, ҳамчун ҳуҷҷати расмии муайянкунандаи сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон эътироф нашудаанд. Аз ин рӯ, ин ҳуҷҷатҳо ҳамчун санадҳои истифодаи замин дар марҳилаҳои гуногун барои истифодаи муваққатии заминҳои мушаххас асос шудаанд, аммо ҳеҷ яки онҳо эътибори ҳуқуқии ҳуҷҷати расмии байнидавлатиро надошта, наметавонад барои тағйир додан ва муайян кардани марзҳои байнидавлатӣ асос қарор дода шавад.
Асоси ҳуқуқӣ барои эътибори расмӣ ва давлатии ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи марзҳо дар он аст, ки онҳо бояд дар доираи муқаррароти Конститутсияи ИҶШС дар ин масъала қабул ва тасдиқ гашта бошанд. Зеро, Конститутсияи ИҶШС барои тағйир додани сарҳади давлатии ҷумҳуриҳои узви ИҶШС аввал розигии худи ин ҷумҳуриҳо (дар шакли санади давлатӣ) ва сипас, қабули қарори дахлдор аз ҷониби мақомоти олии ҳокимияти давлатии ИҶШС-ро талаб мекард. Танҳо дар ин ҳолат, як ҳуҷҷат метавонист қурби ҳуҷҷати расмии муайянкунандаи сарҳад байни ҷумҳуриҳоро гирад. Ин талабот дар бораи чӣ гуна тағйир додани марзи байни ҷумҳуриҳо дар тамоми Конститутсияҳои ИҶШС, ки дар солҳои гуногун, аз ҷумла солҳои 1924, 1936 ва 1977 қабул шуда буданд, такрор шудааст, ки нишонгари аҳаммият ва қатъияти он аст. Ба таври мушаххас, мувофиқи банди «б»-и Конститутсияи ИҶШС аз 31 январи 1924 танзими масъалаҳои тағйир додани сарҳад байни ҷумҳуриҳои Шуравӣ танҳо ба салоҳияти ИҶШС мансуб буд. Банди «д»-и моддаи 14-уми Конститутсияи ИҶШС аз 5 декабри соли 1936 низ масъалаи тағйир ва тасдиқи сарҳадҳои ҷумҳуриҳои Шӯравиро ба салоҳияти ИҶШС гузошта буд. Дар моддаи 18-уми он ба таври қатъӣ омадааст, ки «бе розигии худи ҷумҳуриҳои узви иттиҳод тағйир додани сарҳадҳои онҳо мумкин нест».
Тибқи банди 2-юми моддаи 73-уми Конститутсияи ИҶШС аз 7-уми октябри соли 1977 низ масъалаи тағйиру тасдиқи сарҳадҳои ҷумҳуриҳои узви Иттиҳоди Шӯравӣ танҳо ба салоҳияти ИҶШС мансуб буд. Моддаи 78-уми он низ талаб мекард, ки сарҳади байни ҷумҳуриҳои Шӯравӣ танҳо бо розигии худи ин ҷумҳуриҳо тағйир дода шуда, барои расмият ёфтан ҳатман аз ҷониби ИҶШС тасдиқ карда мешаванд.
Ҳамин талаботи қатъӣ дар бораи розигии ҳатмии ҷумҳуриҳо барои тағйир додани сарҳадҳояшон, дар Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон низ ҷой дода шуда буд. Аз ҷумла, дар моддаи 2-юми Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон аз соли 1929 муқаррар шудааст, ки ҳудуди ҶШС Тоҷикистон наметавонад бе розигии он тағйир дода шавад. Конститутсияҳои минбаъдаи ҶШС Тоҷикистон аз соли 1931 (моддаи 29) васолҳои 1937 ва 1978 (моддаи 15) низ муайян мекарданд, ки тағйир додани сарҳади давлатӣ бе розигии худи Тоҷикистон мумкин нест. Ҳамин талабот дар бораи тарзи тағйири сарҳади ҷумҳуриҳо дар Конститутсияи ҶШС Қирғизистон низ омада буданд. (Абдуллоҳи Раҳнамо. Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест? (Шарҳи коршиносӣ бар моҳият ва асосҳои ҳуқуқии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баҳси марзӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон) /Ҷавонони Тоҷикистон.-1.12.2022.-№48 (9786).-С.13)
Тоҷикистон дар музокироти марзӣ маҳз ба «ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927 ва соли 1932» такя мекунад. Асос ва зарурати такя ба ин ҳуҷҷатҳо чунин аст:
1. «Ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927 ва 1932» ягона бастаи ҳуҷҷатҳое мебошанд, ки дар онҳо сарҳадҳои давлатии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар давраи таъсиси ин давлатҳо ба таври дақиқ ва расмӣ муайян ва тасдиқ карда шудааст.
2.Ин ҳуҷҷатҳо ягона ҳуҷҷатҳоест, ки тамоми расмиёти байниҷумҳуриявӣ ва давлатиеро, ки Конститутсияи Иттиҳоди Шӯравӣ барои муайян кардани сарҳади байни ҷумҳуриҳои узви ИҶШС муқаррар намуда буд, ба пуррагӣ гузошта ва расмияти давлатӣ ёфтаанд.
3.Дар тамоми давраи Иттиҳоди Шуравӣ ва пас аз истиқлоли давлатии кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон, яъне аз соли 1932 то имрӯз ягон ҳуҷҷати дигари муайянкунандаи сарҳади давлатии байни ин ду давлат ба тариқи расмиёти муқарраршуда дар сатҳи байниҷумҳуриявӣ ва сатҳи давлатии ИҶШС қабул нашудааст.
4.Агар ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927, ки ҳуҷҷатҳои таъсиси ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ҳастанд, эътироф нагарданд ва сарфи назар шаванд, вазъияти сарҳадҳо ба ҳолати таърихии то барқарори Иттиҳоди Шуравӣ бар мегардад. Яъне он гоҳ сухан аз марзҳои Аморати Бухоро ва Русияи подшоҳӣ ва ҳатто хонигариҳои Хеваю Хуқанд меравад. Дар чунин сурат ду тараф ҷонибият ё субъективияти худро дар музокироти сарҳадӣ умуман аз даст дода, ҳам мавзӯъ, ҳам миқёс ва ҳам қоидаҳои музокирот комилан дигар мешаванд. Аз ин рӯ, ҳуҷҷатҳои мазкур, гарчӣ аз назари сарнавишт ва ҳаққи таърихии тоҷикон дар минтақа ҳаргиз одилона нестанд, феълан ягона ҳуҷҷати такягоҳӣ барои мавзӯият, чорчӯб ва мазмун пайдо кардани музокироти марзӣ байни ин ду кишвари мушаххас мебошанд.
Ба ҳамин тариқ, «ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927 ва 1932», ки Тоҷикистон дар музокироти марзӣ ба онҳо таъкид мекунад, танҳо ҳуҷҷатҳое ҳастанд, ки метавон дар масъалаи муайянсозии сарҳади давлатӣ байни ин ду давлати ҳамсоя ба он такя намуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр менамояд, ки дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси замони муосир ва равандҳои босуръати ҷаҳонишавӣ масъалаҳои ҳифзи истиқлолу озодӣ, суботу оромӣ, муқаддасоту арзишҳо, суннату анъанаҳо ва расму ойинҳо барои мо аҳаммияти рӯзафзун пайдо карда истодаанд.
Аз ин рӯ, мо мардуми Тоҷикистон, вазифадорем, ки дар зери Парчами давлати худ боз ҳам бештар муттаҳид бошем, барои ҳимояи марзу буми Ватани аҷдодӣ, пойдории давлату давлатдории навинамон саъю талош намоем, манфиатҳои милливу давлатии худро ҳифз кунем, амнияту оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату сарҷамъиро таҳким бахшем ва ҷойгоҳу обрӯи Тоҷикистони маҳбубамонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.
Мо аминем, ки бо истифода аз таҷрибаи ғановатманди Мактаби давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар баҳси марзӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон дар асоси ҳуҷҷатҳо ва далелҳои таърихӣ ва бо роҳи мусолиҳатомез 211 000 га заминро, ки дар истифодаи Ҷумҳурии Қирғизистон қарор дорад, ба даст орад.
Комилов Далер Рустамович, сармутахассиси Раёсати таълим, номзади илмҳои фалсафа, дотсенти Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода,
Самиъзода Бахтиёр Салим, дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия