Зӯроварӣ дар оила – амали номатлуби иҷтимоӣ
Зӯроварӣ амале мебошад, ки ҳеҷ узре надорад, новобаста аз он ки, кӣ, кай ва дар куҷо онро содир мекунад. Зӯроварӣ дар оила хосияти боз ҳам бештар харобиовар дорад, чунки аз тарафи одами наздике, ки ҷабрдида аз аввал ба ӯ эътимод дошт, ба вуқӯъ меояд ва бо назардошти сабабҳои зиёде, ҷабрдидаро нотавон мегардонад ва ӯ ба муддати дароз азобу шиканҷаи худро пинҳон мекунад. Зӯроварӣ дар оила на танҳо ҳолати равонӣ, ҷисмонӣ ва эҳсоси амнияти дохилии ҷабрдидаро cуст мекунад, он инчунин дорои дигар оқибатҳои манфӣ барои тамоми ҷомеа мебошад. Ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила, одатан аз ҷомеа худашонро дур мегиранд, бо атрофиёни наздик алоқаро гум мекунанд, дар таҳсилу кор мушкилӣ мекашанд. Онҳо наметавонад бо фаъолияти пурсамар ба манфиати ҷомеа машғул бошанд. Саривақт муайян кардани ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила ва расонидани кӯмаки самараноки психологӣ ба ҷабрдидагон барои барқароркунии боварӣ ба қувваи худ ва эҳёи нави захираҳои дохилӣ барои бартараф намудани мушкилот ёрӣ мерасонад.
Аз тарафи дигар, зӯроварон, яъне шахсоне, ки зӯровариро дар оила содир мекунанд, ба барномаҳои ислоҳӣ зарурият доранд, то ба онҳо барои дарки сабаби таҷовуз кӯмак кунанд ва идора кардани рафтори харобиовари худро омӯзанд. Аз ин сабаб, нақши мушовирон-психологони махсус як ҷузъи хеле муҳим дар муттаҳид сохтани мутахассисони гуногун (кормандони милитсия, кормандони иҷтимоӣ, табибон, ҳуқуқшиносону адвокатҳо ва ғайра), барои вокуниши муассир ба зӯроварӣ дар оила мебошад.
Бояд қайд кард, ки зӯроварӣ дар оила нисбат ба зан падидаи нав нест. Мутаассифона, бисёрии одамон, ҳам марду ҳам зан лату кӯб ва рафтори бадро (ба мисоли ҳақорат, масхараву мазоқ кардан) байни аъзоёни оила ҳамчун зӯроварӣ надида, онро чун қисми муқаррарии ҳаёти оилавӣ мебинанд. Зӯроварӣ нисбат ба ҳамсарро одатан чун баҳс, низоъ ва ҷанҷоли оилавӣ ҳисобида, онро ба кори дохилии оилавӣ шомил мекунанд. Хушбахтона, дар солҳои охир дар мамлакати мо масъалаи зӯроварӣ дар оила чун мушкилии ҳукумат (на мушкилоти оилавӣ) ошкоро муҳокима ва эътироф карда мешавад ва бисёр корҳо барои бартараф кардани он ба анҷом расонида мешаванд.
Ҳамин тавр дар сатҳи қонунгузорӣ дар мамлакат бисёр санадҳои меъёрӣ қабул шудаанд ва муҳимтаринаш Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» (№954) мебошад, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 марти соли 2013 ба имзо расид. Инчунин дар Тоҷикистон дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ фаъолиятҳои гуногунро доир ба мубориза нисбати зӯроварӣ дар оила амалӣ мекунанд.
Дар соли 1993 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занонро ба тасвиб расонид ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа тавассути ҳифзи ҳуқуқи занон ва мусоидат намудан ба ҳимояи ҳуқуқу имкониятҳои баробар ҷиҳати иштироки онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ таъсис дод. Бо мақсади рафъи зӯроварӣ дар оила ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ корҳои назаррасро анҷом доданд, вале масъалаҳои ҳалталаб ҳоло ҳам зиёданд.
Проблемаи зӯроварӣ дар оила, мушкилоти гуногунҷабҳа аст ва ин маънои онро дорад, ки барои муборизаи самаранок чораҳои ҳамаҷониба, ба монанди пешгирии зӯроварӣ, ошкор кардани ҷабрдидаҳо ва кӯмаку муҳофизати кифоя, инчунин ҷазо додани гунаҳкорон бояд дида баромада шаванд. Дахолат инчунин дар ҳамаи сатҳҳо зарур аст: аз таҳия ва такмилдиҳии қонунгузории кишвар, ки бояд ҳифзи тамоми ҷабрдидагонро аз ҳама гуна намуди зӯроварӣ таъмин намояд, оғоз намуда, фаъолиятҳо ва масъулияти мақомоти гуногун ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ, табибон, психологҳо, кормандони иҷтимоӣ ва омӯзгоронро танзим намояд. На танҳо дарки муҳимияти проблемаи мазкур аз ҷониби мардум, балки ташаккули ақидаи ҷомеа оид ба ин мушкилот ва таҳаммул накардани он аз тарафи мақомотҳои расмӣ ва ҳар фарди алоҳидае, ки дар кишвар зиндагӣ дорад, бояд омили муҳими мубориза бар зидди зӯроварӣ дар оила бошад.
Ҳангоми баррасии масъалаи зӯроварӣ бояд ба аломатҳое, ки аз мавҷудияти зӯровариро дар оила шаҳодат медиҳанд,диққат дод:
- Зӯроварӣ дар оила ҳамеша табиати худро дорад. Яъне, амале ба шумор меравад, ки доимо мақсадҳои ғаразнок дорад ва бо нияту мақсади муайяне нисбати аъзоёни оила содир мешавад. Ин амалҳо ба хотири ба даст овардани натиҷаи манфиатбахш барои зӯровар иҷро мешаванд.
- Поймол намудани ҳуқуқу озодиҳои ин ё он аъзои оила аломати дигари хабардиҳанда аз мавҷудияти зӯроварӣ мебошад. Ҳамаи одамон озоданд ва дар ҳуқуқу озодиҳояшон баробаранд: ҳуқуқ ба зиндагӣ, амният, таҳсил, дастрасӣ ба табобат, бунёди оила, ҳуқуқ ба истироҳат ва ғайра.
- Зӯроварӣ дар оила – ин як навъ поймолкунии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон мебошад, ки худмуҳофизаткунии ҷабрдидаро ғайриимкон месозад. Яъне, барои ин амал нобаробарии қувва хос аст, вақте ки як тараф аз ҷиҳати қувваю қудрат нисбати тарафи дигар бартарӣ пайдо намуда, ӯро тобеи худ месозад ва бечунучаро иҷрокунандаи хоҳишҳои шахсии худ мегардонад. Дар оила чунин бартариро шавҳар нисбат ба ҳамсараш, волидайн ба фарзандонаш, бародар ба бародараш, апа ба хоҳараш, хусуру хушдоман ба келин ва ғайра сазовор мебошанд, ки ба таври сунъӣ ба вуҷуд меоранд. Зӯровар мехоҳад, ки аз лиҳози иқтисодӣ, моддӣ, ҷисмонӣ, ақлӣ ва психологӣ бартарии худро нисбат ба аъзоёни оила нишон диҳад.
- Амалҳои зӯроварона зарари муайян мерасонанд. Ҷабрдидаҳо одатан дучори зарари моддӣ ҷисмонӣ ва рӯҳӣ мегарданд. Бояд гуфт, ки агар зарари ҷисмонӣ айёну назаррас бошад, зарари рӯҳиро мушоҳида кардан душвортар аст. Масалан, чӣ тавр исбот кардан мумкин аст, ки ҷабрдидаи зӯроварӣ мушкилоти рӯҳию равонӣ дорад ё худ кӯдак осеби рӯҳӣ гирифтааст? Дар ин ҳолат, барои аниқу равшан намудани мавҷудияти зӯроварӣ дар оила ба аломатҳои дар боло зикршуда муроҷиат намудан зарур аст. Инчунин, саволномаҳои санҷишии психологиро бо мақсади муайян карданн ҳолатҳои рӯҳии ҷабрдида (стресс, депрессия, агрессия, бехобӣ, дидани хобҳои даҳшатнок, набудани иштиҳо ва ғ.) истифода бурдан муҳим аст.
Яке аз роҳҳои самараноки ба ҳаёти муқаррарӣ гардонидан ва ҷамъиятикунонии ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила ин машварати психолдогӣ бо ҷабрдида ба ҳисоб меравад.
Машварати психологӣ – ин соҳаи нисбатан нави фаъолияти касбии психолог ба шумор рафта, дар кишварамон ба наздикӣ ба сифати фаъолияти мустақил дар баробари шаклҳои анъанавии кор, чун тадқиқоти илмӣ, таълими психология, ислоҳкунии психологӣ ва ташхиси психикӣ ҷудо гардид. Ин соҳа бешубҳа, омодагии махсус ва ҷиддии касбиро талаб менамояд. Машварати психологӣ мувофиқи барномаҳои таълимии ихтисосҳои психология дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти олӣ омӯзонида мешавад ва дар шароити ҳозираи мамлакат, ки ба беҳбудии хизматрасонии иҷтимоӣ-психологӣ ба аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст, ин касб умедбахш ва ба аҳолӣ зарур аст.
Машварати психологӣ ҳамчун соҳаи мустақили хадамоти психологӣ дорои марҳилаҳои амалигардӣ мебошад ва онҳо:
1. Марҳилаи омодагӣ. Психолог – машваратчӣ дар ин марҳила бо муроҷиаткунанда бо такя ба қайдҳои пешакии дар журнали қайд дарҷгардида шинос мешавад ва худаш низ ба он омодагӣ мегирад.
2. Марҳилаи рӯҳан омоданамоӣ. Психолог – машваратчӣ мувофиқи ин марҳила шахсан муроҷиаткунандаро пешвоз мегирад ва бо ӯ шинос шуда, ӯро рӯҳан ба ин фаъолияти якҷоя омода месозад.
3. Марҳилаи ташхис. Психолог – машваратчӣ дар ин марҳила ба ҳикояти муроҷиаткунанда бодиққат гӯш карда, зимни таҳлили он мушкилоти ӯро аниқу равшан менамояд. Лаҳзаи муҳимтарини ин марҳиларо шунидани ҳикояти муроҷиаткунанда ва аз рӯйи зарурат ташхиси психологӣ ташкил медиҳад.
4. Марҳилаи тавсиядиҳӣ. Психолог – машваратчӣ бо дарназардошти маълумотҳои дар боло зикршуда дар ин марҳила бо ҳамроҳии муроҷиаткунанда тавсияҳои амалиро коркард менамоянд. Ин тавсияҳо дар ин марҳила бо иштироки фаъоли муроҷиаткунанда бо тамоми ҷузъиёт аниқ, равшан ва мушаххас карда мешаванд.
5. Марҳилаи назоратнамоӣ. Психолог – машваратчӣ дар ин марҳила бо мизоҷ ба мувофиқа меояд ва рафти амалигардии тавсияҳои додашуда ба муроҷиаткунанда назорат карда мешаванд. Инчунин психолог – машваратчӣ ва муроҷиаткунанда бо ҳам дар бобати чӣ тавр, кай ва дар куҷо муҳокима намудани масъалаҳои ҳалталаби иловагии пайдошуда ҳангоми иҷрои тавсияю пешниҳодҳо маслиҳату машварат менамоянд.
Муҳаббатшозода Г.М. - сардори кабинети кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2 Академияи ВКД, капитани милитсия