Инъикоси таърихи мақомоти милитсияи Тоҷикистон дар асарҳои олимон
Саҳми мақомоти милитсияи тоҷик дар давраи таъсисёбияш (1917-1926) дар саҳифаҳои таърихи миллат ҷои намоёнро ишғол менамояд. Аз ҷумла тибқи тадқиқотҳои илмии олимони ватанӣ, муррихони тоҷик Ғафуров Б., Мухторов А., Масов Р., Ҳотамов Н., ҳуқуқшиносони ватанӣ Раҳимзода Р.Ҳ., Солиев К.Ҳ., Маҷидзода Ҷ,З., Шарифзода Ф.Р., таърихшиносони ватанӣ Розиқзода А.Ш., Назарзода Н.Ҷ., Имомёрбеков А., Қосимов Ф.М. фаъолияту қаҳрамонии милитсияи тоҷик ва саҳми он дар муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ ва барқароркунии сохти Шуравӣ ва даврони истиқлолияти давлатӣ бар зидди ҷинояткорӣ дар асарҳои худ ба таври васеъ инъикос намудаанд.
Дар ин ҷода дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби олимон ва муҳаққиони соҳа таҳти роҳбарии бевоситаи сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, Шарифзода Ф.Р. муовини сардори Академияи ВКД ҶТ оид ба илм, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, Раҳмадҷонзода Р.Р. тадқиқотҳои беназири илмӣ гузаронида мешаванд. Вобаста ба мавзӯи мазкур чандин монографияҳо, рисолаҳои илмӣ, маҷаллаҳои илмӣ-оммавӣ, маҷмӯи мақолаҳои илмӣ ба нашр расида,пйваста конференсия ва мизҳои мудаввар баргузор мегардиданд. Ин шаҳодати он аст, ки кормандони МКД ҳам аз лиҳози ғоявӣ ва ҳам амалӣ дар муборизаи зидди ҷинояткорӣ устуворӣ ва қатъиян нишон медиҳанд.
Номгӯи асарҳоеро номбар карда метавонем, ки паҳлуҳои гуногуни таърихи милитсия ва фаъолияти гуногунҷабаи онро дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ дар бар грифтаанд.Аз ҷумла асарҳои олимон:Рахимзода Р.Х. Оперативно-розыскная деятельность: история и современность. - Монография. «ЭР-граф» Душанбе,2016; Розикзода Ф.Ш. История формирования деятельности милиции в Таджикистане. Часть-2. Душанбе, 2004; Зоиров Ҷ.М.Заминаҳои ҳуқуқии пайдоиш ва инкишофи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуӣ дар Точикистон. Душанбе,2008; Шарифзода Ф.,Назарзода Н. Комиссарҳо-вазирон ва генералҳои МКД Тоҷикистон (1917-2017). Душанбе, «ЭР-граф»,2017;Назаров Н. Милиция Таджикистана в условиях независимости (1991-2009).Душанбе,2010. Давраҳои ташкули илитсияи тоҷик ва пайдоиш ва инкишофи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуӣ дар Точикистон дар бар гирифтаанд.
Тибқи таҳлили адабиёти мавҷуда маълум мегардад,ки ҷинояткорӣ яке аз аз падидаҳои номатлуби ҷомеа башумор рафта, на танҳо ба ҷомеа ва ба давлат хеле хафнок аст, балки шахсиятро аз нигоҳи ҳуқуқӣ ва маънавӣ коста намуда, боиси азияти рӯҳию ҷисмонӣ гардида, оқибат ба пушаймонӣ мебарад. Аммо чӣ тавре, ки дар урфият мегӯянд, пушаймонӣ суд надорад. Бар зидди ҷинояткорӣ тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, алалхусус мақомоти милитсияи тоҷик аз рӯзҳои аввали таъсиёбӣ муборизаи беамон мебарад. Махсусан дар байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мақомоти милитсия бар зидди ҷинояткорӣ солҳои тӯлонӣ мубориза бурда, таҷрибаи хеле бой ва рангин дорад.
Дар моддаи 3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» самтҳои асосии фаъолияти милитсия инъикос гардидаанд:
Самтҳои асосии фаъолияти милитсия аз инҳо иборатанд:
-ҳимояи ҳаёт ва саломатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон аз кирдорҳои ғайриқонунӣ;
- пешгирӣ, рафъи ҷиноятҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо;
- ҳимояи манфиатҳои ҷамъиятию давлатӣ;
- таъмини тартибот ва бехатарии ҷамъиятӣ;
-ошкор намудан, таҳқиқ ва тафтиши ҷиноятҳо, ҷустуҷӯи шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд;
- ҳимояи ҳама гуна шакли моликият аз кирдорҳои ғайриқонунӣ;
- дар доираи муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани таблиғоти ҳуқуқӣ дар байни шаҳрвандон, шахсони мансабдор, дар корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият;
- таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ
- татбиқ ва иҷрои ҷазои маъмурӣ;
- амалӣ намудани назорати муҳоҷират дар доираи салоҳияти худ, танзими масъалаҳои будубоши гурезаҳо ва шахсоне, ки паноҳгоҳ меҷӯянд.
Чӣ тавре, ки аз талаботи меъёрҳои қонунӣ бар меояд, ваколати мақомоти милитсия бар зидди ҷинояткорӣ васеъ мебошад.
Макомоти милитсияи Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсисёбияш (1917) тамоми фаъолияти худро бар зидди ҷинояткорӣ, муҳофизат ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, омӯзиши ҷинояткорӣ ва коркарди усулҳои гуногуни мубориза ба унсурҳои ҷиноятӣ равона намуда буд.
Ин саҳифаҳои таърихи муборизаи милитсияи Тоҷикистон дар аввал ба замони Шуравӣ рост меомад, ки қувваҳои аксулинқилобӣ бар зидди ҳокимияти Шуравӣ (1924-1930) баромад мекарданд. Ҳарчанде, ки андешаҳо атрофи ин масъала тобишҳои навро ба худ гирифта бошад, ҳам ҳеҷ гоҳ, саҳифаҳои дурахшони милитсияи Тоҷикистон аз мадди назари таърих ва олимон дур нахоҳад монд ва ин як давраи томи таърихӣ аст, ки мақомоти милитсияи тоҷик ҳамчун милитсияи Шуравӣ фаъолият менамуд. Дар ин солҳо мақомоти милитсия дар якҷоягӣ ба таври муштарак бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи дигар давлатҳои аъзои ИҶШС (СССР) бар зидди ҷинояткорӣ мубориза бурдааст.
Гурӯҳи олимони рус бо роҳбарии олим Коситсин А.П. давраҳои муборизаи макомоти милитсияи Шуравиро чунин тақсим намуданд:
Давраи якум, солҳои – 1917-1936.
Давраи дуюм, солҳои – 1936- 1977.
Давраи сеюм, солҳои- 1977- 1987.
Дар давраҳои гуногуни таърихӣ милитсияи Шӯравии Тоҷикистон бар зидди чунин намудҳои ҷиноятҳо мубориза бурдааст:
- мубориза бар зидди қувваҳои аксулинқилобӣ;
- ҷиноятҳои иқтисодӣ;
- мубориза бар зидди маводи нашъадор;
- дуздӣ ва ғоратгарии молу мулки ҷамъиятӣ ва давлатӣ;
- ҷиноятҳои аз рӯи мансаб;
- ҷиноятҳои маишӣ;
- қочоқ дар сарҳадот;
- фаъолияти зиддидавлатӣ ва таъсиси гурӯҳҳои яроқнок.
Дар асари олими рус Коситсин А.П. солҳои босозӣ (1985-1991) пурра дарҷ нагардидааст. Соли 1991 Иттиҳоди Шуравӣ барҳам хурд, давлатхои он аз ҷумла Тоҷикистон сохибихтиёр гардиданд, ки хусусиятҳои ба худ хосро доро буданд.
Мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар мади назари мақомоти милитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ меистод. 5-уми феврали соли – 1925 сохтори дастгоҳи кофтукови ҷиноятии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон коркард шуда, нақшаи муборизаи зидди ҷинояткорӣ кашида шуда буд. Натиҷаҳои аввали мубориза дар ин солҳо бар зидди ҷинояткорӣ хеле ҳам назаррас буданд, ки зарари иқтисодӣ ба маблағи 8-ҳазор рубли ҳамонвақта ба хазинаи давлат баргардонида шуд. Ҷинояткорон бошанд ҷазои сазовор гирифтанд. Гарчанде, ки таъминоти молиявӣ ва хоҷагии мақомоти кофтукови ҷиноятӣ душвориҳо дошт, ба ин нигоҳ накарда, милитсияи тоҷик бар зидди ҷинояткорӣ муборизаи беамон мебурд. Танҳо аз октябри соли- 1925 то феврали 1926 дар шаҳри Душанбе 133- ҷиноят содир шуда буд, ки аз онҳо 48 дуздӣ, 5-то ғоратгарӣ, 12-то куштор ва дигар боқимонда ҷиноятҳо буданд, аз онҳо 67-то ҷиноят кушода шуда буданд.
Душвориҳои мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар он буд, ки мутахассисони тоҷик дар мақомоти милитсия намерасиданд, дар мақомоти кофтукови ҷиноятӣ низ воҳидҳои корӣ кам буданд.
Дигар камбудиҳои кори кофтукови ҷиноятӣ дар он буд, ки бисёриҳо бошад ба кори мақомоти кофтукови ҷиноятӣ сарфаҳм намерафтанд, муссисаҳои таълимӣ дар ин самт набуданд. Ба душвориҳои мавҷуда нигоҳ накарда, мақомоти милитсияи тоҷик дар солҳои аввали таъсисёбии худ тамоми чораҳоро бар зидди ҷинояткорӣ равона намуда дар мустаҳкам намудани пояҳои давлати ҶМШС Тоҷикистон саҳми босазои худро гузошт.
Ҳайдарзода О.Ҳ.-ходими илмии
ШТИ ва ТН Академияи ВКД,
лейтенанти милитсия