Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъияти илмии курсантон «Криминологи ҷавон»

IMG-20221129-WA000629 ноябри соли 2022 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқи нақша чорабиниҳои Академия ва кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети №2, маҳфили илмӣ дар мавзӯи «Тавсифи ҳуқуқии ҷиноятии ҷиноятҳо ба муқобили терроризм ва экстремизм» баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур, сардори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети №2, н.и.ҳ., полковники милитсия Ҳусейнзода С.Ҳ., дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети №2, майори милитсия Аҳёзода Ш.Т., Омӯзгори калони кафедра, майори милитсия Мирзоумарзода А.М.,Омӯзгори кафедра лейтенанти калони милитсия Нуриддинзода Р.Н, аъзоёни ҶИК «Криминологи ҷавон», курсантони Академия.
Сухани ифтитоҳиро сардори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети №2, н.и.ҳ., полковники милитсия Ҳусейнзода С.Ҳ., оғоз намуда оиди аҳамияти мавзуи маҳфили илмӣ сухан ронданд.
Сипас курсанти курси 4-ум, гуруҳи таълимии 410, факултети №2 Ашуров Матлуб., дар мавзӯи мавзӯи «Кибертерроризм ва хавфи он ба амнияти минтақа ва ҷаҳон» баромад намуда қайд намуданд, ки дар қатори дигар ҷиноятҳо дар ҷомеъа, боз як зуҳуроти иҷтимоие, ки бо ҷинояткори ҳамқадамаст ва тули даҳсолаҳо ҷомеаи ҷахониро ба ташвиш овардааст ин- кибертерроризм мебошад.
Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ омили рушди босуръати кулли соҳаҳои ҳаёт буда, махсусан, дар пешрафти сатҳи зиндагӣ ва рушди илму техника, бо роҳи зуд паҳн намудан, инчунин, ҳифзи маълумот нақши асосиро мебозанд. Инсоният дар ҷаҳони муосир маҳз бо истифодаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ тавонист дараҷаи самаранокии кори худро чандин маротиб бештар намуда, ба дастовардҳо ва имкониятҳои зиёд ноил гардад.
Мутаассифона, ҳамзамон бо мусоидат ба пешрафти соҳаҳои ҳаёти инсонӣ, интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба ривоҷ ва густариши таҳдиду хатарҳои нав, аз қабили терроризму экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ ва дар ин замина мураккаб гардидани вазъи ҷаҳон низ мусоидат намуда истодааст, ки ин амал бештар дар байнни ҷавонону ноболиғон ба чашм мерсад. Дар шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ гурӯҳу ҳаракатҳои манфиатҷӯ, ҷинояткору тахрибгар ба хотири пиёда намудани идеяҳои худ, ҳар гуна маълумоти беасос ва бардурӯғи худро ба воситаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн менамоянд.
Бинобар мавҷудияти чунин хатарҳо, дар аксари кишварҳо барои паҳн нагардидани ҳар гуна маълумотҳои беасос, бо мақсади таъмини бехатарии амнияти иттилоотӣ ниҳодҳои махсуси давлатӣ фаъолият менамоянд. Он сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ба амнияти ин ё он кишвар халал ворид менамоянд ва дар он ташвиқу тарғиби ғояҳои характери зидди арзишҳои миллӣ сурат мегирад, фавран баста мешаванд. Дар аксари кишварҳо мутахассисони соҳаи амнияти бехатарии иттилоот бо истифода аз маҷмӯи барномаву таҷҳизоти ба ҳам алоқаманд, ки барои таҳлил ва барасии маълумот, инчунин, барои филтр намудани маълумот равона шудаанд, сомонаҳои иҷтимоии хусусияти ба амнияти кишварашон хатарэҷодкунандаро мебанданд ва барои паҳн нагардидани ҳар гуна хабарҳои беасосу таблиғоти зарарнок тамоми чораҳои заруриро меандешанд. Ҳатто дар ҳолатҳои зарурӣ бо мақсади таъмини амният шабакаи локалии интернетии минтақаро қатъ менамоянд.
Дар ин маврид Тоҷикистон ҳам истисно нест ва мақомоти марбута вазифадоранд, ки амнияти кишвар, аз ҷумла амнияти иттилоотиро таъмин намоянд. Вазъияти ноороми ҳарбию сиёсии Афғонистони ҳамсоя, мавҷудияти гурӯҳу ҳаракатҳои ифротиву терорристӣ дар он ҷо, фаъолияти тахриботии зиддимиллии ташкилоти террористии наҳзатӣ ва созмони ифротии “Гурӯҳи 24” кишвари моро водор ба пурзӯр кардани амнияти иттилоотӣ мекунад.IMG-20221129-WA0006
Натиҷаи тадқиқи чандин ниҳодҳои таҳлилии информатсионии байналмилалӣ (Brand Analytics, OnLife ва ғайра) нишон медиҳанд, ки паҳн намудани идеяҳои радикалӣ ва мағзшӯӣ дар шабакаҳои бонуфузи хориҷӣ, аз ҷумла Facebook, ВКонтакте, Twitter ва Youtubе ба роҳ монда мешаванд. Аксарияти гурӯҳҳои террористиву ифротӣ, махсусан ташкилоти террористии “ДИИШ”, зиёд намудани пайравони худро маҳз тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо усули шустушӯи мағзӣ ба роҳ мондаанд. Аксарияти афроди зери таъсири ғояҳои радикалӣ қарор гирифта, ҷавонони аз синни 18 то 25 сола ҳастанд. 84 фисади пайравони худро ҷангиёни “ДИИШ” маҳз тавассути мағзшӯӣ бо ёрии шабакаҳои иҷтимоӣ ҷалб кардаанд. Дар шабакаҳои иҷтимоии бонуфуз масъулони “ДИИШ” махсус барномаҳое доранд, ки асосан тамошобинони онҳо ҷавонон ҳастанд. Инчунин, гурӯҳҳои ифротӣ фондҳое таъсис додаанд, ки вазифаашон тайёр намудани видеоҳо, барномаҳои тарғиботӣ ва паҳн намудани онҳо ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ аст. Шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун василаи мубодилаи хабар дар анҷом додани амалҳои муштараки террористии онҳо васеъ истифода бурда мешаванд.
Дар Тоҷикистон ҳам бо мақсади пешгирии терроризм, ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарнок дар самти таъмини амнияти иттилоотӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2019, ки тибқи дархости Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳоди террористӣ - экстремистӣ эътироф намудани ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон», манъ намудани фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бастани сомонаҳои интернетии ин ташкилот ва манъ кардани воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо ва адабиёту варақаҳои он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шудааст, маҳз ҳамин мақсадро дорад.
Ҳамин тавр, ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон», ки дар асл аз наҳзатиҳои террорист иборат мебошад, иттиҳоди террористӣ - экстремистӣ эътироф шуда, фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардид. Бояд таъкид кард, ки аз таъсис ёфтани ба ном созмони «Паймони миллии Тоҷикистон» зиёда аз ду сол сипарӣ мешавад. То ин замон дар атрофи ин ташкилоти ғаразҷӯ баъзе пойгоҳҳои иттилоотию таҳлилӣ, расонаҳои мустақили хориҷӣ, ки аксаран таҳти садои доираи наҳзатӣ мерақсанд, хеле ҳангомасозӣ карданд ва, мутаассифона, ин рақсу бозӣ ҳамчунон идома дорад. Ҳамаи ҳангомасозӣ ва моҷаробофиро, ки ба дасти муҷриёни наҳзатӣ ва сенариясозону дастбакорони пасипардагии онҳо пиёда мешаванд, метавон зери мафҳуми «бозӣ» арзёбӣ кард. На бозии муқаррарӣ ва одӣ, балки бозии барномавии сиёсӣ ва аз қабл тарҳрезишудаи стратегӣ.
Раҳбари фирории ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ баъди талошҳои зиёд, бакорандозиҳои найрангҳои сиёсию тиҷорӣ созмонҳои марбутаро дар мисоли се созмони ифротии сохтаи душман – Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Анҷумани озодандешони тоҷик ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо ба таъсис додани ба ном “Паймони миллии Тоҷикистон” водошта буд. Наҳзатиҳо ин ташкилотро бо ҳимояту пуштибонии мафкуравию молиявии хориҷӣ таъсис намуданд ва раҳбари фирории ин ташкилоти террористӣ худро дар раъси он қарор дод. Зиёда аз ин, муддатҳост ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи дигарандешони дохилию хориҷӣ тасмим гирифтааст, ки вожаи «ислом» - ро аз созмони сиёсии худ дур андозад ва бо ин роҳ ҳадсу гумонҳоро нисбат ба созмони ифротгарои наҳзатӣ аз миён бардорад. Ин аст, ки дунболи фирефтану гул задани фарҳангиёни муҳоҷири тоҷик, ки дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд, мегардад ва бо чормағзи пуч домани онҳоро пур мекунад. Аз ин ҳисоб мехоҳад сафи эътирозгарон ва норозиёнро дар дохилу хориҷ афзуда, созмонҳои байналмилалиро водор намояд, то ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатиро ба унвони созмони мардумсолор ва гуманист шиносанду дар раъси Паймони миллӣ (дар асл, Паймони зиддимиллӣ) қарор доштанашро эътироф намоянд. Ин ягона роҳе буд, ки лоиҳаи ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатиро дар хориҷ муваққатан нигаҳ медорад ва сармоягузоронашро барои идома додани иғво, дасиса ва тавтеаҳо дар дохилу хориҷ умед мебахшад.
Курсанти курси 3-юм гуруҳӣ таълимии 304 факултети № Зоиров Ш.Ш., дар мавзӯи «Ифротгароии динӣ ва таҳдиди он ба асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти давлатӣ» , баромад намуда, чунин қайд намуданд:
Муноқиша ва задухӯрди пайравони ҳизбу ҳаракатҳои динӣ - сиёсии ифротӣ дар маҳбаси шаҳри Ваҳдат, ки боиси марги 32 нафар гардид, ҳеҷ кадом шаҳрванди Тоҷикистонро бетараф гузошта наметавонад. Ин ҳодисаи мудҳиш мавриди ғаму андуҳи тоҷикистониён қарор гирифт.
Вале ин ҳодиса дар биниши шаҳрвандон фаҳмишҳои мухталифро ба вуҷуд оварда, аз ҷониби коршиносон низ ба таври гуногун баррасӣ гардид. Намояндагон ва роҳбарони ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти экстремистӣ ва террористии фаъолияташон дар Тоҷикистон манъшуда, ба мисли ТТЭ ҲНИ, «Ансоруллоҳ», «Салафия», аз нигоҳи манфиатҳои сиёсии худ, ки ҳадафашон ғасби ҳокимият аст, атрофи ин ҳодиса дар шабакаҳои интернетӣ иғво барангехта, кӯшиш менамоянд, бо ҷалби таваҷҷуҳ ба ин масъала, ба нуфузи давлати дунявии Тоҷикистон латма зананд. Махсусан, роҳбари фирории ТТЭ ҲНИ ва думравонаш, ки дар кишварҳои хориҷӣ зери сарпарастии хоҷагони худ зиндагии муфтхӯрона доранд, худро ҷабрдида нишон дода, мехоҳанд мардуми ноогоҳро ба гумроҳӣ баранд. Дар асл бошад, ҳодисаи мудҳиши шаби 19 майи соли ҷорӣ бори дигар симои террористию экстремистии гурӯҳҳои динӣ - сиёсии ифротиро ошкор месозад
Курсанти курси5-ум факултети № 2 Кучарзода С.Р. дар мавзӯи «Хавфҳои терроризм ва экстремизми иттилоотӣ ва роҳҳои пешгирии он». баромад намуда оиди омилҳои содиршавии ин ҷиноят маъруза намуд.
Дар охир миёни иштирокчиён оид ба мавзуи зикршуда саволҳо дода шуда мубодилаи афкор сурат гирифт.
Бояд қайд намуд, ҶИК «Криминологи ҷавон»- мувофиқи нақшачорабиниҳои кафедра чунин маҳифлҳои илмиро пайваста мегузаронад ва хоҳишмандон метавонанд иштирок ва баромад намоянд.


Сафарзода С.Н.,Р.Н.Нуриддинзода

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...