Истиқрори сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон
Пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон, дар қатори дигар кишварҳо, истиқлолият пайдо намуд, аммо мухолифати ҷонибҳо, талоши сиёсатмадорони худхоҳ, барои ҳокимият кишварро ба ҷанги таҳмилӣ кашид. Ҷанги таҳмилӣ рушди иқтисодиёти кишварро қафо зада, боиси зиёд шудани теъдоди гурезаҳо дар хориҷи кишвар шуд. Вазъи сиёсии кишвар басо ташвишовар шуд. Дар ҷанги таҳмилӣ зархаридони хориҷӣ, дар қатори шаҳрвандони гумроҳ, бар зидди миллат меҷангиданд.
Дар чунин вазъият, бо мақсади ба эътидол овардани вазъи сиёсию иҷтимоии кишвар, 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии ҷумҳурӣ ба кор шурӯъ намуд, ки дар он ба бахти халқи тоҷик, аз ҷониби вакилон муҳтарам ¬Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд. Дар рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба сифати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буданд, ки: “Ман кори худро аз сулҳ оғоз карда, ба мардуми азияткашидаи кишварам сулҳу оромӣ меорам”. Ин сулҳ боварии даҳҳо ҳазор ҳамватанони бегуноҳ, занону кӯдакон, пиронсолону ҷавононро, ки маҷбуран тарки Ватан карда буданд, ба зиндагӣ гарм намуда, умеди дубора бахшид.
Эй ҳамдиёри ман, ваҳдат наҷоти мост,
Ваҳдат сиришти мо, ваҳдат ҳаёти мост.
Ин вожаро ба лаб бо коми шуста гир,
Бар қиблаи умед ваҳдат салоти мост. (Камол Насрулло)
Бо чунин нақшаю ниятҳо ва аз ҳама муҳим, бо дастгирии хайрхоҳонаи халқ, Раиси Шӯрои Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳаббату боварии мардумро соҳиб шуданд. Иқдому амалҳои шоистаи Сарвари давлат дар бобати роҳандозии музокироти сулҳ, баргардонидани гурезаҳо, қатъи ҷангу хунрезӣ, барқарор намудани артиш ва сохторҳои дигари қудратӣ, бо озуқа таъмин кардани мардум, фаҳмонидани ҳадафҳои сулҳ ва ваҳдати миллӣ бовариро ба ояндаи нек қавӣ гардонид.
27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин амали хирадмандона, ки зиндагии хушу гуворо ва оромию осоиштагиро дар кишвар ба бор овард, дар таърихи халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гардид.
Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон марҳилаи наверо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, маънавию фарҳангии мамлакат оғоз бахшид. Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки бар асари ҷанги шаҳрвандӣ талафоти фаровони моливу ҷонӣ дида, аркони иқтисодиву иҷтимоии он хароб гардида буданд, дар сароғози даврони навини таърихии давлатдории хеш ба буҳронҳои шадиди сиёсӣ рӯ ба рӯ гардид. Чунин марҳилаи сарнавиштсози таърихӣ буд, ки бар асоси сабақҳои андӯхта аз таҷрибаҳои таърихии гузаштагони худ заминаҳои мувофиқ барои таҳкими ваҳдати миллӣ ҳам аз назари сиёсӣ ва ҳам иқтисодиву иҷтимоӣ фароҳам омада, ҷомеаи моро ба сӯи созандагиву бунёкорӣ ва бунёди давлати ҳуқуқбунёд тамоюл бахшид. Талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз минбари иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, то ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ расиданд, офтоби пурбаракоти сулҳу ваҳдатро барои тоҷикистониён чун неъмати худовандӣ ато овард.
Нақши Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон дар муттаҳид намудани ҳамватанон ва аз хатари нобудӣ наҷот бахшидани давлати навини тоҷикон бағоят бузург буда, он ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии мамлакат бояд ҳамеша мавриди омӯзиш ва арҷгузорӣ қарор дода шавад. Зеро маҳз Ваҳдати миллӣ нақшаи душманони миллати тоҷикро, ки мехостанд бо дасти зархаридону хоинон фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми кишвар ба таври иҷборӣ таҳмил намуда, низоми осоиштаи давлатдориро тағйир диҳанд, барбод дод ва барои таҳкими давлат заминаи мусоид фароҳам овард.
Ваҳдати миллӣ эҳсоси ягонагӣ, ҳамсириштӣ, ҳамдигарфаҳфӣ ва пойдории як халқ, як миллат аст. Барои ба вуҷуд омадан, шакл гирифтан, пойдор ва хусусан бегазанд гардидани худ як халқ ва миллат бояд ин ваҳдат, ин ягонагиро дар ҷисму ҷони худ аз кӯраи сӯзони асрҳо бигзаронад ва имтиҳонҳои гарони сарнавиштро бо пирӯзӣ пушти сар намояд.
Ваҳдати имрӯзаи миллии мо гаронбаҳотарин дастоварди миллат дар тӯли таърихаш аст, ки гарави истиқлоли бегазанди кишвар буда, рушди босуботи миллиамонро ҳам барои имрӯз ва ҳам барои садсолаҳои баъдӣ таъмин месозад.
Аз замони ба имзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имсол 25 сол пур мешавад. Дар ин давра миллати тоҷик ба дастовардҳои зиёде ноил гашт. Ваҳдати миллӣ имкон дод, ки сулҳу субот дар мамлакат ҳукмфармо гардаду соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа рушд кунад.
Вақт нишон дод, ки истиқрори сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад, ки дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва фарзандони содиқи халқамон ба мо муяссар гардид.
Акнун зарур аст, ки ба қадри неъмати бузурги соҳибватанӣ ва соҳибдавлат будан, осоиштагию сулҳу ваҳдат расем, онҳоро муқаддас донем, аз сабақу дастовардҳои нодири сулҳофариниамон ҷаҳониёнро бохабар созем. Зеро то ҳанӯз халқу миллатҳое ҳастанд, ки бо вуҷуди фарзандони фарзонаю мубориз доштанашон, давлати мустақили миллӣ надоранд. Таҳкими сулҳу ваҳдатро, ки асоси суботи ҷомеа ба ҳисоб меравад ҳамчун рисолати инсонӣ ва шаҳрвандии худ шинохта, бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва муҳаббати фарзандонаи худ ба Ватану миллат аз сари сидқу садоқат содиқ бошем.
27 июн ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар кишвар таҷлил мегардад. Он тимсоли сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, осоиши ҷомеа аст, ки боиси эҳёи маънавию иқтисодии кишвар, масъулияти умумӣ барои ҳаёти ҳозираву ояндаи неки кишвар гардидааст.
Қурбонова Меҳрафрӯз, муаллимаи кафедраи ТТ ФОҶ-и факултети №6, Академияи ВКД, лейтенанти калони милитсия