Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Осорхонаи Академияи ВКД

OSH 6133

Дар маҷмӯъ мафҳуми осорхона баёнгари таърих ва роҳи тайнамудаи ҳар як муассиса, корхона, ташкилот, иттиҳодия, хоҷагӣ ва билохира шахсияти алоҳида мебошад. Маҳз, дар ин махзан тамоми дастовард, роҳи тайнамуда, расму русум, осору фарҳанги ҳамон корхона ҷамъоварӣ карда шуда, маҳфуз дошта мешавад.

Аз оғози солҳои 70-уми асри гузашта шурӯъ намуда ташкили осорхона барои Академияи ВКД орзуи деринтизор буд. Гарчанд дар ин муассисаи таълимӣ дастовардҳои бузург ҷамъоварӣ шуда буданд, вале осорхона надошт, ки таърихи гузашта ва муосирашро расман муаррифӣ намояд.
Маҳз, бо ташаббуси Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, талошҳои пайвастаи ватандӯстонаи сардори ҷавону серғайрат, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ билохира 9 ноябри соли 2022 осорхонаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ ифтитоҳ карда шуд. Ба маърази тамошобин гузоштани он яке аз дастовардҳои бузурги Академия дар соли 2022 ба шумор хоҳад рафт.

OSH 6121

Шурӯъ аз моҳи июн то ба имрӯз тавассути ғамхориҳои ҳамешагии сардори Академияи ВКД ва саҳми кормандон, олимону профессорони Академия маводҳои зиёде ҷамъоварӣ карда шуда, ба танзим дароварда шуданд.
Имрӯз Осорхонаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 200 метри мураббаъ сохта ва ба истифода дода шуд. Осорхона аз 30 гӯшаҳо иборат буда ба тамошобин ҳама самтҳои фаъолияти таълимгоҳро инъикос менамояд. Аз ҷумла, осорхона аз гӯшаҳои зерин иборат аст:
Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии таъсиси таълимгоҳ; сохтори таълимгоҳ; биноҳои таълимгоҳ; сардорони Академияи ВКД; Гӯшаи Вазири корҳои дохилӣ; Гӯшаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; табрикотҳо вобаста ба ҷашнвораҳои таълимгоҳ; шогирдони таълимгоҳ, ки дар набардҳо ба ҳалокат расидаанд; силоҳ ва таҷҳизот; вазирони корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Олимони Академияи ВКД; генералҳо-хатмкунандагони Академияи ВКД; собиқадорон, Профессорони фахрии Академия; дастовардҳои варзишӣ, таълимӣ, илмӣ-тадқиқотӣ методӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва ғайраҳо.
Ҳамзамон, барои тамошо 11 маникенҳо гузошта шудааст, ки дар онҳо либосҳои хизматӣ, мавсимӣ, идонаи кормандон пӯшонида шуда ба таваҷҷуҳи тамошобин гузошта шудааст.
Дар маҷмӯъ, ашё-экспонатҳо, туҳфаҳои хотиравӣ, мусаввараву навиштаҷоту ҳуҷҷатҳо, расмҳо, нигораҳо ва ғайраҳо инъикосгари давраҳои гуногуни таърихи гузаштаи дур ва муосири Ватанамон мебошад. Тавассути дидани экспонатҳо тамошобин ба давраҳои гуногуни солҳои 1850, оғози асри ХХ, давраи солҳои барпошавии Хокимияти советӣ, солҳои 30-юми асри гузашта, давраҳои мушкили Ҷанги Бузурги Ватанӣ, солҳои 60-80-уми қарни гузашта, соҳибистиқлолии Тоҷикистон, эъмори давлати соҳибихтиёр, сиёсати берунаи давлат, рушду тавсеаи муносибатҳои байналмилалӣ ва таълимгоҳ ва ғайра ошноӣ пайдо мекунад.

OSH 6114

Бояд қайд кард, ки дар муддати ба танзим даровардани осорхона бисёре аз кормандони таълимгоҳ ба мушкилиҳо нигоҳ накарда саҳми шахсии худро гузоштанд, ки имрӯз роҳбарияти Академия ба онҳо сипоси хешро баён мекунад: полковникҳои милитсия Назарзода Носир, Насуриён Пулод, Ализода Алиҷон, Одиназода Абдугафор, Убайдуллоев Шавкат, Назар Самиев, Саидзода Саид, Маҳмадов Суҳроб, подполковникҳои милитсия: Муҳаммад Саъдӣ, Холов Бахтиёр, Самеъзода Бахтиёр, майорҳои милитсия Нуруллои Меҳрулло, Шарофзода Фирӯз, Одиназода Самеъҷон, Обидҷон Ҳайдарзода ва дигарон.
Ахиран бояд иброз намуд, ки Осорхона минбаъд ба як маркази ташвиқу тарғиб, намоиши дастовардҳо ба меҳмонони дохиливу хориҷӣ мубаддал хоҳад гашт. Ва месазад гӯем, ки: «Офарин ба Шумо муҳтарам Вазири корҳои дохилӣ Рахимзода Рамазон Ҳамро ва сардори Академияи ВКД Шарифзода Файзалӣ Рахмоналӣ»

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...