Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамкориҳои босамари Академияи ВКД бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ

BCD 2526

Дар доираи самтҳои муҳими фаъолияти Академияи ВКД ин ба роҳ мондани ҳамкориҳои босамар бо мақомоти қонунгузории кишвар - Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Омӯзгорони Акдемияи ВКД дар такмили қонунгузорӣ саҳми худро гузошта, намояндагони Мачлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбаи худ дар раванди таълиму тарбия ва корҳои илмӣ дар Академияи ВКД пайваста саҳми арзандаи хешро мегузоранд.
Яке аз ин чеҳраҳои кордону шинохта - намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми ҳуқуқшиносӣ, дотсент полковники мустаъфӣ Раҷабзода Равшан Муҳитдин мебошад. Дар баробари серкории худ нигоҳ накарда, ӯ дар факултети №1 Академияи ВКД ба шунавандагон оид ба масоили мукаммалгардонии қонунгузорӣ ва фанни таълимии «Системаи идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ» дар сатҳи баланди методӣ дарс мегӯяд.
Раҷабзода Равшан Муҳитдин, фаъолияти меҳнатии худро соли 1984 баъди хатми мактаби миёнаи № 4 дар Комбинати консервабарории шаҳри Конибодом ба ҳайси коргар оғоз кардааст. Солҳои 1985-1987 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Челябинск ва дар Ҷумҳурии Демократии Германия хизмат намуда, соли 1987 ба факултети ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 1992 бо муваффақият хатм намуд. Аз моҳи августи ҳамон сол то августи соли 1993 дар кафедраи «Назария, таърихи давлат ва ҳуқуқ»-и факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба ҳайси ассистент фаъолият намудааст. Фаъолияти минбаъдаи омӯзгориву илмии ин марди донишманд ва мураббии ҷавонон бо Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайванд гардид. Ӯ рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Проблемаҳои ташаккулёбии низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаҳои назариявӣ-методологӣ» ҳимоя намуда, ба дарёфти унвони номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ мушарраф гардидааст. Дар мавзӯи “Фарҳанги ҳуқуқии касбӣ” рисолаи докторӣ дар риштаи илми ҳуқуқ ҳимоя намудааст. Муаллифи беш аз 51 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла ду монография, ду курси мухтасари лексияҳо, зиёда аз даҳ китобу воситаҳои таълимӣ мебошад. Бо кӯшишу эҳтимоми ӯ чандин барномаҳои таълимӣ ва методӣ омода гаштаанд, ки ҳамчун роҳнамо барои донишҷӯён ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб мераванд. Вай мутахассиси шинохтаи соҳаи назарияи масъалаҳои давлат ва ҳуқуқ дар сатҳи ҷумҳурӣ ва ИДМ, олими барҷастаи мактаби ҳуқуқшиносии кишвар, ҳамзамон бо таҳияи чандин лоиҳаҳои қонунҳо ва асосноккунии илмии онҳо дар инкишофи давлат ва такмили соҳаи ҳуқуқи муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намудааст.
BCD 2520Барои хизматҳои шоён ва дастовардҳо дар кори илмию омӯзгорӣ ва тарбияи насли наврас Раҷабзода Равшан Муҳитдин бо медали «Барои хизматҳои шоён» ва як қатор «Ифтихорнома»-ҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ сарфароз гардонида шудааст. Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
1-уми марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. Айни ҳол ӯ дар вазифаи раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти босамар дорад.
Роҳбарияти Академияи ВКД барои ҳамкории судманд ба Раҷабзода Равшан Муҳитдин изҳори миннатдорӣ баён намуда, дар корҳои эҷодии қонунгузорӣ ва таълиму тарбияи насли ҷавони мақомоти корҳои дохилӣ дар руҳияи ватандӯстӣ ба ӯ комёбиҳои нав ба нав таманно дорад.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э..

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...