БА ДАСТ ОВАРДАНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКИСТОНИ БИҲИШТОСО ВА АҲАММИЯТИ ОН
Халқи тоҷик пас аз чандин муборизаҳои тӯлони ва пас аз чандин музофоту шуришҳо аз замони Сосониён то оли Сомониён ва аз замони Сомониён то ба Истиқлолияти Тоҷикистон омада расидаанд. Чандин сангарҳову мушкилотҳои басо мушкилро паси сар намуда, забону оини худро гум накарданд. Ва яке аз миллатҳои куҳантарину соҳибзабони таърихӣ ба ҳисоб мераванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки солҳои 1917-1924 дар ҳайати Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Узбекистон буд баробари пароканда шудани ҶМШС дар ҳайати Иттиҳоди Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалисти таъсис дода шуд.
Ва Ҷумҳурии Тоҷикистон тули 70-сол дар ҳайати ИҶШС қарор гирифт. Баробари пош хурдани ИҶШС 9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолият ба даст оварда соҳибистиқлол гардид. Албатта, барои бавуҷудоии чунин давлати соҳибистиқлол сараввал ҷумҳурии мухтор, баъд ҷумҳурии иттифоқии Тоҷикистон чун заминае ба ҳисоб мераванд. Тоҷикон гарчанде то замони Шуравӣ ба монанди давлатҳои Сомониён, Ғуриён, Курдҳои Ҳирот, Сарбадорони Сабзавор ва ғайраҳо давлатҳои соҳибистиқлоли худро доштанд, вале онҳо аслан давлатҳои авлодӣ-сулолавӣ буданд, ҳеҷ гоҳ Тоҷикистон ном надоштанд.
Дар замони Шуравӣ ҳам дар доираи иттиҳод мавҷудияти Ҷумҳурии Тоҷикистон чандон маълум набуд. Инак баъди 9-уми сетябри соли 1991 дар харитаи ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистон чун давлати соҳибистиқлол акс гардид. Дигар давлатҳои ҷаҳон ва ташкилотҳои байналхалқӣ ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол эътироф намуданд.
Минбаъд намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машваратҳои байналхалқӣ ҳамчун фиристодаи давлати соҳибистиқлол муаррифӣ мегарданд. Бинобар ин бунёди Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон барои тоҷикон аҳамияти бузурги таърихӣ дорад. Бо эълони Истиқлолият чуноне, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунад: «Орзӯи ба даст овардани мустақилияти миллӣ амалӣ гашт». Ва дар асл чунин осон ба даст омадани озодӣ ва истиқлолро касе ҳам тасаввур намекард.
Аҳаммияти таърихии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуқтаҳои зерин дида мешавад:
1. Дар натиҷа дар миқёси ҷаҳон давлати нав бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд омад.
2. Ҳангоми вохуриҳо ва ҷамъомадҳои байналхалқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол муаррифӣ мегардад.
3. Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона муайян менамояд.
4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои байналхалқӣ ва давлатҳои хориҷи мустақилона сиёсати худро муайян менамояд.
5. Ҳангоми муайян намудани сиёсати дохилиаш озодона дин ва урфу одатҳои мардуми худро ба инобат мегирад.
Ҳамаи ин аҳаммияту фоидаи истиқлолияти давлатӣ аз заҳматҳову талошҳои Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Ба ин хотир истиқлолият ҳадяи бебаҳои таърих буда, устувору пойдор нигоҳ дошта тавонистани он масъулияти ҳар як ҷавони имрӯза ва вазифаи наслҳои оянда мебошад.
Самаруддинзода С.С.
курсанти курси 3-юми факултети № 6
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон