Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳифзи арзишҳои Истиқлоли давлатӣ дар Паёми Пешвои миллат

66666

«Олимони ҷомеашиноси моро зарур аст,
ки якҷо бо зиёиёни эҷодкор дар шароити
чаҳонишавӣ бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг ва забону адабиёти миллати куҳанбунёдамон дар роҳи ба ҷаҳониён ҳарчи бештар муаррифӣ кардани таърих, тамаддун ва фарҳанги халқи тоҷик рисолати шаҳрвандиву миллии худро ба таври шоиста иҷро намоянд».
(Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҶТ аз 21.12.2021)

Дар оғози солҳои навадуми асри гузашта, замоне, ки давлати соҳибистиқлоли мо аввалин қадамҳои худро мегузошт, Тоҷикистон бо фитнаву дасисаи неруҳои ифротгаройи дохилӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо ба гирдоби мухолифати шадиди сиёсӣ ва баъдан ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, ки боиси талафоти зиёди ҷониву хисороти зиёди моддӣ ва маънавӣ гардид.
Дар як муддати кӯтоҳ аркони давлатдорӣ ва сохтору мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, дар кишвар бенизомӣ ва беҳокимиятӣ ҳукмфармо гардид. «Мо сабақҳои талхи мухолифату нооромиҳо ва беназмиву беқонунии солҳои 1991- 1997-ро ҳаргиз набояд фаромӯш кунем» - гуфта шуд дар қисмати охири Паёми Пешвои миллат. /Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҶТ аз 21.12.2021/
Солҳои аввали истиқлол, алалхусус солҳои даҳшатбори ҷанги шаҳрвандӣ, мавҷудият ва тақдири ояндаи давлатдории тоҷикон зери хатари ҷиддӣ монда, тақдири миллат ҳал мешуд. Табиист, ки дар чунин шароит унсурҳои ҷиноятпеша хеле фаъол гардида, сатҳи ҷинояткорӣ афзуд. Масалан, соли 1992 сатҳи ҷинояткорӣ якбора афзоиш ёфта, шумораи ҷиноятҳои бақайдгирифташуда, ба 25294 расид. Дараҷаи кушодашавии ҷиноятҳо бошад, хеле паст фуромада, 32.3%-ро ташкил медод. / Милитсия – ҳомии тартибот. Душанбе, «Эр-граф», 2010, саҳ.5 /.
Илова бар ин талафоти зиёди ҷонию молӣ вазъияти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии кишварро хеле мураккаб гардонд. Аз рӯи ҳисоби мутахассисону коршиносон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ беш аз 50 ҳазор нафар шаҳрвандон ҳалок гардида, даҳҳо ҳазор нафари дигар муҳоҷир шуданд. Ба иқтисодиёти кишвар беш аз 7 млрд.доллари ИМА зарар ворид гардида, тараққиёт ва пешрафти мамлакат ба якчанд даҳсолаҳо қафо партофта шуд. / Милитсия – ҳомии тартибот. Душанбе, «Эр-граф», 2010, саҳ.7 /.
«Мардуми Тоҷикистон натиҷаи дахолати доираҳои манфиатдори хориҷиро, ки боиси сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта, ба ҳалокат расидани беш аз 150ҳазор нафар ва ятим мондани зиёда аз 50 ҳазор нафар кӯдакон гардид, ҳаргиз фаромӯш намекунанд» - ёдовар шуданд, дар баромади худ Пешвои муаззами миллат /Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҶТ аз 21.12.2021/
Хушбахтона, баргузор гардидани Иҷлосияи тақдирсози 16 Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд, ки боиси қабул гардидани нахустин қарорҳо ҷиҳати қатъи ҷангу хунрезӣ, таъмин намудани суботу оромӣ, сарҷамъ намудани миллати тоҷик ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ гардиданд, тавонист соҳибистиқлолии ин сарзамини куҳанбунёдро ҳифз намояд. Бояд гуфт, ки сохти ояндаи давлатдории тоҷикон аввалин маротиба дар ҳамин иҷлосияи таърихӣ пешниҳод гардид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маҳз дар солҳои аввали соҳибистиқлоли қабул гардидааст, дар моддаи 1-уми он таъкид шудааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад». / Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2003/
Бо дастгириву пуштибонии мардуми кишвар ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати навинтихобшудаи мамлакат мо тавонистем, ки дар як муддати кӯтоҳ ба иҷрои ҳадафҳои фаврии дар наздамон қарордошта ноил гардем. Умуман, бояд гуфт, ки расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ва бо ҳамин роҳ аз хатари нобудӣ наҷот додани давлати тоҷикон ва аз парокандагӣ эмин нигоҳ доштани миллати тоҷик дастоварди бузургтарини таърихи мо дар тамоми соҳибистиқлолӣ мебошад.
Ҷиҳати барқарор сохтани низоми фалаҷшудаи идораи давлатӣ, оғоз намудани раванди барқарорсозии баъдиҷангӣ, амалӣ гардонидани дигаргуниҳои сохторӣ ва рушди соҳаҳои воқеии иқтисод ва инкишофи бахши иҷтимоӣ бисёр тадбирҳои самарабахш амалӣ карда шуданд.
«Ҳанӯз солҳои оғози истиқлолият, яъне солҳои 1992-1998, Ҳукумати мамлакатбо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти озуқа ва пешгирӣ кардани гуруснагӣ 75 ҳазор гектар заминҳо ҳамчун заминҳои президентӣ тақсим намуд. Илова бар ин 8 миллиону 800 ҳазор нафар аҳолии кишвар имконият пайдо кард, ки шароити истиқоматии худро беҳтар намояд. Ҳамзамон, Президенти кишвар хотиррасон намуданд, ки дар ҳафтод соли то замони истиқлолият ҳамагӣ ба 530 ҳазор оила 77 ҳазор гектар замин дода шуда буд». /Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҶТ аз 21.12.2021/.
Роҳи тайкардаи кишвари соҳибистиқлоли мо дар давоми сӣ соли гузашта, инчунин дастовардҳое, ки дар ин давра ба даст омаданд, як нуқтаи бисёр муҳимро собит сохтанд, ки мардуми шарафманди тоҷик метавонад дар шароити мураккабу пуртазоди ҷаҳони муосир бо нангу номуси баланди ватандорӣ ва иродаи қавӣ Ватани муқаддаси худро ҳифз кунанд ва обрӯи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлолро дар арсаи байналмиллалӣ баланд бардоранд. Аз ин хотир Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «… мо бояд аз соҳибдавлату соҳибватан буданамон доим шукрона кунем, ҳамеша ҳушёру зирак ва сарҷамъу муттаҳид бошем. Мо бояд ҳамеша босабру таҳаммул бошем, ҳамдигарро ҳамеша дастгирӣ кунем. Ватанамонро сидқан дӯст дорем, фарзандонамонро дар ҳамин рӯҳия тарбия намоем. Ба Ватан, миллат ва давлати худ ҳаргиз хиёнат накунем». / Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҶТ аз 21.12.2021 /.
Масъалаи ҳифзи ин дастоварди бузург, яъне ҳимояи давлату давлатдории миллӣ ва таҳкими аркону пояҳои он хусусан дар шароити пуртазоду печидаи солҳои охир, яъне рӯз аз рӯз мураккаб шудани вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон, шиддат гирифтани рақобат ва бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ осебпазир гардидани истиқлолияти давлатҳои миллӣ аҳамияти торафт ҷиддии ҳаётӣ пайдо мекунад.
Аз ин лиҳоз, вазифаи ҷонӣ ва қарзи фарзандии ҳар кадоми мост, ки ҳатто як лаҳза ҳам масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро фаромӯш насозем, ба арзишҳои миллӣ арҷгузорӣ намоем.
Вазъи геополитикии кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯз ба рӯз, лаҳза ба лаҳза метавонад тағйир ёбад ва кишварҳои абарқудрат мехоҳанд, ки нуфузи стратегии худро дар ин кишварҳо нигоҳ доранд, вале ин ҳадафҳои геополитикии онҳо набояд ба соҳибихтиёрии кишварҳои Осиёи Марказӣ, алалхусус Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон монеаҳо бунёд намоянд ва боиси сар задании ихтилоф шаванд, балки онҳо бояд собитқадамона ба пойдории истиқлолияти давлатии ин кишварҳоро равона гарданд.
Бо дарназар гирифтани таҷрибаи талхи таърихӣ дар нимаи аввали солҳои 90-уми асри гузашта, Пешвои муаззами миллат доимо таъкид менамоянд, ки Тоҷикистон ба масъалаҳои дохилии Афғонистон ҳеҷ гоҳ дахолат нахоҳад намуд ва дар муносибати худ бо ҳамсояи худ ягон ҳадафи ғаразнок надорад. Тоҷикистон ҷонибдори барқарор гардидани сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар Афғонистон буда, онро заминаи барпо гардидани фазои ҳамсоягии нек ва ҳамкории созанда медонад.
Ҳамин тавр, сиёсати дуруст ва огоҳонаи Пешвои миллат, фаъолияти самараноки ниҳодҳои давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ барои таҳкими амнияти миллии Тоҷикистон заминаи пурра фароҳам овардаанд, ки дар партави он манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлат дар сатҳи зарурӣ ҳимоя карда мешаванд. Дар маҷмӯъ, имрӯз тамоми талош ва иқдомҳои Пешвои миллат баҳри пешрафти ҷомеа ва таъмини зиндагии арзандаи ҳар шахс равона шудаанд. Аз ҳамин лиҳоз, имрӯз ҳар фарди огоҳ ва бедордили Ватанро зарур аст, ки нуқтаҳои Паёми Пешвои миллатро сармашқи фаъолияти ҳамарӯзаи худ қарор диҳанд ва дар рушди устувори Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони он саҳми арзанда гузоранд.
Рисолати асосии ҳар шаҳрванди кишварро дар шароити кунунӣ маҳз ҳифзи арзишҳои миллӣ, истиқлоли сиёсӣ ва дастовардҳои муҳимми давлатдорӣ ташкил медиҳанд.
Бойзода Ҷамшед Ҷумабой, дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...