МАҶЛИСИ НАВБАТИИ ШӮРОИ ДИССЕРТАТСИОНИИ 6D. КОА-043-и НАЗДИ АКАДЕМИЯИ ВКД ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Санаи 7 октябри соли ҷорӣ маҷлиси навбатии Шӯрои диссертатсионии 6D. КОА-043-и назди Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Тибқи рӯзномаи маҷлиси Шӯрои диссертатсионии 6D. КОА-043-и назди Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи таъйин намудани санаи ҳимояи таҳқиқоти диссертатсионии унвонҷӯйи кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори шуъбаи ташхисӣ (эксперт)-ӣ криминалистии РВКД дар шаҳри Душанбе, майори милитсия Буриев Диловар Абдусалимович дар мавзӯи «Проблемы теории и практики криминалистического исследования рукописей, выполненных на таджикском языке» (“Проблемаҳои назария ва амалияи таҳқиқоти криминалистии дастнависҳои бо забони тоҷикӣ иҷро кардашуда”) барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рӯйи ихтисоси 12.00.12 – Криминалистика; фаъолияти судӣ-экспертӣ; фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ (илмҳои ҳуқуқшиносӣ) мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Вобаста ба масъалаи мазкур раиси Шӯрои диссертатсионии 6D. КОА-043-и назди Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон д.и.ҳ., дотсент Искадаров З.Ҳ. суханро ҷиҳати муаррифӣ намудани парвандаи аттестатсионии унвонҷӯй ва маводи воридгашта ба котиби Шӯрои диссертатсионӣ, н.и.ҳ., дотсент Раҳмадҷонзода Р.Р. доданд. Мавсуф ҳозиринро бо тамоми ҳуҷҷатҳои воридгардида шинос намуда суханро барои қироати хулосаи комиссияи экспертӣ ба муовини раиси Шӯрои диссертатсионӣ, д.и.ҳ., дотсент Назарзода Н.Ҷ. дод.
Пас аз шунидани хулосаи мусбати комиссияи экспертӣ, аъзоёни Шӯрои диссертатсионӣ якдилона қарор қабул намуданд ҷиҳати 16 декабри соли ҷорӣ соати 14.00 таъйин намудани ҳимояи таҳқиқоти диссертатсионии унвонҷӯй Буриев Д.А.
Бо ҳамин маҷлиси навбатии Шӯрои диссертатсионии 6D. КОА-043-и назди Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон пӯшида эълон карда шуд.
Бояд ёдовар шуд, ки кори Шӯрои диссертатсионии мазкур санаи 1 апрели соли 2022 бо иштироки васеи олимони шинохтаи кишвар ва хориҷи он (тариқи маҷозӣ) бо ироаи Фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2022 таҳти № 95/шд расман оғоз карда шуд.
Ҳамзамон бояд иброз намуд, ки кори Шӯрои диссертатсиониро 8 доктори илм, 3 номзади илм, аз рӯйи ихтисоси 6D030300 – Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ (6D030303 – Фаъолияти судӣ; фаъолияти прокурорӣ; фаъолияти ҳимояи ҳуқуқ ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ ва 6D030304 – Криминалистика; фаъолияти судӣ-экспертӣ; фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ), ихтисосҳои 12.00.11 – Фаъолияти судӣ, фаъолияти прокурорӣ, фаъолияти ҳимояи ҳуқуқ ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ ва 12.00.12 – Криминалистика; фаъолияти судӣ-экспертӣ; фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ пеш мебаранд.
Бешубҳа қайд намудан зарур аст, ки имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди илму маориф ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Яке аз ин дастовардҳо ин таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар соҳаи илм ва маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, аз кормандони илмӣ ва зиёиён даъват ба амал овардаанд, ки нисбат ба рушди илми кишвар бетараф набошанд. Вобаста ба ин масъала Пешвои муаззами миллат дар вохӯрии худ бо олимони кишвар 18 мари соли 2020 таъкид намуданд, ки “Рушди забони илмии тоҷикӣ дигар масъалаи муҳиммест, ки Академияи илмҳо ва Комиссияи олии аттестатсионӣ бояд ба он таваҷҷуҳ намоянд. Дар баробари бо забонҳои хориҷӣ навиштани рисолаҳо мо бояд ба рисолаҳое, ки бо забони тоҷикӣ, яъне бо забони давлатӣ таълиф мешаванд, афзалият диҳем. Илова бар ин, таъкид бояд кард, ки дар рисолаҳои ба ҳимоя пешниҳодшаванда ҳолатҳои асардуздӣ (сирқат) ба мушоҳида мерасанд. Сабаби чунин муносибат, пеш аз ҳама, камҳавсалагии роҳбари илмӣ, фориғболии унвонҷӯ ва рӯякӣ таълиф гардидани рисола мебошад. Имрӯз, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ рисолаҳои зиёд интишор мешаванд, баъзе унвонҷӯён аз онҳо рӯйбардор карда, бо роҳи осон мехоҳанд соҳиби дараҷаҳои илмӣ гарданд. Дар натиҷа ҳам сифати илми ватанӣ коҳиш меёбад, ҳам обрӯву эътибори унвонҷӯ ва роҳбараш дар миёни ниҳодҳои илмӣ паст мегардад. Ин “бемории” замони технологияҳои муосир буда, ба зеҳни олимони ҷавон ва роҳбарони онҳо сироят карда истодааст”.
Зикр карда шуд, ки ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ шароит фароҳам овард, то ки барои рушду тараққиёти илмҳои гуногуни замон заминаи боэътимод гузошта шавад. Маҳз бо иқдому ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи неруи зеҳнӣ, рушди илм дар тамоми соҳаҳои ҳаёт корҳои зиёду назаррас анҷом дода шуданд. Таъсиси муассисаҳои таълимӣ, донишкадаву донишгоҳҳо, институтҳои тадқиқотӣ, коллеҷу литсейҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки миллати фарҳангпарвари тоҷик анъанаҳои аҷдодии худро идома дода, дар таъриху адабиёти ҳам қадим ва ҳам муосири ҷаҳон нақши худро гузоштааст.
Таъсиси шӯрои диссертатсионӣ дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон як қадами ниҳоят устувор дар самти илм буда, фаъолияти бо самари он метавонад ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, тақвияти соҳибихтиёрӣ ва давлатдории миллӣ, таҳкими идоракунии давлатӣ, рушди маориф ва илм, таъмини ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа мусоидат хоҳад кард. Мушоҳида карда мешавад, ки роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалигардонии сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд.
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, зодаи замони истиқлолияти кишвар буда, дар давраи фаъолияти худ ҳазорон кадрҳои баландихтисос ва ҷасуру далерро омода намудааст, ки онҳо дар лаҳзаҳои вазнину ҳассоси кишварамон ҳомиёни воқеии Ватан ва ҳимоятгарони манфиатҳои миллӣ будани хешро исбот намудаанд.
Хушбахтона имрӯз ҳайати профессорон ва омӯзгорони ин даргоҳи низому маърифат, тарзу усулҳои таълимро такмил дода, дурнамои корҳои илмӣ ва навовариҳоро амалӣ менамоянд.
Дар баробари ин қайд намудан зарур аст, ихтисосҳои дар боло зикргардида бевосита ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ тааллуқ доранд. Ҳамзамон аз рӯи ихтисосҳои пешниҳодшуда ба истиснои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ таҳқиқот бурда мешавад. Ин корҳо ҳам тавассути номзадони илм, дотсентон амалӣ мешавад, ки миқдори умумии онҳо нокифоя мебошад.
Вуҷуд доштани норасоии кадрҳои баландихтисоси илмӣ-омӯзгорӣ дар соҳаи илмҳои пешниҳодгардида тақозо намуд, ки дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон шӯрои диссертатсионӣ ташкил карда шавад.
Бовари дорем, ки фаъолияти шӯрои мазкур ҷиҳати таъмини сиёсати давлатӣ дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ муосидат хоҳад намуд.
Шуъбаи адъюнктура ва
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъунашри Академия