Вохӯрии ҳайати шахсии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо академик Кароматулло Олимов
Тибқи Нақша-чорабиниҳои асосии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои Шуъбаи таълими Академияи ВКД ба таълимгоҳ даъват намудани ходимони намоёни ҷамъиятӣ, шоирону нависандагони маъруфи ҷумҳурӣ, арбобони шоистаи илм, санъат, генералҳо, академикҳо, шахсони намоёни хизматнишондодаи соҳаҳои гуногуни кишвар дар назар аст, ки бо туфайли ин мулоқоту вохӯриҳои судманд омӯзгорону курсантон, шунавандагон, унвонҷӯёни таълимгоҳ ба онҳо аз наздик шинос шуда ба шакву шева, усулҳои бурдани сӯҳбат, рондани сӯхан, баён кардани фикр, нақлу интиқоли фикру афкор ва дар маҷмӯъ фарҳанги забонию адабии ҳар яке аз меҳмонон ошно мегарданд.
Чунин таҷриба дар фаъолияти Академияи ВКД тули чандин сол аст, ки васеъ амалӣ гардонида шуда, сол ба сол такмилу такомул бахшида мешавад. Роҳбарият ва ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи ВКД аз татбиқ шудани ин амал доимо қаноатманд мебошанд.
Зеро, аз наздик дидани ҳунару маҳорати ҳар як ашхоси намоён, табодули истеъдоду малака ва таҷрибаи ҳар як мутахассиси ташриф оварда, нақлҳои ҷолиб, хондани лексияҳои пурмазмун дар мавриди масоили мубрами давру замон ба методикаи илмӣ, таълимӣ, эҷодӣ, дидактикии ҳар як омӯзгори таълимгоҳ мутаассиркунанда буда, оянда дар танзими фаъолиятҳояшон хоҳу нохоҳ таъсири мусбат хоҳад расонд.
Илова бар он, ҳамаи ин ҳаракатҳо ба шогирдон, мутахассисони варзидаи оянда таъсири хос гузошта, барои дигар кардани муомила ва муносибаташон ба маслаки пеша карда мусоидат хоҳад кард.
Чунин як мулоқоти фаромӯшнашаванда рӯзи таърихии 5 октябр дар толори маҷлисгоҳи Академияи ВКД бо академики АМИТ Кароматулло Олимов сурат гирифт, ки хеле хотирмон буд.
Арбоби хизматнишондодаи илми ҷумҳурӣ, ходими намоёни давлатӣ Кароматулло Олимов, ки дар вазифаҳои гуногуни масъулиятноки ҷумҳурӣ ифои вазифа кардааст дар мавриди бисёр масоили муҳими ҳаёти ҷумҳурӣ истода гузашт.
Аз ҷумла, дар бораи ҳаёту фаъолиятҳои рангину ватандӯстонаи Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хислатҳо ва принсипҳои фаъолияти Президенти кишвар, ибтикорҳои таърихии Пешвои миллат, нотарсию далерӣ, хизматҳои шоистаи Сарвари тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мисолҳо, нақлу ҳикояҳои ҷолиб оварда саҳми арзандаи Сарвари давлатро ба ҳозирин баён кард.
Ҳамзамон, олими намоёни файласуф ва сиёсатшинос ба дигар масоили доғи рӯз рӯ оварда, мушкилию монеаҳои замони муосир, муносибати байни давлатҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ, авзои саёраро инъикос карда ба ҳозирин монеаву пешомадҳоро тарҳрезӣ намуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ муҳтарам академик Кароматулло Олимов китобҳои тозанашри хешро ба китобхонаи Академияи ВКД тӯҳфа намуд. Роҳбарияти Академияи ВКД низ ба олими намоёни тоҷик аз китобҳои тозанашри таълимгоҳ ба устоди сухан тақдим намуданд.
ОЛИМОВ КАРОМАТУЛЛО (соли таваллуд 27.07.1944, Ӯротеппа, имрӯза Истаравшан), олим, файласуф, ходими давлатӣ, доктори илмҳои фалсафа (соли 1994), профессор (соли 2013), академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (соли 2014), академики Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ (соли 2002), Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1999), Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз оилаи зиёӣ. Мактаби миёнаи ба номи А.М. Горкий (ҳоло ба номи Н. Қодиров)¬и ш. Ӯротеппа(1959) ва шуъбаи шарқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро бо дипломи аъло хатм кардааст (1964).
Ҳамон сол ба аспирантураи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон дохил шуда, соли 1971 рисолаи номзадӣ ва соли 1994 рисолаи докториро дар соҳаи фалсафа ҳимоя намудааст.
Аввал ба ҳайси муаллими мактаби миёна, баъд ходими хурди илмӣ, ходими калони илмӣ, ходими пешбари илмии Институти фалсафаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон буд.
ФАЪОЛИЯТИ КОРӢ
Академик Кароматуло Олимов солҳои 1974-77 ба ҳайси сартарҷумон дар Корхонаи куду барқи ш. Мазори Шарифи Афғонистон, солҳои 1980-84 дар ш. Кобул, дар гурӯҳи мушовирони КМ ҲКИШ ба ҳайси сартарҷумон ва котиби дуюми сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ ифои вазифа намудааст.
Баъдан мудири бахши Шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1985-1990), мудири кафедраи фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991-1996), котиби якуми кумитаи Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар ш. Душанбе (1996-2000), узви Комиссияи оштии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997-2000), вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001-2004), мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа (2004-2007), раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО (2001-2012), директори Институти фалсафа ба номи А. Баҳоваддинов (2007-2008) ва директори Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ (2008-2010). Ноиби Президент ва раиси Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010-2016), узви Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010-2016) буд. Аз соли 2016 то имрӯз сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ
Самтҳои асосии фаъолияти илмиаш дар соҳаи фалсафа, шарқшиносӣ, сиёсатшиносӣ мебошад. Ба таҳқиқи афкори фалсафии ниёгон машғул шуда, паҳлуҳои мухталифи ҷаҳонбинии Абул¬маҷди Саноӣ, Абдуллоҳи Ансорӣ, Абдусаиди Абул¬хайр, Мустамлиро ҳамаҷониба муайян сохт ва дар шакли китобу рисола ба чоп расонд.
Ҳикмати Ибни Сино, Абуррайҳони Берунӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мирзо Бедил, Пири Ҳирот ва дигаронро омухта, перомуни аҳаммият ва таъсири он ба фалсафаи ҷаҳонӣ мақолаҳои арзишманд чоп кард, самту хусусиятҳои инкишофи афкори фалсафӣ ва иҷтимоӣ¬-ахлоқии мардуми форсинаҷодро нишон дод.
Дар китоби «Тасаввуфи Хуросон» (соли 1994) аввалин бор дар илми таърихи фалсафаи тоҷик осор ва зиндагиномаи орифони машҳури асрҳои 9-12¬-ро ҳамаҷониба мавриди таҳлили илмӣ қарор дод.
Масоили умдаи таълимоти фалсафии суфиёни Хуросон, аз ҷумла матолиби офариниш, ҳастӣ, маърифат ва ахлоқро мувофиқи усул ва методологияи пешқадами илми муосири фалсафӣ ва арзишҳои умумибашарӣ матраҳ намудааст. Дар ин асар баробари масъалаҳои назариявӣ мушкилоти амалӣ дар таълимоти орифон инъикос ёфтааст. Ба тарҷумаи бадеӣ низ шуғл варзида, осори безаволи Ҳаким ибни Сино «Мабдаъ ва маъод» ва «Азҳавия»¬ро аз тоҷикӣ ба русӣ ва «Ишорот ва танбеҳот»¬ро аз форсӣ ба тоҷикии кириллӣ баргардонидааст. Осори илмиаш дар Россия, ИМА, Олмон, Лаҳистон, Эрону Афғонистон ва дигар кишварҳо нашр шудааст.
Академик Кароматуло Олимов дар конференсияву симпозиумҳои байналмилалии ҳикмату фарҳангшиносӣ иштирок ва суханронӣ намудааст. Муаллифи силсилаи мақолаҳо оид ба масъалаҳои ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ. Ҳангоми раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО буданаш барои ба феҳристи ёдгориҳои ғайри моддии ЮНЕСКО ворид намудани шоҳасари мусиқии тоҷик «Шашмақом» (Париж, 2003), ба феҳристи ёдгориҳои таърихии ЮНЕСКО шомил намудани Саразм (Бразилия, 2010), аз тарафи ЮНЕСКО ба Душанбе додани унвони «Шаҳри сулҳ», ба феҳристи ёдгориҳои табиии ЮНЕСКО дохил шудани «Боғи миллии Тоҷикистон» хидмати арзанда кардааст.
Академик Кароматуло Олимов шогирдони бисёре, аз ҷумла докторон ва номзадҳои илми фалсафаро тарбия кардааст. Ба ҳайси раиси Шӯрои диссертатсионии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИ Тоҷикистон (2008–2018) ва узви Шӯроҳои диссертатсионӣ дар тайёр кардани номзадҳо ва докторони илми фалсафа масъулияти ҷиддиро ба дӯш дорад. Дар ин Шӯро солҳои 2011-2018 беш аз 100 нафар рисолаҳои илмӣ дифоъ кардаанд. Сармуҳаррири «Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2010-2016), узви ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои илмӣ ва рӯзномаҳои ҷумҳурӣ ва хориҷӣ аст. Ҳамчунин Раиси ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон – Покистон, узви Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, узви Раёсати Кумитаи сулҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.
Академик Кароматуло Олимов тавсиядиҳанда ва сармуҳаррири «Донишномаи Истаравшан» мебошад. Дар ҳайати расмӣ ва супориши Ҳукумати ҶТ ба Афғонистон, Австрия, ИМА, Ҷопон, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Фаронса, Марокаш, Бразилия, Қатар, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркманистон, Озарбойҷон сафарҳои расмӣ ва корӣ кардааст.
Бо орденҳои «Нишони Фахрӣ», Шараф, медалҳои ҷашнии Раёсати Шӯрои Олии ИҶШС, Медалҳои нуқрагии «Мавлоно» ва «Ибни Сини ЮНЕСКО, «Сафири сулҳи ҷаҳонӣ» (Ню¬Йорк,2003), медалҳои Ҷумҳурии Демократии Афғонистон (1997), нишони АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (2014) сарфароз гардидааст.
Таълифоти асосии академик Кароматуло Олимов: Мировозрение Санои. Душанбе, 1973; Ҷаҳонбинии Абдуллоҳи Ансорӣ. Душанбе, 1988; Хоросанский суфизм: Опыт историко¬-философского исследования. Тошкент,1994; Бисёрҳизбӣ ва ҷомеъаи демократӣ. Душанбе, 1995; Баррасиҳо дар тасаввуф. Душанбе, 1999; Машъали хирад.Душанбе, 2001; Суфизм. История таджикской философии. Душанбе, 2010; Андешаҳо дар бораи фалсафа, ирфон ва худшиносии миллӣ. Душанбе, 2014; Олами ирфон. Душанбе, 2014; Паёми садоқат. Маҷмуаи шеърҳо. Душанбе, 2014;. Душанбе, 2018; Симои сиёсӣ ва фарҳангии Пешвои миллат. Д., 2018; Тасаввуфи Хуросон ва Мовароуннаҳр дар асрҳои X-XII. Душанбе, 2020; ва ғайраҳо.