Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таърихнигории тадқиқотҳои илмӣ дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаи гуманитарӣ

36074123644 6634240b44 o

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти илмии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тадқиқ ва густариши илмҳои гуманитарӣ мебошад. Фанҳои гуманитарӣ - фанҳое мебошанд, ки инсонро аз нуқтаи назари маънавӣ, фикрӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ меомӯзанд. Аз рӯи объект, мавзӯъ ва методологияи тадқиқотӣ бисёр вақт бо фанҳои ҷамъиятшиносӣ алоқаманд аст. Таърих ҳамчун илм чор вазифаҳои асосии: идрок, идеологӣ, таълимӣ ва амалиро иҷро менамояд. Илмҳои гуманитарӣ дар мустаҳкам намудани пояҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим доранд. Тадқиқи масоили гуногунҷабаи илмҳои ҳуқуқшиносӣ, таърих, фалсафа, сиёсатшиносӣ, филология, педагогика дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле ҳам дар даврони истиқлолият густариш ёфта, натиҷаҳои он дар ривоҷи илми ватанӣ саҳмгузор мебошанд. Дар мақолаи мазкур бори аввал саҳми олимони Академия дар тадқиқи илмҳои гуманитарӣ аз лиҳози таърихнигорӣ ва хронологӣ инъикос мегардад, ки барои адъюнктону унвонҷӯён дар тадқиқоти минбаъда муфид хоҳад буд.

Риштаи илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Илми ҳуқуқшиносӣ – ин соҳаи донишҳои махсусест, ки ба воситаи онҳо омӯзиши назариявию амалии зуҳуроти давлатию ҳуқуқӣ сурат мегирад. Дар саргаҳи тадқиқотҳои илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Қурбанов Юрий Алиевич (1991-1997) меистад. Вай замони Шӯравӣ (1968) дар мавзӯи «Ҳолатҳои нигоҳдорӣ ва барқарорсозӣ ҳангоми истеҳсолоти парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати ноболиғон» рисолаи илмиро ҳимоя намуда, яке аз аввалин номзади имҳои ҳуқушиносӣ дар Мактаби Олии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло Академия) маҳсуб меёбад. Қурбанов Юрий Алиевич яке аз асосгузорони тадқиқотҳои илмӣ ва бунёди шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академия ба шумор рафта дар вазифаи муовини сардори Мактаби Олии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм кору фаъолият намудаанд.
Фаъолияти шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр ҳанӯз аз соли 1991, ки Мактаби миёнаи махсуси милитсия ба Мактаби Олии ВКД табдил дода шуда буд, оғоз гардида, яке аз ҷузъу томҳои асосии Академия ба ҳисоб меравад. То соли 2014-ум шуъбаи адъюнктура дар Академия амал намекард ва кадрҳои илмӣ-педагогӣ дар дигар донишгоҳу донишкадаҳои дохил ва хориҷи кишвар омода карда мешуданд, ки душвориҳои зиёде ба бор меовард. Мақсади асосии таъсиси шуъбаи адъюнктура ин омода намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар соҳаи илмҳои ҳуқуқшиносӣ бо роҳи тақвият додани тайёрии назариявӣ ва тахассусии кормандон ва шаҳрвандон, аз худ намудани усулу воситаҳои тадқиқоти илмӣ ва мустақилона дар сатҳи баланд анҷом додани корҳои илмӣ вобаста ба бартараф намудани муаммоҳои амалии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.
Шахси дигари саҳмгузори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Ямоқова Зумрад Ямоқова - Зумрад Дадаҷоновна мебошад, ки соҳиби дараҷаи илмӣ н.и.ҳ. аз рӯи ихтисоси «Криминалистика фаъолияти экспертизаи судӣ, фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуӣ» мебошад. Проблемаҳои хатшиносӣ ва таҳқиқи криминалистии ҳуҷҷаҳо мавзȳи асосии таҳқиқоти илмии ȳ ба шумор меравад. Рисолаи номзадиашро соли 1971 дар мавзȳи «Экпертизаи судии дастнавис (таҳқиқи криминалистӣ ва мурофиавӣ-ҷиноятӣ аз рӯи маводи РСС Тоҷикистон)» таҳти роҳбарии олими маъруф Лев Вулфович Франк ҳимоя намудааст. Дар нимаи дуюми соли 1990 ҳаёти худро ба милитсияи тоҷик пайваста, ба ҳайси дотсенти кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети №2 Академияи ВКД ба кор шурӯъ намуда, аз фанни криминалистика ба курсантон ва шунавандагони Академияи ВКД солҳои зиёд дарс гуфтааст. Бахсус фаъолияти ӯ дар кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети №2 пурсамар буда, шогирдони зиёдеро тарбия намуда ба воя расонидааст. Чунин талошҳои Ямоқова Зумрад Дадаҷоновна буд, ки кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети №2 таҳти роҳбарии н.и.ҳ., подполковники милитсия Арипов А.Л. ба яке аз кафедраҳои пешқадами Академия табдил ёфта, бо ДМТ робитаҳои қавии илмӣ дорад. Саҳми Ямоқова Зумрад Дадаҷоновна дар рушди кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети №2 ва тарбияи омӯзгорони ҷавон хеле калон аст. Ямоқова Зумрад Дадаҷоновна беш аз 60 сол собиқаи кори илмию омȳзгорӣ дошта то ҳол бо Академияи ВКД робитаи илмӣ-педагогӣ дорад.
Дар мавзӯи «Системаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1924-1929)», собиқ сардори Академияи ВКД генерал-полковники милитсия Қаҳҳоров А.А. рисолаи илмии худро соли 1999-ум дар риштаи илмҳои ҳуқуқшиносӣ дифоъ намуда, дар вазифаҳои муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ, Вазири корҳои дохилӣ, Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намудаанд.
«Проблемаҳои ташаккули системаи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаи назариявӣ-методологӣ» (2000) рисолаи илмии Раҷабзода Р.М., собиқ сардори шуъбаи таълим ва сардори факултети №1 мебошад, ки айни ҳол ҳамчун намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият мебарад. Вай муаллифи беш аз 50 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла ду монография, ду курси мухтасари лексияҳо, зиёда аз даҳ китобу воситаҳои таълимӣ мебошад. Бо кӯшишу талошҳои ӯ чандин барномаҳои таълимӣ ва методӣ омода гаштаанд, ки ҳамчун роҳнамо барои донишҷӯён ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб мераванд.
«Бунёд ва инкишофи ҳуқуқи интихоботӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2002) номи рисолаи илмии Сайфиддинов А.А. буда мавсуф ба ҳайси муаллими калони кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ фаъолият бурда, айни ҳол дар вазифаҳои гуногуни “Хазинаи АвруОсиёии Осиёи Марказии Тоҷикистон” фаъолият намуда истодааст.
«Фаъолияти ҳуқуқмаънидодкунии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: аспекти умуминазариявӣ» (аз рӯи ихтисоси 12.00.01 – назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат) мавзӯи рисолаи илмии собиқ муовини сардори Академияи ВКД оид ба илм дотсент, генерал-майори милитсия Солиев К.Ҳ. буда, соли 2004-ум онро дифоъ намудааст. Зери роҳбарии ӯ бевосита «Тафсир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо забони давлатӣ таҳия гардидааст, ки он дар таърихи илми ҳуқуқшиносии тоҷик нахустин падида мебошад.
Таҳияву коркарди Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳо «Дар бораи милитсия», «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон», «Дар бораи сирри давлатӣ» - маҳсули эҷодии вай маҳсуб меёбад. Алҳол, Солиев К.Ҳ. аъзои якчанд гурӯҳҳои корӣ дар сатҳи комиссияҳои Ҳукуматӣ ва идоравӣ оид ба таҳия ва такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар фаъолияти онҳо пайваста иштирок мекунад. Аз ҷумла, аъзои Шӯрои илмӣ-машваратии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ба қалами Солиев К.Ҳ., 6 монография, беш аз 100 мақолаҳои илмӣ, илмӣ-методӣ, ки ба паҳлӯҳои гуногуни қонунгузорӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ бахшида шудаанд, тааллуқ доранд. Мавсуф ҳоло ба ҳайси сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД фаъолият мебаранд.
Муовини сардори Академия оид ба илм Саидзода З.А. соли 2006-ум рисолаи номзадии хешро дар риштаи илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар мавзӯи “Хусусиятҳои таърихии таъсири меъёрҳои шариат дар аморати Бухоро (1868-1920) “-ро дифоъ намудааст. Муаллифи зиёда аз 80 мақолаю асарҳои илмӣ ва илмӣ-методӣ мебошад, ки аз онҳо: 2 монография, 7 дастури таълими-методӣ ва зиёда аз 70 мақолаҳои илмӣ доир ба проблемаҳои такмили ҳуқуқ ва қонунгузорӣ аз ҷумла ҳуқуқи исломӣ, амалигардонӣ ва татбиқи конунгузории ҷиноятӣ ва граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Аз ҷониби собиқ сардори факултети №6-ум Нозирӣ Н.А. дар мавзӯи “Ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар истеҳсолоти то судӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ”дар риштаи илмҳои ҳуқуқшиносӣ соли 2006-ум дифоъ гардидааст.
Собиқ сардори факултети №2 дотсент Сафарзода Ҳ.С. дар мавзӯи “Терроризм: проблемаҳои мустаҳкамкунии конунгузорӣ ва таснифот (аз рӯи маводҳои ҶТ ва ИДМ) соли 2006-ум дар риштаи илмҳои ҳуқуқшиносӣ дифоъ гардидааст.
Собиқ сардори кафедраи фанҳои ҳуқуқи гражданӣ Хайруллоев Ф.С. соли 2007-ум дар мавзӯи “Принсипи адолатнокӣ дар ҳуқуқи ислом”-ро соли 2007-ум дифоъ намудааст.
Сардори Коллеҷи милитсияи ВКД Умари Хайём Амиршо соли 2008-ум рисолаи хешро дар мавзӯи “Муқовимат бо коррупсия дар ҶТ” ҳимоя намуда, дар Академия дар вазифаи сардори кафедраи ҳуқуқи чиноятӣ, криминология ва психология ва сардори факултети №3 фаъолият намудааст.
Сардори факултети №3 Одиназода А.Ш. соли 2008-ум рисолаи номзадии хешро дар мавзӯи “Ҷанбаҳои назариявӣ-ҳуқуқии ташаккули ҷомеаи шаҳравндӣ (дар мисоли ҶТ)”-ро дар риштаи илмҳои ҳуқуқшиносӣ дифоъ намудааст.
Собиқ сардори шуъбаи таълимии Академия Отабоева Л.О. соли 2008-ум дар риштаи илмҳои ҳуқуқшиносӣ рисолаи номзадии хешро дар мавзӯи “Ҳифзи ҳуқуқҳои шахсӣ ва озодиҳои занон дар доираи оммавӣ-маишӣ: ҷанбаҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминологӣ (аз рӯи маводҳои ҶТ)” ҳимоя намудааст.
Муовини аввали сардори Акдемияи ВКД Насуриён П.А. рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Оқибатҳои криминологии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва пешгирии он (аз рӯи маводҳои ҶТ)” соли 2008-ум дифоъ намудааст.
Сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия, дотсент Шарифзода Ф.Р. рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Ташкил ва асосҳои ҳуқуқии таъминоти иттилоотии ҶТ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи тартиботи ҳуқуқӣ“ соли 2009-ум дар риштаи илмҳои ҳуқуқшиносӣ дифоъ намудааст.
Муовини сардори Академия Ализода А.Ш. рисолаи илмии худро дар мавзӯи “Масъулияти ҷиноятӣ барои одамрабоӣ ва гаравгонӣ аз рӯи маводҳои ҶТ”-ро соли 2010-ум дар риштаи илмҳои ҳуқуқшиносӣ дифоъ намудааст. Сардори кафедраи мурофиаи ҷиноятӣ Арипов А.Л. рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Фаъолияти муфаттиш оид ба ҷамъоварӣ ва тафтиши исботкунӣ дар тафтишоти пешакӣ ( аз рӯи қонунгузории ҶТ)” соли 2011-ум дар риштаи илмҳои ҳуқуқшиносӣ дифоъ намудааст. Котиби Шӯрои олимони Академия Абдурашидзода А.А. рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Ҷазо аз рӯи қонунгузории ҷиноятии ҶТ(таҳаввулот ва ҳолати муосир) соли 2011 дар риштаи илмҳои ҳуқуқшиносӣ дифоъ намудааст. Ҳусейнзода С.Ҳ. рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Ҷабаҳои иҷтимоӣ-ҳуқуқии мубориза бо коррупсия дар шароити ҶТ” соли 2012 дар риштаи илмҳои ҳуқуқшиносӣ дифоъ намудааст. Айни ҳол дар вазифаи сардори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети №2 фаъолият менамояд.
Муовини сардори Академия оид ба илм, дотсент, подполковники милитсия Раҳмадҷонзода Р.Р. рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Таъқиби ҷиноятӣ дар истеҳсолоти то судӣ аз рӯи қонунгузории ҷиноятӣ-мурофиавии ҶТ” дар риштаи илмҳои ҳуқуқшиносӣ соли 2013-ум дифоъ намудааст. Мавсуф аъзои ҳайати таҳриррияи маҷаллаҳои илмии «НаркоФронт» (2017), «Правовые исследования» (2017) ва «Юридический вестник» (2020) аст. Номбурда муаллифи зиёда аз 135 мақолаи илмӣ, 16 тадқиқоти монографӣ, 8 нашри таълимӣ, 4 китоби дарсӣ, 2 курси лексияҳо, 2 воситаи таълимӣ, 13 дигар нашрҳо, 2 шарҳи илмӣ-таҳлилӣ, 4 воситаи илмӣ-амалӣ, 1 воситаи илмӣ, 6 тавсия, маҷмӯаҳо ва таҳлилҳо мебошад.
Сардори факултети №4 Ғафурӣ М.С. рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Масъулияти конститутсионӣ-ҳуқуқии мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар ҶТ”-ро дар риштаи илмҳои ҳуқуқшиносӣ соли 2013-ум дифоъ намудааст. Сардори факултети №6 Амруддинзода М.А. соли 2015 рисолаи илмии худро дар мавзӯи “Асосҳои ҳуқуқӣ-ташкилии МКД бо институти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҶТ дар доираи муқовимат бо нашъамандии аҳолӣ”-ро дар риштаи илмҳои ҳуқуқшиносӣ дифоъ намуд. Сардори факултети №2 Мансурзода А.М. соли 2011 ба факултети омоданамоии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии Академияи идоракунии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дохил шуда, онро бомуваффақият соли 2015 хатм намудааст. Баъд аз хатми факултети номбурда, 22-юми январи соли 2015 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи: «Эволюция правового статуса личности в Республике Таджикистан: историко-правовое исследование» бо ихтисоси 12.00.01 – назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат дар Донишгоҳи Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ба номи В.Я. Кикотяи дар шаҳри Москва бомуваффақият дифоъ намудааст. Бо қарори Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2019, №2 ба унвони илмии «ДОТСЕНТ» аз рӯи ихтисоси ҳуқуқшиносӣ мушарраф гардидааст.
Сардори шуъбаи адъюнктура Самиев Н.М. рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Тафтиши ҷиноятҳои нокушодаи солҳои пешин ( дар асоси маводҳои ҶТ ва ФР)”-ро соли 2017-ум дифоъ намудааст. Муаллифи зиёда аз 40 адад корҳои илмӣ-методӣ мебошад.
Рустамзода А.Қ. - сардори кафедраи назарияи идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Фаъолияти роҳбари мақомоти ҳудудии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои интизомӣ ва ҷиноят дар байни ҳайати шахсӣ» ҳимоя намудааст.
Собиқ муовини сардори факултети №2 Бухоризода Б.Р. соли 2018 тадқиқоти диссертатсионии хешро дар мавзӯи «Чораҳои ҷиноятӣ-ҳуқуқии пешгирии савдои одамон (аз рӯи маводҳои ҶТ) ҳимоя намуд. Нурализода С.Ш.- сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии МКД соли 2018 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Мавқеи маъмурӣ-ҳуқуқии корманди МКД ҶТ (таҳлили муқоисавӣ-таҳлилӣ)» ҳимоя намуд.
Соли 2019 Заробидинзода С. диссертатсияи номзадии худро дар мавзӯи «Институти доғи судӣ дар қонунгузориҳои ҷиноятии Тоҷикистон ва Россия» ҳимоя намуда, ҳоло ба ҳайси сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ фаъолият мебарад.
Қосимов Ф. М. - сардори кафедраи ташкили идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистон» (таҳқиқоти таърихӣ-ҳуқуқӣ)” дар риштаи илмҳои ҳуқуқшиносӣ соли 2020 дар ДМТ ҳимоя намуд.
Муовини сардори шуъбаи кадрҳо Азимӣ У. А. соли 2020 дар мавзӯи “Таъминоти кадрии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҳлили таърихӣ-ҳуқуқӣ” рисолаи номзадии хешро дар риштаи илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар ДМТ ҳимоя намуд.
Ҳайдарзода З.П. - сардори кафераи кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятӣ рисолаи номзадии хешро дар риштаи ҳуқуқшиносӣ соли 2019 дар мавзӯи “Асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкили фаъолияти МКД ҶТ оид ба муқовимат ба савдои одамон” ҳимоя намуд.
Абдулло А. - сардори кафедраи ташкили тактикаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ рисолаи номзадии хешро дар риштаи ҳуқуқшиносӣ соли 2020 дар мавзӯи “Системаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шароити шаклдигаркунии ташкили сиёсӣ-ҳуқуқии давлати муосир (дар мисоли ҶТ)” ҳимоя намуд. Нарзуллозода С.С., бо фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июни соли 2014, № 1814 ба ҳайси муаллими кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуда, то инҷониб дар кафедраи номбурда ба ҳайси муаллим, муаллими калон ва айни ҳол ба ҳайси дотсенти ин кафедра фаъолият намуд. Аз соли 2017 то соли 2022 унвонҷӯи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, таҳқиқоти диссертатсионияшро дар мавзӯи «Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт» зери роҳбарии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор А.И. Сафарзода аз рӯйи ихтисоси 12.00.08 – Ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминология; ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ (илмҳои ҳуқуқшиносӣ) ҳимоя намуд. Ҳайдарзода М.П. соли 2012 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намудааст. Аз соли 2012 то 2015 ба ҳайси омӯзгор ва омӯзгори калони кафедраи мурофиаи ҷиноятӣ ва кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети №2 Академияи ВКД ҶТ кор кардааст. Соли 2015 ба шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун адъюнкт дохил шуда, онро соли 2018 хатм намудааст. Аз соли 2018 то айни ҳол вазифаи дотсенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намуда истодааст. Дар мавзӯи «Проблемаҳои мукаммалсозии қонунгузорӣ ва квалификатсияи ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рӯйи ихтисоси 12.00.08 – ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминология; ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ (илмҳои ҳуқуқшиносӣ) дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-059-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе) 25-уми августи соли 2020 тадқиқоти диссертатсиониашро ҳимоя намуд.

Рисолаҳои докторӣ

Маҷидзода Ҷ.З. - собиқ сардори Академияи ВКД, генерал-майори милитсия рисолаи докториро дар мавзӯи «Ташаккул ва инкишофи давлатдории миллӣ дар кишварҳои ИДМ» дар риштаи илмҳои ҳуқуқшиносӣ соли 2004-ум дифоъ намуд. Муаллифи зиёда аз 150 асарҳои илмие, ки ба соҳаҳои методологияи тадқиқоти давлатдорӣ, ташаккулёбӣ ва инкишофи этникии давлатдорӣ дар Осиёи Миёна, давлатдории миллӣ дар ИҶШС (СССР) ва фазои баъди шӯравӣ, хусусиятҳои этносотсиалии масоили ҷинояткорӣ, масъалаҳои ташкилӣ ва тактикаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои миллӣ ва трансмиллӣ, аз он ҷумла дар соҳаи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор тариқи чорабиниҳои гуногуни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ таалуқ доранд, ба шумор меравад. Маҷидзода Ҷ.З. дар вазифаҳои гуногуни вакили Маҷлиси намояндагони Мачлиси Олии ҶТ, Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Мачлиси Олии ҶТ кору фаъолият намудаст.
Собиқ муовини аввали сардори Академия , профессори кафедраи назарияи идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1,полковники милитсия Назарзода Н.Ҷ. дар мавзӯи «Асосҳои ҳуқуқӣ ва инкишофи милитсияи Тоҷикистон (1917-2006) дар риштаи илмҳои ҳуқуқшиносӣ соли 2007-ум дифоъ намуд. Назарзода Н.Ҷ. муаллифи беш аз 15-китоб, 150-мақолаҳои илмӣ мебошад.
Рисолаи докториро дар риштаи илмҳои ҳуқуқшиносӣ Вазири корҳои дохилӣ, профессори кафедраи ташкили идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Раҳимзода Ҳамро дар мавзӯи «Сиёсати оперативӣ-ҷустуҷӯӣ оид ба таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон: проблемаҳои назариявӣ, методологӣ ва амалия» соли 2018 бомуваффақият дифоъ намуданд. Раҳимзода Рамазон Ҳамро ташаббускори ҷорӣ намудани фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун соҳаи алоҳидаи илми ҳуқуқ ва муаллифи китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», барномаи дарсии он ва тестҳо аз ин фан мебошад. Муаллифи беш аз 100 асари илмӣ, китоби дарсӣ, рисолаҳо, монографияҳои илмӣ, дастури таълимӣ, ашъори назмӣ, тафсир ба қонунҳо, мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм ва ҷиноятҳои иқтисодӣ мебошад. 23-юми декабри соли 2016, бо қарори комиссияи тахассусии Академияи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Қазоқистон, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Точикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ғолиби Озмуни байналмилалии «Нашри беҳтарин барои муассисаҳои олии таълимӣ дар соҳаи фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ», таҳти унвони «Нашри беҳтарин оид ба проблемаҳои протсессуалии ҷиноятӣ, криминалистика ва назарияи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» гардид.
16 июни соли 2022 дар Шӯрои диссертатсионии Д 203.002.08 дар назди Академияи идоракунии ВКД Россия зери мушовараи илмии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Ҳуқуқшиноси шоистаи Федератсияи Россия А.М. Кононов, сардори Академияи ВКД, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф. Р. рисолаи доктории худро дар мавзӯи «Асосҳои назариявӣ-ҳуқуқии ташкили фаъолияти мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми таъмини амнияти миллии давлатӣ» («Теоретико-правовые основы организации деятельности органов внутренних дел Республики Таджикистан в системе обеспечения национальной безопасности государства») бо ихтисоси 12.00.11 – фаъолияти судӣ; фаъолияти прокурорӣ; фаъолияти ҳуқуқмуҳофизавӣ ва ҳуқуқҳифзнамоӣ бомуввафақият дифоъ намуд. Бо қарори Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2017, таҳти № 6/3 ДДТ № 0007, сазовори унвони илмии «Дотсент» аз рӯйи ихтисоси «Ҳуқуқшиносӣ» шудааст. Муаллифи беш аз 60-адад мақолаҳои илмӣ, 3-адад китоби дарсӣ, рисолаҳо, 9-адад монографияи илмӣ, 17-адад дастурҳои таълимӣ мебошад.
Риштаи илмҳои таърих, фалсафа, сиёсатшиносӣ, филология ва педагогика
«Эстетикаи анаъавии классикии Шарқ ва замони муосир» (1971)-мавзӯи рисолаи номзадии Яқубов М.Х., собиқ сардори факултети №3 Академияи ВКД мебошад, ки дар риштаи илмҳои фаласафа ҳимоя гардидааст. «Хусусиятҳои лингвистии асарҳои Ф.Муҳаммадиев» (1987) номи рисолаи собиқ муовини сардори факултети №4-ум Шокиров Т.С. дар риштаи илмҳи филологӣ мебошад. «ҲХДА дар мубориза барои инкишофи маориф дар Ҷумҳурии демократии Афғонистон (1978-1984)” - мавзӯи рисолаи номзадии собиқ муовини сардори Мактаби Олӣ (ҳоло Академия) полковники мустаъфии милитсия Абдулов А.М. мебошад. Мавсуф солҳои зиёд дар Академия дар вазифаҳои гуногуни масъул кору фаъолият намуданд. Шодравон дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ Абдуллоев Р.А. ҳанӯз замони Шуравӣ дар мавзӯи “Иштироки меҳнаткашони Тоҷикистон дар таъмини Ғалаба дар солҳои ҶБВ (1941-1945)” рисолаи номзади худар дар риштаи илмҳои таърих дифоъ намуда, дар вазифаҳои муовини сардори Мактаби миёнаи махсуси Душанбегии ВКД, сардори кафедра ва дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2 кору фаъолият намудаст. “Лексикаи этнографии забони яғнобӣ» номи рисолаи номзадии Ализода Б.П. дар риштаи илмҳои филологӣ мебошад, ки мавсуф дар вазифаи дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2 кору фаъолият намудаст. «Муросои миллӣ дар Тоҷикистон ва аҳамияти он дар замони ҳозира» номи рисолаи номзадии собиқ сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Саймуддинов Шамсулло буда, соли 2002-юм дар риштаи илмҳои сиёсӣ дифоъ гаштааст. «Образи инсон дар ҳикоя ва масалҳои Ҷалолиддини Румӣ» (2003) номи рисолаи собиқ сардори кафедраи забонҳо ва шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академия Саидолимов К.С. мебошад. Собиқ сардори кафедраи фанҳои ҷамъятии факултети №2 Ҷӯраев Р.З. дар мавзӯи «Фалсафаи сиёсии Абунасри Форобӣ» соли 2004-ум рисолаи илмии худро дар риштаи илмҳои фалсафа ҳимоя намуд. «Консепсияи адолат дар фалсафаи тоҷик» мавзӯи илмии собиқ муовини сардори факултети №4 Абдулатипов У.Ҳ., соли 2006-ум дар риштаи илмҳои фалсафа ҳимоя гардидааст. «Гуногуни вожаҳо дар осори тарҷумавии аср 10» номи рисолаи номзадии сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №4 Тоҳирӣ М. буда, соли 2013 дар бахши илмҳои филологияи тоҷик онро ҳимоя намудааст. «Ташаккули фарҳанги касбӣ-педагогии курсантони Академияи ВКД ҶТ» рисолаи номзадии собиқ сардори факултети №5-ум Ҳайдарзода Ш.Ҳ. дар риштаи илмҳои педагогика соли 2014-ум дифоъ гардидааст. «Хусусиятҳои тайёрии касбии кадрҳо дар системаи мақомоти корҳои дохилӣ» рисолаи номзадии сардори факултети забонҳои факултети №2-юм Давлатшозода А. дар риштаи илмҳои педагогика соли 2017-ум дифоъ гардидааст». “Муколама-ҳамчун механизми ҳалли низои иҷтимоӣ-сиёсӣ”-рисолаи номзадии сардори кафераи фанҳои ҷамъиятии факултети №2 Муҳаммад С.А. буда, соли 2011-ум дар риштаи илмҳои сиёсӣ дифоъ гардидааст. «Хусусиятҳои сиёсати экологӣ дар шароити шаклдигаркунии муносибатҳои ҷамъиятӣ (дар мисоли ҶТ)» рисолаи номзадии дотсенти кафераи такмили ихтисоси факултети №3-юм Ҳалимзода Д.Д. буда, соли 2014-ум дар риштаи илмҳои сиёсӣ дифоъ гардидааст. «Таърихи ташаккул ва инкишофи макомоти милитсия дар Помир (1917-1945)» рисолаи шодравон, собиқ муовини Вазири корҳои дохилӣ, сардори кафедраи назарияи идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1 генерал-майори милитсия Имомёрбеков А. буда, дар риштаи илмҳои таърих соли 2017-ум дифоъ гардидааст.
Рисолаҳои докторӣ
Професссори кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №4 (воқеъ дар шаҳри Хуҷанд) Иномов М. рисолаи доктории хешро дар риштаи илмҳои таърих дар мавзӯи «Таърихи ташаккул ва инкишофи синфи коргари Тоҷикистон (1917-1945)»-ро соли 1997 дифоъ намудааст. Розиқзода А.Ш.-собиқ сардори Академияи ВКД, генерал-лейтенанти милитсия дар мавзӯи «Таърихи ташаккул ва фаъолияти милитсияи Тоҷикистон» дар риштаи илмҳои таърих соли 2002 рисолаи докторӣ ҳимоя намудааст. Муаллифи 7 монографияи илмӣ, 3 филмномаи мустанад ва зиёда аз 150 мақола оид ба таърихи касбу ҳунарҳои мардумӣ ва ҷанбаҳои гуногуни таърихи милитсияи Тоҷикистон мебошад. Тадқиқотҳо дар самти таърихнигории илмӣ дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд.
Асламов Б.С., ходими калони илмии шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия,
Ташрифзода Ф.Қ., муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...