Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст

000 6215(Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ)

Забони шеваю диловези миллати ман. Чи хуш, ки тоҷик бо ту оламгир шуд, бо ту бо сеҳри сухан ҳама офоқро гирифт, бо ту бо фариштагон ҳамсадою ҳамнаво гардид.
Туро забони аҳли биҳишт гуфтаанд, ки сабаб дорад. Агар чунин набудӣ, куҷо Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ гуфтӣ:
Зи шеъри дилкаши Ҳофиз касе бувад огоҳ,
Ки лутфи назму сухан гуфтани дарӣ донад.
Забони модарии ман ту бо шири модарам, бо аллаҳои момоям, бо ширинии лафзи дилбарам дар хуни ман, дар ҷону дили ман ҷо шудӣ. Бо ту савту навои бародарӣ ҳаст шуд, бо ту лафзи тоҷикӣ дар каломи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бар арши аъло расид, тахтнишин шуд. Бо ту Ҳаким Фирдавсӣ ҳамоссаи қаҳрамонӣ эҷод кард, ки ҳеҷ гоҳ аз боду борон газанд наёфт. Бо ту Ҷалолиддини Балхӣ ”Маснавии маънавӣ”-ро дар нолаи най, дар қисса андар қисса пайдо кард ва оламгир шуд. Бо ту ғазалсароӣ гулрезу гулбез гардид. Саъдию Ҳофиз, Камолу Соиб, Ҷомию Биноӣ, Шоҳину Туғрал ва чандин ғазалсароёни дигар дурру гуҳар суфтанд.
Сухан аз арши барин омадааст,
Баҳри покон ба замин омадааст.
Эй забони шеъру шоирӣ, эй забони ромишгарию хунёгарӣ, туӣ ки бо хушоҳангиат, бо шириниат ҳамаро ба худ мафтун намудӣ. Душманони халқи мо тоҷикро сар мезаданд, вале бо ту давлатдориро пеш мебурданд. Ҳама корҳои давлатдорӣ бо тоҷикӣ сохта шуда буд, ки дигар илоҷ надоштанд. Душманонат асири ту шуда, бо шавқ туро меомӯхтанд ва мехостанд дар шеъру шоирӣ ба тоҷикӣ худро чун Рӯдакӣ, чун Фирдавсию Мавлавӣ ва дигарон маълуму машҳур намоянд. Аммо куҷо ба муроди дили худ мерасиданд. Охир онҳо аз куҷо донанд, ки ту аз арши барин ба мо омадаӣ, дар шири модарону дар дили падарон маскан ёфтаӣ.
Эй забони тоҷикии ман, чи хуш ки дар ҳар давру замон абармардону фарзонафарзандони сарсупурдаат бар ҳимояат мебаромаданд. Дар вақти тақдирсози миллати тоҷик, устод Садриддин Айнӣ сар бардошт. Туро ҳимоят кард, бар рағми ҳама гуфт:
Ба парда то ба чандин рози тоҷик,
Биё биншин, шунав овози тоҷик.
Суханро чун арӯсон зеб дода,
Забони маърифатпардозӣ тоҷик.
Эй забони модарии ман, ту аз корнамоиҳои устод Айнӣ огоҳӣ. Ӯ тавонист, ба ҳамагон бигӯяд, ки тоҷик кисту забони тоҷикӣ то куҷоҳо рафта, чӣ асару достонҳо ва шеъру китобҳои нодир бо ту эҷод гардида.
Китоби “Намунаи адабиёти тоҷик” барои ҳама як зарба, як ҷавоби қатъӣ шуд, он миллати тоҷик, забони тоҷикӣ яке аз халқиятҳои қадимтарини Осиёи Миёна ба ҳисоб мераванд.
Ба бахти ту шоири оташсухан Абулқосим Лоҳутӣ ҳам дар паҳлӯи устод Садриддин Айнӣ омад. Бо ӯ корҳои накӯ низ сомон ёфт. Мирзо Турсунзодаву Боқӣ Раҳимзода ва Мирсаид Миршаккар ба майдон омаданд. Туро тоҷ бар сар намуданд. Муъмин Қаноат туро васф намуд. Убайд Раҷаб бо шеъри забони модарӣ бар дили адӯ панд рехт, оҳанг овард.
Чун шеър, ки дар лабони тоҷик монад,
Шамъи хиради шабони тоҷик монад.
Гумкарда забон саронаш оянду раванд,
Тоҷик монад забони тоҷик монад.
Маро хуш аст, ки шоире, носире, хунёгаре туро меситоят, туро месарояд, туро арҷ мегузорад. Охир:
Баргу сози мо китобу ҳикмат аст,
Ин ду қувват эътибори миллат аст.
Забони модарии ман, туро дар навои андалебон, дар рӯиши сабзазорон, дар накҳати гулу раёҳин меёбам, мешамам, мебинам. Ин ҳама дар оҳангу дар латофат дар шакаррезии ту пайдост, эй забони модарӣ.
Забони модарӣ, забони дирӯз, имрӯз ва фардои халқи ман. Туӣ шиносномаи миллати ман дар масири таърих ва имрӯз ояндаи давлати ман. Ба назар мерасад, ки Душанбе Бухоро шуда, рӯди Варзоб чун рӯди Мӯлиён тоҷикӣ суруд мехонад, тоҷикӣ месарояд, тоҷикӣ сухан мегӯяд.
Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,
Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.
То забон дорад ватандор аст ӯ,
То забондор аст бисёр аст ӯ.
Қурбонова М.А., муаллимаи кафедраи ташкили тактикаи ФОҶ, факултети №6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...